JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлимии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.

Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии ҶТ аз 22 декабри соли 2017.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Қурбонов Номвар иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Хатари вайроншавии қабати озонии кураи Замин ва таъсири он ба тағйирёбии иқлим» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Панҷшанбе, 10 Майи 2018 14:02

Айнӣ ва осебшиносии иҷтимоӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нозим Нуров  иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Айнӣ ва осебшиносии иҷтимоӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Сешанбе, 08 Майи 2018 12:31

Ҷанг аз нигоҳи иҷтимоӣ

 Туро  аз  ҷаҳон,  баҳра ҷанг  асту  бас,

Ба фарҷоми  гетӣ  намонад  ба  кас.

Фирдавсӣ

           Муҳтавои  матлаби мухтасари мо  дар  робита  ба  масъалаи   ҷанг   аз  нигоҳи  иҷтимоӣ    аз  қарори  зайл  аст:

. Вожаи «ҷанг» маънои  набард,  пайкор, разм (ниг.: Соатчӣ М. Фарҳанги  донишгоҳӣ, ҷилди аввал. Теҳрон, 1371. -С. 496), ҷидолу  қитол,  корзор,  ситеза,  ҳарб (Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон,  1368. –С.1)-ро дошта, ҳамчун истилоҳи  илмӣ  дар  шакли, «полемология» (аз  вожаи  юнонии  полемос - ҷанг   ва  логос -  илм), яъне ҷангшиносӣ истеъмол   мешавад. Ин калима (полемологияро)-ро нахустин  маротиба соли  1946  донишманди  урупоӣ   Б.  Гастон дар  китоби «Сад  миллион  барда» пешниҳод  намудааст (ГастонБ. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон,  1368. -С.1).