JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 13 Марти 2024 10:16

Аз пайравони содиқи устод Айнӣ

Муаллиф:

 (навиди фарҳангӣ дар заминаи нашри китоби устод Ҷамолиддин Саидзода “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст” (Дастури ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ))

  Устод Ҷамолиддин Саидзода дерест, ки барои доираҳои адабӣ, илмӣ ва мадании ҷумҳурӣ ошност. Ин ҳам маълум аст, ки устод Саидзода аз пайравони содиқи устод Айнӣ буда, як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажуҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад.

   Ба тозагӣ монографияи адабиётшинос, пажуҳишгар ва рӯшангари муосири миллӣ  устод  Ҷамолиддин Саидзода таҳти унвони “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст” (Дастури ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ) (-Душанбе: Дониш, 2024. -416 саҳ.) ба табъ расид. Монография аз пешсухан (С.4-11), 3 боб (С.12-390) ва пайнавиштҳо (С.391-412) таркиб ёфтааст. Боби Якум 8 матлабро фаро гирифта, муаллиф дар матолиби ҳаштгона -- “Рӯдакӣ ва Айнӣ” (С.12-45), “Фирдавсӣ ва Айнӣ” (С.46-52), “Хоқонӣ ва Айнӣ” (С.53-63), “Мавлавӣ ва Айнӣ” (С.64-73), “Ҷомӣ ва Айнӣ” (С.74-90), “Урфӣ ва Айнӣ” (С.91-105), “Нозим ва Айнӣ” (С.106-117), “Соиб ва Айнӣ” (С.118-136) пайванди фикрию ақидатии устод Айниро бо бузургони адабиёти классикӣ арзёбӣ мекунад ва дар ин замина натиҷагирию хулосабандиҳояшро мураттаб баён менамояд. Бобои дуюми монография ба мабнои 5 матлаб устувор шудааст, ки ба мавзуи иртиботи фикрию адабии устод Айнӣ бо Аҳмади Дониш ва Туғралу Турсунзода ихтисос ёфта, баррасиҳои муаллифро дар заминаи вазъи забону адабиёт ва мактабу маорифи даврони амирсолорӣ ва мунтаҳо, ҷойгоҳи адиби саршиносу рӯшангари миллӣ дар қаламрави адабиёти муосири тоҷик дар бар мегирад. Ин аст, ки устод Саидзода мавзуъ ва масъалаҳои болоиро дар матлабҳои панҷгонаи илмӣ-оммавии “Айнӣ-идомадиҳандаи кори Аҳмади Дониш дар мубориза бар зидди тақлиди Бедил” (С.137-172), “Вазъи забону адабиёти тоҷик дар замони Аҳмади Дониш ва Айнӣ” (С.173-201), “Ҳолати таълим ва мактабу маориф дар замони Айнӣ” (С.202-212), “Айнӣ ва Туғрал” (С.213-223), “Айнӣ ва Турсунзода” (С.224-240) матраҳ намудааст.

  Боби севуми монография аз 10 матлаби илмӣ-оммавӣ иборат буда, дар доираи мавзуоти “Қайдҳо дар ҳошияи баъзе андешаҳои устод Шакурӣ дар бораи устод Айнӣ” (С.241-247), “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст“ (С.248-264), “Дар фикри ошноии аҳли сухан мабош!” (С.265-287), “Айнӣ ва худшиносии миллӣ” (С.288-304), “Айнӣ ва алифбои арабӣ” (С.305-317), “Бурду бохти айнишиносӣ дар замони истиқлол” (С.318-350), “Ватандӯстиро аз Фирдавсӣ ва Айнӣ бояд омӯхт...” (С.351-359), “Аҳамияти асарҳои ватандӯстонаи Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (С.360-373), “Айнӣ-адиби миллӣ ва шуубӣ” (С.374-390) мунсаҷим шуда, ба масоилу мушаххасоти зерин: ташхиси мантиқии воқеиёту чолишҳои дирӯзу имрӯзу ояндаи миллӣ; дарки ҳассосиёти имрӯзӣ; вазъи айнишиносӣ дар замони соҳибистиқлолӣ; сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ; ватандӯстӣ ҳамчун василаи амалисозии аҳдофи миллӣ-давлатӣ; сабабу иллатҳои заъфи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ; тақвияти руҳияи миллӣ дар вазъияти бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва нақши китоби сарнавиштсози устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” дар раванди бедории фикрию сиёсии халқи тоҷик бахшида шудаанд.

  Китоби тозанашри устод Ҷамолиддин Саидзода хонданбоб буда, ба доираи васеъи хонандагону алоқамандони забону адабиёт, ва фарҳангу маънавиёти тоҷик пешниҳод гардидааст. Барои иттилооти бештар дар ин замина ба муаллифи китоб устод Ҷамолиддин Саидзода муроҷиат фармоед.

      

 

Маҳфили илмӣ-фалсафии

“Ҷаҳони андеша”

 

Хондан 2109 маротиба