Нусхаи чопи
Чоршанбе, 08 Июли 2020 05:28

Ваҳдат – рушди муносибатҳои илмии байналмилалӣ

Муаллиф:

 «Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба муаррифӣ намояд

Эмомалӣ Раҳмон

 Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст баъд аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ тоҷиконро душманони он ба ҷанги бародаркуш оварданд. Агар ваҳдати миллии тоҷикон намебуд мо ба вартаи ҳалокат дучор мегардидем. Ин ваҳдат бузургтарин ва тақдирсозтарин ва арзандатарин дастоварди бузурги халқи тоҷик буд, ки он маҳз бо кӯшишу талошҳо ва ҷонбозиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ шуд. Феълан дар минтақаҳои гуногуни олам ҷанги шаҳрванди давом дорад ва месазад, ки  ин таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ин кишварҳо барои ба даст овардани сулҳи бардавом тадбиқ шуда, мавриди омӯзиши дигар кишварҳо гардад. Зиёда аз чоряк аср тоҷикон дар фазои сулҳи бардавом, боварӣ ба ояндаи дурахшон умр ба сар мебаранд, ҳар яке дар ҷои кори худ фаъолияти пурсамари хешро давом дода шукрона аз истиқлолият, шукрона аз ваҳдати пойдори миллати куҳанбунёди худ мекунанд. Бигузор ин ваҳдат абадӣ бошад.

  Мехостам дар бораи як самти фаъолияти лаборатория, ки мо дар давраи истиқлолият ва ваҳдати миллати тоҷик ба он ноил гардидем каме ёдовар шавам.

  Дар ҳисоботҳои ба Раёсати Академия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти сохторҳои институт ин муносибатҳои илмии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Аз давраи таъсиси лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон (соли 1986) кормандони он ба ин самти фаьолият таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуданд. Дар доираи ҳамкории илмӣ бо Институти омӯзиши Арктика ва Антарктида кормандони мо дар таҳқиқоти Арктика (с.1987) ва таҳқиқоти тағйирёбии иқлим ва сифати ҳаво бо киштии илми таҳқиқотии Королев дар саросари замин (с.1988) иштирок намуданд. Дар чорчӯбаи Барномаи Созмони Миллали Муттаҳид нисбати тағйирёбии иқлим ва дар чорчӯбаи шартномаи байни Иттиҳоди Шуравӣ ва ИМА оиди ҳифзи муҳити зист бо нақшаи гурӯҳи кории VIII (лоиҳаи 02.08.13 «Моделсозии иқлим, сели радиатсия ва абрҳо») дар Тоҷикистон экспедисияи якҷояи Шуравӣ-америкоӣ оиди омӯзиши чангу ғубори Осиёи Миёна моҳи сентябри соли 1989 бо иштироки 9 нафар олимони амрико, як нафар олими Фаронса (Донишгоҳи Париж) ва зиёда аз 40 нафар олимони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Москва, Ленинград, Томск ва Душанбе иштирок намуданд. Баьд аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани исиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ ба дараҷаи баланд густариш ёфтанд.

  Таҳқиқот дар чорчубаи лоиҳаи МБИТ бо дастгирии олимони ИМА ва Созмони Аврупо (2010-2016) имконият дод ки ба лаборатория таҷҳизотҳои нодир барои омӯзиши пайомадҳои тағйирёбии иқлим ворид гардад.

  Дар ин давра баргузории конфорнси байналмилали оид ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ бо иштироки олимони ДММ дар Академияи илмҳои ҶТ (ш.Душанбе 22-24 майи соли 2012) бо дастгирии раёсати АИ ҶТ ва маблағгузории МБИТ ва Бонки миллии Тоҷикистон бо ташабуси лабораторияи мо ба муносибатҳои илмии лаборатория як такони назаррас расонид (маълумотҳо дар ин бора дар шабакаҳои http://www.istc.kz/ru/article/7606, ва https://www.elibrary.ru/ contents. asp?issueid=1105667 дастрас аст.).

  Яке аз пурмаҳсултарин муносибатҳои илмии байналмилалӣ ин ҳамкории лаборатория бо гуруҳи лидари Институти таҳқиқоти тропосфераи Олмон ба номи Лейбнис мебошад. Бо дастгири бевоситаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам академик Фарҳод Раҳимӣ моҳи октябри соли 2014 байни Тоҷикистон ва Олмон яъне байни институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарова АИ ҶТ ва институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбниси Олмон (ТРОПОС) шартномаи ҳусни тафоҳум ва ҳамкории илми оиди таҳқиқоти якҷояи буҳрони чангу ғубор дар Тоҷикистон (лоиҳаи CADEX) ба имзо расид. Ин лоиҳа бо дастгирию маблағгузории Вазорати маориф ва илми Олмон муяссар гардид. Тибки ин лоиҳа таҳқиқоти атмосфера бо фотометри офтобӣ, лидар ва таҷҳизотҳои дигар дар давоми солҳои 2014-2016 гузаронида шуд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар шабакаи зерин дастраси ҳамагон аст: http://polly.rsd.tropos.de/?p=bilder&lambda= 1064&Jahr =2015 &Monat =8&Tag=9&Ort=10#bildanker .

   Дар чорчубаи ин таҳқиқот 06-12 апрели соли 2019 конфоронси байналмилали бо иштироки 80 нафар олимон аз 18 кишвари олам дар Академияи илмҳои ҶТ баргузор гардид. Ин конфоронс бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон, Созмони Аврупо, Вазорати маориф ва илми Олмон, бо маблағгузории бунёди Фолксваген ва бо ташабуси лабораторияи мо ва гуруҳи лидари ТРОПОС бомуваффақият баргузор гардид. Маколаҳои дар конфоронс пешниходшуда дар Web of Conference (https://www.e3s-conferences.org/caduc-2019) чоп гардиданд ва бо иштироки ВАО дар тамоми шабакоҳои Чумҳури ва берун аз он муаррифӣ карда шуд (https://www.anrt.tj/tj/khabar-o/990-konfronsi-changu-khoki-osijoi-markaz-kchkhom). Дар баргузории ин конфоронси байналмилали хизмати Раёсати Академия ва зерсохторҳои он бахусус Шӯъбаи байналмилалии он ва Раёсати институтамон ва кормандони он назаррас буд ва камина аз фурсати мувофиқ истифода намуда ба ҳар яки онҳо изҳори миннатдории бепоёни хешро баён менамоям.

 Ҳанӯз баъди ба анҷом расидани лоиҳаи CADEX вазорати маориф ва илми Олмон (охири соли 2016) натиҷаҳои ба дастовардаи онро чун беҳтарин муносибатҳои илмии байналмилали байни Олмону Тоҷикистон арзёбӣ намуда онро ба тамоми Вазортҳо, Доншгоҳҳо ва Донишкадаҳои Олмон муаррифӣ карда имконияти ба Тоҷикистон ҳадья намудани чунин Лидарро ба нақша гирифта буд. Бо маблаггузории Созмони Аврупо, Вазорати маориф ва илми Олмон ва институи ТРОПОС ба лабораторияи мо ин системаи Лидар хамчун ёрии техникии башардӯстона ҳадья карда шуда маракаи ифтитоҳи он бо иштироки Раёсати Академия, кормандони институтамон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Олмон ва Сафири Олмон дар Точикистон 27июни соли 2019 баргузор гардид. Аз оғози ҳамкориҳои байналмилали бо Олмон чандин мақолаҳо дар маҷаллахои бонуфуз дар ҳамкори бо олимони ТРОПОС нашр гардиданд. Тоҷикистон бо насби ин Лидар ба шабакаи Созмони Аврупо оиди таҳқиқоти омӯзиши атмосфера, тағйирёбии иқлим ва сифати ҳаво шомил гардид ки ин як пешрафти назаррас буда дар амали намудани таҳқиқоти сатҳи баланди байналмилалӣ имконият ба вуҷуд овард.

  Бо дастгирии Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳури моҳи апрели соли 2019 бо Коллеҷи илмҳои аэрозоли Донишгоҳи Ланчжоуи Чин ҳуччати ҳусни тафоҳум имзо гардид ки тибқи он дар чорчубаи лоиҳаи чинии "Як камар як роҳ" тарафи Чин ба Тоҷикистон ворид намудани Лидар, Фотометри Офтобӣ ва таҷҳизоти омӯзиши тақсимоти амудии ҳарорати ҳаворо ба нақша гирифтааст. Дар назар аст ки ин таҷҳизотҳо дар маҳалли Айваҷ яьне дар минтақае ки аз он самт чангу ғубор ба кишвари мо ворид мегардад насб карда шавад. Дар сурати насб шудани ин таҷҳизотҳо Тоҷикистон ба шабакаи Осиёии таҳқиқоти атмофера оиди тағйирёбии иқлим ва сифати ҳаво шомил мегардад.

  Феълан лабораторияи физикаи атмосфера ҳамкории байналмилалиро оиди омӯзиши равандҳои атмосфера тағйирёбии иқлим ва сифати ҳаво бо: Маъмурияти миллии аэронавтика ва кайҳон (NASA) AERONET Network (ИМА); Лаборатоия оптикаи атмосфераи Донишгоҳи илм ва технологияи Лилле, гуруҳи «Фотон» Фаронса; Институти таҳқиқоти тропосферии Олмон, Лейбниц (TROPOS); Лабораторияи калидии тағйирёбии иқлими минтақаи хушки Вазорати маориф ва Коллеҷи илмҳои атмосфераи Донишгоҳи Ланчжоу,Чин; Институти таҳқиқоти Тибети Академияи илмҳои Чин; Институти физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Чин; Лабораторияи калидии илмии криосфера Институти шимолу ғарбии муҳити зист ва захираҳои экологӣ ва Маркази такмили Академияи илмҳои Чин оид ба Илмҳои Замини Тибет ва Донишгоҳи Академияи илмҳои Чин; Лоиҳаи фаъолиятҳои ҳамгироии ACTRIS-2 (IA) аз барномаи таҳқиқот ва навовариҳои Созмони Аврупо ГОРИЗОНТ-2020; Коллеҷи илмҳои оптикӣ ва муҳандисӣ, Донишгоҳи Зеджанг,Чин; Лаборатория динамикаи атмосфераи Расадхонаи асосии геофизикии Донишгоҳи Санкт-Петербург; Институти физикаи атмосфера ба номи А.М. Обухови Академияи илмҳои Россия; Маркази имконоти факултаи геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Санкт-Петербург; Маркази федералии илмии минералогия ва геоэкологияи бахши Уралии Академияи илмҳои Россия; Институт оптикаи атмосфераи бахши Сибирии Академияи илмҳои Россия давом дода истодааст.

  Дар доираи лоиҳаи МАГАТЭ – EVT1705868 RER7011 TC, омӯзиши тағйирёбии иқлим ва сифати ҳаво бо назардошти таҳқиқоти аэрозоли андозаашон то 2.5 мкм (РM2.5) дар ҳамкорӣ бо: Маркази байналмилалии Вена, Vienna, Австрия; Маркази миллии тадқиқотҳои илмии “Демокритос” Гресия; Институти физикаи ядроии амалии Донишгоҳи Тирана, Албания; Донишкадаи ҷумҳуриявии гидрометеорологии Босния ва Ҳерцеговина; Институти миллии метеорология ва гидрологияи Академияи илмҳои Булғория, София; Вазорати муҳити зист, банақшагирии ҷисмонӣ ва сохтмон, Загреб, Хорватия; Институти тадқиқоти тиббӣ ва ҳифзи меҳнати Загреб, Хорватия; Институти Кипр, Никосия; Институти таҳқиқоти ядроии Маҷористон; Агентии ҳифзи муҳити зисти Вилниус, Литва; Агентии ҳифзи муҳити зист (EPA) Вазорати рушди устувор ва сайёҳии Монтенегро; Вазорати муҳити зист ва банақшагирии ҷисмонӣ Македонияи Шимолӣ; Факултаи физика ва информатикаи компютерии Донишгоҳи илм ва технологияи Краков, Лаҳистон; Кампуси технологияи ядроии Лиссабон, Португалия; Агентии экологии Ҷумҳурии Молдова; Агентии миллии ҳифзи муҳити зисти Бухарест, Румия; Институти илмҳои атомии Сербия, Белград; Институти Джозеф Стефан, Любляна, Словения, Маркази милии ҳастаи Қазоқистон , ш.Курчатов идома дорад.

  Бояд кайд намуд ки ин муносибатҳои илмии байналмилалӣ ва таҳқиқоти сатҳи баланди илмӣ бе истиклолияти миллӣ ва Вахдати миллӣ амали намегардид. Маҳз хизмати қаҳрамононаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Рахмон буд ки сулҳи бардавом ва Ваҳдати миллиро ба кишвари мо абадӣ гардонд.

  Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки кулли кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бахусус лабораторияи физикаи атмосфера дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи ормонҳои миллат, таҳкими сулҳу суббот ва ваҳдати миллат, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, фарҳанг, тарбияи мутахассисони дилсӯзу садоқатманд пайваста кӯшиш намуда, баҳри ободӣ, шукуфоии Ватани азиз ва ба як кишвари пешрафта, мутамаддин ва мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони азиз ва дарёфти мақоми шоистаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат хоҳанд кард.

 

                        Абдуллаев С.Ф. - мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи

ба номи С.У.Умарови Академияи миллии

илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои физика ва математика

Хондан 985 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр