JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 19 Марти 2019 06:42

Садриддин Айнӣ-устоди раҳнамо

Муаллиф:

 Муаллиф дар ин мақола раҳнамоии устод Айниро ба ду чеҳраи тобноки илму адаби мо, ду адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи замони мо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва профессор Расулхон Ҳодизода мавриди баррасӣ қарор додааст.

Муаллиф баъди ба таври амид омӯхтани хотирот ва мақолаву рисолаҳои ба устод Айнӣ бахшидаи он ҳарду, ба гуфтаю навиштаҳои онҳо такия карда ба чунин хулоса омадааст:

Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Ҳодизода аз устод Айнӣ раҳнамоии зиёд дидаанд ва баҳраҳо бардоштаанд.

 Ҳам Муҳаммадҷон Шакурӣ ва хам Расул Ҳодизода дорои истеъдоди камназири фитрӣ ва худодод буданд. Шояд ақлу фаросати самимӣ ва баъзе хислатҳои неки инсон ба эшон аз аҷдодонашон, ки шахсиятҳои фозилу хирадманд буданд, ба ирсият гузоштааст. Аз тарафи дигар, ба ҷуз заҳматписандии худи онҳо раҳнамоии устод Айнӣ буд, ки барои нашъунамо ва сабзиши эҷодии онҳо мусоидат кард. Раҳнамоии устод Айнӣ баъзе паҳлӯҳои истеъдоди Муҳаммадҷони Шакурӣ ва Расул Ҳодизодаро такон дода, дар ташаккули шахсияташон ҳамчун инсон ва камолоти маънавиашон ҳамчун олим нақши равшане гузоштааст ва бад-ин восита ба ҷомеаи Тоҷикистон самараҳои нек овардааст.

Устод Айнӣ шогирдони зиёде тарбия карда ба воя расонидааст.

Профессер Расулхон Ҳодизода шогирдони устод Айниро ба се гурӯҳ тақсим кардаанд:

  1. Шогирдоне будаанд, ки дар ғайби ӯ аз осору мактаби эҷодии ӯ таълим гирифтаанд ва таҷрибаи эҷодии ӯро омӯхтаанд.
  2. Мисли Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Фотеҳ Ниёзӣ шогирдон ва мухлисони ӯ будаанд, ки бо устод Айнӣ мулоқотҳо доштанд, ӯро бисёр эҳтиром мекарданд, аз ӯ маслиҳатҳо мепурсиданд, аз ӯ ибрат ва омӯзиш меёфтанд.
  3. Шогирдоне низ буданд, ки бевосита дар паҳлӯи ӯ буданд. Мисоли Раҳим Ҳошим ва Абдусалом Деҳотӣ [2, 303].

Шоир Абдусалом Деҳотӣ навиштааст:

«Пандҳо, хотиррасониҳо ва танқидҳои дар ҳаққи ҳар кадоми мо нависандагон гоҳо меҳрубонона буданд, чунон ки ба падарони меҳрбон хос аст, гоҳе коҳишу сарзаниши аламкунанда монанд буданд, чӣ тавре, ки хусусияти муаллимони сахтгир аст дар ҳаққи шогирдони худ. Ҳамеша меҳрбонона бошанд, хоҳ сахтгирона, дар табиати мо, дар гӯшаҳои мо маҳкам ҷой гирифтаанд, ки симои устоди бузургро ҳамеша дар пеши назари мо зинда медорад [3].

Камина баъд аз мутолиаи хотирот ва мақолаву рисолаҳои ба устод Айнӣ бахшидаи ду адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи замони мо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ва устод Расулхон Хрдизода ба ҳамин хулоса омадам, ки эшонро низ ба ҳамин гурӯҳи сеюм ворид кардан мумкин аст. Зеро чунон ки худи онҳо қайд кардаанд, аз устод Айнӣ раҳнамоии зиёд дидаанд ва аз он баҳраҳо бардоштаанд.

Ҳоло мехоҳам дар бораи раҳнамоии устод Айнӣ ба ду чеҳраи тобноки илму адаби мо, ҳамкорони мо, устодони мо Муҳаммадҷони Шакурӣ ва Расулхон Ҳодизода, ки ҳам ба шахсияти онҳо ва ҳам ба ҷомеаи Тоҷикистони азизи мо самараҳои нек овардаанд, ба гуфтаҳою навиштаҳои худи онҳо такия карда чанд сухан гӯям.

Ҳам муаллим Шакурӣ ва ҳам Ҳодизода дарои истеъдоди камназири фитрӣ ва худодод буданд. Шояд ақлу фаросати салим ва баъзе хислатҳои неки инсонӣ ба эшон аз аҷдодонашон, ки шахсиятҳои фозилу хирадманд буданд, ба ирсият гузаштааст. Аз тарафи дигар ба ҷуз заҳмантписандии худи онҳо раҳнамоии устод Айнӣ буд, ки барои нашъунамо ва сабзиши эҷодии онҳо мусоидат кард. Раҳнамоии устод Айнӣ баъзе паҳлӯҳои истеъдоди ҳам муаллим Шакурӣ ва ҳам Ҳодизодаро такон дода, дар ташаккули шахсияташон ҳамчун олим нақш гузоштааст.

Муаллим Шакурӣ имкон доштанд, ки борҳо бо Садриддин Айнӣ ҳамсуҳбат шаванд, ба суолҳояшон ҷавоб гиранд ва аз маслиҳатҳояшон «Ёддоштҳо»-и ӯро мавриди таҳқиқу тадқиқ қарор дода буданд. Устод Айнӣ низ чун истеъдодшиноси бузург он касро ҳамчун ҷавони қобилиятнок дарёфта, дар ҳар мавриди муносиб дастгирӣ мекард, ба роҳи дурусти таҳқиқ ва пажӯҳиш роҳнамоӣ менамуд.

Муаллим Шакурӣ дар китоби «Мактаби одамият» ду лаҳзаи мулоқоти худро бо Садриддин Айнӣ зикр кардаанд. Он кас, аз ҷумла навиштаанд, ки дар муҳокимаи китоби Айнӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил дар Института забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ иштирок намуда, ба ташвиқи як корманди ин пажуҳишгоҳ ба он китоб чанд эрод гиритаанд ва баъд мақсади он одамро аз ин муҳокима фаҳмида, аз кардаи худ пушаймон шудаанд, ва чанд вақт азоби рӯҳӣ кашидаанд, ки ба рӯи Садриддин Айнӣ чӣ тавр нигоҳ мекунанд. Вале дар мулоқоти навбатӣ устод Айнӣ он муҳокимаро ба хотир намеорад ва ба суолҳои он кас доир ба ҳаёту эҷодиёти худаш муфассалан ҷавоб мегӯяд.

Муаллим Шакурӣ дар ин маврид навштаанд:

«Гӯё воқеае pyx надода буд ва муомилаи устод ба камина тамоман монанди пештара давом мекард. Фақат дар охир, ки нишонаҳои аз суҳбати монда шуданаш намоён шудан гирифт, гуфт, ки дар кори илмӣ ба мавзӯъҳои майда бисёр овора нашуда, мавзӯъҳои калонтар гирифтан даркор». Ниҳоят ба ман муваффақият хост ва ба ҳамон оҳанги хайрхохӣ гуфт: - Лекин ба кадом мавзӯъ, ки даст занед, ба чӣ коре, ки машғул шавед ба асобағал одат накунед. Дар ҳар сурат бе асобағал гаштанро ёд гиред...

Донистам, ки итобу хитобаш ҳамин аст. Шубҳае намонд, ки дар маҷлиси муҳокима ба далолати корманди нави пажуҳишгоҳ барои суханронии айбҷӯёнае ҷуръат кардани маро устод аз куҷое фаҳмидааст ва акнун падарона насиҳат мекунад, ки дар зиндагӣ ба ақли худ амал кардан даркор аст, на ба гапи мардум. Он гуфтаи устод то имрӯз дар гӯшам аст ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард» [1,6].

Дар мулоқоти дигар устод Садриддин Айнӣ аз як мақолаи муаллим Шакурӣ таассуроти худро чунин изҳор мекунад:

«Муҳаммадҷон, мақолаатонро хондам. Мақолаи нағз навиштаед. Дар бораи забони радио гапҳои дуруст гуфтаед. Баракаллоҳ! Ҳамин тавр навиштан гиред». Баъд ба Мирзо Турсунзода муроҷиат намуданд:

Рафиқ Турсунзода, Муҳаммадҷон шуданӣ менамоянд. Ин касро тарбият кардан даркор.

Мирзо Турсунзода бо нишони қабулдошт cap ҷунбонд.

-Барои тарбият ёфтани ҷавонон хама шароит тайёр. Ин кас дар ҷои нағз кор мекунанд. Дар Института забон ва адабиёт».

Баъд аз чанд сол муаллим Шукуров он мақолаи худро аз нигоҳи дигар хонда бо таваҷҷуҳ дарёфтанд, ки забони худашон нуқсон дорад ва аз он беш ҳайратовар шудаанд, ки устод Айнӣ дар ин бора чизе нагуфт, он касро сарзаниш накард. Муаллим Шакурӣ дар бораи сабабхои чунин рафтори Садриддин Айнӣ андеша ронда чунин навиштаанд:

«Ба фикрам устод Айнӣ он рӯз ба ҳамин қабил андешаҳое маро як зарра сарзаниш накард, аз айбҳоям чашм пӯшид, яъне гоҳ аз баъзе айбҳои ҷавонон чашм пӯшидан мумкин будааст. Устод мани навкорро дастгирӣ кард, ки ба як роҳи душворе натарсида қадам гузорам. Алҳақ, устодӣ чунин бояд. Аз ҳамон вақт ба масъалаҳои маданияти сухан шавқам афзудан гирифт» [1,7].

Маълум мешавад, ки меҳру шавқи муаллим Шакуриро нисбат ба илми забон ва ҳусни баён Садриддин Айнӣ ривоҷу инкишоф дода будааст.

Чанд сол муқаддам ҳангоме, ки рӯзномаи ҳамсолҳои чилуми асри гузаштаро варақ мезадам, чашмам дар «Газетаи муаллимон»-и соли 1947 ба сарлавҳаи «Вохӯрии мактаббачагон ба устод Айнӣ» афтод. Дар ин мақола сухан дар бораи бо хонандагони мактаби духтаронаи № 10 шаҳри Душанбе вохӯрдани Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва дигар адибон мерафт. Дар зери мақола имзои М. Шукуров гузошта шуда буд. Ҳамон вақт ман фахмида будам, ки ин мақолаи муаллим Шукуров аст. Ман ҳам дар он маҷлис ҳамчун хонандаи синфи нӯҳуми ҳамон мактаб иштирок доштам ва чунон ки дар мақола омадааст, шеъри шогирдонаи ба ташрифи устодон бахшидаамро хонда додам. Вале мақсад аз ин мақоларо ёдовар шудани мо тамоман чизи дигар аст.

Гап дар сари он аст, ки устод Шакурӣ аз солҳои нахустини фаъолияти илмиву эҷодиашон моҳияти суханронии Садриддин Айниро дарк намуда, дар ҳамон мақола нуктаҳоеро зикр кардаанд, ки роххои донишандӯзӣ ва баланд шудани маънавияти хонандагонро нишон медиҳад. Ин мақола хабари муқаррарии роҷеъ ба мулоқоти Садриддин Айнӣ бо хонандагон набуда, барномаи мухтасари таълимиест, ки ҳар як омӯзгор ҳангоми тадрис бояд онро дар назар дошта бошад.

Аз навиштаҳои муаллим Шакурӣ бармеояд, ки устод Садриддин Айнӣ адабиётро ҳамчун калиди омӯхтани илмҳои дигар маънидод намуда, аҳамияти онро дар вусъат пайдо кардани ҷаҳонбинии ҳар як хонанда, дарки рӯйдодҳои зиндагӣ ва шинохти инсонҳо таъкид кардааст. Паҳлӯи дигари суханронии устод Айнӣ ба онҳое нигаронида шудааст, ки машқи шеър ва ҳикоянависӣ мекунанд. Дар ин масъала устод Айнӣ раҳбарии шавқро шарти аввали нависандагӣ медонад. Шарти дуюм хеле хуб донистани забони модарӣ аст. Шарти сеюм хондан, фаҳмида хондани осори классикони адабиёти форсу тоҷик мебошад.

Ба назар чунин мерасад, ки устод Шакурӣ тамоми умр ин гуфтахои Айниро нафақат сармашқи кори худ қарор додаанд, балки фаъолияти пурсамари Айниро идома бахшидаанд.

Акнун меоем ба масъалаи раҳнамоии устод Айнӣ ба профессор Расулхон Ҳодизода.

Устод Ҳодизода дар китоби хотироти худ навиштаанд:

«Дар зиндагӣ саодати онро доштам, ки аз овони наврасӣ дар илму адаб устоди раҳнамо Айнии бузургвор буд. Метавонам гӯям, ки дар як гӯшаи ҳаёти вай ҷое ҳам доштам. Зиёда аз ин дар хонаводаи Айнӣ мисли хешованд будам» [2, 303].

Баъд аз хатми омӯзишгоҳи педагогии Самарканд устод Ҳодизода ба Тошканд меравад ва ба факултаи шарқшиносии САГУ (Среднеазиатский Государственный Университет), яъне Донишгоҳи Давлатии Осиёи Миёнагӣ дохил мешаванд. Ҳангоми таътил ва ё агар бо ягон муҳимме ба Самарқанд оянд, аввал ба зиёрати устод Айнӣ мерафтаанд.

Дар солҳои таҳсили донишгоҳ дар Тошканд, ки Ҳодизода дар айни замон дар радио дар шуъбаи барномаҳои тоҷикӣ ифои вазифа мекардаанд, суҳбат бо устод Айнӣ бештар дар атрофи вазъи таҳсил ва шароити зиндагонии донишҷӯёни эшон, дар мавзӯи барномаҳои тоҷикии радио ҷараён меёфт. Устод дар бораи забони тоҷикии радио, барномаҳои адабию мусиқӣ фикру андеша ва нуктаҳои интиқодии худро мегуфт.

Соли 1948 ба барномаҳои радиои тоҷикии Тошканд як адиби маъруфи тоҷик ба кор омад. Ӯ дастур дод, ки барои ба шунавандагони бурунмарзии тоҷик расидани барномаҳо забон бояд ба форсии эронӣ наздик бошад.

Дар як мулоқот устод Айнӣ забони барномаи адабии радиоро сахт танқид кардааст. Ҳодизода вазъиятро ончунон ки буд нақл кардаанд:

Устод Айнӣ баъди андаке тааммуқ-навиштаанд Ҳодизода-гуфт:

«Кори беҳуда мекунад, он адиб, ки гӯё барои мардуми Эрон забони тозаи тоҷикиро вайрон мекунад. Агар ба забони тозаи форсии тоҷикии худамон нависем ва сухан кунем, ҳар як эронӣ забони моро мефаҳмад.

Агар кор ба ҳамин тарз равад, забони шумо (яъне забони тоҷикии радиои Тошканд) на забони форсии эронӣ ва на форсии тоҷикӣ мешавад. Чунин забонро на эронӣ қабул мекунаду на тоҷик» [2,151]. Дере нагузашта бо дахолати устод Айнӣ забони барномаҳои тоҷикии радиои Тошканд боз ба асли худ баргашт. Бо мурури замон Ҳодизода худро дар суҳбати устод Айнӣ озодтар ҳис мекунад ва устод Айнӣ низ аз ӯ ба ҷуз таҳсилу машғулияташ дар радио аз зиндагии ҳамарӯза ва шароиту рӯзгору хӯрду хурокаш мепурсад. Боре ӯ гуфтааст:

«Ман шунидам, ки шумо хеле кам хоб мекардаед, шабҳои бедохобӣ нишаста, мақола навишта дарс тайёр мекардаед. Ин коратон дуруст нест. Одам барои он, ки кораш бобарор бошад, бояд аз хоб сер шавад, шаб нағз истироҳат карда, бардаму болидарӯ аз ҷой хезад. Агар шумо хоби шабонаро хуш гузаронида саломату бардам хезед, дар рӯз ҳафт-ҳашт соати коратон аз чандин соатхои кори бедорхобӣ бобаракаттар ва хушсифаттар мешавад. Шумо ба тадриҷ бояд тартиби кору истироҳатро ба танзиму эътидол дароред» [2,152].

Дар соли охирини таҳсил дар донишгоҳи Тошканд Ҳодизода мебоист барои кори дипломӣ мавзӯъ интихоб мекарданд. Он кас мехостанд, ки мавзӯъ ба адабиёти тоҷик тааллуқ дошта бошад. Дар Донишгоҳ ягон мутахассисе набуд, ки маслиҳат кунанд. Оқибат худашон осори илмии устод Айниро мавзӯи таҳқиқу тадқиқ қарор доданд ва ба устод Айнӣ мактуб навишта илтимос намуданд, ки роҳбарии кори дипломиро ба уҳда гирад.

Устод Айнӣ дар ҷавоби номаи Ҳодизода навштанд, ки аз як тараф корҳои зиёде бар уҳда доранд, аз тарафи дигар модоме, ки эҷодиёти ӯро мавзӯи тадқиқ қарор додаед, ӯ ҳақ надорад, ки ба он роҳбарӣ кунад. Дар баробари ин ӯ маслиҳат додааст, ки аз баски ба Москва рафта омадан мумкин аст ба профессор Семенов муроҷиат кунад, ӯ метавонад роҳбарӣ кунад.

Соли 1950 Ҳодизода Донишгоҳи Тошкандро хатм намуд ва ӯро ба аспирантураи Донишгоҳ тавсия мекунанд. Ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба раёсати Донишгоҳ месупорад. Дар мулоқоти навбатӣ инро ба устод Айнӣ нақл мекунад. Мегӯяд, ки «мехоҳам дар таҳқиқ ва омӯзиши таърихи адабиёти форсу тоҷик машғулиятҳои илмии худро давом диҳам». Устод Айнӣ бо диққат гӯш мекунад ва баъд мегӯяд:

-»Шумо ки дар таърихи адабиёти тоҷик кор карданӣ бошед, яъне шумо азми ҷиддӣ доред барои илму адабиёти Тоҷикистон хизмат намоед. Барои ин шумо бояд дар маркази илму маданияти тоҷик бошед. Тошканд шаҳри бузург аст. Барои корҳои илмиву эҷодӣ шароити хуб ва мусоид дорад. Амали дар он ҷо барои тадқиқи адабиёти тоҷик бояду шояд машғул шуда наметавонед. Шумо бояд ҳатман ба Сталинобод равед. Дар он ҷо ҳозир натанҳо шахсони ҷудогонаи донишманд ҳастанд, балки муҳити илмии хуб ба вуҷуд омадааст. Ба ривоҷу равнақи ин муҳит котиби ҳозираи кумитаи марказӣ Бобоҷон Ғафуров мусоидат мекунад». Он кас барои ҷамъ кардани кадрҳои илмии тоҷик саъю кӯшиши зиёд дорад. Шумо аз рӯи шунидаш стипендияи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистонро низ мегирифтед. Яъне Ҳукумати Тоҷикистон умед доштааст, ки шумо баъди хатми таҳсил ба Сталинобод меоед» [2,157]. Ҳодизода аз ин пешниҳоди Айнӣ ба андеша меафтад. Ӯ ба Тошканд одат карда буд. Дар байни аҳли илму адаби он ҷо дӯстони зиёде дошт, дар он муҳит обурӯю эътибор низ пайдо карда буд. Ҳатто духтари дӯстдоштааш дар Тошканд зиндагӣ мекард. Устод Айнӣ узри ӯро қабул накард ва дар пешниҳоди худ қатъӣ буд. Ӯ гуфт, ки ҳозир ба Султон Умаров тетлефон мекунад. Рафта ҳуҷҷатҳоятонро гиред.

Аз ҳар мулоқот то ба мулоқоти дигар Ҳодизода ба суханони устод Айнӣ зиёдтар бовар ҳосил мекунад, ӯ охирҳои июл ба Тошканд бармегардад. Ва ба назди ректори Донишгох Султон Умаров медарояд ва суҳбати устод Айниро нақл мекунад.

Султон Умаров мегӯяд:

«Ҳозир роҳи ҳамаи тоҷикон ба Сталинобод мераванд. Бобоҷон Ғафуров сиёсати хирадмандонае пеш мерафтааст, ки пеш аз ҳама кадрҳои тайёру омодаи корро ҷамъ кунад. Ба Сталинобод рафтани профессор Михаил Степанович Андреев худ воқеаи бузурги илмиву маданист дар ҳаёти Тоҷикистон. Ба муносибати кушода шудани Донишгоҳи аввалини тоҷикон (ҳоло Донишгоҳи Миллӣ) олими шинохтаи Ӯзбекистон, тоҷики хуҷандӣ Зариф Раҷабов ба Сталинобод даъват шуд ва ректори ин Донишгоҳ таъйин гардид.

Баъд аз хатми Донишгоҳ Ҳодизода ба Тошканд видоъ намуда, ба зодгоҳаш Самарканд меояд ва баъд аз ду-се рӯз 5 ё 6-уми август ба зиёрати устод Айнӣ меравад. Устод Айнӣ мегӯяд:

«Хайрият, дар вақташ омадед. Ман баъд аз ду рӯз ба Сталинобод меравам, нашриёт мунтазири ман аст. Шумо ҳам тарадуди сафарро бинед. Ба Сталинобод, ки омадед, маро пайдо кунед, шуморо барои тавсия ба академия худам мебарам,ҷои истиқомати ман боғи ҳукумат аст»[2,158].

Баъд аз ду-се рӯз Ҳодизода низ ба Сталинобод меояд ва бо устод Айнӣ тасодуфан дар нашриёт вомехӯрад. Аз нашриёт онҳо ҳарду ба бинои филиали Академияи илмҳои СССР, яъне ба ҳамин бино меоянд. Он нақт филиали тодикистонии Академияи илмҳои СССР дар ошиёнаи дувум, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва идораи маҷаллаи «Шарқи сурх» дар ошиёнаи якум воқеъ буд.

Раиси филиали академия Евгений Никанорович Павловский буд. Ӯ бештар дар Маскав мезист ва корҳои ҷории филиалро Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов иҷро мекард. Устод Айнӣ як ходими маҷалларо фармуд, ки агар Ниёзмуҳаммадов дар ҷояш бошад, як сари қадам поён фурояд. Ниёзмуҳаммадов зуд ҳозир шуд.

Устод Айнӣ мегӯяд: «Мана ман барои шумо як кадри нав овардам. Ҳуҷҷатҳои ин касро барои аспирантура қабул кунед, расмиятҳои боқимондаашро баъд анҷом медиҳед».

«Ба ҳамин тариқа-навишта дар хотироташ Ҳодизода,-дар чанд дақиқа ба аспирантура дохил шудам. Рӯзи дигар ҳуҷҷатҳои заруриро ба котиби илмӣ Алексей Павлович Колпаков супоридам».

Ҳодизода баъд аз ду рӯз бо Ниёзмуҳаммадов вомехӯрад. Ниёзмуҳаммадов мегӯяд, ки оё домулло Айнӣ розӣ мешуда бошанд роҳбари илмми шумо шаванд.

Бо он кас маслиҳат кунед. Рӯзи дигар Ҳодизода ба назди устод Айнӣ рафта ин гапро мегӯяд. Устод Айнӣ ризоияти худро медиҳад ва мегӯяд, ки агар ҳуҷҷатеро имзо кардан лозим бошад, биёред.

Ҳодизода дар хотироти худ дар бораи таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон ва нахустин призиденти он Садриддин Айнӣ чунин суханони Бобоҷон Ғафуровро овардааст:

«Айнӣ инсони бузурги миллати мост. Мо ҳар қадар Айниро таблиғ ва таҷлил карда тавонем ба ҳамон андоза ҷойгоҳи тоҷиконро дар таърих намоиш дода метавонем. Мо академияи илм ташкил намудем. Ин иқдом дар қатори ташкили академияҳои милли советӣ амри қонунӣ ва муқаррарӣ буд. Вале ба президентии Академияи таъйин шудани устод Айнӣ ҳам шукӯхи илми мо ҳам шукӯҳи миллати моро афзунтар кард. Хуб гуфтем, ки ба таълифи «Ёддоштҳо» ман сабаб шудам. Аммо ин кори бузургро Айнӣ барои ман накардааст, ин ёдгори ниҳоят пурарзиши домулло аст, ки натанхо барои мо, балки барои мардуми Шарқ аҳамияти калон дорад»[2,307].

Баъд аз чанд рӯзи ҳамчун президенти Академия ба кор шурӯъ кардан и устод Айнӣ фурсате пайдо шудаасту Ҳодизода ба ҳузури ӯ барои халлу фасли корҳои аспирантиаш рафтааст. Ҳодизода ба Айнӣ арз кардааст, ки муддатест бо мутолиаи девони Маволоно Ҷомӣ машғул аст ва ба чунин қарор омадааст, ки тадқиқу таҳқиқи ғазалиёти Ҷомиро мавзӯи рисолаи номзадиаш интихоб намояд. Устод Айнӣ дар ҷавоб каме таваққуф карда гуфтааст:

«Барои омӯхтан ва таҳқиқи Ҷомӣ таҷрибаи илмии шумо камӣ мекунад. Шумо ба омӯхтани адабиёти асри 19-и тоҷик машғул шавед. Ин кор барои шумо мувофиқ ва барои илм зарур аст. Маслиҳати ман ҳамин аст, ки корро аз омӯзиши тазкираҳо cap кунед. Дар вақти таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» баъзе аз ин тазкираҳоро аз назар гузаронида будам. Бисёр санаду ахбори тазкираҳо дуруст омӯхта нашудааст. Таҳқиқи ин тазкираҳо бисёр масъалаҳои адабиёти он даврро равшан мекунад корро cap кунед, баъд худатон ба ин мавзӯъ шавқу ҳавас пайдо мекунед»[2,179].

5-ӯми апрели соли 1954 Ҳодизода дар шӯрои илмии Института шарқшиносии Академияи илмҳои СССР дар мавзӯи «Маъхазҳои омӯзиши адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри 19» бомуваффақият рисолаи номзадӣ дифо намуд».

Баъд аз дифои рисола ӯро ба идораи Иттифоқи нависандагони СССР даъват намуда мегӯянд, ки бо тавсияи М. Турсунзода аз шумо хоҳиш мекунад, ки дар комиссияи адабиёти халқҳои СССР вазифаи мушовири адабиёти тоҷикро ба уҳда гирад. Ҳодизода аз ин пешниҳод хурсанд мешавад, зеро орзу дошт, ки ду-се сол дар Москва истода ба кори илмию тадқиқотӣ машғул шавад. Вале пеш аз он ки розигӣ диҳад, ӯ ба устод Айнӣ нома навишта иҷозат мепурсад. Ин аст ҷавоби устод Айнӣ:

«Ба рафиқ Расул Ҳодизода!

Мактуби 21 феврал навиштаатон 27-уми моҳи мазкур расид.

Ман дар бораи пурсиши шумо сатрҳои зеринро менависам:

Ҳар кас ки дар як замони маълум ва вақти муайян барои таҳсили илм дар Москва истода бошад ва ҳақиқатан ӯ толиби илм ва хоҳиши пеш рафтан дошта бошад, албатта дар он ҷо монданро хоҳиш мекунанд. Аммо ман дар шароити имрӯза беодамӣ ва қаҳтурриҷолии Тоҷикистон ин фикри шуморо қабул карда наметавонам. Ҳам аз нуқтаи назари он ки яке аз коркунони ҷавобгари Академияи Тоҷикистон мебошам, ҳам ба сифати он ки шуморо кори тайёр туфта «ҳой-ҳою бай- бай гӯён ба аспирантураи он ҷо тақдим кардаам, ҳам аз ҷиҳати он ки дар вақти пур шудани муддати аспирантураатон шахсан кӯшиши фавқулода карда, мӯҳлатро шаш моҳ дароз кунондаам, ин фикри шуморо қатъиян қабул карда наметавонам. Зеро дар он сурат ҳам худам дар миёни касони ба ин кор дахлдор ва хам роҳбарони боло расо ва хандахариш мешавам, ҳам дар ҳолати ҳозираи Тоҷикистон виҷдонам дар азоб мемонад.

Бояд шумо ҳам дар ин кор на аз нуқтаи назари манфиати шахсии худ, ки дар Москва зудтар пеш меравад ва ҳам зиндагонии он ҷо нисбат ба Сталинобод маданӣ ва осуда аст, қитъи назар карда фақат ҷиҳати қаҳтурмиҷомии (қаҳтии одам) Тоҷикистонро ба назар гирифта зуд биёед. Ва баъд аз он дар даруни Тоҷикистон бо кори хуб худро нишон диҳед. Дар он вақт (баъд аз се-чор сол) метавонед ба докторантура равед» [2,227].

Расул Ҳодизода дар китоби хотироти худ дар бораи нақши роҳнамоиҳои устод Айнӣ ба зиндагию фаъолияти илмиву эҷоди ӯ сухан, онро чунин хулоса кардааст:

«Ман на ба худситоӣ, балки бо ифтихори самимона мегӯям, ки неъмати бузурге будааст, ки аз сояи хиради бузурги Айнӣ дар зиндагиву корҳои худ баҳрабардор будаам. Инро дар синни ҳафтоду ҳашт мегӯям, ки синни мубораки Айнӣ мебошад. Кас ба қадри неъмат мерасад, лекин қувваи бузурги неъматро сол ба сол зиёдтар мефаҳмад ва ба фаҳму ақли комилтар таваҷеҳ менамоянд. Айнӣ дар бистсолагиаш «Наводирулвақоеъ»-и Аҳмади Донишро хонда буд, баъд аз панҷоҳ сол дар айёми камолоти маънавӣ он чи аз муҳтавиёти ин асар ҳосил карда буд, инқилоби фикрӣ номид» [2,306].

Отахонова Хуршеда 

академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2015, №3 (239)

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Адабиёт

  1. А. Деҳотӣ «Дар хизмати халқ монанди ӯ бошем» //
  2. Расул Ҳодизода. Худоё, худро бишиносам. Душанбе, Девшитид, 2006, саҳ. 303.
  3. Рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», 1954, 18 июл.
  4.  Муҳаммадҷон Шакурӣ. «Мактаби одамият». Душанбе «Адиб», 1991, саҳ. 6

 

Хондан 246 маротиба