JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 05 Сентябри 2017 03:36

Чаро коғаз қат мешавад?/Қуттӣ ва ё бонкаҳои тунукагин нӯшоба ва шарбатгирӣ аз чӣ сохта мешаванд?/Шиша сахт аст ё алмос?

Муаллиф:

Чаро коғаз қат мешавад?

 

   Тавре ёдовар шудем, коғазро аз дарахт, боқимонда (партов)-ҳои найшакар ва ё коғазҳои кӯҳнаи аз нав коркардашуда тайёр мекунанд. Яъне хамираи коғазро ба пластинаҳои тунук табдил медиҳанд, ки онҳоро ҳарчанд борҳо қат кунем ҳам намедаранд. Он хусусияти ашёро, ки бо вуҷуди қат кардан намедарад - қаишӣ меноманд. Коғазро аз ашёи қаиш тайёр мекунанд.

  Қуттӣ ва ё бонкаҳои тунукагин нӯшоба ва шарбатгирӣ аз чӣ сохта мешаванд?

  Нӯшобаҳои гуногунро ба зарфҳое мегиранд, ки дар шакли лӯла ва силиндр, аз латун ё алюминий (арзиз) сохта шудаанд. Латун аз гудохтаи ду металл- мис ва қалъагӣ (синк) тайёр карда мешавад. Ин гудохтаи сабук ва мустаҳкам мебошад. Алюминий низ мустаҳкам ва сабук мебошад. Ин металҳоро чунон тунук кардан мумкин аст, ки ҳатто ба осонӣ қайчӣ карда мешаванд. Одатан, деворҳои ин зарфҳоро аз латун ва сарпӯшашонро аз алюминий месозанд. Онҳо хеле сабук буда, ба осонӣ ҳамлу нақл мешаванд.

Металҳо ва гудохтаҳои онҳо ғайр аз хусусиятҳои дигар боз ду хусусияти фарқкунанда доранд:

Онҳоро метавон ба пластинаҳои тунуктарин ва нахҳои гуногун табдил дод. Хусусияти аввал чаккушхӯр (тунукшаванда) дуввумин бошад, нарм ва ё мулоим ном доранд.

 Шиша сахт аст ё алмос?

   Шиша барои истеҳсоли тиреза ва зарфҳои дигари шишагӣ истифода мешавад. Вай ҷисми сахт буда, буридани он хеле душвор аст. Металли аз ин сахттаре вуҷуд дорад, ки ба осонӣ шишаро мебурад. Ин алмос аст.

Алмос ашёи аз ҳама сахттарин дар табиат мебошад. Барои он, ки шишаро буранд, пораи алмосро истифода мекунанд.

Ҳамадон бош!. – Душанбе: «Баҳманрӯд», 2012. - 248 саҳ.

Хондан 2691 маротиба