Нусхаи чопи
Сешанбе, 13 Июни 2017 04:14

Синамои тоҷикӣ дар рӯёрӯйӣ бо филмҳои хориҷӣ

Муаллиф:

  Дар охири садаи нуздаҳум синамо ба сифати абзори муҳими фарҳангӣ ва санъатӣ ба арсаи тамаддуни башарӣ ворид гардида, дар кӯтоҳтарин муддат фазои ҳунарӣ ва фарҳангии манотиқи гуногуни мамлакатҳои мутамаддинро соҳиб шуда, раванди огоҳӣ, шинохт, омӯзиш, иттилоот, ташхис ва биниши инсонҳоро густариш бахшид. Бар ҳасби истилоҳ, синамо(Cinema) мухтасари калимаи синематограф буда, ҳунари намоиш додани силсилаи тасвирҳо, манзараҳо, ашхос, ашё ва ҳаракати ҳунарпешагон мебошад, ки рӯйи филм ба василаи дастгоҳи махсус сабт мешавад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. -С.1508).

  Он аз замони зуҳур то ба имрӯз дар баробари телевизион ва шабакаҳои мухталифи телевизионӣ қад алам намуда, барои дар сатҳи баланди маърифатӣ ва фарҳангию сиёсӣ қарор додани ҷомеа талош меварзад. Иқдомоти синамо, ки тавассути филмҳои бадеӣ ва мустанад роҳандозӣ мешаванд, дар шароити имрӯза ҷиддият касб намуда истодаанд ва воқеияти зиндагиро аз ҳар ҷиҳат ба маърази тамошо мегузоранд. Синамо алорағми рақобате, ки телевизион бо он дорад, яке аз муҳимтарин шабакаҳои иртиботи мардумӣ аст ва назароти худро ба тамошогар илқо мекунад(Сафотоҷ Маҷид. Саҳюнизм ва расона.-Теҳрон, 1387. -С.81). Дар маҳдуда ва фазои парвози фарҳангӣ ва ҳунарии Руссия, ки кишвари мо ҷузъи ҷудонопазири ин ҳавзаи сиёсӣ буд, ҳунари синамо дар ибтидои асри бистум ба сифати муҳаррики низоми нави иҷтимоӣ – сотсиализм рӯйи саҳнаи зиндагӣ қадам ниҳод ва дар ташаккул ва такомули завқу салиқа ва диди ахлоқӣ-зебоиписандии насли даврони шӯравӣ нақши сазовор гузошт. Ногуфта намонад, ки гуфтаи яке аз асосгузорон ва пиёдасозони низоми сиёсии коммунистӣ В. И. Ленин дар бораи моҳият ва аҳамияти синамо(кино) дар тамоми толорҳои намоиши филмҳо насб гардида буд ва рӯҳи умумии сиёсати фарҳангии ҳукумати шӯравиро дар самти синамои ватанӣ инъикос месохт: «Барои мо аз тамоми навъи санъат кино муассиртар ва муҳимтар аст».

  Воқеан, синамо дар даврони шӯравӣ муассиртарин навъи таблиғоти идеологӣ буд ва аз тамоми анвои ҳунарӣ дида бештар нуфуз дошт ва мавқеъ ва нуфузи он дар солҳои минбаъда низ тақвият ёфт. Мусаллам аст, ки синамо дар асоси матнҳои адабӣ-бадеӣ, таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ,  ахлоқӣ ва амсоли инҳо дар қолаби сенария мураттаб гардида, тавассути коргардонӣ ва ҳунари мумасилӣ (актёрӣ) рӯйи кор меояд. Ҳатто филмҳои нахустине, ки беовоз буданд, дар такмилу тақвият ёфтани завқи бадеӣ-эстетикии мардум нақши калидӣ гузоштанд ва раванди бедории завқӣ-эстетикиро таҳким бахшиданд. Завқу салиқаи мардум тавассути ин навъи ҳунар ташаккул ва такмилу тақвият меёбад. Ин аст, ки дар асри бистум  ҳунари синамо ё ба истилоҳ кино ба арсаи эҷод ва фарҳанг ворид мешавад ва масири огоҳиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, идеологӣ, ахлоқӣ  ва дар маҷмӯъ, фарҳангиро ҳамвор месозад.

  Синамо аз замони ба саҳнаи эҷод ва фарҳанг ворид гардиданаш то имрӯз  ихлосмандони зиёде дошта ва дорад, ба табиати пӯё ва завқи инсонӣ мувофиқ аст, суръати ҳаракати таблиғи идеяву идеолҳо тавассути тамошои филм  назаррас аст. Синамо ҳамчун механизми дастгоҳи фарҳангӣ ва ҳунарии башарӣ рисолати худро дар тӯли мавҷудияташ босамар иҷро намуда, дар баробари қувват додани  зеҳниёту тафаккуроти башарият, навоқиси ахлоқӣ ва тарбиятиро низ ба мардум «эҳдо» намуд. Қатъи назар аз он ки кино аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва моҳият воқеияти зиндагиро бозгӯ мекунад, инсониятро ба сӯйи адолати иҷтимоӣ раҳнамун месозад, идеалҳои олӣ ва арзишҳои зиндагиро тараннум мекунад, дар навбати худ ҳамчун дастгоҳи таблиғӣ-сиёсӣ ба кунду заиф сохтани хотираи таърихӣ, нодида гирифтани арзишҳои миллию бумӣ, бо матолиби камарзиш ва хурофотӣ даргир сохтани зеҳниёти тамошобин ва амсоли инҳо мунҷар мегардад. Ин аст, ки дар шароити феълӣ бо синамо ва бахусус, синамои хориҷӣ эҳтиёткорона бояд муносибат кард. Мо медонем ва мушоҳида мекунем, ки як навъи муборизаи идеологӣ дар баробари ҳукумати шӯравӣ синамои хориҷӣ ё ба истилоҳ, капиталистӣ буд, ки дар ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба таври тадриҷӣ ба фазои ҳунарии Иттиҳоди Шӯравӣ дохил гардид ва ба тағйир додани зеҳниёти тамошобини давр, ки дар рӯҳияи коммунистӣ тарбия меёфт, сари кор гирифт. Ин ҳадаф ва барномаи стратегӣ, ки ҳанӯз ибтидои солҳои панҷоҳуми садаи бист дар ҳуҷраҳои махфии хадамоти таҷассусии хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд, минбаъд амалӣ гардид ва тадриҷан муҳити ҳунарӣ ва, муҳимтар аз ҳама, фазои ғоявии ҳавзаи фарохи шӯравиро мунҳасир сохт. Аллакай дар миёнаи солҳои ҳаштод синамои бадеии хориҷӣ (амрикоӣ-ҳоливудӣ) таври ошкору ниҳонӣ ба марзи фарҳангию сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ вуруд пайдо кард ва вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни қаламрав таҳти контрол қарор дод. Сабки таблиғии синамои хориҷӣ(дар қолаби филмҳои бадеӣ) дар ибтидо аз тариқи дасттгоҳҳои видеоӣ, ки дар минтақа камёфт буданд, сурат мегирифт ва чун имкони хариди дастгоҳҳои видеоӣ тавсеа ёфт, харидорӣ ва ба маърази тамошо гузоштани филмҳои истеҳсоли урупоӣ-амрикоӣ афзун гардид. Филмҳои бадеии хориҷӣ, ки фаҳшу зӯровариро тарғиб мекарданд, ба зеҳну тафаккури мардуми шӯравӣ таъсири манфӣ расонданд ва ҷомеа, ки дар низоми такраҳбарӣ(тоталитарӣ) ба сар мебурд, барои дарки воқеияти филмҳои гуногун ва ташхиси муҳтавиёти онҳо пай набурд ва ногузир ба онҳо мутамоил шуд. Аксари кулли филмҳои бадеие, ки он замон ва ҳатто имрӯз аз тариқи моҳвораҳо ва телевизионҳо пахш мешуданд ва мешаванд, мазмуну муҳтавои инсонӣ надоранд: дар онҳо фаҳш, фисқу фуҷур, зӯроварӣ, бераҳмӣ, ваҳшоният ва дар маҷмӯъ, ғаризаҳои ҷангалӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, ҳатто қаҳрамонони асосии филмномаҳо дар аксар маворид аз худ бераҳмию бешафқатӣ зоҳир мекунанд. Инсон, тибқи талаботи равонӣ, ҳар гоҳ, ки ба қаҳру ғазаб мубтало мегардад (албатта, дар бастагӣ бо муқтазиёти замонӣ ва бархӯрд бо воқеият), ҳолати табиии худро аз даст медиҳад ва домани ғаризаҳои ҳайвонӣ-ҷангалиро баркушода, дар самти ҳолати ғайри- табиӣ ҳаракат мекунад. Ин вазъ бо назардошти сатҳи ташаннуҷи уқдаҳои фикрию равонӣ идома меёбад. Аз назари илмӣ асли одамӣ ҷангал ва биология аст. Баъдан талаботи ҷангалӣ сарчашмаи талаботи биологии инсон маҳсуб меёбад ва тайи фаъолияти мудавом инсон аз ҳолати биологӣ ба сатҳи сотсиологӣ расида, дар доираи фаъолиятҳои иҷтимоӣ ё ба истилоҳ, сотсиалӣ ба дараҷаи камолоти маънавӣ расидааст. Ин нуктаҳоро синамогарон ва коргардонҳои филмҳои бадеӣ ва мустанади хориҷӣ медонанд ва ҳангоми бардоштани филмҳо аз онҳо васеъ истифода менамоянд. Азбаски мардуми вақт дар инҳисори илмӣ, иттилоотӣ ва сиёсию фарҳангӣ гирифтор буда, сатҳи огаҳӣ ва тафаккури таҳлилии онҳо ба талаботи замону ҷаҳон ҷавобгӯ набуд, дар шинохт ва ташхиси реша ва бунёди ҳаводис, конфликт ё низои персонажҳо, асли қазияи даргириҳои дар филмҳо инъикосёфта ба инҳироф рафтанд. Ҳамин тариқ, синамои хориҷӣ ба сифати дастгоҳи муқтадири идеологӣ дар пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми муносиб гирифт ва тавонист масири тафаккуру тахайюли ҷомеаро тибқи ҳадафҳои банақшагирифта тағйир диҳад ва то имрӯз дар ҳавзаи фарҳангию ҳунарии  пасошӯравӣ яккатоз бимонад.

  Бояд тазаккур дод, ки синамо дар асл, тараннумгари инсон, зиндагӣ  ва арзишҳои инсонӣ дар идомаи ҳастӣ аст. Вақте ки он сиёсӣ мешавад, мабдаъ ва маънои худро аз даст медиҳад ва инҳироф меравад. Дар филмномаҳое, ки чун ҳунари асил шинохта шудаанд, инсон дар мувоҷеҳа бо мушкилоти зиндагӣ падид меояд ва роҳи ҳал меҷӯяд. Инсон, ки аз зиндагӣ ҳимоят ва тамҷид мекунад, ҳамеша дар баробари марг қарор дорад ва ба таври худогоҳу нохудогоҳ дар шаклу сабкҳои мухталиф бо он (марг) муқобилият менамояд. Аксари филмҳое, ки муаллифону коргардонони маъруф бардоштаанд, мазмуни амиқи фалсафӣ доранд. Дар онҳо сарнавищти инсонӣ, талошҳои инсон баҳри зинда мондан, дар рӯёрӯйӣ бо мушкилоти дараҷаи аввал қарор гирифтан, аз даст надодани ирода ва ҳиммат дар мураккабтарин вазъият, ҳассосияти ҷомеаҳои ақибмонда ва суннатгаро ва соири масоили марбут ба зисту марги одамӣ таҷассум ёфтаанд. Талоши инсон барои зиндагӣ дар мушкилтарин ва мудҳиштарин вазъият ӯро пухта ва таҷрибадор месозад. Ба қавли нависанда ва файласуфи машҳури франсавӣ, инсон тамоми ҳимматашро ба кор мебарад, то ҷилуи ин пучиро, ки ба василаи виҷдони инсонӣ тазоҳур мекунад, бигирад (Камю Албер. Ҳукумати низомӣ. Тарҷумаи доктор Яҳё Мурвастӣ.-Теҳрон: Ҷомӣ, 1388.-С.8). Маҳз ҳамин хусусият ва характери филмномаҳо сабаб мегардад, ки онҳо дар давраи начандон тӯлонии мавҷудият дар тарбияи ахлоқӣ ва бадеӣ-эстетикии наслҳои ҷавон, миёнсол ва бузургсол саҳм бигиранд.       Агар ба ҳавзаи синамо ва филмофарии ватанӣ таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки филмномаҳои  Борис Кимёгаров, ки аз рӯйи достонҳои «Шоҳнома» ба навор гирифта шудаанд, то имрӯз тамошобини худро аз даст надодаанд. Ин гуна филмҳо, чи аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва матн, чи аз назари бандубаст ва кори коргардонӣ дар сатҳи баланди ҳунарӣ ва эҷодӣ рӯйи кор омадаанд. Ҳар қадар замон мегузарад, филмҳои мазкур ҷазбтар, заруртар ва муҳимтар ба назар мерасанд. Одатан, бисёр филмҳо бо як маротиба тамошо кардан ҷаззобияти худро аз даст медиҳанд ва аллакай тамошобин дигар ҳавас ва ҳавсалаи тамошои онҳоро надорад. Аммо филмҳои Б. Кимёгаров имрӯз низ дархӯри талаботи замонанд ва тамошобини асил тавассути тамошои чандинкаратаи онҳо идея ва ғояҳои нав ба нав мегирад ва бинишашро тавсеа мебахшад.

  Чанд соли ахир, мутаассифона, синамои туркӣ фазо ва муҳити санъатӣ ва ҳунарии моро фаро гирифта, дар самти густариш ёфтани филмномаҳои  туркӣ ҳунармандони мо ҳам тавассути дубляжи филмҳо саҳм гирифта истодаанд. Ин, албатта, хуб аст, аммо бояд дар хотир дошт, ки синамои туркӣ дар марҳилаи нави таърихӣ ба фазои фарҳангӣ ва ҳунарии мо ворид гардида, дар баробари ниятҳои нек, ҳадафҳои сиёсӣ ва геосиёсиро низ ба дунбол дорад. Филмҳои «Ҳомиён» ва «Водии гургон» аз серхаридортарин ва сертамошобинтарин филмномаҳои туркианд, ки солҳои ахир сафи ихлосмандонашонро афзун сохтаанд. Тавассути синамои туркӣ идеологияи исломи туркӣ вориди муҳити илмӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ, фикрӣ ва иҷтимоии мамлакат гардидааст ва ҳомиёни худро пайдо намуда, маҷрои ҳаракатро вусъат бахшида истодааст. Дар як қатор филмҳои туркӣ, ки бештар тавассути моҳвораҳо пахш ва дар дӯконҳои фиттафурӯшӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, бештар низоъҳои хонаводагӣ меҳвар қарор гирифтаанд. Ин гуна низоъҳо дар ҳама ҷавомеъ дучор меоянд ва мазмуну муҳтавои нав надоранд. Тамошобини тоҷик гӯё аз ин навъ низоъҳо ва мушкилот сабақ мегирад, дар ҳоле ки худ дар мушкилоти хонаводагии сахттар гирифтор аст. Ба ҷойи ба мушкилоти худ расидагӣ кардан, онҳоро аз дарун ташхис додан ва шинохтан, мо фикран ва хаёлан (ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ) даргири мушкилоту баҳсҳои хонаводагӣ ва қавмии туркҳо, ки дар филмҳои туркӣ намоиш дода мешаванд, мегардем. Зеҳни зану марди тоҷикро имрӯз қаҳрамонони ин гуна филмҳо, ки шуморашон хеле зиёд шудааст, банд кардааст ва сархатти баҳсу «чақ-чақ»-и нишасту маҳофили хонаводагӣ ва корӣ, аксаран қаҳрамонон ва персонажҳои филмҳои туркианд. Сухан сари ин аст, ки аксари филмҳои туркии импортӣ (воридотӣ) ба хотири сохтани муҳити нав ва мусаллат шудан бар фазои ватанӣ ирсол шуда, ҳадафи идеологӣ доранд. Идеологияи туркӣ, муоширати туркӣ, такаллуми туркӣ, интизом, одат, маросим, мазҳаб ва диёнати аҷнабӣ дар таҷассуми филмномаҳои туркӣ ба фазои иттилоотӣ ва фикрию фарҳангии мо дохил мешавад ва онро аз дарун ба манфиати худ тағйир медиҳад. Ин нукта ба назари баъзеҳо хандаовар аст, аммо воқеият чунин ба назар мерасад. Ин вазъ, бешубҳа, нигароникунанда аст ва агар мақомоти марбутаи давлатӣ ва масъулини синамои муосири тоҷикӣ тавассути таҳкиму тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва офаридани филмҳои муътадили бадеӣ пеши роҳи ин равандро нагиранд, фазо комилан забт мегардад ва буҳронҳои ахлоқӣ, фикрӣ, идеологӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ паси ҳам қаламрави ҷумҳуриро муҳосира мекунанд ва роҳи бурунрафтро бармебандаднд.

  Хушбахтона, синамои тоҷик солҳои ахир барои муназзам ва мукаммал кардани фазои сироятпазири ҳунарӣ ва фарҳангӣ иқдомоти зарурӣ рӯйи даст гирифтааст. Филмҳои коргардони варзида Носир Саидов «Муаллим» ва Далер Раҳматов «Сафари ҳавоӣ», ки аввалӣ, хусусияти трагедӣ-фоҷиавӣ ва дуввумӣ, характери комедӣ-ҳаҷвӣ доранд, моро ба ояндаи неки филми тоҷикӣ хушбин месозанд. Албатта, дар филмномаҳои мазкур ҳам нуқсу камбуд ба назар мерасад, вале, ба таври куллӣ, ин филмҳо метавонанд дар баробари филмҳои туркӣ ва умуман, синамои хориҷӣ рақобатпазир бошанд. Филмҳои мазкур аз лиҳози тахассусӣ: тартиби филмофарӣ; коргардонӣ; наворбардорӣ; рассомӣ; интихоби матлабу мавзӯъ ва ҳунарпешагон; диди воқеӣ; сохтани низоъу кофликтҳо ва амсоли инҳо хубанд ва умед аст, ки дар филмҳои минбаъда марзи ҳувиятшиносӣ ва худогоҳию худсозии миллӣ, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ташаннуҷи авзои сиёсии манотиқи шарқӣ ба хатар мувоҷеҳ аст, мустаҳкам шуда, ба василаи тамошои ин гуна филмҳо сатҳи андеша, дониш, биниш, ахлоқ, муоширату муносибат ва фарҳанги миллӣ боло рафта, ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегардад. Гузашта аз ин, замон ва шароити феълӣ аз ҳунари синамоӣ мавзӯъ ва матолиби наву тозаро тақозо мекунад, матолиберо, ки миллат ва ҷомеаро аз дарун тағйири сифатӣ диҳад ва сари роҳи буҳронҳои ахлоқӣ ва фарҳангиро огоҳона бубандад. Синамои тоҷикӣ дар рӯёрӯйӣ бо синамои хориҷӣ, алалхусус синамои туркӣ қарор дорад ва ин ниҳоди муассири фарҳангиро мушкилот дар пеш аст. Мушкили рақобатпазирӣ дар дунёи синамои ҷаҳонӣ мушкили рақами як маҳсуб меёбад ва аз ин вазъ набояд ҳаросид, балки иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст бояд гирифт. Ростӣ, рисолати синамо ва филми ҳақиқӣ ҳамин аст: бо мушкилоти рӯзмарра даргир шудан, боло бурдани сатҳи фарҳанг, маънавиёт, ахлоқ ва андешаи башарӣ. Дар анҷоми ин рисолат ба синамогарони тоҷик бурдборӣ, муваффақият ва муҳимтар аз ҳама, ҷуръату ҷасорати беназири эҷодӣ таманно дорем.

         Нозим Нурзода

Хондан 2082 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр