JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Бо талошу заҳмати мутахассисони соҳаи телевизион саҳифаҳои тираи солҳои 90-уми таърихи халқи тоҷик варақгардон шуда, нақшаҳои хабисонаи душманони миллати мо, махсусан роҳбарону аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар доираи филми мустанади “Хиёнат” бо далелу рақамҳои муътамад давра ба давра ба маърази тамошои сокинони ҷумҳурӣ гузошта шуданд. Ҳарчанд дидани саҳнаҳои даҳшатбори амалҳои зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқии наҳзатиҳо ва хоҷагони хориҷии онҳо душвор бошад ҳам, вале ин наворҳо ба мисли оина асли рӯйдодҳоро нишон медиҳанд, ҳақиқатеро, ки наҳзатиҳо бо тамоми талоши имрӯзаи худ бо роҳи паҳн кардани бофтаҳои дурӯғин ва беасос дар  шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргиз наметавонанд онро инкор кунанд.

Чоршанбе, 23 Сентябри 2020 09:56

Бачаҳои «гиперактив»-ро эҳтиёт кунед

Муаллиф:

 

  Дар бораи бо «гипертактив»-ҳо дар хонавода ва мактаб чӣ гуна муносибат намудан ба забонҳои хориҷӣ китобу мақолаҳои зиёд навиштаанд. Аммо то ҳол дар Тоҷикистон ба ин масъала ба таври ҷиддӣ машғул нашудаанд. Аз ин лиҳоз чанд нуктаи муҳимро, ки равоншиносон ва духтурҳои хориҷӣ бар он ишорат намудаанд, бо мушоҳидаҳои худ, пешкаши хонандагон менамоем.

  Хурдсолоне ҳастанд, ки парешонхотир, серҳаракат, беқарор вале фаҳму фаросот доранд. Аз ҳаракатҳои беҷо, шӯхиҳои номуносиб, парешонхотирӣ, беҳуда гап задани онҳо падару модар, омӯзгорон, ҳамсояҳо ба онҳо баҳои паст медиҳанд. Сарзаниш менамоянд. Ҳатто «бемор», «девона», «беақл» мегӯянд. Аммо дар асл ин гуна кӯдакон сазовори сарзаниш нестанд. Ҳоло дар тамоми дунё таваҷҷуҳи олимони тиб, равоншинос, педагогикаро ин гуна ашхос ба худ ҷалб намудааст. Солҳост, ки дар асоси мушоҳидаҳо мо низ дар бораи чунин калонсолон ва кӯдакон фикр менамоем, ки чаро чунин аст? Мутассифона аксарият ба ин гуна афрод бо назари манфӣ менигаранд.

 Соли 2020 ҳарчанд барои мардуми олам на он қадар соли фараҳбахш бошад ҳам, аммо барои мурдуми сарбаланди тоҷик соли барор ва рушду инкишоф мебошад. Дар соли ҷорӣ мардуми кишвар  маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи президентиро баргузор мекунанд. Аз ин пештар интихоботи парлумонӣ ҳам доир гардида буд. Тавре мардуми кишвар шоҳид буданд, интихоботи парлумонӣ бо маром ва иродаи озоди  халқи мамлакат доир гардид. Моҳи октябри соли 2020 интихоботи президентӣ ҳам бо маром ва руҳияи созандаву амалҳои бунёдкоронаи аҳли ҷоме баргузор мегардад.

  Интихобот яке аз муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад, тавассути он мардум имкон дорад то намояндаҳои хешро ба парлумон интихоб кунанд ё дар интихоби роҳбарияти кишварҳояшон бевосита ширкат кунанд ва райъи худро иброз доранду дар ташаккули ҷомеаи мардумсолор саҳми хешро гузоранд. Маҳз тавассути интихобот сарнавишти сиёсии кишварҳо ва дурнамои роҳи рушди он муайян мегардад. Мардум метавонанд тавассути интихобот номзади хешро ба парлумон ё раисҷумҳур пешниҳод намоянд ва тавассути омӯзиши барномаҳои алтернативии интихоботӣ, ки аз ҷониби номзадҳои гуногун пешниҳод гардидаанд, аз байни онҳо барномаи дақиқтару саҳеҳтар ва барномаеро, ки дархури дарди мардумон аст ва баровардакунандаи ниёзҳои иҷтимоист ва дар он роҳҳои ҳалли мушкилоти дар ҷомеа ҷой дошта илман асоснок шудаанд, ба назар гирифта, райъи хешро ба ҳамон номзади арзанда медиҳанд.

Китобҳо