JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 23 Майи 2018 11:26

Захираҳои рекреатсионӣ ва сайёҳии табиати Тоҷикистон

Муаллиф:

 «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлимии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.

Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии ҶТ аз 22 декабри соли 2017.

  Табиати Тоҷикистон басо мухталиф буда, аз самти шимол ба ҷануб ва аз самти ғарб ба шарқ ба андозаи равшан тафовут доранд. Ин тафовутро мо дар сохти геологӣ, геоморфологию релйеф, хусусиятҳои иқлим, ҷойгиршавии пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обҳои зеризаминию маъданӣ, хок, олами набототу ҳайвонот ва ландшафтҳои табиию инсонсириштӣ дида метавонем. Ҳар яке аз ин унсурҳои табиӣ-географӣ бо аломатҳои хоси худ бо ин ё он андоза қимати рекреатсионӣ доранд. Рекреатсия вожаи лотинӣ буда, маънояш таътил, истироҳат, дамгирӣ, осоишу табобатро ифода мекунад. Илме, ки ба омӯзиши ин масъалаҳо машғул мешавад географияи рекреатсионӣ меноманд. Ин илм хосияти маҷмӯ дошта аз як тараф бо илмҳои табиатшиносию тиббӣ аз ҷониби дигар бо илмҳои иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ робитаи ногусастанӣ дорад, аз усулу воситаҳои муштараки татқиқот истифода мебарад ва рушд меёбад.

  Гарчанде ки сарватҳои табиии Тоҷикистон аз замонҳои қадим баҳри таҷдиди саломатии инсон истифода шуда меоянд, вале илми географияи рекреатсионӣ дар Тоҷикистон дар охири садаи гузашта ва ибтидои асри XXI ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар рӯ ба инкишоф намуд, дар ин соҳа татқиқоту таълифотҳо ба миён омаданд. Мутаассифона, мавҷуд намудани маркази ягонаи татқиқот, сарҷамъ набудани муҳаққиқон, нақшаи ягонаи рушд ва самтҳои асосии татқиқот муайян нагаштааст, муҳаққиқон мувофиқи табъу хоҳиши худ ба таҳқиқи ин ё он масъала машғул мешаванд, масъалаҳои асосӣ ва аввалиндараҷа дар канор мондаанд. Мо ин ҷо унсурҳои табиию - географии Тоҷикистонро дар назар дорем. Вазифа пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ба ҳар як унсури табиию географӣ аз қабили сохти геологию релйеф, хусусияти обу ҳаво ва иқлим, обҳои сатҳию зеризаминӣ, унсурҳои биогеографию (хок, наботот, олами ҳайвонот) ландшафтҳои табиӣ (экосистемаҳо), мавзеъҳои махсуси ҳифзшаванда баҳои рекреатсионӣ дода, тарафҳои мусбату манфии онҳо ошкор ва баҳри истифодаи оқилонаю ҳифзи онҳо аз харобшавӣ таклифу дархостҳои асосноки илмӣ пешниҳод карда шаванд. Дар асоси ин маводҳо Ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, ки вобаста ба мавҷудияти захираҳои рекреатсонӣ ва шароитҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ин ё он маҳал муассисаҳои рекреатсиониро ҷойгир карда шаванд.

  Захираҳои табиӣ яке аз омилҳои асосӣ ва заминаи боэътимоди истифодаи рекреатсионӣ ва сайёҳии ин ё он марзи мамлакат мебошад, вале истифодаи воқеии онҳо тавассути омилҳои шароити табиӣ ба ташаккул ва рушди маҷмӯъҳои (комплексҳои) рекреатсионӣ таъсири ҷолиб мерасонад, зеро захираҳои табиӣ боиси интихоби истироҳаткунандагон ва сайёҳон мегардад. Таҷдидгирандагони саломатӣ ба он мекушанд, ки ландшафти маҳалли интихобшуда, иқлим, ғановати олами набототу ҳайвонот, барои ба варзиш, шикор, сайди моҳӣ машғул шудан, то кадом андоза мусоид аст. Вобаста ба мавҷудияти ин объекту омилҳо ин ё он шакли фаъолияти рекреатсионӣ ба роҳ монда мешавад.

  Чи барои ташаккули маҷмӯи марзии рекреатсионӣ ва чи барои мавҷудияти объектҳои ҷудогонаи рекреатсионӣ мавқеи географии мамлакат ва ё музофотҳои ҷудогонаи он, яъне наздикӣ ба баҳру кӯлҳо, дарёҳо, кӯҳҳо ва майдонҳои ҷангалзор, таъмини нақлиёт роли муҳим мебозанд. Масалан, кӯлҳои Кӯҳистони Зарафшон ва алалхусус кӯҳсори Фон диққати муҳаққиқону сайёҳонро барвақт ба суйи худ кашида буд, онҳо ин мавзеъро Шветсарияи Осиё номида буданд. Зеро дар як маҳалли начандон калон кӯҳҳои сар ба фалаккашидаи кӯлоҳсафеди бо чодири барфу пиряхҳо пӯшидашуда, обҳои зулол, чашмаҳои маъданӣ, анбӯҳи ҷангалзори бурсу хаданг, беду буттаҳо басо диққатҷалбкунанда буда, ба паррандаю чарандаҳои гуногун вохӯрдан мумкин аст.

  Мо ин ҷо тасмим гирифтем, ки оид ба захира ва имкониятҳои истифодаи сохти сатҳи Тоҷикистон аз қабили унсурҳои геологию геоморфологӣ ва иқлимӣ баҳри рушди рекреатсия ва сайёҳӣ андешаронӣ намоем ба ин унсурҳо баҳои рекреатсионӣ ва сайёҳӣ диҳем.    

  Барои рушди хоҷагии рекреатсионӣ сохти сатҳи ин ё он музофоти табиию географӣ аҳамияти муайян доранд. Ва дар навбати худ, бояд ба инобат гирифт, ки ин объектҳо низ тарафҳои муқобил доранд. Масалан, мураккабии релйефи кӯҳӣ, зуд-зуд иваз шудани ландшафтҳои табиӣ диққати истироҳаткунандагонро бештар ба худ ҷалб мекунанд, ба ваҷд меоваранд, манзараҳои зебову дилкаш, ҳавои тозаи кӯҳ, имконияти ба сайёҳӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, сайди моҳӣ ва ғайра машғул шуданро фароҳам меоварад. Мо чунин хосиятҳоро дар кӯҳистони Фон, Балҷувон, Муъминобод, Раштонзамин ва Помири Ғарбӣ ба хубӣ эҳсос карда метавонем. Аз ҷониби дигар мураккабии релйефи музофотҳои кӯҳӣ як қатор мушкилотҳои техникиро оиди созмони объектҳои коммуникатсионӣ, алоқа, нақлиёт, хизматрасонии техникӣ, тиббӣ, таъминоти хӯрока ва ғайраро ба миён меоварад, аз ин хотир хароҷоти иловагиро пеш меоварад. Зимнан, қайд менамоем, ки ба амал омадани инфрасохтори комил ин хароҷотҳо ба зудӣ пӯшонида метавонад. Таҷрибаи мамлакатҳои дар соҳаи иқтисоду иҷтимоиёт аз ҷумла рекреатсия пешрафта аз қабили Австрия, Шветсария, Италия, Франсия, мамлакатҳои Кавказ Қириму, Олтойи Федератсияи Россия ва ғайра андешаҳои болоро тақвият мебахшанд.

  Дар ҳадди шимолии минтақаи субтролики хушк ҷойгир шудани Тоҷикистон барои бошандагони шимол, минтақаи миёнаи Россия ва давлатҳои дигари Европа басо мароқовар мебошад, зеро дар як маҳалли кӯчак аз ҳамвориҳо ба кӯҳ баромадан ҳам иқлим ва ҳам унсурҳои дигари табиию географӣ зуд тағйир меёбанд, боиси андешаю эҳсосоти наҷиб мегарданд. Воқеан, Тоҷикистон кишвари кӯҳист, 93%-и ҳудуди онро кӯҳҳо фаро гирифтаанд, ҳамвориҳо ҳамагӣ 7%-и марзи мамлакатро ташкил медиҳанд. Кӯҳҳои қадимаи Қурамаю Муғул шохаҳои силсилаи Тиёншон, дар мобайн силсилаи кӯҳҳои Ҳисору Олой, дар шарқ кӯҳистони ҷавони Помир, дар ҷанубу ғарбии мамлакат пасткӯҳҳо ҷойгир шудаанд. Дар шимол байни ҷанубии қаторкӯҳи Қурамаю шимолии қаторкӯҳи Туркистон ҳамвории ғарбии Фарғона, дар ҷанубу ғарби кишварамон ҳамвориҳои Вахш, Ҳисор, Кофарниҳон ва Кӯлоб доман густурдаанд. Баландии мутлақи сатҳи Тоҷикистон аз 300 м то ба 7495 м мерасад. Шона, хамиҳо ва қуллаҳои силсилаи Кӯҳистони Зарафшон, қаторкӯҳҳои сар ба фалак кашидаи музофоти Рашт ва Помир бо барфҳои бисёрсола ва пиряхҳои азим фарогирифташудаанд, сарчашмаи рӯду дарёҳои ватанамон мебошанд.

  Дар кӯҳҳо ва қаторкӯҳҳои Тоҷикистон, ки аз ҷинсҳои таҳшонӣ иборатанд даҳҳо ғору мағораҳо аз қабили Хоҷағор, Кониғут, Хоҷатакровут, Берданкӯлу Кизилҷар, кони Конҷол дар Тоҷикистони Шимолӣ, Хоҷа Исҳоқ, Нуруддин, Гургон, ғорҳои Моғиёну Марғзор, Эсиз дар Кӯҳистони Зарафшон, ғору мағораҳо дар ҳавзаи Ширкент, ғорҳо дар гумбазҳои Хоҷамуъмину Хоҷасартез дар Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон, ғорҳои Мататош, Салактош, Чироғтош ва даҳҳо дигарҳо дар Помир маълуманд, қимати калони рекреатсионӣ ва сайёҳӣ доранд. Мутаассифона, то ба имрӯз оиди истифодаи босамари рекреатсионию сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида нашудаанд. Шахсони алоҳида ба ин мавзеъҳо баҳри тамошо ва ё ҳамчун ҷойи «муқаддас» ташриф меоваранд.

  Аз ёдгориҳои геологӣ изи пой динозаврҳо дар мавзеи Работ (ноҳияи Айни) ва дараи Ширкент, Чилдухтарон (дар Муъминободу Тоҷикобод), шахи Хоҳарон (деҳаи Вешаб), Сангманори Анзоб, Сӯхтори кӯҳи Малик (ноҳияи Айнӣ), лағжиши кӯҳпораҳо дар водии Яғноб, Варзи Манор, Зосун (ноҳияи Айнӣ), Ҳоит, Уссой, Яшилкӯл, Саргазон ва ғайра аҳамияти маърифатӣ – сайёҳӣ доранд. Чунин ёдгориҳои геологию геоморфологӣ дар дигар музофотҳои кишвар ниҳоят бисёр мебошанд. Мутаассифона, чунин ашёҳо ҳанӯз ошкор ва ба доираи илм кашида нашудаанд. Бисёре аз ғорҳои мамлакат низ татқиқ, омӯзиш ва баррасиҳои илмиро металабанд. Дар ин кори хайр бояд муаллимону хонандагон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва зиёиёни ноҳияҳо саҳмгузорӣ намоянд, ба олимону мутахассисон робитаю ҳамкорӣ барқарор намоянд. Дар натиҷа сайрхатҳои нави рекреатсионӣ – сайёҳӣ кушода мешавад, одамон ба корҳои муваққатӣ ва доимӣ ҷалб мегарданд. (Аброров Ҳ.Д. 2016, с.110).

 Омили муҳиме, ки ба ҳамаи маҷмӯъҳои рекреатсионии марзӣ таъсир мерасонад иқлим мебошад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ҳамаи типҳои иқлиме, ки дар кураи замин дучор мешаванд (истисно иқлими тропикию экваторӣ) ба мушоҳида мерасанд. Тоҷикистон дар минтақаи субропикии хушк ҷойгир шудааст, тӯли сол миқдори калони гармӣ ва равшанӣ қабул мекунад. Омилҳои асосии иқлим аз қабили партавафканиии офтоб, ҳарорат, рутубат, абрнокӣ, бориш, суръати бод ва ғайра барои баҳо додан ба захираҳои рекреатсионӣ ва сайёҳӣ басо муҳиманд. Барои баҳо додан ба қимати рекреатсионии обу ҳаво ва иқлим пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ хизмати хубро ба ҷо меоваранд. Дар ҳудуди кишвар чунин пойгоҳҳо нобаробар ҷойгир шудаанд. Аксарияти онҳо дар ҳамвориҳо, миёнакӯҳҳо тақсим шудаанд, вале дар баландкӯҳҳо чунин пойгоҳҳо каманд. Аз ин хотир масъалаи баҳо додан ба омилҳои иқлимӣ ва минтақаҳои варзии (амудии) иқлимиро ноҷӯру мураккаб мегардонад. Сарфи назар аз ин ноқисиҳо дар асоси пойгоҳҳои мавҷудаи обуҳавосанҷӣ ба омилҳои иқлимии Тоҷикистон баҳои рекреатсионӣ ва сайёҳӣ додан мумкин аст.          

  Дар ҳудуди Тоҷикистон рӯзҳои беофтоб хеле кам мебошанд. Дар музофотҳои кӯҳии кишварамон чунин рӯзҳо ба 30-54 рӯз, дар пиряхи Федченко – 79, дар водиҳо – 30-40, дар Помири Шарқӣ то ба 20-30, вале дар Қароқӯл – 7 рӯзро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз партавафшонии Офтоб тӯли сол ба ҳисоби миёна 2500-3000 (3166) соатро ташкил менамояд. Аз ин ҷиҳат аз Ҷумҳурии Озорбойҷон 200 соат бештар аст. Шумораи соатҳои партавафкании офтоб дар водию, дараҳои танг, нишебиҳои ростфаромадаи кӯҳ, шаклҳои ҳамгаштноки релйеф коҳиш меёбад. Баъзан дар чунин ҷойҳо нурҳои офтоб намерасанд. Барои ҳамин ҳам дар чунин ҷойҳо дар фасли тобистон ҳам ҳавояшон салқин ва тоза мебошад. Давомнокии аз ҳама бештари партавафшонии офтоб дар канори ҷанубии ҷумҳурӣ (Панҷ -3029 соат), вале камтарин барои водиҳои Ҳисор, Вахш, Зарафшон ва ҳамвориҳои Тоҷикистони Шимолӣ 2600-2800 соатро дар як сол ташкил медиҳад. (Таджикистан:… - Д. 1982, с.135-136).

Радиатсияи офтоб ба Замин равшанӣ ва гармӣ мебахшад, он барои ҳаёт дар рӯйи Замин басо муҳим аст. Ҳамаи ҳодисаю равандҳои метеорологӣ, ки дар сатҳи замин ва атмосфера рух медиҳанд ба радиатсияи офтоб вобастаанд. Ҷамъи миқдори солонаи радиатсия аз 150 дар водиҳо ва то 185-190 ккал/см2 дар маҳалҳои кӯҳии ҷумҳурӣ тағйир меёбад.

  Нисбат ба сатҳи ҳамвор, нишебиҳои шимолии қаторкӯҳҳо, ки моилиашон 100-ро ташкил медиҳад 10-15% камтар радиатсия қабул менамояд, дар ҳолати 300 будани нишебиҳои шимолии қаторкӯҳҳо, нисбат ба ҳамвориҳо дар фасли тобистон 15-200 камтар радиатсия қабул мекунад. Нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳо, ки молиашон 300-ро ташкил медиҳад дар фасли тобистон 5-8% камтар, вале дар моҳҳои зимистон нисбат ба ҳамворзаминҳо қариб ду маротиба бештар радиатсия қабул мекунад. Барои ҳамин ҳам ҳайвоноти вуҳуш дар фасли тобистон дар нишебиҳои шимол, вале дар фасли зимистон дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳо бештар ҳаёт мегузаронанд.

  Радиатсия офтоб аҳамияти саломатӣ бахшандагӣ дорад. Ҳангоми абрнокии атмосфера радиатсияи офтоб коҳиш меёбад. Реҷаи равшанӣ ба вазъи санитарию – гигиенӣ таъсири калон мерасонад. Аз баландии нисфирӯзии офтоб дар уфуқ давомнокии фаъолияти биологӣ ва радиатсияи ултрабунафш вобаста мебошад. Муқаррар карда шудааст, ки дар ҳолати баландии офтоб нисбат ба сатҳи замин 450 будан, қобилияти эритема (сурх шудани бадан), пигмент ва витаминҳосилшавӣ аз ҳама баланд мешудааст (Котляров Е.Л. М. 1978, с.48).

 

Ҷадвали 1.

Ҳарорати миёнаи моҳона ва солонаи ҳаво

т.р

Маҳалҳо

Баланди аз сатҳи

баҳр, м

Январ

Июл

Солона

1.

Панҷ

362

1,1

29,1

16,0

2.

Хуҷанд

410

-2,0

29,0

14,1

3.

Қурғонтеппа

428

0,9

28,3

15,7

4.

Кӯлоб

604

1,4

30,3

16,4

5.

Душанбе

803

0,8

27,0

14,2

6.

Истаравшан

1004

-2,6

24,6

11,2

7.

Тавилдара

1616

-6,3

21,6

8,7

8.

Хоруғ

2075

-7,9

22,8

8,7

9.

Булункӯл

3744

-25,5

11,2

-5,4

 

Манбаъ: Таджикистан: природа и природные ресурсы. Душанбе. 1982, с.154.

  Чуноне ки аз ҷадвали 1 дида мешавад ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди 15-160 дар ҳамвориҳо (Панҷ, Кӯлоб, Қурғонтеппа), дар водӣ ва пешкӯҳҳо – 8-140 (Тавилдара, Истаравшан, Душанбе), инчунин дар баландкӯҳҳо минус 5,4 то пилус 8,70 (Булункӯл, Хоруғ) тағйир меёбад. Агар ҳарорати миёнаи моҳи январ дар Булункӯл – 25,50 бошад, пас дар Душанбе, Қурғонтеппа, Панҷ ва Кӯлоб аз 00С баланд мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи гармтарин июл дар ҳамвориҳо аз + 28,3 то ба + 30,30С тағйир меёбад. Дар водиҳо ва пешкӯҳҳо 21,6 то 27,00С, дар баландкӯҳҳо бошад ба 11,20С баробар аст. Ҳарорати аз 0-5 то 10-150С субмӯътадил ба ҳисоб меравад. Давомнокии давраи ҳарораташ бо ҳузуру ҳаловат аз 16,50С то 24,50С ҳисоб мешавад. Аксарияти шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ҳудуди ҳарорати ҳузуру ҳаловат ҷойгир мебошанд (истисно Қурғонтеппа, Хуҷанд, Панҷ, Кӯлоб). Ҳарорати тобистонаи баландкӯҳҳои Помири Шарқӣ бо сабаби паст буданашон чандон созгор нестанд.

  Рутубатнокии ҳаво низ яке аз он омилҳои иқлиме мебошад, ки ба рекреатсия ва сайёҳӣ таъсир мерасонад. Дар водиҳои Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон дар моҳи январ рутубати мутлақи ҳаво 5,7-6,3 мб (миллибар), дар водии Ҳисор 4,9-5,3, дар Шимоли Тоҷикистон 3,9-4,6 мб. Бо баробари афзудани баландӣ рутубатнокӣ кам мешавад ва дар баландиҳои 2000-2500 м ба 2-3 мб мефарояд. Бузургии мутлақи рутубатнокии ҳаво дар фасли тобистон афзоиш меёбад ва дар водиҳо ба 12-17 мб баланд мешавад. Тӯли шабонарӯз, ҳам рутубати мутлақи ҳаво тағйир меёбад, одатан саҳаргоҳон паст буда, дар нимарӯз бо баробари афзудани ҳарорат баланд мешавад.

  Рутубатнокии нисбии ҳаво низ вобаста ба фаслҳои сол тағйир меёбад. Дар водиҳои Шимол, Марказ ва Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон ҳадди баланди рутубатнокии нисбӣ дар моҳи январ ба 70-80% мерасад. Дар пешкӯҳҳо намнокии баланди нисбӣ ба моҳҳои февралу март мекӯчад, зеро боронгари бештар мешавад, кайҳо дар моҳҳои оянда то октябр коҳиш меёбад.

Аз далелу санадҳои дар боло овардашуда, маълум мешавад, ки нишондиҳандаҳои рутубати мутлақ ва нисбии ҳаво чандон баланд нест. Агар моҳҳои фасли гарми сол камнам, камабр ва камбориш бошад, ба ҳаловату истироҳат таъсири манфӣ намерасонанд, балки нишондиҳандаҳои таҷдиди саломатӣ ва сайёҳиро беҳ мегардонад.          

  Абрнокӣ яке аз он нишондиҳандаҳое мебошад, ки ба иҷрои амалҳои рекреатсионӣ ва сайёҳӣ таъсири равшан мерасонанд. Дар ҳавои кушод гашту гузор кардан табъро кушодаву болида мегардонад. Рӯзҳои абрнок ва махсусан туман таъсири манфӣ мерасонанд. Тумани ғафс дар кӯҳҳо барои ҳаракати сайёҳон мушкилӣ ва ҳатто хатар ва ҳодисаҳои ногаҳониро пеш оварда метавонад.

  Барои қисми бештари ҳудуди Тоҷикистон ҳавоҳои абрнок барои охирҳои тирамоҳ, фасли зимистон ва баҳор хос аст, вале ин нишондиҳанда, идомот ва такрорёбии он дар музофотҳои алоҳида тавовути ҷиддӣ дорад.     Такрорёбии обу ҳавои абрнок барои қаторкӯҳи Қурама, Кӯҳистони Зарафшон, водии Ҳисор, Раштонзамин, Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ва Помири Ғарбӣ хос мебошад. Масалан, абрнокӣ дар ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор дар моҳи январ 40% бошад, дар қисми марказӣ ва шарқии водии Зарафшон, инчунин Помири Шарқӣ 10-15% -ро ташкил медиҳад.

  Тобистон дар ҳамворзаминҳо абрнокӣ қариб ба мушоҳида намерасад, обу ҳавои гарм ҳукмфармо мегардад. Агар барои қисми бештари марзи Тоҷикистон ҳадди камтарини такроршавии абрнокӣ ба моҳҳои август-сентябр рост ояд, пас барои Помири Шарқи такрорёбии бештари абрнокӣ ба моҳҳои гарми сол-майу июл мувофиқат мекунад.

  Рӯзҳои туманнок дар ҳудуди Тоҷикистон низ тафовути муайян доранд, дар ҳамвориҳо басо кам, вале дар баландкӯҳҳои алоҳида аз ҷиҳати такроршавии рӯзҳо ва давомнокии соатҳо бештар мешаванд. Масалан, дар Шаҳритус туманноки 4 рӯз, дар Душанбе 8, дар Панҷакент – 21, дар ағбаи Шаҳристон 49 ва дар ағбаи Анзоб 133 рӯз рух медиҳад.

Давомнокии туман тӯли сол ба ҳисоби соат дар маҳалҳои алоҳида чунин аст: дар Фархор – 38, Кӯлоб - 25, Панҷакент – 101, Деҳавз – 2, Санглох - 689, ағбаи Анзоб – 1216, ағбаи Шаҳристон – 206 ва дар Мурғоб ҳамагӣ 2 соат.

  Рӯзҳои кушоди офтобӣ барои Тоҷикистони Ҷануби Ғарбӣ 250-270 рӯз, дар водии Ҳисор ва водиҳои Шимоли Тоҷикистон 220-240 рӯз, барои баландкӯҳҳо (пиряхи Федченко) 130 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр маълум мешавад, ки рузҳои кушоди офтобӣ дар Тоҷикистон басо фаровон мебошад. Давомнокии рӯзҳои беабр, бардавомии соатҳои партавафшонии офтоб, махсусан дар фасли тобистон барои истироҳат ва қабули тағораи офтобӣ (гелиотерапия), обутоби бадан мусоидат менамояд. Ҳамаи ин шароиту омилҳо дар якҷоягӣ барои табобати санаторӣ (пешгири аз бемориҳо), сайёҳӣ ва истироҳат таъсири мусбат мерасонанд.

  Боришот ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон нобаробар тақсим шуда аст. Агар дар водии Фарғона 100-150 мм бориш рух диҳад, дар ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор 1500 мм, саргаҳи Хингоб 1500-2500 мм., дар Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон 150-200 мм, Мурғоб 100 мм, Кӯлоб 600 мм ба амал меояд. Бориш асосан дар мавсими хунуки сол ва баҳорон дар ҳамвориҳо бештар борон, вале дар баландкӯҳҳо бештар барф меборад. Тобистон хушки бебориш аст. Ғафсии барф агар дар водиҳои ҳамвор то 20-30 см-ро ташкил диҳад, дар кӯҳҳо ин нишондиҳанда ба 3-4 м расида метавонад. Дар ҳавзаи рӯди Тагоби водии Варзоб мавзеи Сафедара барои ташкили машқҳои лижаронӣ басо мувофиқ мебошад. Ин ҷо комплекси машқгоҳи лижаронӣ бо ҳамаи шароиту талаботи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда аст, васеъ истифода бурда мешавад.

  Суръати миёнаи солонаи бод дар Данғара 1,3 м/сон дар Искандаркӯл 1,6 м/сон, Хоруғ 2,3 м/сон, Қурғонтеппа 1,2 м/сон, Шаҳритус – 1,8 м/сон, Мурғоб – 2,3 м/сон, Хуҷанд 4,6 м/сон. ва дар пиряхи Федченко 6,0 м/сон-ро ташкил медиҳад. Аз ин нишондиҳандаҳо маълум мешавад, ки суръати нисбатан баланди бод барои шаҳри Хоруғ, Хуҷанд ва пиряхи Федченко хос будааст. Суръати бештари бод барои моҳҳои фасли зимистону аввали баҳор рост меояд. Дар бисёр маҳалҳо суръати ҳаракати бод паст буда, барои сайругашт халал намерасонад.

Дар дараю водиҳо насими бегоҳӣ вазида, ҳавои гарми рӯзонаро салқину форам мегардонад, барои гашту гузор фораму фараҳбахш аст.

  Барои Тоҷикистон рӯзҳои раъду барқӣ, жолаборӣ, бӯронҳои барфӣ, чангу ғубор («хокбоди афғонӣ») гоҳ-гоҳ рух медиҳанд. Рӯзҳои чангу ғубор дар Мурғоб (14), Шаҳритус (24) ва Айвоҷ (29) нисбат ба дигар маҳалҳои кишвар бештар такрор мешаванд. Барои дигар маҳалҳои мамлакат 2-9 рӯзро ташкил медиҳанд.

  Баъзан дар фасли гарми сол боридани жола рух диҳад ҳам он 2-5 дақиқа давом мекунад, ғайри аз водии Ҳисор дар дигар маҳалҳо хавфи ҷиддӣ пеш намеоварад. Чунин ҳодиса дар як маҳал ҳар сол такрор намешавад. Пас, аз ин ҷиҳат ҳам боридани жола ба истироҳат, ҳаловат ва саёҳат монеаи ҷиддӣ нест, балки як навъ дилхушию завқ буда метавонад. Пас, маълум мешавад, ки рӯзҳои обу ҳавояш нофорам хеле кам буда, ба сифати фаъолияти рекреатсионӣ ва сайёҳӣ таъсири ҷиддии манфӣ намерасонанд. (Аброров Ҳ.Д. 2005, с.161).

  Барои қисми ғарбии водии Фарғона, соҳили рости дарёи Ому, канори поёноби дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Сурхоби Ҷанубӣ ва Панҷ аломатҳои иқлими биёбонию нимбиёбонии минтақаи субтропикии хушк хос аст. Дар ин маҳалҳо ҳарорати нисфирӯзии ҳаво аз 400С баланд мешавад, ки он боиси буғшавии барзиёдатии оби бадани инсон мегардад, лозим меояд, ки тез-тез об истеъмол карда шавад, вагарна боиси тағйироти умумии бадан мегардад. Дар баробари об аз бадани инсон моддаҳои ҳалшуда, намакҳо ва бештар намаки ош хориҷ мешавад. Ҳангоми бо миқдори зиёд талаф ёфтани намакҳо осеб дидани як қатор узвҳо ва бофтаҳо ба миён меоянд, ки он оқибати нохуш дорад. Ба ҳамаи ин ноҷурию носозиҳои иқлими биёбон нигоҳ накарда, он аз баъзе ҷиҳатҳо қобилияти шифокорӣ низ дорад ва истифодаи он барои таҷдиди саломатии баъзе бемориҳо муфид арзёбӣ мегардад.

  Ҳангоми дар шароити иқлими гарми биёбон бо миқдори зиёд тавассути арақкунӣ талаф ёфтани моеи бадан, миқдори пешобхориҷкунӣ коҳиш меёбад. Ин маънои онро дорад, ки дар чунин ҳолат кори гурдаҳо сабук мешавад. Кам шудани шошаҷудокунӣ фаъолияти гурдаи беморонро то андозае осоиш медиҳад ва бо ин васила сиҳатёбии гурдаро тақвият мебахшад. Ҳарорати баланди ҳавои биёбонӣ сабаби васеъ гашатани мӯякнайчаҳои (копиллярҳои) хунгарди пӯст мегардад, ки он сурх мешавад. Чунин тағйирот дар бофтаҳои гурда низ рух медиҳад ва тавассути он бофтаҳои гурда бо оксиген ва моддаҳои ғизоӣ бештар ва беҳтар таъмин мегарданд, дар натиҷа кори гурдаҳо хуб мешавад. Баъзан дар шуш ва ё буғумҳо бо миқдори зиёд моеот ҷамъ шуда, варамро ба вуҷуд меоварад, дар шарорити иқлими гарми биёбон онро табобат кардан имконпазир мегардад. Барои ҳамин ҳам дар заминаи Шӯркӯли гилҳояш табобатии поёноби дарёи Панҷ ва иқлими гарми он ташкил намудани пело ва аэротерапия (гилдаво ва ҳаводаво) ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

  Дар шароити кӯҳ афканишоти нурҳои ултрабунафш нисбат ба соҳили баҳр, ки дар як арзи географӣ воқеъ гаштаанд 2-4 маротиба баланд аст, тунук будани қабати ҳаво боиси шаффофӣ ва беҳтар гузаштани нурҳои инфрасурхи офтобро хуб мегардонад, паст будани фишори атмосферӣ миқдори оксигенро коҳиш медиҳад. Барои мутобиқшави ва бартараф намудани норасогии оксиген кашишхӯрии дил тез мешавад, ҳаракати нафаскаши афзун ва ҷуқуртар мегардад. Осоишгоҳҳои кӯҳӣ имкон медиҳанд, ки баъзе навъҳои ибтидоии касалиҳои сили шушу ғадудҳо ва сили устухону буғумҳо табобат карда шаванд. Дар ин хусус маслиҳати табибон шарт аст.   

  Ҳамин тариқ аз санаду далелҳои оиди сохти сатҳу унсурҳои геоморфологӣ ва иқлими Тоҷикистон оварда шуда маълум мегардад, ки обу ҳаво ва нишондиҳандаҳои асосии иқлимӣ аз қабили ҳарорат, партавафшонии офтоб, рутубатнокӣ, абрнокию туман, тақсимоти боришот тӯли сол, суръати вазиши бод ва дигар омилҳо метеорологӣ барои фаъолияти рекреатсионӣ, сайру саёҳат хеле хубу созгор аст. Муассисаҳои рекреатсионӣ аз қабили осоишгоҳу фароғатгоҳҳо, муассисаҳои тансиҳатию варзишӣ (аз ҷумла кӯҳпаймоию куҳнавардӣ)-ро лозим аст, ки вобаста ба фаслҳои сол, шароити мушаххаси обу ҳаво фаъолияти худро ба роҳ монанд, то ин ки натиҷаи корашон бо барор анҷомад, мизоҷонро бо табъи хушу болида, бо қувваи тозаи ҷисмонию рӯҳӣ гусел намоянд.

Аброров Ҳусейн,

ходими калони илмии

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Адабиёт

  1. Аброров Ҳ. Иқтидори иқтисодии захираҳои оби водии Зарафшон. Душанбе. 2005, саҳ. 154-161.
  2. Аброров Ҳ., Акмалов М. Мӯъҷизаҳои табиати Тоҷикистон. – Душанбе. 2014, саҳ. 21-70.
  3. Аброров Ҳ. Омӯзиш ва истифодаи оқилонаи ғорҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи «Илм ва фановарӣ». №1 (9) Душанбе. «Сино» 2016, саҳ. 104-111.
  4. Котляров Е.Н. География отдыха и туризма. Москва «Мысль»- 1978, стр. 43-50.
  5. Таджикистан: природа и природные ресурсы. Душанбе «Дониш»- 1982. стр. 132-198.
  6. Холбегов С.Ё., Акобиров Ш., Баҳромов А.М., Ризоева О.А. Курси лексияҳо аз фанни географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография. Душанбе, 2013, с. 7-9
Хондан 234 маротиба