JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 22 Январи 2018 10:07

Хуруфотпарастӣ аз тангназарист

Муаллиф:
Давраҳое, ки инсон аз қонунҳои табиат бехабар буд, ҳар дам оқизии худро эҳсос мекард. Тангназарӣ то дарақае буд, ки раъду барқ, шамол, Офтоб, Моҳ ва ғайра ҳадафи ибодат ба шумор мерафтанд. Фарди муосир ба ҳуруфот бовар намекунад, риоя кунад ҳам, онро анъанавӣ, ҳамчун урфу одати миллӣ қабул кардааст. Парастиши қирмҳои осмонӣ ва дарк накардани равандҳои қамъиятӣ (масалан, шӯриш ва қангҳои истилогарона), тасаввуроти фантастикӣ дар бораи таъсири сайёраву ситораҳо ба рӯйдодҳои заминӣ пайдо шуданд. Инкишофи илму маърифати оммавӣ тадриқан сарҳади ҳуруфотпарастиро маҳдуд кард, лекин то ҳол байни одамони тангназар ақидаҳои бардурӯғу бемаънӣ, ба монанди фолбинӣ, эътиқод ба тақдиру қисмат ва амсоли мавқуданд.
Душанбе, 21 Августи 2017 04:39

Сайёраи хурди «Тоҷикистон»

Муаллиф:
Дар Системаи Офтобӣ ғайр аз ҳашт сайёраҳои калон, боз бисёр ҷирмҳои хурд дар гирди атрофи Офтоб доимо дар харакат мебошанд. Ин ҷирмхо сайёраҳои хурд ё астероидхо, кометахо ва метеороидхо хастанд. Астероидҳо асосан дар тасмаи асоси астероидҳо ҷойгир ҳастанд. Миқдори ками онҳо бо таъсири қувваи ҷозибаи Муштарӣ ба мадорҳои наздизамини партофта шуда, дар масофаи наздик ба мадори Замин ҷой ёфтаанд. Ҳамин тавр, сайёраҳои хурд вобаста ба ҷойгиршавиашон дар Системаи Офтобӣ ба ду гурўҳи калон тақсим мешаванд, яъне астероидҳои тасмаи асосӣ ва астероидҳои наздизаминӣ.
Рӯзи 21 августи соли 2017 гирифти пурраи навбатии Офтоб ба амал меояд. Ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқуъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз мушоҳидачи дар рӯи Замин буда мепӯшонад (торик мекунад) (расми 1). Гирифти Офтоб танҳо ҳангоми навшавии Моҳтоб имконпазир мебошад. Ин чунин фазаи Моҳтоб мебошад, ки он аз Замин тамоман дида намешавад.