Нусхаи чопи
Якшанбе, 20 Марти 2022 16:18

Наврӯз хамирмояи фарҳанги Ватан аст! (Шодбошӣ)

Муаллиф:

 Накуйӣ расму роҳу пешаи мост,

Хирад парвардаи андешаи мост.

Зи беаслӣ мазан ҳарфе, ки Наврӯз

Забону ҳарфу аслу решаи мост!

  Хуш аст, ки баъди як рӯз Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамбастагӣ бо баҳори Хуршедӣ ба сарзамини мо қадам ранҷа фармуда, фазою муҳити наврӯзию баҳориро бароямон ҳадя месозад. Асотири бостонӣ ва замони паҳлавӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед  ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Ақвоми ориёӣ аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми манотиқи гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли офтоб, борон, оташ, хоку бод даст заданд. Дар қолаби тафаккури устурии онҳо ашёи табиӣ ё ба истилоҳ, воқеӣ ҷойгоҳи вижа дошт.  Ин буд, ки ҳангоми муколамаи Аҳурамаздо бо Ҷамшеди Пешдодӣ дар фаргарди дуюми «Вандидод»-и «Авасто» Шаҳриёри Ориёӣ  аз Аҳурамаздо танҳо Заминро хостор мегардад ва сохтмони биҳишти рӯйи заминро бо таҷлили Наврӯз шурӯъ мекунад. Бар мабнои он,  Наврӯз ҷашни пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, воқеият бар мовароуттабиат, рӯшанӣ бар торикӣ ва ҳувият бар беҳувиятист. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз номи Зиндагӣ ва пирӯзии Зиндагӣ бар Нозиндагист. Наврӯз бо омадани худ зиндагиро бар марг тарҷеҳ медиҳад ва ҳукумати ҳастӣ бар нестӣ пирӯз мешавад. Ба ин маънӣ фармудаанд:

 Ин ки номи Зиндагӣ Наврӯз шуд,

Зинда бар Нозиндагӣ пирӯз шуд.

Дар асотири марбут ба Наврӯзу Ҷамшед бемаргӣ ва тасаллути инсонӣ бар нестӣ аз авлавиятҳои хосса маҳсуб меёбад. Фирдавсӣ дар абёти 56-58-и Достони Ҷамшед ҷаҳони Наврӯзии Ҷамшедиро, ки орӣ аз дарду ранҷу беморию пирӣ будааст, чунин тасвир намудааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон пур зи овою нӯш.

Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, киштукори баҳорӣ, кашоварзию заҳматдӯстӣ ва билохира тавозун ва таодули зиндагист. Чун мардум, табиатан, аз сардию сармои тӯлонӣ ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва хуршедро ба унвони эҳёи зиндагии нав дар қолаби Наврӯз ҷашн мегиранд ва аз зиндони торикию ҷаҳолат раҳиданро фоли нек дониста, таври худогоҳ ва нохудогоҳ бад-ин мазмун садо дармедиҳанд:

Сардӣ гузашту гармии деринтизор расид,

Дайфасли зиндагӣ ба сар омад , баҳор расид.

Зиндони ҷаҳлро бираҳону биё, кунун,

К-айёми ақли мардуми худихтиёр расид.

 Наврӯз ҷашни созандагӣ, офарандагӣ, ва ҳувиятсозист ва аслан, бо ҷаҳлу нодонӣ даргир аст. Чун Ҷамшеди пешдодӣ бо илму хиради зинда мусаллаҳ буд, рӯзи хирадсолориро Наврӯз унвон карда, ба сифати ҷашни ҳамагир ва фарогир миёни мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ интишор дод. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, кинахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгиройӣ ва баҳамоии мардумиро новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, қавмӣ, табақотӣ-каставӣ заминагузорӣ карда буд ва ҳамин иқдоми наҷибона ва инсонсолорона умри Наврӯзро бардавом сохта, аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст. Вежагии калидии Наврӯз ба сифати ҷашни фарогир ва ҳамагир дар воқеиятгаройӣ, инсонсозӣ ва таъйини таодул ва баробарӣ миёни инсонҳо зоҳир мегардад ва ин вижагӣ тайи асрҳои мутамодӣ ойини миллиро на танҳо тарк накард, балки таҳкиму тадовум бахшид. Ин аст, ки Наврӯз пайванди наслҳои инсониро дар имтидоди тӯлонии замонӣ нигаҳ дошта, ин риштаро, бо ҷаҳонӣ шуданаш ба дарозо мекашад ва ҷуғрофиёи ҷаҳонӣ ва башариро  мегустуронад. Афзун бар ин, Наврӯз хамирмояи фарҳанг ва хирадномаи миллат аст. Ба ин маънӣ:

Ҳайфи қалам он хомаи зиллат бошад,

Пашминариё ҷомаи иллат бошад.

Дар силсиланомаҳои дерпойи Ватан

Наврӯз хирадномаи миллат бошад.

  Айёми наврӯзӣ ва баҳорӣ замони бедоршавӣ, эҳёи табиат, эҳсос, отифат ва фикру андешаи инсонҳост. Воқеан, замони фарорасии Наврӯз як навъ гармония ё симфонияи табиӣ дар олами вуҷудӣ ба амал меояд. Маҳз ҳамин ҳолат ва вазъи хуби равонӣ (настроение) аст, ки мардум вуҷуди худро аз ғаму ғусса, кину адоват, бадию бадандешӣ, зулму ситам, ҷаҳлу разолат пок намуда, танҳо аз покии вуҷуд ва андеша дам мезананд ва ин гуна фазоро то Наврӯзи дигар ба якдигар орзу мекунанд. Дар зимн, дар ҷараёни маросимоти наврӯзӣ табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла духтарони нодидашӯ (вожаи Ҳаким Низомӣ) ба кӯҳу пуштаҳову талу теппаҳо баромада, дар ҳавою оҳанги рӯду ҷӯ ба оростани андому абру, фурӯҳиштани гесу, рангомезиҳои некӯ машғул шуда, базму шодӣ ва рақсу бозӣ мекунанд. Лаҳазоти ҷашнӣ ва таровишҳои маросимоти Наврӯзиро, ки бо ҳузури фаъоли ҷавондухтарон иттифоқ афтода будааст, Ҳаким Низомӣ дар “Шарафнома” хеле зебо ба риштаи тасвир баркашидааст, ки овардани он аз аҳамият холӣ нахоҳад буд:    

           Дигар одат он буд, к-ташпараст

          Ҳамасола бо наврарӯсон нишаст.

          Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,

          Ки нав гаштӣ оини оташкада,

         Зи ҳар сӯ арӯсони нодидашӯй,

         Зи хона бурун тохтандӣ ба кӯй.

Рух ороста, дастҳо пурнигор,

Ба шодӣ давидандӣ аз ҳар канор.

Муғона майи лаъл бардошта,

Ба ёди муғон гардан афрошта.

Зи Барзини деҳқону афсуни Занд

Бароварда дуде ба чархи баланд.

Ҳама корашон шӯхию дилбарӣ,

Гаҳ афсонагӯйӣ, гаҳ афсунгарӣ.

Ҷуз афсун чароғе наяфрӯхтанд,

Ҷуз афсона чизе наёмӯхтанд.

Фурӯҳишта гесӯ шикан дар шикан,

Яке пойкӯбу яке дастзан.

Чу сарви сиҳӣ дастае гул ба даст,

Сиҳисарви зебо бувад гулпараст.

Сари сол, к-аз гунбади тезрав

Шумори ҷаҳонро шудӣ рӯзи нав,

Яке рӯзашон будӣ аз кӯйю кох

Ба коми дили хеш майдон фарох.

Ҷудо ҳар яке базме оростӣ          

В-аз он ҷо басе фитна бархостӣ...

(ниг.: Ганҷавӣ, Низомӣ. Хамса. Шарафнома. –Душанбе: “Адиб”, 2012. С.127-128)

        Ба ин тартиб, Наврӯз муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллӣ дар тӯли таърих будааст ва новобаста аз таҳоҷумоту тааррузҳои мутааддиди аҷнабиёну ғосибон миллати тоҷик хешро тавассути Наврӯз ва соири ҷашнҳои бостонии миллӣ шинохту бозсозӣ кард ва дар масири пирӯзӣ ва шоистагӣ гомҳои устувор бардошт. Ба ин маънӣ:

Аҷнабӣ бар ин замин гарчи ҳазорон сол тохт,

Ҷабру зулму хешро бар курсии давлат нишохт,

Гарчи миллат борҳо дору надорашро бибохт,

Ҳамчу оҳан хеш андар оташи тафсон гудохт,

Бо ҷасорат хешро аз нав шинохт,

Бо хирад манзумаи Наврӯз сохт,

Сози пирӯзӣ навохт!

 

Пас, яқин Наврӯз ҷашну иду расми сода нест,

Базми шодию нишоту айшу нӯши бода нест,

Ибтикори мардумони пешипоуфтода нест,

Достону қисаву афсонаву сарвода нест,

Ҷуз паёми ҳикмати озода нест,

Ҷуз ризои хотири дилдода нест,

Ғайри некуҷода нест!

    

 Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи фурӯзанда ба шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сиҳатию тандурустӣ, тавонмандию эҷодкорӣ, муваффақияту бурдборӣ, бахту саодати хонаводагӣ, самимияту илтифоти ҳамагонӣ, дили шод, хандаю шӯхтабъии баҳорӣ, табъи болида, ҳолати рӯҳии наврӯзӣ таманно менамоем. Бошад, ки оромишу амният, сулҳу субот, хираду мантиқи зинда фазои Тоҷикистони соҳибистиқлолро мувозибат ва муроқибат кунад ва бо шинохти фарҳанги воқеъгароёнаи наврӯзӣ мардуми тоҷик мақому мартабаи демократизми башарӣ --- худгардонии миллӣ ва ниҳоятан, хирад ва фазилати ҷамъиро касб намуда, тамаддуни бумиро, ки аз воқеияти таърихӣ бархӯрдор аст, дар миқёси байналмилалӣ ифтихормандона намояндагӣ кунад. Таманниёти идонаи худро ба сухани Фирдавсӣ хулоса  мекунем:

Ҳамарӯза бахти ту пирӯз бод,

Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

 

Наврӯзи фархундапай муборак, ҳамватанони гиромӣ!

 

Бо эҳтиром,

аъзои Маҳфили фарҳангии

“Ҷаҳони андеша”

 

Хондан 1288 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр