JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 01 Июни 2017 12:28

Ҷавонтарин ҷоизадорони Нобел

Муаллиф:

   Дар яке аз вохӯрҳо бо ҷавонон ва зимни суханронӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонон Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд…». Дар радифи гуфтаҳои Сарвари давлат бисёр рамзӣ мебуд, то бидонем, ки ҷавонтарин ҷоизадорони Нобел дар бахшҳои илмҳои бунёдию табиӣ киҳоянд. Зеро Ҷоизаи байналхалқии Нобел аз маъруфтарин мукофотҳои сатҳи ҷаҳонӣ барои тадқиқот ва пажӯҳишоти илмӣ буда, аз соли 1901 ин ҷониб барои олимоне тақдим мегардад, ки дар пешрафти илми ҷаҳонӣ саҳми арзандае гузоштаанд. Шумораи барандагони ҷоизаи мазкур хеле бисёр аст, аммо дар бахши улуми бунёдию табиӣ танҳо 7 ҷавон (то синни 35 сола) ин ҷоизаро соҳиб шудаанд, ки аз онҳо 6 физик ва 1 физиолог ҳастанд. Аз ин рӯ, умед бар он дорем, ки ҷавонони тоҷикистонӣ ҳам бояд дар талоши ин бошанд, то рӯзе шарафи доштани чунин ҷоизаро дар Тоҷикистон таъмин намоянд.   

  Уилям Лоренс Брэгг 31 марти соли 1890 дар шаҳри Оделиодаи Австралия, дар оилаи физики машҳури англис Уилям Генри Брэгг ба дунё омадааст. Лоренс ҷавонтарин барандаи ҷоизаи Нобел дар байни олимони табиатшинос буда, онро соли 1915 (бо ҳамроҳии падараш), яъне дар синни 25-солагиаш сазовор гардидааст. Ҷоизаи Нобелро ӯ барои дастовардҳо дар пажӯҳиши сохтори кристаллҳо тавассути нурҳои рентгенӣ соҳиб гардидааст. Лоренс бо нурҳои рентгенӣ ҳанӯз аз синни 5-солагӣ бархӯрд дошт, яъне замоне ки вай аз велосипед меафтаду дасташ мешиканад, амаки табибаш барои муолиҷа аз дастгоҳи рентгении сохтаи падараш истифода кард, ки ин нахустин таҷрибаи истифодаи нурҳои рентгенӣ дар тибб дар Австралия буд. Соли 1908 бо аҳли хонаводаашон ба Британия ҳиҷрат карданд ва падарашро барои кор ба Донишгоҳи Лид даъват намуданд. Лоренс соли 1913 муодилаеро интишор дод, ки ба ӯ маъруфияти зиёди ҷаҳонӣ овард ва баъдтар ба номи қонуни Брэгг маъмул шуд.

Пажӯҳишеро, ки ӯ бо падараш муштаракан анҷом доданд асос ва заминаи кристаллографияи рентгении муосирро ташкил медиҳад. Илова бар ин Лоренс дар рушди илми улуми маъданшиносӣ, металлургия, химия, физика, биологияи молекулӣ саҳми бузург гузоштааст. Инчунин саҳми Лоренс дар илми ҷаҳонӣ ба корҳои тадқиқоияш маҳдуд намешавад, балки вай ҳамчун роҳбари як гурӯҳи бузурги олимон ҳам эътироф шудааст. Маҳз ҳамин хизматҳояшро ба назар гирифта, соли 1992 Донишгоҳи физикаи Австралия медали тиллоии ба номи Брэггро таъсис дод ва он ба беҳтарин рисолаҳои номзадӣ дар соҳаи физика, ки дар донишгоҳҳои Австралия омода мешаванд, тақдим мегардад.

  Физик-назариётчӣ ва яке аз созандагони механикаи квантӣ, узви як қатор академия ва ҷамъиятҳои илмии мамлакатҳои гуногуни олам Вернер Карл Гейзенберг 5 декабри соли 1901 дар шаҳри Вюртсбурги Олмон таваллуд шудааст. Вай ҷоизаи Нобелро дар синни 31-солагӣ, яъне соли 1932 сазовор гаштааст. Гейзенберг муаллифи як қатор натоиҷи бунёдӣ дар назарияи квантӣ, аз ҷумла бунёд гузоштан ба асоси механикаи қолиб, тавсияи таносуби номуайянӣ, татбиқ намудани формализми мехникаи квантӣ ба масъалаи ферромагнетизм, пешгӯӣ кардани аномалияи эффекти Зееман ва ғайра мебошад. Илова бар ин, ӯ дар рушди ояндаи электродинамикаи квантӣ (назарияи Гейзенберг-Паули) ва назарияи квантии майдон (назарияи S-матриса) фаъолона ширкат варзида, дар даҳсолаи охири ҳаёташ ба бунёди назарияи ягонаи майдон кӯшиш намуд. Гейзенберг ҳамчунин яке аз нахустин поягузорони назарияи квантӣ-механикии қувваҳои ҳастаӣ буда, солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ назариётчии асосии лоиҳаи атомии олмониҳо буд. Инчунин яке аз олимон пуркор дар физикаи нурҳои кайҳонӣ, назарияи турбулентнокӣ ва масоили фалсафии улуми табиӣ дониста шуда, дар ташкили тадқиқоти илмии Олмони баъдиҷангӣ нақши бузург бозидааст.

 

  Ли Чжэндао (Ли Тзундао) физикдони чинии муқими ИМА, 24 ноябри соли 1926 дар шаҳри Шанхай чашм ба олами ҳастӣ кушод ва миёни шаш фарзанди тоҷир Лин Тсинкун фарзанди сеюм буд. Вай пас аз хатми мактаби миёна дар Донишгоҳи Чжэсзян ва баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Донишгоҳи миллии муттаҳидаи Ҷанубу Ғарбӣ таҳсил намудааст. Ли соли 1946 ба Донишгоҳи Чикаго дохил шуда, таҳти роҳбарии Энрико Ферми ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул гардид. Баъд аз се соли ҳимояи рисолаи докторӣ, соли 1953 дар синни 29-солагӣ ҷавонтарин профессори Донишгоҳи Колумбия эътироф шуд. Ӯ дар синни 31-солгаӣ, соли 1957 «барои тадқиқоти хирадмандона дар соҳаи ба истилоҳ қонуни ҳифозат, ки ба иктишофоти муҳим дар бахши зарраҳои бунёдӣ овард» (муштарак бо Ян Чжэннин) ба гирифтани ҷоизаи Нобел мушарраф гардид. Ли бо ҳамроҳии завҷааш Син Хуэйсзюн пас аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Чин ва ИМА ба зодгоҳаш баргашта ба донишҷӯён аз бахшҳои мухталифи физика лексия хонд ва ҳамзамон комиссияи муштараки чинӣ-амрикоиро дар соҳаи физика (CUSPEA) таъсис дод. Соли 1998 дар шаҳри Пекин ба хотир завҷааш Фонди амалии омӯзиши донишҷӯёни чинии Син Хуэйсзюн ва Ли Чжэндао ё «Фонд Сзюн-Чжэн»-ро ташкил кард, ки онро донишҷӯёни аълохони курсҳои болоии панҷ донишгоҳи Чин соҳиб мешаванд.

 

   Карл Дейвид Андерсон 3 сентябри соли 1905 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, дар оилаи муҳоҷири шведӣ ба дунё омада, физика ва техникаро дар Донишкадаи технологии Калифорния (соли 1927 дараҷаи бакалавр, соли 1930 доктори фалсафа) омӯхт ва таҳти роҳбарии Роберт Милликен ба омӯзиши нурҳои кайҳонӣ шуруъ намуд. Дар вақти таҳқиқ ӯ ба кашфи ғайриодии бархе зарраҳои бунёдӣ дар тасвироти утоқҳои ҳубоб муваффақ мешавад. Андерсон аввалин шуда, ба таври мустақим мавҷудияи позитрон (антизарраи электрон)-ро бо роҳи ироаи гамманурҳо, истеҳсоли карбиди торий (ThC), моддаҳои дигарро, ки ба ихтирои ҷуфти электрон-позитрон овард, собит мекунад. Маҳз барои ҳамин тадқиқоташ соли 1936 ба ӯ дар синни 31-солагӣ (якҷоя бо Виктор Гесс) ҷоизаи Нобел дода мешавад. Соли 1936 Андерсон бо донишҷӯйи дипломнависаш Сид Недермейер мюонро (ин зарра солиёни дароз бо номи мю-мезон маъруф буд) кашф намуданд, ки он зарраи субатомӣ буда, аз электрон 207 маротиба вазнинтар мебошад. Андерсон ва Недермейер зарраи пионро низ кашф кардаанд. Солҳои Ҷанги ҷаҳонии дуюм ӯ тадқиқоташро дар соҳаи техникаи ракетаҳо анҷом медиҳад.

 

  Физик-назариётчии англис ва яке аз созандагони мехникаи квантӣ Пол Адриен Морис Дирак 8 августи соли 1902 дар шаҳри Бристоли Англия, дар оилаи муаллим таваллуд ёфтааст. Ӯ хатмкардаи факултети муҳандисии Донишгоҳи Бристол буда, узви Ҷамъияти шоҳигарии Лондон (1930) ва як қатор академияҳои илмии ҷаҳон, аз ҷумла Академияи илмҳои ИҶШС (1931), Аадемияи миллии илмҳои ИМА (1949), Академияи улуми Попи Рим (1961) мебошад. Корҳои илмии Дирак ба физикаи квантӣ, назарияи зарраҳои бунёдӣ ва назарияи умумии нисбият бахшида шудаанд. Вай муаллиф ва асосгузори як қатор доир ба механикаи квантӣ (назарияи умумии таҳаввулот), электродинамикаи квантӣ (усули муштаракоти квантӣ ва формализми бисёрзамонӣ) ва назарияи квантии майдон (системаи квантӣ бо алоқаҳо) мебошад. Дирак соли 1933 дар синни 31-солагӣ, «барои кашфи назарияи нави сохти атомии самаранок» (муштаракан бо Эрвин Шрёдингер) ҷоизаи Нобелро соҳиб мешавад. Шахсияти ӯ бисёр ҷолиб буд, ҳанӯз замони зинда буданаш ба ҳайси қаҳрамони латифаҳо ва фолклори илмӣ ворид шуда буд, зеро Дирак ба ҳама чиз, то ҳатто ба ҳаводисе, ки ба илм ҳеҷ робита надоштанд, бархӯрди ақлӣ мекард.

 

  Фредерик Грант Бантинг 14 ноябри соли 1891 дар шаҳраки Аллистони музофоти Онтариои Канада чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар байни панҷ фарзанди оила аз ҳама хурд буд. Вай таълими ибтидоиро дар мактаби аллистонӣ гирифта, пас аз он дар Донишгоҳи Торонто илоҳиётро омӯхт ва ба зудӣ тиббро аз худ кард. Соли 1916 дараҷаи бакалаврро дар бахши тиб соҳиб шуда, сипас ба хадамоти тиббии Канада пайваст ва солҳои Ҷанги ҷаҳонии якум дар Фаронса хизмат кард. Соли 1918 дар ш. Камбре маҷрӯҳ гардид ва соли 1919 барои корнамоиҳо дар зери оташ бо Салиби ҳарбӣ мукофотонида шуд. Баъд аз ҷанг соли 1919 Бантинг ба Канада баргашта, яяк чанд вақт ортопедияро омӯхт ва солҳои 1919-20 ҷарроҳи беморхонаи кӯдаконаи Торонто буд. Солҳои 1920-21 дар Донишгоҳи Ғарбии Онтариои Лондон ортопедия ва солиёни 1921-22 дар Донишгоҳи Торонто фармакологияро таълим дод. Соли 1922 ба гирифтани унвони доктори фалсафа оид ба тибб мушарраф гардид ва бо медали тилло сарфароз гардонида шуд. Бантинг соли 1928 дар Донишгоҳи Эдинбург аз бахшҳои гуногуни физиология ва тиб лексия хонд ва инчунин ба узвияти бисёр ҷамъиятҳои тиббии кишварҳои хориҷа, аз ҷумла ҷамъияти физиологии Бритония ва ИМА пазируфта шуд. Дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Бантинг ҳамчун афсари робитаи  байни муассисаҳои тиббии Бритония ва ИМА хизмат.  Бантинг ҷавонтарин барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ва тиб буда, онро соли 1923 дар синни 32-солагӣ «барои кашфи гармони инсулин» ба даст овардааст (бо ҳамроҳии Ҷон Маклеод). Соли 1934 Бантинг ба унвони баҳодур мушарраф шуд ва то имрӯз санаи зодрӯзи ӯро (14-уми ноябр) ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии мубориза ба диабет дар саросари олам ҷашн мегиранд.

  Фредерик Жолио-Кюри (то никоҳ - Фредерик Жолио) физики фаронсавӣ ва ходими ҷамъиятӣ, яке аз таъсисдиҳандагон ва сарвари Ҳаракати умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ буда, 19 марти соли 1900 дар шаҳри Париж, дар оилаи тоҷири обрӯманд Анри Жолио зода шудааст. Ӯ соли 1910 дар литсейи Лаканал ба таҳсил фаро гирифта, баъдан ба мактаб-интернати вилоятӣ фиристода шуд, вале пас ҳафт соли марги падараш дубора ба Париж баргашта донишҷӯйи Экол примэр сюперер Лавуазе гардид. Фредрик ба худаш тасмим гирифт, ки аз соли 1920 ба фаъолияти илмии Мактаби олии физика ва химияи татбиқии Париж номнавис шавад ва баъд аз се сол ҳамчун донишҷӯйи беҳтарини гурӯҳ мактабро хатм кард. Аз мактаби мазкур Жолио дипломи муҳандисиро сазовор гардида, ба пешниҳоди яке аз устодонаш Пол Ланжевен дар ин боргоҳи илмӣ ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ оғоз кард. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ вай бо таклифи ҳамон устодаш дар Пажӯҳишгоҳи радии Донишгоҳи Париж ба ҳайси ёрдамчии Мария Кюри ба кор даромад. Соли 1926 Фредрик бо духтари Пер ва Мария Кюриҳо Ирен Жолио-Кюри, ки дар Пажӯҳишгоҳи фавқ фаъолият дошт, оиладор шуд. Сипас дараҷаи илмии лисенсиат (баробар ба магистри илм)-ро соҳиб гардид ва соли 1930 барои тадқиқи хосияти электрохимиявии элементи радиоактивии полоний унвони доктори илмро ба даст овард. Фредерик дар синни 35-солагӣ, соли 1935 (якҷоя бо завҷааш Ирен) «барои синтези элементҳои нави радиоактивӣ» дар бахши химия ҷоизаи Нобелро сазовор шуда, то ҳол ҷавонтарин барандаи ин ҷоиза дар соҳаи кимиё  мебошад. Жолио-Кюри узви Академияи илмҳои Фаронса, Академияи тибби Фаронса ва як аъзоия бисёре аз ҷамъиятҳои илмии ҷаҳон, аз ҷумла Академияи илмҳои ИҶШС (1949) буда, аз ҷониби Ҳукумати вақти ИҶШС «барои таҳкими сулҳ дар миёни халқҳои ҷаҳон» ба Ҷоизаи байналмилалии Сталин (1951) мукофотонида шудааст.

  Ҳамин тавр, аз ҷадвали зер маълум аст, ки аксар барандагони Ҷоизаи байналхалқии Нобел олимони миёнсол буда, дар маҷмӯъ синну соли ҷоизадорон ба 59 баробар мебошад. Шумораи умумии дорандагони ҷоиза дар соҳаҳои алоҳидаи илм дар дохили қавс ва синну соли миёнаи мутахассисони ҳамин соҳа берун аз қавс оварда шудааст. Масалан, дар бахши физиология ва тиб аз соли 1901 то имрӯз 207 нафар сазовори ин мукофоти бонуфуз гардида, синну соли миёнаи онҳо ба 58 мерасад.

Номвар ҚУРБОНОВ,

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Хубон НАЗИРӢ,

ДДФСТ ба номи М.Турсунзода

Маҷаллаи илмии оммавӣ "Илм ва Ҳаёт" №2, 2017 саҳифаи 10-14

Хондан 2524 маротиба