Боиси хурсандист, ки дар рафти доир гардидани Анҷумани ҲХДТ номзадии Пешвои муаззами миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Мутмаинем, ки тамоми сокинони кишвар, ки дар интихобот ширкат мекунанд, ба ҷонибдории Сарвраи давлат, яъне барои идома ёфтани раванди рушду тараққӣ овоз хоҳанд дод.
Интихоботи президент як раванди зарурӣ дар дар таъмини амният ва сулҳу субот дар ҷомеа буда, ташкил ва баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои ояндаи давлат нақши муҳим мебозад. Чунонки мардуми кишвар огоҳанд, 11 октябри соли ҷорӣ дар кишвари мо интихоботи президентӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи “Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, моддаи 1, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад”.
(Когда нам покровительствуют и земля и небеса...)
Уважаемые гости, дорогие участники конференции! Позвольте вначале выразить огромную благодарность инициаторам и организаторам сегодняшнего форума. Это поистине историческая встреча деятелей науки и культуры наших стран, встреча, от результатов которой народы наших стран ждут очень многого нового, позитивного в целях дальнейшего укрепления духовных, культурных, научных и экономических связей.
Ба даст овардани истиқлол дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бавежа, истиқлоли фикрӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли башар маҳсуб ёфта, ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демокросӣ ва мардумсолорист. Бо таваҷҷуҳ ба мавзӯъ, чанд нуктаро ироа медорем:
Якум. “Истиқлол” вожаи арабӣ буда, ба маъниҳои “бардоштан ва баланд кардан”, “баланд баромадан”, “ба ҷойи баланд омадан”, “озодӣ доштан”, “ба озодӣ коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан” (ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.176); “дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан”, “доштани ҳақ ё тавонойии тасмимгирӣ дар идораи корҳо”, “мустақил будан” (ниг.: Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ. –Теҳрон: Сухан, 1383. –С.55); “озодӣ ва худмухтории кишвар” (ниг.: Фарҳанги донишгоҳии арабӣ ба форсӣ. Тарҷумаи Ал-мунҷид-ул-абҷадӣ. Тарҷумаи Аҳмад Сайёҳ. –Теҳрон: Фарҳон, 1379. –С.81) далолат мекунад, ки ҳамагӣ дар маънию мазмуни “озодӣ дар андешаву баён, истиқлол дар кору умур ва идораи кишвар” инсиҷом меёбанд. Озодӣ ва ихтиёр дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, қабл аз ҳама, ба марзи истиқлолияти сиёсию давлатӣ расиданро нишон медиҳад.
Ашъори безаволи Рӯдакӣ дар ганҷинаи адаби мардуми форсизабон, алалхусус, халқи тоҷик саҳифаи пурҷилоест.
Дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷахонӣ», ки 6 сентябри соли 2011 бахшида ба 1150- солагии устод Абуабдулло Рӯдакӣ доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рӯзгору осори алломаи тоҷик устод Абуабдулло Рӯдакӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Оли Сомон ёдовар шуда, ки аҳли эҷод ва мардуми фарҳангпарвари тоҷикро ба омӯзиши таърихи ниёгон, илму дониш, рӯ оварда, мардумро ба тарғиби ахлоқу одоби ҳамида, дӯстиву рафоқат, сулҳу созиш ва накӯкориву инсондӯстӣ даъват намуда буд.