JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Астероиди наздизаминии 2014JO25 соли 2014 кашф карда шудааст. Баъди муайян кардани мадор маълум гардид, ки астероид ба Замин ба масофаи минималӣ наздик шуда метавонад, аз ин сабаб он ба гурӯҳи объектҳои ба Замин хатари эҳтимолӣ дошта дохил шуд. Ин астероид яке аз астероидҳои калонтарин ҳисобида мешавад, ки андозаи он ба 1.4 км баробар аст. Суръати ҳаракати астероид дар фазои байнисайёравӣ зиёда аз 33 км дар як сония мебошад, ва ин суръат барои астероидҳо бениҳоят баланд ҳисоб мешавад.
12 апрели соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯи мадор давр зад, ки бо ин давраи кайҳоннавардии таърихи башарро кушод. (Расми 1,2). Аз ҳамин вақт рӯзи 12-уми апрел ҳамчун санаи муҳиме дар тамоми дунё ба қайд гирифта мешавад. Бо инкишофи минбаъдаи фаъолияти кайҳонӣ ҳамасола инсоният бештар дарк карда истодааст, ки ин санаи муҳим давраи наверо дар таърихи инсоният мекушояд ва такони ҷиддие баҳри рушди тамаддуни умумибашар гузошт. Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба ҳамагон маълум аст, аммо 7-уми апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Давлатҳои Муттаҳид, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12-уми апрел рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон карда шуд.
Магар маҳтоб зебо шуда метавонад?Агар сухан дар бораи радифи сайёраи Зуҳал (Сатурн) рафта истода бошад, ки ба "лаъли паррон" шабоҳат дорад, пас ҷавоб мусбат аст. Атлас-радифи хурдтарини сайёраи Зуҳал (Сатурн), миёни ҳамтоёни сершуморе, ки сайёраро ҳалқапеч кардаанд, мебошад. Рӯзи чоршанбеи гузашта дар масофаи ҳамагӣ 7000 мил (11000 км.), киштии кайҳонии НАСА, Кассини якчанд аксҳои навро гирифтааст, ки ба мо имкони аз наздик дидани ин моҳвораи хурдакакро фароҳам мекунад. Диаметри Атлас ҳамагӣ 30 км аст.