JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 20 Июни 2018 10:33

Инсоншиносӣ ва қобилияти шинохт

Муаллиф:

  Як ҳақиқати бебаҳсе вуҷуд дорад, ки он барои ҳамаи инсонҳо ҳамаи замонҳо баробар аст. Ҳар як инсон асосгузори тақдири худ аст. Дар навбати дигар ҳеҷ кас дониста наметавонад, ки оянда ӯро чи гуна ҳодисаҳо интизоранд. Аз азал барои то ҳадди охир донистани инсон кӯшишҳои идеалӣ карда шудаанд. Аммо ин кӯшишҳо то ҳадди охир ба шинохти табиати инсонҳо ноил нагаштаанд. Агар мо ҳама чиро дар бораи одамон медонистем, ҳоҷати навиштани асарҳо ва баҳсу мунозираҳо набуд. Зеро аз нигоҳи инсоншиносӣ «чунон ки офтоб ба ҳар як атоми эфир кураи ба худии худ мукаммал ва дар баробари ҳамин танҳо атоми як воҳиди томи аз ҷиҳати бузургиаш барои инсон ақлнорас мебошад, ҳамин тавр ҳар як шахсият дар дил мақсадҳои худро мепарварад ва зимнан онҳоро барои он мепарварад, ки ба мақсадҳои умумии барои инсон ақлнорас хизмат кунанд».[1] 

  Ба фикри Толстой донистани ҷаҳони ботинии инсон ҳаргиз чунон амалияи одӣ нест, ки бе рушди ақл, худшиносӣ, шуур ва равони ҷамъиятӣ имконпазир гардад. Зеро дар вуҷуди ҳар як инсон мақсадҳои ниҳонӣ ҳастанд ва онҳо натиҷаи мушаххаси ягон идеяи муайян мебошанд ва дар шуури одамон ҳамчун зарурат зуҳур мекунанд.

  Дар ҳамаи давру замон фикри одамони беҳтарини таърихиро масъалаҳои худшиносӣ, худсозӣ, худбарқароркунӣ, озодӣ, ирода, баробарӣ, адолат, муҳаббат, ҷанг ва сулҳ барин падидаҳои умумиинсонӣ ба худ ҷалб намудааст. Чунин мафҳумҳои пешгузоштаи мутафаккирон дар назди башарият аз оғози пайдоиш, то ба замони муосир формулаи ягонаро соҳиб нагаштаанд. Ин аз он сабаб нест, ки одамон ба ҳамфикриву ҳамдилӣ намеоянд, балки инсонҳо табиатан гуногунфикр мебошанд. Файласуфи маъруфи тоҷик Акбари Турсон зимни таҳлилу омӯзиши сарнавишти мутафаккирони машриқзамин навишта буд: «дуратуттоҷи илму фалсафаи тоҷик Абӯали Синои Бухороӣ дар гурезогурези ҳамешаги буд, ӯ дар мулку кишварҳои бегона басе рӯзро ба шаб ва шабро ба рӯз меовард... Абӯрайҳони Берунии Хоразмӣ дар Гурганҷ побанди яке аз «асотини салотин» Султон Маҳмуд шуда, ҳамроҳи лашкарони яғмогари ӯ ба Ғазна рафт. Оилаи Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ аз вартаи ҳавлноки муғулони истилогар халоси ҷуста ватанро тарк гуфт ва дар Қуния паноҳ бурд... Носири Хисрави Қабодиёни аз дасти Салчуқиён аввал ба хуросону Мозандарон ва сонӣ ба Бадахшон гурехта халос шуд; Камоли Хуҷандиро бошад, бар хилофи чашмдошти ӯ, дар шаҳри Табрез осуда зиндаги кардан муяссар нашуд».[2]

  Таърихи ақлонии инсоният гувоҳ аст, ки ҷумла фарзандони фарзонаи хонадони одам бо дарбадарию ғарибӣ умри худро гузаронидаанд. Аммо бо вуҷуди он ҳама нокомиҳо ва норасоиҳои муҳити иҷтимоӣ нигоҳ накарда, ба истеъдоди азалии худ такя намуда, чароғи илмро бо нури хирад барафрӯхтаанд. Ҳамин шинохти истеъдоди фардӣ ва воқеияти ҳаёт аз худшиносии эшон оғоз гардида ва ба ҳадде рушд ёфтанд, ки инсонҳоро ба бунёд кардани шахсияти худ даъват менамуданд. Аз ин рӯ, чизе ки мавриди таваҷҷуҳи мо қарор мегирад танҳо нақши шахсият дар таърих набуда, балки аз нуқтаи назари методологияи инсоншиносӣ (антропология) шинохти принсипҳои феномени худшиносӣ дар бунёди шахсият мебошад. Зеро оламе, ки имрӯз мо дар он сукунат дорем, рух додани ҳодисаҳои ақлнораси сиёсӣ, фанатизми динӣ ва зуҳур кардани падидаҳои гуногун мебошанд. Ба ҳамин тариқ, вазифаи эҷод ва эҷодкор аз ҳарвақта дида мушкилтар ва мураккабтар мегардад. Фикр мекунем, ки аз сирф дастовардҳои ақлонии шахсият дида, чеҳраи ахлоқии ӯ муҳимтар ва заруртар мебошад. Танҳо бо инсони модернист (навпараст) будан наметавон арзишҳои ботинии одамонро омӯхт, балки идеалҳои гуманизм, консерватизм (эҳтиром ба арзишҳои куҳнанашаванда) ва интернатсио- нализмро рушд додан мувофиқ ба мақсад мешуд.

Зеро дар ҳамин маврид  Ҷалолиллини Балхӣ гуфта буд:

 Ҳизри раҳи матлаб манам,

Ангур, узун, инаб манам.[3]

  Аз нигоҳи мо имрӯз инсонҳо метавонанд идеяи ҳамдигарро қабул намоянд, аммо ҳамагӣ ба як равишу як қолаб фикр карда наметавонанд, ба шарте ки шахсияти худро аз даст додан нахоҳанд, ба шарте чун инсон зиндагӣ карданро  қарзу фарзи азалии худ шуморанд. Орзуи аз сифатҳои солими равонӣ ва ахлоқӣ маҳрум сохтани инсон дар ҳамаи замонҳо ва ҳатто то ба рӯзҳои мо мақсади бошууронаи онҳое буд ва ҳаст, ки даъвоҳои ҷаҳондорӣ, ҳукмронӣ ва фармонфармоӣ доштанду доранд.

  Бешак Гегел ҳақ аст, ки дар асари худ “Лексияҳо оид ба фалсафаи таърих” навишта буд: “...таҷриба ва таърихи башар гувоҳӣ медиҳанд, ки халқҳо аз гузашти рӯзгор ҳеҷ гоҳ ҳеҷ чизро намеомӯхтанд ва аз рӯи он сабақҳое, ки аз вай гирифтан мумкин буд, амал намекарданд”.[4]

Зиёда аз ин агар инсоният бо идеи худшиносӣ ва сулҳ зиндагӣ карданро наомӯзад ҳатман нобуд мешавад. Худшиносӣ ин парвози одамон дар саҳроҳои васеъ бо мақсадҳои олӣ мебошад.  Ҷалолиллини Балхӣ ишора мекунад:

 Аз худ бишав огаҳ нахуст,

Онгоҳ Худо ҳам ёри туст! [5]

  Мо дар инҷо ба натиҷае мерасем, ки инсонҳо қобилияташонро замоне мефаҳманд, ки барои истифода бурдани он кӯшишҳои идеалӣ намоянд. Зарурати худшиносӣ ва дарки истеъдоди худ дар он аст, ки инсонҳо тавассути афкори хеш ҳаёташонро бунёд мекунанд. Аз ҳамин сабаб тамоми маҳдудиятҳо ва норасоиҳои ҳаёт маҳсули нашинохтани худ мебошад. Мутафаккир мегӯяд:

 Худ бошӣ асли сарнавишт,

Аз дӯзахӣ ё аз биҳишт.[6]

     Аз нигоҳи методологияи инсоншиносӣ агар тақдиратонро саривақт ба дасти худ нагиред, дар акси ҳол онро инсонҳои дигар ба даст мегиранд. Агар шахсиятатонро насозед, бояд бар он розӣ бошед, ки ғуломи афкори дигарон мешавед. Мо фикр мекунем, ки аксарияти инсонҳо то ҳол ба дараҷаи фаҳм кардани масъалаи сарнавишт, худшиносӣ ва худсозӣ оҷизӣ мекашанд. Дар мавридҳои нокомиҳояшон инсонҳо сарнавишт ва Худоро гунаҳгор дониста, мувафаққияташонро маҳсули афкори индивидуалиашон медонанд. Аз нигоҳи инсоншиносӣ одамоне дар ҳаёт муваффақ мешаванд, ки дар паси ҳар мушкил ва монеа натиҷаи мусбатро мебинанд ва то охирин лаҳзаи комёбӣ мубориза мебаранд. Худшиносӣ мояи асосии зиндагии инсон фаҳмида мешавад. Ҳамаи комёбиҳое, ки инсонҳо дар зиндагӣ ба даст меоранд, ин маҳсули худшиносиашон мебошад. Инсони худро шинохта мақсади ҳаётро медонад, мақсадҳои муайян дорад, бошуурона амал мекунад. Инсоне, ки худро шинохтааст, ҳатто дар роҳи душвортарин бошад ҳам, ба пеш ҳаракат мекунад, инсоне, ки ҳоло аз шахсияти худ огоҳ нест, ҳатто дар роҳи росту ҳамвор ҳам ба пеш рафта наметавонад. Аз нигоҳи антропология худшиносии инсонҳо озодӣ, ахлоқ ва адолатро таъмин менамояд. Ҳисси бахтҷӯӣ, орзуҳои идеалӣ дар ботини инсонҳо беш аз қиёсу тасаввур аст. Аз ин рӯ, он гунае, ки хушбахтӣ барои мо чизи муқаддас мебошад, дар ин замина кӯшишҳои бахтҷӯии дигаронро ҳам ба назар гирифтан ва эҳтиром карда тавонистани фикри дигарон, яъне эътироф кардани идеяи «аз худ бишав огаҳ нахуст» рисолати инсонӣ ҳисобида мешавад. Андешаҳо мавриди ташаккулёбии ахлоқи инсонҳо, махсусан ҷавонон, дар ин замина ба намоиш гузоштани рафтори иҷтимои аъзои ҷомеа, ки дар ниҳояти кор нагирифтани пеши роҳи ҳар гуна бадахлоқӣ боиси футурёбии худи ҷамъият мегардад. Мо бешубҳа имрӯза ҳодисаҳои ғайриахлоқиро дар ҷаҳон мушоҳида карда, бояд бевосита ба масъалаи инсонсозӣ рӯй орем.

  Ба ҳамин тариқ, аз нигоҳи методологияи инсоншиносӣ ҷаҳони ботинии инсон тилисм аст ва онро то ҳадди охир бо чашми одӣ наметавон шинохт. Боварӣ ва нобоварии худро мутлақ ва номутлақ нисбати инсонҳо баён кардан хатост. Инсонҳоро зарур аст, қобилияти табиати одамшиносӣ дошта бошанд. Вақте инсони бузург нотавон шинохта мешавад, гумроҳӣ аст. Дар дунё инсоншиносӣ аз мураккабтарин ва душвортарин илмҳо маҳсуб меёбад. Инсоншинос будан, маънои қобилияти шинохтанро дорад. Дар ин замина илм бояд ба миён дарояд. Роҳ кушояд. Маслиҳат диҳад. Ба саволи “чаро?” ва “чи бояд кард?” посух гӯяд вагарна ба илм бовар кардани фарзандони инсон чи маъно дорад? Дар маънои умум ба сифати шахсият ҳамон қисмати инсонҳое шомил мешаванд, ки ба ҷаҳон нигоҳи интиқодӣ доранд, характер ва мақсадҳои олиро мепарваранд, намегузоранд то дигарон роҳи интихобкардаи онҳоро дигар созад. Онҳо эҳсосотро ҳаматарафи дониш намеҳисобанд. Мантиқӣ амал мекунанд. Тақдирнописандии худро дар ҳама ҷо зоҳир мекунанд. Майли беандозаи хоҳиши донистани оламро доранд. Ин гуна инсонҳоро худшинос мегӯянд. Мо тарафдори фикри одил ҳастем ва будани фикри шахсиро зарур медонем. Пеш аз он ки дигаронро шиносӣ бояд сараввал табиати худро омӯхт ва асрори худро бояд кашф кард.

 

Аслиддин САЛИМОВ

устоди ДДЗТ ба номи С.Улуғзода

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№2 (10), 2018

[1] Толстой Л.Н. «Ҷанг ва сулҳ». Ҷ.4. - Душанбе., 1962. – 424 с.

[2] Турсунов А. Эҳёи Аҷам. - Душанбе, 1984.

[3] Ҷалолиддини Румӣ. /Садои Шарқ. - Душанбе., 1992. №7-8. – 142 с

[4] Гегель Г.В.Ф. Лекции по истории философии.: Спб.: Наука, 1993.

[5] Ҷалолиддини Румї. /Садои Шарқ. - Душанбе., 1992. №7-8. – 142 с

[6] Ҳамон ҷо

Хондан 357 маротиба

Китобҳо