JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:17

Ранги осмон ё осмони ранга

Муаллиф:

   Табиат зебост. Манзараҳои он касро ба илҳом меоранд. Яке аз зебоиҳои табиат ин осмон аст. Рӯзона осмони софу беғубор ва кабуд ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад, шабонгаҳ бошад торикии осмон бо дурахши ситораҳо назаррабост. Ҳама аз дидани ин манзара ба ваҷд меоянд, хусусан дар шабҳои маҳтобӣ, ки осмон софу беғубор бошад аз тамошои он сер намешаванд. Зеботарин ҳолати осмон ин ҳангоми ғуруби офтоб аст, ки осмонро як тасмаи рангини сурху зард мапечонад, ки онро шафақ мегӯянд. Ҳамаи ин зебоиҳо  сирру асрори ниҳонеро дар худ дорад, ки табиатшиносон дар тӯли омӯзиш парда аз рӯи ин розҳои пӯшида мебардоранд.

 

   Яке аз аҷоиботи осмон он аст, ки вобаста ба замону ҳолат ранги худро тағир медиҳад, чӣ хеле ки муҳити атроф вобаста ба фаслҳои сол. Акнун саволе ба миён меояд, ки ранги ҳақиқии осмон чӣ хел аст? Ҳама ба ин савол гуногун ҷавоб медиҳанд. Яке сафед мегӯяд, дигаре кабуду охирӣ сиёҳ... ҳатто шафақро ба назар оварда сурх мегӯянд. Аммо ҳақиқати ҳол дигар аст. Чӣ хеле ки гӯё дар назари мо Офтоб дар гирди Замин давр мезанад, ранги осмон низ назарфиреб аст. Яъне ин фиребоии осмон ҳамон асрори зебоиаш ҳаст, ки ба қонунҳои физика тобеъ аст ва мо онро бо роҳҳои физикӣ шарҳ дода метавонем. Зебогӣ танҳо дар дидану тамошо кардан нест, балки дар дарёфтани рози ниҳонии он аст. Агар инсон на танҳо зебогиро балки сабаби онро низ донад, ҳусни зебоӣ меафзояд.

Барои ба саволи он ки ранги осмон чӣ гуна аст, ҷавоб ёфтан дар тӯли таърих бисёр олимон «майна об кардаанд». Аввалан мо худи калимаи осмонро аниқ мекунем. Осмон гуфта соҳаи фазои ҳавоии аз замин дар маҷмӯъ дидашавандаро меноманд. Акнун ба ранги осмон мегузарем, ки дар ҳавои соф кабуд асту шабонгоҳ сиёҳу ҳангоми ғуруб ва тулӯъ сурхчатоб менамояд, ҳатто ҳангоме, ки ҳаво гирифтагист тираву хокистарӣ мешавад.

Асосан мо  онро рӯзона кабуд мебинем. Аввалҳо инро инъкоси нури офтоб аз сатҳи баҳру уқёнусҳо мепиндоштанд, лек дар рафти омӯзиш ин ақида хато баромад. Баъдтар баъди онки ҳодисаи парӯшхӯрди рӯшноӣ аз муҳитҳои ғайриякҷинса хусусан аз заррачаҳо маълум гардид, соли 1899 Тиндал дар шароити лабораторӣ парешхӯрди рӯшоиро омӯхта ба хулосае омад, ки кабудии ранги осмон аз ҳисоби парешхӯрди рӯшноӣ аз чангу ғубори таркиби атмосфера аст, зеро ӯ дар таҷрибаҳои лабораторӣ мушоҳида кард, ки тайфи кабуд зиёдтар пареш мехӯрад. Ногуфта намонад, ки рӯшноии табиӣ аз  ҳафт ранг иборат аст ва ҳафт ранги рангинкамон низ аз ҳамин ҳисоб аст. Вақте ки парешхӯрд ба вуҷуд меояд, ҳамаи рангҳо пареш мехӯранд, лек ранги кабуд аз ҳама зиёд пароканда мешавад. Чунон ба назар мерасад, ки бо ин кабудии ранги осмонро шарҳ додан мумкин аст, лек таҷрибаҳо нишон доданд, ки чӣ қадаре, ки таркиби атмосфера аз чангу ғубор тоза бошад, ҳамон қадар кабудии осмон зиёдтар аст. Барои ин ҳодисаро шарҳ додан бояд як омили дигарро бояд донист, ки дар муҳитҳои якҷинса ҳаракати ҳароратии молекулаҳо низ боиси парешхӯрд мешаванд. Соли 1910 Эйнштейн парешхӯрди молекулии рӯшноиро омӯхта, ба хулосае меояд, ки ғайриякҷинсагии муҳит аз сабаби флуктуатсияи нуфузпазирии диэлектрикии муҳит ба амал меояд. Ва ӯ тавонист, ки бо ин, сабаби кабудии осмон ва сурхрангии онро ҳангоми ғуруб ва тулӯъ шарҳ диҳад. Сабаби сурхрангии шафақ дар он аст, ки аз ҳафт ранги рӯшноӣ сурх, норинҷӣ, зард, сабз, нилобӣ, кабуд ва бунафш рангҳои сурху норинҷиву зард дар вақти дисперсия камтар майл менамоянд ва осмон ба чунин рангҳо «олуда» мегардад.

Акнун фаҳмидем, ки сабаби кабуд ва сурхрангии осмон аз парешхӯрди рӯшноист. Агар рӯшноӣ набошад чӣ? Он гоҳ осмони шабонгоҳро мушоҳида менамоем. Ҳамаи мову Шумо албатта шабонгоҳ ба осмон нигоҳ кардаем ва дидаем, ки ранги он сиёҳ аст. Зеро рӯшноии офтоб нест, ки дар атмосфера инъикосу пареш хӯрда ранги сафеду кабудро ба вуҷуд орад. Нури ситораҳо бошад, кам аст ва барои равшан кардани атмосфера тамоман нокифоя аст. Рӯзи равшане, ки мо мебинем дар фазои берун аз атмосфера мушоҳида карда намешавад. Зеро дар онҷо ҳаво нест ва молекулаҳое, ки рӯшноиро инъикос ва парешон мекунад хеле ва хеле кам аст. Тамоми фазои байнисайёравӣ ва байни ситоравӣ торик ва сиёҳ аст. Ҳатто радиф ва киштиҳои кайҳоние, ки дар атрофи Замин ҳаракат мекунанд, метавонанд якбора ҳам Офтоб, ҳам Моҳ ва ҳам ситораҳоро бинанд. Зеро, чӣ хеле ки қайд кардем онҷо ҳама вақт торикӣ ҳукмфармост. Инҷо саволе ба миён меояд, ки дар осмон ин қадар ситораи бешумор аст, боз барои чӣ осмон торику сиёҳ аст? Астрономи амрикоӣ Эдвард Гаррисон ақида дорад, ки ситораҳо қудрати рӯшан кардани тамоми коинотро надоранд, зеро шумораи ситораҳо ба монанди ҳудуди коинот ба беохирӣ майл намекунад.

Акнун ман мехоҳам дар бораи ранги осмони дигар сайёраҳо камтар маълумот диҳам. Азбаски дар Моҳ, Аторуд ва Плутон атмосфера нест ранги осмон сиёҳ метобад, зеро чизе нест, ки нури офтобро пароканда кунад. Шабу рӯзро аз ҳамдигар танҳо аз рӯи дараҷаи ҳарорат ва намудории Офтоб фарқ мекунанд. Дар онҷо рӯзона ҳам ситораҳо «чашмак»  мезананд. 

Дар Зӯҳро бошад дар уфуқ ранги осмон зарди ҷилои хокистарӣ дошта асту дар зенит (нуқтаи баланди дидашавандаи кураи осмон, ки дар болои сари мушоҳид қарор дорад) норинҷист. Барои он чунин аст, ки атмосфераи Зӯҳро нурҳои кабуду сабзро фурӯ мебарад ва боқимонда нурҳое, ки атмосфераро мегузаранд чунин ранг медиҳанд.

Дар Миррих бошад осмон зард-норинҷист, ин на аз он сабаб, ки атмосфераи Миррих рангҳои зарду норинҷиро  зиёдтар парешон мекунад, балки дар ин атмосфера чангчаҳои зиёде мавҷуд аст, ки ранги онҳо сурхчатоб аст. Ҳангоми тулӯъ ва ғуруби Офтоб ранги осмон дар зенит сурху гулобист, дар наздикии қурси Офтоб бошад кабуду бунафш аст.

Осмони Зуҳал бошад, чун осмони Замин кабуд аст ва сабабаш низ чун омилҳои заминист.

Дар Уран бошад осмон ранги зебои аквамаринӣ дорад (Аквамарин-санги қимматбаҳои осмониранги сабзтоби шаффоф). Сабаби ин таркиби атмосфераи Уран ва ҳарорати он мебошад. Дар қабатҳои болоии атмосфераи гидрогенӣ-гелийӣ доимо дуди метанӣ вуҷуд дорад. Метан бошад ранги сурхро фурӯ мебарад ва кабуду сабзро инъикос менамояд, бинобар ин ранги осмони Уран зебост. Фақат афсӯс, ки мо бо чашми оддӣ ҳама ин зебоиҳоро дида наметавонем.

Дар Муштарӣ бошад, осмон ҳама вақт гирифтагӣ ва абрист, зеро ин сайёра кураи газӣ аст ва бо рафти чуқуршавӣ зич шудан мегирад.  Ранги абрҳо бо равиши баландӣ тағир меёбад, абрҳои аз ҳама поён кабуд, болотар дорчинӣ, сафед ва аз ҳама болоӣ сурх аст.

Хулоса, ҳамаи ин гуногунрангӣ ва зебоӣ касро ба омӯзиши табиат водор менамояд, то мо ҳар як асрори онро кушода, дар ҳаёт баҳри беҳбудии рӯзгор истифода барем.

 Ризои Баҳромзод., Қурбониён Меҳрдод Субҳонӣ

Хондан 3471 маротиба