JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 13 Марти 2024 04:40

«Сомнома»-и Хоҷу ва суннати пайравӣ ба «Шоҳнома»

Муаллиф: ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА  

  Бигӯ ин суханҳо, ки суд андар ӯст,

Сухан гуфта мағз асту ногуфта пӯст.

Фирдавсӣ

    Хоҷуи Кирмонӣ аз шоирони маъруфи поёни асри XIII ва аввали асри XIV маҳсуб мешавад. Ӯ, афзун бар ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва дигар анвои шеърӣ, ба иншои «Хамса» низ пардохтааст. «Хамса»-и ӯ, ки дар пайравии Низоми навишта шудааст, аз маснавиҳои «Ҳумой ва Ҳумоюн», «Гулу Наврӯз», «Камолнома», «Равзан-ул-анвор», «Гавҳарнома» («Гуҳарнома») иборат мебошад. Воқеан, маснавии «Сомнома» шашумин маснавии ӯст, ки ба вай мансуб медонанд. Он ба васфи корнамоию диловариҳои ниёи Рустам-Соми Наримон ва моҷароҳои ошиқонаи ӯ бахшида шудааст. Ҳамагон Хоҷуро ҳалқа ё пул байни ду устоди ғазал-Саъдӣ ва Ҳофиз медонанд. Албатта, мо таъсири каломи устодони пешинро дар осори ӯ мушоҳида менамоем. Хоҷу дар қасида пайгири Саноӣ, Хоқонӣ, Ҷамолиддини Исфаҳонӣ ва соири адибон буда, дар маснавӣ ба Низомӣ ва дигар маснависароёни қабл аз худ, ба вижа асри XIII, пайравӣ кардааст. Аммо «Сомнома»-ро ба сабку сиёқи «Шоҳнома» ва пайравӣ аз Фирдавсӣ навиштааст. Дар ин боб ӯ хоксорона дар достони худ чунин изҳори назар намудааст:

Гар аз бенавоӣ навое задам,

Ба баҳри сухан дасту пое задам.

Саранҷом кардам бад-ин нома хатм,

Ки Фирдавсияш ҳасту «Шаҳнома» хатм.

Ба наздики хуршеди ӯ зарраам,

Ба дарёи гуфтори ӯ қатраам.

Кашидам яке ҷӯй обаш тароз,

Лаби ҷӯ бад-он баҳр пайваста боз.1

    Чун мо ҳоло дар бораи «Сомнома» ва суннати пайравӣ ба «Шоҳнома» сухан меронем, аввалтар аз ҳама, бояд гӯем, ки достони машҳури «Ҳумой ва Ҳумоюн»-и Хоҷу талхис аз «Сомнома» аст, ки бо сабабҳои айнию зеҳнӣ аз ҷониби худи шоир бозсозӣ шудааст. Аз ин рӯ, «Сомнома» ва «Ҳумой ва Ҳумоюн» дар асл як асаранд ва ба қалами Хоҷу тааллуқ доранд. Дар онҳо абёту пораву қиссаҳо ҳаммонанду ҳамсонанд. Тафовут танҳо дар номи бархе аз қаҳрамонони асосӣ ба дида мерасад. Бинобар ин, ба қавли Мансур Растагори Фасоӣ, «Хоҷу ибтидо «Сомнома»-ро сохтааст ва баъдан, бо ҳифзи тамоми аҷзои достонӣ ва абёти он, номи Сомро ба Ҳумой ва номи маъшуқи Сом-Паридухтро ба Ҳумоюн, Виси Висонро ба Қайси Қайсон, Қамаррухро ба Суманрух, Ганҷинадижро ба Зарринадиж… тағйир дода ва дар номи бархе аз маконҳо дигаргунӣ эҷод карда ва бо афзудани муқаддимоту муаххароту ҳазфи бахшҳое аз «Сомнома» «Ҳумой ва Ҳумоюн»-ро падид овардааст.  Ва аз он ҷо ки ба назар мерасад, «Сомнома» аз корҳои рӯзгори ҷавонии  Хоҷу ва бетаҷрибагиҳои ӯ дар шоирӣ буда ва табъан ғассу самини он бисёр будааст. Хоҷу дар зимни гузиниши достони «Ҳумой ва Ҳумоюн» абёти сусти «Сомнома»-ро ҳазф карда, норасоиҳои онро бартараф сохта ва бахшҳои зоид ва достонҳои фаръии ғайривоқеие чун набард бо девону париён ва шигифтиҳои барру баҳрро раҳо карда ва ба ҷои 14500 байти «Сомнома» «Ҳумой ва Ҳумоюн»-ро дар 4407 байт, ки 90% он ҳамон абёти «Сомнома» аст, арза доштааст. Баррасӣ ва муқоисаи дақиқи ин ду китоб нишон медиҳад, ки вақте Хоҷу «Ҳумой ва Ҳумоюн»-ро ба унвони достони ошиқона аз танаи «Сомнома» ҷудо карда, шоире пухта ва муҷарраб будааст ва дар пардохти достони ахир ниҳояти завқу ҳушёриро ба кор бурда ва дар натиҷа ҳама ҷо дар муқоиса  абёти «Ҳумой ва Ҳумоюн» санҷидатар, устувортар ва дилпазиртар аз «Сомнома» ҷилва мекунад, зеро Хоҷу як бори дигар дақиқан ва бо риояти меъёрҳои нақди шоирона тамоми достонро арзёбӣ карда, номҳо, саҳнаҳо ва вақоеъро бар ҳасби зарурат ва иқтизои завқи салим мавриди таҷдиди назар қарор дода, бахшҳоеро ҳазф ё изофа карда ва нишон додааст, ки метавон аз як асари адабӣ сурате дигарро арза дошт, ки дар айни баргузида будан, дар 90 дарсад аз маворид бо матни дигар ташобуҳ дошта бошад ва аҷаб он аст, ки то кунун ҳамаи муҳаққиқон ин ду китобро ба унвони ду асари мухталиф ва мустақил ва муҷаззо муаррифӣ кардаанд ва ба наҳваи сохтору ташобуҳоти мавҷуд дар онҳо муталақан таваҷҷуҳ накардаанд».2

   Дар ҳақиқат, тавре ки донишманди муҳтарам мегӯяд, пажӯҳандагон ба ин ҷиҳати масъала кам таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Лиҳозо, онҳоро достонҳои алоҳида ба қалам додаанд. Хушбахтона, ин донишманди маъруф дар муқаддимаи китоби «Баргузидаи «Сомнома» роҷеъ ба ин қазия, яъне аз батни достони «Сомнома» берун омадани достони «Ҳумой ва Ҳумоюн» ва як достон будани онҳо, равшанӣ андохтааст. Мувофиқи хабари ӯ, достони «Сомнома», ки аз 14500 байт иборат буда, дар асоси достони мансури «Сом», ки то замони шоир мавҷуд будааст, бо иловаи маводи нав ба назм дароварда шудааст. Ин достон, баръакси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, аз диловариҳои Сом ва ҷангҳои Эрониён холӣ аст. Сом дар ин достон қаҳрамону марде моҷароҷӯй аст, ки дар талаби духтари фағфури Чин – Паридухт ба садамаю балоҳо рӯ ба рӯ мешавад, бо деву парию тилисму ҷодуву одамӣ афту дарафт, муҳорибаю пайкор мекунад. Аз ин назар, аз ҳарими ҳамосаи миллӣ дур мегардад. Аммо маснавии «Ҳумой ва Ҳумоюн», ки баъд аз «Сомнома», дар баҳри мутақориб, навишта шудааст, маснавии ошиқона аст ва 4407 байтро фаро мегирад. Дар он ишқи духтари фағфури Чин Ҳумой васф шудааст. Мутаассифона, на дар тазкираҳо ва на дар китобҳои таърихи адабиёт роҷеъ ба «Сомнома»-и Хоҷу маълумот дода нашудааст. Бино бар ин, бархеҳо интисоби ин достонро ба Хоҷу мавриди шубҳа қарор додаанд. Хушбахтона, мо дар «Ҳамлаи Ҳайдарӣ»-и Рафеи Бозайл (ваф. 1124) ба байтҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки бепоя будани ин шубҳаҳо бармало мешавад:

Чу дар баҳри «Шаҳнома» кардам гузар,

Садафҳо дар он ёфтам пургуҳар.

Расидам ба Фирдавсии арҷманд,

Бидидам сари роҳ кардааст банд.

Зи «Шаҳнома» бар дӯш гурзи гарон

В-аз он гашта саркӯб ҳар ҳамгинон.

Дигар сӯ, Асад шӯр андохта,

Дирафши Фаридун барафрохта.

Дигар сӯ, Низомӣ ситода чу куҳ,

Зи фарри Сикандар гирифта шукуҳ.

Ба сӯи дигар, Хоҷу ороста

Зи Соми Наримон мадад хоста.

Ба ҷои дигар Ҳотифӣ дар фиғон,

Ки ин бандаро баста соҳибқирон.3

   Гузашта аз ин, дар ду ҷои «Сомнома» номи Хоҷу зикр шуда, ки ин ҳам мансубияти асарро ба ӯ бармало месозад:

Касоне, ки бо нестӣ хӯ кунанд,

Зи ҳастӣ табарро чу Хоҷу кунанд…

          Ва:

Ки Хоҷу чу Исӣ равонбахш бош,

Ҷаҳонгиргардун, ҷаҳонбахш бош.

Дам аз руҳ зан, чун Масеҳо туӣ,

Бақо шав, чу шоҳин, анқо туӣ…

Ту дарёиву ҷоми Ҷам чокарат,

Ту гардунию инсу ҷон ахтарат.4

   Ниҳоят, беҳтарин далел якрангу яксон будани мазмуну мундариҷаву матлаби достони «Сомнома» бо «Ҳумой ва Ҳумоюн» мебошад. Бад – ин маънӣ, «Ҳумой ва Ҳумоюн» шакли тағйирёфтае аз «Сомнома»-и Хоҷуст, ки шоир онро дар айёми ҷавонӣ навиштааст, аммо дар замони камолоту номварӣ онро ба сурати асари мустақил (бо костану афзуданҳо, пайвастану буриданҳо, тағйири номҳою маконҳо…) даровардааст, ки зоҳиран ҳеҷ рабте ба «Сомнома» надорад ва асаре тозаю навоварона аст. Бино бар ин, вақте ки мо ин ду асари дар зоти худ мустақилро бо ҳам муқосиа мекунем, ба вузуҳ мебинем, ки шоир тамоми нуқсонҳои дар «Сомнома» ҷойдоштаро дар «Ҳумой ва Ҳумоюн» ислоҳ намудааст. Ӯ ҳудуди 10 ҳазор байти «Сомнома»-ро, ки асари ҳамосӣ аст, партофта, ба достони ғайриҳамосӣ ва ошиқона ба номи «Ҳумой ва Ҳумоюн» табдил додааст, ки дорои инсиҷоми лафзию маънавӣ буда, ба достонҳои ошиқонаю ғиноии Низомию пайравонаш ҳамнавою ҳам ҳамсадо мебошад. Ногуфта намонад, ки Хоҷу фаслҳои ошиқонаю орифона ҳолатҳои дигаро дар «Ҳумой ва Ҳумоюн» тавассути овардани ғазал дар маснавӣ тавсиа ва тақвият бахшидааст. Аммо, бо ин ҳол, тавре ки гуфтем, «Сомнома» ва «Ҳумой ва Ҳумоюн», ки қаҳрамононаш тағйир хурдаанд, дар асл як асаранд ба ду ном. Сабаби рух додани чунин ҳолатро муҳаққиқон, барҳақ, аз вуҷуди ғайримантиқии «Сомнома», яъне ба даврони ҷавонии шоир, замони ғайримуносиб ва имкони андаки бурузи ҳамосаҳои миллӣ медонанд, зеро пас аз ҳамлаи муғул, аз як сӯ, аз арзишҳои миллӣ қариб ному нишоне намемонад, аз сӯи дигар, ҳамосаҳои миллӣ ба ҳамосаҳои таърихию мазҳабӣ, достонҳои ошиқонаю орифона табдил меёбанд. Бино бар ин, Хоҷу ба иқтизои замон маҷбур мешавад, ки шеъри ҳамосиро дар «Сомнома» тарк кунад ва даст ба домани шеъри ғиноӣ бизанад, онро ба «Ҳумой ва Ҳумоюн» бадал созад ва ба воқеияту талаботи асри 14, ки даврони таназзули рӯҳи миллӣ ва эҷоди ҳамосаҳои миллӣ маҳсуб мешавад, мутобиқ намояд. Шоир беҳуда нагуфтааст:

Ба иқтизои замон кори хештан бигзор,

Ки саъи беҳуда попӯш медарад, масал аст. 5

    Зимнан бояд гуфт, ки пас аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва ба тахт нишасти Ғазнавиён ва дигар сулолаҳои ғайриэронӣ рӯҳи миллӣ ба заъф гароида буд ва маҷоли бурузи рӯҳу андешаи миллӣ ва иншои ҳамосаҳои миллӣ хеле ва хеле маҳдуд гардида буд. Лиҳозо, пайравию тақлид аз Фирдавсӣ ва талқини ғояҳои миллии «Шоҳнома» ба хатар мувоҷеҳ шуда, мурғи рӯҳу ғурури миллӣ осебпазир ва шикастабол гардида буд. Аммо, бо ин ҳол, каму беш имкони сароиши ҳамосаи миллӣ дар ин айём низ вуҷуд дошт ва адибон дар кунҷу канори кишвар ба сурудани ҳамосаҳои миллӣ иқдом менамуданд ва суннати сурудани ҳамосаҳои миллиро ба ин ё он навъ идома медоданд. Намунаи муваффақи ин гуна ҳамосаро пеш аз «Сомнома»-и Хоҷу мо дар «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ ва «Баҳманнома»-и Эроншоҳи Абулхайр ва бархе аз дигар ҳамосаҳои миллӣ, ки дар онҳо мисли «Шоҳнома» руҳи силаҳшӯрону набардҷӯёни миллӣ бозтоб меёфтанд, низ дида метавонем. Аммо асре, ки Хоҷу зиндагию эҷод менамуд, яъне асри тасаллути на танҳо атрок бар Эронзамин, балки муғул маҳсуб мешавад, қариб ки аз вуҷуди руҳи миллӣ, ба маънии томаш, нишоне намонда буд. Дигар ҷои нишоту талқину таҳрики неруҳои пайкорҷӯю мудофеъро дар кишвар яъсу навмедию ғаму андуҳу нотавонию ҳасрат гирифта буд. Маҳз дар ҳамин давра тарғиби тасаввуфу фақру дарвешӣ, гурез аз зиндагӣ, хонақоҳнишинӣ, таслиму ризо, қазову қадар, мадҳи ҳакимони бегона, сурудани ҳамосаҳои таърихӣ, ахлоқӣ, динӣ, «корнамоиҳо»-и ҳокимону подшоҳони давр, ки ба қатлу ғорату сиёсати мазҳабии эшон вобаста буд, равнақ пайдо менамояд. Ба сухани дигар, шароити таърихӣ, иваз шудани сиёсат, ангезаҳои ақвоми ғолибу ҳукмрон, ғалабаи сиёсати мазҳабӣ дар ҷомеа, набудани қудрати сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва дар ҳолати бардагӣ зиндагӣ кардани миллат ба эҷоди ҳамосаҳои миллӣ имкон намедод ва суннати ҳамосаи миллӣ сурудан на танҳо осебпазир, балки билкул аз байн рафта буд, зеро мулуки Аҷам ба умри худ солҳо пеш хотима бахшида буданд. Дар саҳнаи зиндагӣ, дар Эронзамин (Эрону Хуросону Мовароуннаҳр) мулуки турку муғул фармонфармоӣ ва ҷилвагарӣ мекарданд. Аз Ҷамшед, Куруш, Рустам, Исфандиёр, Гударз, Хусрави Парвиз, Сосониён, Сомониён, Исмоили Сомонӣ ва охирин малики Аҷам – Мунтасир ном номе набуд, ки набуд. Миллат бесоҳиб, кишвар бе сарвар, қавм белашкар, адибон бепарастор монда буданд. Ба қавли Мавлоно:

Асли лашкар, бегумон, сарвар бувад,

Қавми белашкар тани бесар бувад.6

Аз ин хотир, арбоби илму адаб рӯ ба дарборҳои истилогарон меоварданд ва ба мадҳи шоҳону ҳокимони бегона иштиғол меварзиданд. Зиндагӣ ранг бохта, миллат шикаст хурда, ҳувият осеб пазируфта буд, майнаву мағзи мардуми кишвар бо тафаккуроти бетафовуту ҳасратзою яъсомези суфиёна олуда шуда буд. Бино бар ин, аҳли қалам асосан ба афроде худношинос, аз зиндагӣ, аз ҳаёт даст шуста,  табдил ёфта буданд. Беҳуда нест, ки мо дар ашъори эшон ба инсонҳои муқтадир, пайкорҷӯ, давлатсоз, худогоҳ, бунёдкор, муқовиматгар, тавонманд, размҷӯ, пурғурур, қавиирода, зиндагидӯст, зебопараст, шодигарой, қариб ки рӯ ба рӯ намешавем. Шоирони ин рӯзгор, ки маҳрум аз ҳувият, озодӣ, истиқлоли фикрӣ, давлат, қудрат буданд, дар осорашон ба ин дунё ва ҳар чизе, ки дар ин он мавҷуд аст, беэътино буданд ва арҷе намегузоштанд. Саргаштагӣ, хонабрдӯшӣ, дарбадарӣ, оворагӣ, танҳоӣ, бепуштупаноҳӣ, ятимӣ, эҳсоси бемеҳрӣ, ҷабру зулми ҳокимони бегона, бесоҳибӣ онҳоро руҳафтода карда буд. Бино бар ин, ҳар чи аз қаламашон метаровид, тасвире аз ҳамин руҳиёти ғамангези миллату кишвару олам буд. Шодию нишоте, ки дар шеъри шоирони замони Сомониён, замони мавҷудияти давлати миллӣ, буд, дар ин даврон ба ғаму андуҳу тирарӯзию бахтбаргаштагӣ бадал шуда буд. Қариб ҳамаи адибон аз зиндагӣ, қисмат, оламу одам, ҷаҳон, осмон, фалак, гардун шиква мекарданд, менолиданд ва аз вуҷуди ғуломонаву хору зории худ дар ин ҷаҳон, дар ин макон ва дар ин айём дар ватани худ норозӣ буданд. Ғазали зерини Хоҷу, ки мо онро ба хониш мегирем, шоҳид ва далели ҳамин гуна ҳолати асафбори миллат метавонад буда бошад:

Ман киям? – Зоре низор афтодае,

Пурғаме, бе ғамгусор афтодае.

Дардманде, ранҷ зоеъ кардае,

Мустаманде, сӯгвор афтодае.

Мубталое, дар бало фарсудае,

Бе қарине, беқарор афтодае.

Бодпаймое, ба хок оғуштае,

Хастаҷоне, дилфигор афтодае.

Нимамасте, бе ҳарифон мондае,

Майпарасте дар хумор афтодае.

Бекасе, аз ёр ғоиб гаштае,

Нокасе, аз чашми ёр афтодае.

Ихтиёр аз даст берун рафтае,

Бехуде, беихтиёр афтодае.

Андалебе аз гули сурӣ ҷудо,

Хастае дур аз диёр афтодае.

Пеши чашми оҳувон ҷон додае,

Бар раҳи шерон шикор афтодае.

Даст бар дил, хок бар сар мондае,

Бар сари раҳ хоксор афтодае.

Рӯ ба ғурбаткарда, фурқатдидае,

Бе азизон монда, хор афтодае.

Бе дилу бе ёр реҳлат кардае,

Бе зару бе зӯр зор афтодае.

Ҳамчу Хоҷу пой дар гил мондае,

Бар сари пул монда, бор афтодае.7

  Тавре ки мебинем, дар ин вазъу ҳол руҳиёти шодию нишоте, ки дар ашъори шоирони замони Сомониён, ҳатто шоирони замони Ғазнавиён вуҷуд дошт, вуҷуд надорад, ки надорад. Дигар, аз шоирони ватанпарвару миллатдӯсте чун Дақиқию Фирдавсию Эроншоҳу Асадӣ… хабаре нест, ки нест. Миллат ба буҳрони сиёсию иҷтимоию нажодию миллию давлатӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ориёиҳо, эронинажодон (тоҷикону форсҳо…) имкони мубориза, муқовимат, пархош, ҳарбу зарб, баҳсу мунозира, бо сулолаҳои ғолиб, ҳокимони бегонаро надоранд. Мунтасир дигар дар саҳнаи ҳаёт нест, давлати ӯ фуру пошида дар ихтиёр, тасаллути бегонагон қарор дорад… Бино бар ин, адибон наметавонанд ба ситоиши сарзамини худ, миллати худ, рӯҳи миллии худ, хусусан арзишҳои бостонӣ ва бобоёни худ, нажоди худ, манфиатҳои миллӣ, яъне ҳамдилӣ, ҳамзабонӣ, ваҳдату ягонагии миллату қавми мазлуми худ бипардозанд, вазъи қавму миллатро дар осорашон тарсим намоянд, балки маҷбур ба мадҳи бегонагону истилогарони ҳоким мепардозанд. Аз ин хотир, дар қаламрави илму адаб барои ҳузур ва зуҳури шеъри ҳамосӣ, ба вижа ҳамосаҳои миллӣ, ҷой намонда буд, тафаккури ғаноӣ, афкори суфиёна, андешаву орои ошиқона, ҳикамӣ, ахлоқӣ, динӣ, мазҳабӣ ва ғайра ҷойгузини рӯҳу тафаккури миллию ҳамосаи миллӣ гардида буд. Миллат дар ин замон ба миллати барда, беҳуқуқ, ломакон, танҳо, афсурда, хору зор, бемиқдор, бепушту паноҳ, бемутакко табдил ёфта буд ва роҳи раҳоӣ аз ин фоҷиа, бунбасти сиёсию иҷтимоию миллиро пайдо карда наметавонист, зеро шамшерро аз даст дода буд ва давлат надошт. Шамшер ва давлат дар дасти бегонагон буд, шоирон, ки бо қалам мусаллаҳ буданд, имкони муқовимат, мубориза ва шикаст додани бегонагон, истилогаронро надоштанд, зеро, тавре ки гуфтем, шамшерро, ки ҳокимон дар ихтиёр доштанд, надоштанд. Мулуки Аҷам дар хоки хунук хуфта ва солҳо пеш аз арсаи зиндагӣ ва таърих берун шуда буданд. Бино бар ин, ба ҳоли миллати бешоҳ, беҳоким, бесултон, бедавлат, дар асорат мондаи мо мурғҳои осмон мегиристанд. Миллат ночор ба тақдир тан дода буд ва бо сурудани ғамномаю ҳасратномаҳо худро тасаллӣ медод. Хоҷу намояндаи яке аз ҳамин гуна адибони нотавон, номурод, ғурбатгаро буд, ки аз миллати бедавлату шикастхурдаю дар асорат афтода дар ватани хеш намояндагӣ мекард. Ин ғазали Хоҷу на танҳо аз беқадрии аҳли сухан, хорию зории эшон, балки аз бемеҳрию бешафқатии гардун, ҳокимон, амалдорони замон, ки ба айну нуш, занозанӣ, мулкгирӣ, ришваситонӣ, зулму золимӣ, ғоратгарӣ, қатлу куштор саргарм буданд, ҳикоят менамояд:

Дӣ сар баромад дилам аз рӯзи ҷавонӣ,

Ҷонам ба лаб омад зи ғаму дарди ниҳонӣ.

Кардам гила з-ин чархи сиёҳрӯи бадахтар,

К-аз баҳри ду қурсам ба ҷаҳон чанд давонӣ

Ҷони мани дилсӯхтаро ҳеҷ муроде

Ҳосил нашавад, то ту ба комаш нарасонӣ.

Фарёд зи дасти ту, ки аз қайди ҳаводис

Як лаҳза амонам надиҳӣ, хоса амонӣ.

Ҳар к-ӯ чу қалам гоҳи сухан дур бичаконад,

Хуни сияҳ аз теғи забонаш бичаконӣ.

Кай шод шавад хусраве аз даври ту к-аз ту

Бе дор ба Доро нарасад тахти каёнӣ.

Султони фалак гарм шуду гуфт, ки Хоҷу

Бар мулки бақо зан алам, аз олами фонӣ.

З – ин пири ҷаҳондидаи бадрӯз чӣ хоҳӣ,

Бар вай зи чи шанъат кунию даст фишонӣ?

Ҳарчанд ҷаҳоне зи салотини замона,

Охир на гадои дари султони ҷаҳонӣ.

Дар Мисри маонӣ яди байзо бинамоӣ,

Вақте ки чу Мусӣ накашӣ сар зи шубонӣ.

Гар ноиби Хоқонию Хоқонии вақтӣ

В-ар сонии Саҳбонию Ҳассони замонӣ.

Чун шамъ макаш сар, ки ба як дам бикушандат,

Бо ин ҳама гарданкашию чарбзабонӣ.

Хомӯш, ки то дар даҳони халқ наяфтӣ,

Дар мулки фасоҳат чу забон ком наронӣ.

З-ин тоифа шеърат ба шаъире нахарад кас,

Гар оби ҳаёт аст ба покию равонӣ.

Бо ин ҳама, як нукта бигӯям зи сари меҳр,

Ҳарчанд ки донам, ки ту ин шева  надонӣ.

Рав, масхарагӣ пеша куну мутрибӣ омӯз,

То доди худ аз кеҳтару меҳтар биситонӣ.8   

  Дар ҳамин гуна вазъият, ҳолу аҳвол аст, ки Хоҷу ба сурудани «Сомнома» дар вазну баҳри «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ иқдом менамояд. Ӯ тасмим мегирад, ки ба назми достонҳои диловарию моҷароҳои ошиқонаи Соми Наримон (ниёи Рустам) бипардозад ва бад-ин тартиб, дар зинда кардани достонҳои хонадонҳои эронӣ, аз ҷумла хонадони Рустам, саҳм бигирад ва ҷои холигӣ дар «Шоҳнома», «Гаршоспнома» ва ғайраро пур намояд.

  Мутаассифона, ӯ вазъияту рӯҳи замон, сиёсати ақвоми ғолибу ҳукмрон ва мусаллат бар сарзамин, ғалабаи рӯҳи мазҳабӣ, шароити номувофиқу носозгори иҷтимоию сиёсию таърихиро ба ҳисоб нагирифт. Аз ин рӯ, аз истиқболи шоиставу боиста бархурдор нагардид. Бино бар ин, «Сомнома»-ро дар шакли дигари асари адабӣ, мувофиқ ба талаботи замону шароити таърихӣ, ба номи «Ҳумой ва Ҳумоюн», бозсозӣ кард ва як асари мустақили дигари адабӣ ба вуҷуд овард. Хушбахтона, он ҳамчун яке аз достонҳои муҳимми Хоҷу шуҳрат пайдо кард. Аммо «Сомнома», ки ба диловарию моҷароҳои ошиқонаи Соми Наримон иртибот мегирифт, ба бутаи фаромӯшӣ афтод. Ҳатто, тавре ки гуфтем, тазкираҳо ва китобҳои таърихи адабиёт, ки дар бораи Хоҷу ва осори ӯ маълумот додаанд, дар мавриди ин асари Хоҷу сукут варзидаанд. Танҳо дар асрҳои охир муҳаққиқон ва хоҷупажӯҳон рӯ ба ин асар оварданд, ба нашри он мубодират варзиданд ва ҳангоми маълумот додан ба осори Хоҷу ба зикри «Сомнома» низ пардохтанд. Ба ҳар ҳол, «Сомнома»-и Хоҷу, ки мисли миллаташ сарнавишти пуртазод ва талхро сипарӣ кардааст, бо ҳама номеҳрубониҳои таърих, нуқсонҳою айбҳое, ки дар он мавҷуд аст, то имрӯз боқӣ мондааст ва барои мо ва сарояндаи он мояи ифтихор аст, ки дар замони заъфи ҳамосасароӣ ба эҷоди «Сомнома» пардохта, як гӯшаи ношинохтаи хонадонҳои миллӣ, хонадони Рустам, ниёи ӯ – Соми Наримонро зинда ва эҳё намуда, бад-ин тартиб хидмати шоистаю боистаеро барои парвариши рӯҳи миллию меҳанӣ ба анҷом расондааст ва суннати пайравӣ ба ҳамосаҳои миллӣ, хусусан «Шоҳнома»-ро дар як даврони номувофиқ, инҳитоти адабӣ, идома додаву зинда нигаҳ доштааст. Беҳтараш мо дар ин маврид ба гуфтори Забеҳуллоҳи Сафо гӯш медиҳем, ки мегӯяд: «Сомнома» манзумаест ҳамосию ишқӣ ба баҳри мутақориби мусаммани мақсур ё маҳзуф (фаъулун, фаъулун, фаъулун, фаъул), ки монанди ҳамаи манзумаҳои мушобеҳи он ба тақлид аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ сохта шуда ва роҷеъ аст ба саргузашти Соми Наримон ва ишқҳою ҷангҳою моҷароҳои ӯ. Аз ин манзума нусхаи мутааддиде мавҷуд аст, ки ҳеҷ як комил ба назар намеояд ва нусхаи чопии он (Бамбайи 1391 – шамсӣ) тақрибан 14500 байт аст ва бино бар он чи аз баъзе нусахи «Сомнома» бармеояд, ин манзумаро Хоҷу ба номи Абулфатҳ Маҷдуддин Маҳмуди вазир сохтааст, яъне ҳамон касе, ки манзумаи «Ҳумой ва Ҳумоюн»-ро ҳам ба номи ӯ овардааст. Таърихи итмоми ин манзума маълум нест».9

  Таваҷҷуҳу дилбастагии Хоҷуро ба достонҳои Сом ва қиссаҳои ҳамосӣ мо на танҳо дар маснавии «Сомнома», балки девони ӯ низ боздид менамоем. Ин намунаҳо, ки ба орият мегирем, на аз маснавии «Сомнома», ки бевосита ба Соми Наримон ихтисос мегирад, балки аз девони шоир аст:

Кай камони чархи пурдастон Рӯйинтан кушад,

Он кӣ печад панҷаи Искандару бозуи Сом? 10

     ***

Гар ба қофи қурбатам манзил диҳӣ монанди Зол,

Аз ҳасад бар ҳоли ман Сурхоб гардад ашки Сом. 11

  Зимнан бояд гуфт, ки Хоҷу «Сомнома» – ро, вобаста ба талаботи  шариату тариқат ва тасаввуфу ирфон, сиёсати қавмии мулуки бегона ва манфиатҷӯёна бозсозӣ намуда, бо рӯҳияи ғиноию ошиқона, хулосабарориҳои орифонаву андешаҳои суфиёна тазйин мебахшад. Хоҷу дар «Сомнома» таваллуди Сом, ошиқ шудани ӯ ба духтари фағфури Чин ва ҷангҳои вай дар Чину Ховарзамин, набардаш бо аждаҳову дев, сафар ба Мағрибу ҷангҳои зиёди ӯ, ба дор кашидани Шаддод бинни Од, рафтан ба куҳи фано, расидан ба маъшуқ ва бозгашти вайро ба Эрон тарсим менамояд, ки асосан фарогири моҷароҳои ошиқона, ҷангҷӯёнаю шигифтовар мебошад. Аз ин хотир, холӣ аз арзишҳои миллию меҳанпарастона ҷилвагар мешавад. Аммо, ба ҳар сурат, Хоҷу ба қаҳрамонони ҳамосаи миллии Эрон беиртибот нест, балки ба орзую ормонҳои эшон ҳамдостон аст. Ин баёнгари он аст, ки Хоҷу қаҳрамонони афсонаҳои миллӣ ва ҳамосаи Эронро хуб мешинохта, ба онҳо арҷ мегузоштааст. Бино бар ин, дар осораш аз эшон ба гунаи мухталиф ёд менамояд. Ӯ бо ин роҳ устуворӣ, пойдорӣ, зинда будани рӯҳи миллӣ ва ватаниро мутаранним мешавад, тарғиб менамояд. Аммо, вобаста ба вазъи замон, ногузир андешаҳояшро дар ҷӯйбори сиёсат ва афкори ҳоким дар ҷомеа ироа менамояд. Вай тавассути ёдкардҳояш аз ғурур ва ифтихороти аз дастрафтаи миллати мазлуми хеш бо дарду ҳасрати сухан мегӯяд, зеро, тавре ки гуфтем, маҷоли муқовимат карданро надорад, ки надорад, муддатҳост, ки қавмаш қудрати сиёсию низомиро аз даст додааст, дар ҳолати бардагӣ, асирӣ зист менамояд. Бинобар ин, шоир ба ҳамин ишораҳо, зикрҳо, ёдкардҳо иктифо менамояд ва хештанро тасаллӣ медиҳад. Ӯ ин амалро бештар дар қасидаҳояш, ба ҳамоса иртибот надоранд, анҷом медиҳад. Бино бар ин,  мо ба абёту пораҳои зиёди миллӣ ва ҳамосӣ дар онҳо мувоҷҷеҳ мешавем, ки аз мавҷудият ва сахтҷонии рӯҳи миллӣ хабар медиҳанд:

Ба гоҳи сахо ҳамчу Ҳотам мубаззир,

Ба рӯзи вағо ҳамчу Рустам муҳориб.12

                            ***

Он Сиёваш, ки қатлаш ба ҷавонӣ карданд,

Хунаш ин тоифа имрӯз зи Пирон талабанд.13

                            ***

Чу ӯ теғи Кайхусравӣ бар сар орад,

Чу Пирон шаҳи Шарқро сар биларзад

Чу Баҳром агар гурзи шашпар барорад,

Маликро тан ҳафт пайкар биларзад.14

                            ***

Хостам, то фиканам Рахш ба майдони ҷидол,

Ки дилам ғуссаи ин кори мушаннаъ накашад.15

    Диққати зиёд додани Хоҷу ба достонҳои миллӣ ва қаҳрамонони ҳамосӣ далели он аст, ки дар асри XIV , новобаста ба набудани давлати миллӣ, ҳузури ҳукуматҳои бегона ва ғайримиллӣ, ҳамлаю таҷовузи муғул ба кишвари мо, хорию зорию ноамнию номуродӣ, шоирони мо, аз як тараф, рӯҳи миллию ормонҳои ифтихороти гузаштагони худро тараннум менамуданд, ба зикру ёдкарду бузургдошти қаҳрамонони асотирию таърихӣ рӯҳи миллиро зинда мекарданд, аз тарафи дигар, аз тарсу бими соҳибони зӯру қудрати замони хеш, ки аз бегонагон буданд, қаҳрамонони ҳамосиро хор медоштанд, таҳқир менамуданд, паст мезаданд, ночиз, каммоя ба қалам медоданд, аз бартарияту афзалияти мамдуҳон, ҳокимон сухан мегуфтанд… Албатта, ин натиҷаи шикастҳои таърихӣ, номуродию талхиҳои замони ғамбор, ки баёнгари буҳрони ҳувияти сиёсию иҷтимоию миллӣ буд, Хоҷуро низ гоҳ дар қаламрави афкори мутараққӣ ва гоҳ иртиҷоӣ қарор медод, зеро ӯ дар даврони инҳитоти руҳи миллӣ ва ҳамосасароӣ зиндагию эҷод мекард. Бино бар ин, мо дар ашъораш бо вокунишҳои мухталифу мутазод, мусбату манфӣ, парадоксӣ, дубуъдӣ ва чандбуъдӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки ӯ нисбат ба қаҳрамонони ҳамосӣ нишон медиҳад. Дар ин мисолу ёдкардҳо, ки аз ашъори ғайриҳамосии шоир баргузида шудаанд, қаҳрамонони ҳамосаи миллӣ ба гунаи мусбат, ба хотираву сифатҳои нек, ғурурангез, ифтихорофарин, пирӯзию диловарию қудратмандӣ ва ибрат гирифтан аз зиндагию корнамоиҳои онон ба намоиш гузошта мешаванд, то бад – ин тартиб, мардум гузаштаи пурифтихор ва пур аз корнамоию шукуҳи гузаштагону бобоёни худро фаромӯш накунанд ва аз ёд набаранд:

Туро хуни Сиёваш гарчи домангир шуд, лекин

Ба Туркистон манеҳ рух, то наяфтӣ дар чаҳи Бежан. 16

***

Ковус рафту мулкати Эрон видоъ кард,

Товус рафту гулшану бӯстон видоъ кард.17

***

Кайхусрав ар намонд, бақои Қубод бод,

Ҷам бе нигин мабодо, гараш тахт шуд ба бод.18

***

Ин дам, ки Ҷам намонду Фаридун шуд аз ҷаҳон,

Шоистаи нигину сазовори гоҳ ку?19

          Ногуфта намонад, ки васфи мамдуҳон, ки афроди ғайримиллианд, қиёсу ташбеҳи онҳо ба қаҳрамонони миллӣ, ки муҷиби ифтихори шоир ва эронинажодон (тоҷикону форсҳо…) мебошанд, дар осори шоир зиёданд, аммо маҷоли мисол овардан кам:

Чун Кай ҷудо намешавӣ аз тахт як нафас,

Чун Ҷам гурез нестат аз ҷом як замон.20

***

Қалби фалак шикаста синонат ба ҳукми он-к

Рӯинтан аст румҳату афлок Ҳафтхон.21

***

Чун бар фарози Рахши таковар шавад савор,

Гӯйӣ, Таҳамтан аст, ки ояд зи Систон.22

***

Агар чунонки ба Золи Зараш мушобаҳат аст,

Бар оташ аз чӣ Сиёвашу шаш фитода гузор? 23

         

  Тавре ки гуфтем, Хоҷу гоҳ-гаҳ қаҳрамонони ҳамосаи миллиро, ки аз заъфи руҳи миллӣ ва дар ихтиёр надоштани қудрати сиёсии эронинажодон дар асри XIV сарчашма мегирад, дар муқобили мамдуҳон хурд ва ночиз ба қалам медиҳад. Ин гуна амал, албатта, вижаи танҳо Хоҷу нест, балки тамоми адибон аст, ки аз асри XI (баъди қудрати сиёсиро ба даст гирифтани атрок) шуруъ мешавад ва андак – андак  боло меравад, ба ҳадди ифроту тафрит дар осори шоирон мерасад ва ба суннат табдил меёбад. Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Муиззӣ ва дигарон оғозгарони ин суннат ва таҳқири руҳи миллию қаҳрамонони ҳамосӣ маҳсуб мешаванд. Ба сухани дигар, аз байн рафтани давлати миллии Сомониён, ба тахт нишастани сулолаҳои ғайримиллӣ (турку муғултабор) ва ғалабаи руҳи мазҳабӣ дар ҷомеа руҳи миллӣ ва меҳаниро заиф ва ночиз менамояд. Бино бар ин, адибон огоҳонаву ноогоҳона, ихтиёрӣ ва ғайриихтиёрӣ даст ба таҳқири қаҳрамонони ҳамосаи миллӣ мезананд ва онҳоро дар муқобили мамдуҳон ҳақиру бечораву ночизу камарзиш мешуморанд. Хоҷу, ки дар асри XIV зиндагию эҷод менамуд, мисли соири шоирон ба иқтизои замон ва сиёсати ҳокимон ба ин ҷараёни номатлуб, зиддимиллӣ ҳамроҳ мешавад ва дар бархе аз ашъораш, хусусан дар қасидаҳои мадҳиаш, ба ин амал, яъне таҳқири чеҳраҳои миллӣ ва қаҳрамонони ҳамосӣ даст мезанад, ки ин, албатта, аз ғолибияти неруҳои ғайримиллӣ, яъне атроку муғул ва мағлубияти ориёиён, эронинажодон (тоҷикону форсҳо…), яъне деҳқонону озодагон хабар медиҳад ва аз воқеияти талхи ҳаёти мардумони мо баъд аз Сомониён, ба вижа дар асри XIV, асре ки Хоҷу зиндагию эҷод мекард, маншаъ мегирад, қисса менамояд, қиссаҳое талху ҳасратзо:

Чу дар чинӣ, хато бошад, ки бар Чин турктоз орӣ,

Фарас бар шоҳи Ховар рону қалби Сомро бишкан.24

***

Мансух кард қиссаи якрӯза разми ту

Ҷанги дувоздаҳ руху номуси Ҳафтхон.25

***

Теғаш гирифта мулкати Касрию Кайқубод,

Ситташ шикаста равнақи Дорою Ардавон.26

***

Он, к – ӯ равони Рустами Зол аз ҳаёи ӯ

Чун об хӯй баровард аз хоки Систон.27

*** 

Чархи рӯйинтан чу дида савлатат рӯзи набард

Достони Золи Зар тазвиру дастон ёфта.28

***

Эй туро гоҳи сахо Ҳотами Тойӣ чокар

В – эй туро рӯзи вағо Рустами Дастон банда.29

***

Гаҳ ба сардастӣ рабояд аз сари Ковус тоҷ,

Гаҳ ба сармастӣ ситонад аз кафи Ҷамшед ҷом.30

          Бадбахтона, маҳз ҳамин гуна ҳолат, яъне аз даст додани қудрати сиёсию низомӣ, бо як сухан, маҳрумият аз давлати миллӣ ва дар асорати собиқ бандагони худ зистани ориёиён – эронинажодҳо (тоҷикону форсҳо…) дар асри XIV Хоҷуро вомедорад, ки ривоёту ҳикоёти ғиноию ошиқонаро аз «Сомнома» берун биёрад, дар як ҷо ҷамъ намояд ва ба номи «Ҳумой ва Ҳумоюн», ки ба иқтизои замон ва руҳиёти адабию фарҳангию маънавӣ ва сиёсию иҷтимоию мазҳабӣ ва рухдодҳои аср ҷавобгӯ бошад, интишор бидиҳад. Бино бар ин, Хоҷу, ба гунае ки гуфтем, бо иваз кардани номи Сом ба Ҳумой ва Паридухт – маъшуқаи ӯ ба Ҳумоюн, партофтану афзудани ҷангҳою достонҳои фаръӣ ва илова кардани байтҳо ва нигоҳ доштани байтҳои ғиноию ошиқонаи «Сомнома», тағйироти ҷиддӣ рӯи кор меорад ва бад – ин тартиб, «Сомнома» мураттаб месозад ва онро ба номи «Ҳумой ва Ҳумоюн» ба хонанда пешкаш менамояд.

          Хулоса, «Сомнома» ба пайравӣ ва тақлид аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ навишта шудааст, аммо ба тақозои замон, ки барои ҳузури руҳи миллӣ ва ҳамосӣ дар асри шоир имконият намедиҳад, шоир ба он руҳи ғиноию ошиқона мебахшад, аз матну батни он достони дигари ошиқонае ба номи «Ҳумой ва Ҳумоюн» месозад ва тақдими хонандагони асри хеш ва асрҳои пасин менамояд. Ин кор на танҳо ба руҳияи замон, балки тафаккур ва маслаку машраби Хоҷу, ки дар тасаввуфу ирфон низ ҷойгоҳи хос дошт, мувофиқат мекунад. Лиҳозо, вай ғазалиёти худро низ бо афкору оро, мафҳуму истилоҳоту таъбироти суфиёна зинат мебахшад ва ба онҳо рангу бӯи тозаю шоиронаю орифона илқо мекунад. Аммо, мо ба ҳар ҳол, дар ғазалиёти ӯ низ ба афкору оро, номҳои қаҳрамонону паҳлавонони бостон, руҳи ҳамосию миллӣ, ашхоси устуравию таърихӣ рӯ ба рӯ мешавем. Мисли Кисро, Доро, Ҷам, Сиёвуш, Ораш, Зардушт, Озари Барзин, Кайхусрав ва ғайра:

Соқӣ, бидеҳ зи ҷоми Ҷам арбоби шавқро

Он май, ки дар пиёла чу хуни Сиёваш аст.31

***

Ҳар хаданге, ки ғамзааш бикшуд,

Ниёбаташ дил ба тири Ораш кард.32

***

Коми ҷон аз қиблаи Зардушт хоҳ,

Гар дилат чун Озари Барзин бисӯхт.33

***

Пеш аз ин Кайхусрав ар Шабранг бар Ҷайҳун давонд,

Ашки мо ронад ба қатра дам ба дам гулгун бар об.34

 

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

 

Пайнавиштҳо:

  1. Хоҷуи Кирмонӣ. Баргузидаи «Сомнома». –Теҳрон, 1370. –С.128.
  2. Ҳамон ҷо. –С.10-11.
  3. Ҳамон ҷо. –С.13.
  4. Ҳамон ҷо. –С.15-16.

5.Аҳмад Гулчини Маонӣ. Корвони Ҳинд. –Ҷ.1. – Машҳад, 1369. –С.577.

  1. Гулчини «Маснавии маънавӣ» – и Мавлавӣ. –Душанбе, 2007. –С. 93.
  2. Девони комили Хоҷуи Кирмонӣ. – Теҳрон, 1370. –С.319-320.
  3. Ҳамон ҷо. –С.478.
  4. Хоҷуи Кирмонӣ. Баргузидаи «Сомнома».–С. 11.
  5. Девони комили Хоҷуи Кирмонӣ. –С.107.
  6. Ҳамон ҷо. –С.109.
  7. Ҳамон ҷо. –С.33.
  8. Ҳамон ҷо. –С.45.
  9. Ҳамон ҷо. –С.46.
  10. Ҳамон ҷо. –С.50.
  11. Ҳамон ҷо. –С.112.
  12. Ҳамон ҷо. –С.150.
  13. Ҳамон ҷо. –С.162.
  14. Ҳамон ҷо. –С.163.
  15. Ҳамон ҷо. –С.121.
  16. Ҳамон ҷо, ҳамон с.
  17. Ҳамон ҷо. –С.119.
  18. Ҳамон ҷо. –С.66.
  19. Ҳамон ҷо. –С.112.
  20. Ҳамон ҷо. –С.119.
  21. Ҳамон ҷо, ҳамон с.
  22. Ҳамон ҷо. –С.121.
  23. Ҳамон ҷо. –С.131.
  24. Ҳамон ҷо. –С.132
  25. Ҳамон ҷо. –С.107
  26. Хоҷуи Кирмонӣ. Мунтахаби ғазалиёт. –Душанбе, 2021. – С.68.
  27. Ҳамон ҷо. –С.134.
  28. Ҳамон ҷо. –С.29.
  29. Ҳамон ҷо. –С.36.
Хондан 1967 маротиба