JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 21 Феврали 2018 08:18

Оё медонед?

Муаллиф:

1. Абрҳо аз чӣ иборатанд?

  Абрҳо аз заррачаҳои ниҳоят хурди бухори об иборат мебошанд. Обҳои бухоршуда аз қатраҳои хурдтарин иборат буда, дар болои дарё, кӯл ва баҳрҳо, инчунин дар баргҳои рустанӣ (шабнам) ва нафасгирии мавҷудоти зинда пайдо мешаванд.

Ин заррачаҳои хурдтарин хеле сабуканд ва ҳаво онҳоро мебардорад. Аммо вақте, ки ин заррачаҳо сард мешаванд, ба ҳам омехта мегарданд ва онҳоро дигар ҳаво бардошта наметавонад. Дар натиҷа онҳо дар шакли борон, жола ва барф ба замин мерезанд.

2. Чаро шишаҳои тиреза арақ мекунанд?

  Дар мавсими сармо шишаҳои тиреза баъзан хира мешаванд. Ва ҳарчанд онҳо рӯшноиро гузаронанд ҳам, ба берун нигоҳ карда, чизеро намебинем. Чунин ҳолат барои он рӯй медиҳад, ки ҳавои хона ба сатҳи
ниҳоят сарди шиша бархӯрда, ба қатраҳои хурди об табдил мешаванд.

Чунин табдилшавии газ ба моеъ канденсатсия ва ё моёъшавӣ ном дорад. Тавре ки ёдовар шудем, тирезаҳо барои он  арақ мекунанд, ки ҳавои гарми хона ба сатҳи хунуки шиша бармехӯрад.

3. Чаро баъзе дарёҳо хушк мешаванд?

  Дарёҳо - маҷрои об (обҳои ҷорӣ) мебошанд. Онҳо ҳаҷман калон ва чуқур, яъне дорои миқдори зиёди об мебошанд. Дар баробари ин дарёҳо хурд ва на он қадар чуқур, яъне камоб низ ҳастанд.

Як қисми оби дарёҳо дар натиҷаи гармии ҳаво бухор мешавад. Агар миқдори оби дарёҳое, ки қисман ба замин меравад ва қисман бухор мешавад, аз миқдори оби сарчашмаашон (аз борону ҷараёнҳои дигар) зиёд шавад, он гоҳ дарё мунтазам қобилияти ҷоришавиро гум карда хушк мешавад.

 4. Оё сангҳо афзоиш меёбанд?

  Сангҳо мавҷудоти зинда нестанд. Онҳо ҷисмҳои беҳаракат (беҷон) мебошанд. Ҷисмҳои беҳаракат афзоиш намеёбанд. Аз ин хотир, сангҳо (тавассути реза шудан, совиш хӯрдан ва ғ.) ба ҷисмҳои дигар табдил мешаванд. Масалан, сангҳои дохили кӯл ва дарёҳо шаклан лӯндаву ҳамвор мебошанд, зеро ҷараёни об онҳоро дар давоми солҳои зиёд суфта мекунад.

 5. Шиша аз чӣ тайёр карда мешавад?

  Шиша материалест, ки ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Вай вазнин ва мустаҳакам буда, ҳарчанд, бинобар хеле нозук буданаш зуд реза-реза шавад ҳам, буридани он ниҳоят душвор аст. Аммо муҳим он аст, ки шиша шаффоф аст. Ҳоло шишаро аз регмайда (қум), карбонати калсий ва оҳак тайёр мекунанд.

Ҳангоми истеҳсоли шиша ҳамаи ин маҳсулотро омехта карда, дар танӯрҳои оҳанин (печҳо) дар ҳарорати то 1400- 1500/с мепазанд. Дар ин ҳолат омехта об мешавад, яъне ба ҷисми моеъ табдил мегардад ва пас аз хушк шудан ба шиша табдил мегардад.

Ҳамадон бош!. – Душанбе: «Баҳманрӯд», 2012. - 248 саҳ.

Хондан 6143 маротиба