JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Мардуми тоҷик ба қарибӣ (11 октябри соли ҷорӣ) маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегиранд. Иштироки фаъол дар маъракаи дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои муҳимми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва қаблан, мутмаинем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон (албатта, онҳое, ки ба синни интихоботӣ расидаанд) дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланди ватандорӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ  ширкат меварзанд.

  Яке аз таноқузоте, ки дар ҷомеаи мо ба назар мерасад, набуди огоҳии равшан аз низоми сиёсии динӣ ва шинохти озодӣ аст. Аксар нафарон чун иттилои дурусте на аз дунявият доранду на аз низоми сиёсии динӣ доранд ва дақиқтараш аз пайдоиши дину оин ба ҳайси як падидаи иҷтимоӣ ва раванду таҳаввули  он огоҳ нестанд, дар тасаввурашон чунин ба назар мерасад, ки гӯё низоми сиёсии динӣ, ки аз амру найҳи динӣ маншаъ мегирад, одилонатарин низоми сиёсӣ буда бошад. Аммо гоҳе ба таҳқиқ сари масъалаи мазкур меандешӣ, хоҳӣ дарёфт, ки воқеият чизи дигар аст. Аввалан нишон додани одилонатарин низоми сиёсиро чун низоми динӣ ба ҷуз як таблиғи гурӯҳҳои манфиатдор чизи дигаре нахоҳад буд. Сониян низомҳои сиёсии шариатбунёдёфтаи то имрӯз амал карда ҳеҷ як мардумонро на танҳо ба саодат нарасонидааанд, балки аз саркубтарин ва бераҳмтарин низомҳо низ будаанд, ки дар онҳо кӯчактарин озодиҳои инсонӣ маҳдуд будааст.

Сешанбе, 29 Сентябри 2020 06:27

Пешвои миллат ва Сарвари муваффақ

Муаллиф:

  Дар марҳилаҳои тақдирсоз, даврае ки халқу миллат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, ҳаёти онро бенизомӣ фаро мегирад, зарурати пайдоиши шахсият ва ё шахсиятҳои ин ҳолатро тағйирдиҳанда ба миён меояд. Муаррихон бар ақидаанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии таърихи инсониятро роҳбарони кишварҳо муайян менамоянд. Албатта, аксари давраҳои таърихии рушди давлатҳои қадим ва муосир бо номи сарварон алоқаманд мебошад, ки рифоҳи мардум, авҷи қудрати кишвар, густариши илму фарҳанг ва тиҷорат бо ному фаъолияти онҳо вобастагӣ доранд.

  23 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал оварданд, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Ватанамон саҳмгузор бошанд. Бо назардошти мубрам боқӣ мондани масъалаи тозагӣ ва экологӣ дар шароити шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои кишварҳо, ин пешниҳод талаби замон буда, метавонад ҳамоовозии саросариро касб кунад. Вобаста ба мавзӯъ коршиноси АМИТ «Ховар», директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам ҲАЙДАРОВ чунин ибрози назар намуд:

Китобҳо