JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   11 ноябрро мо, ҳамкорону дӯстони Исомиддин Шарифзода дар доираи маҳдуд ҳамасола чун Рӯзи рӯшангарию фарзонагӣ таҷлил мекунем. Ин навъ санасозӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти  ватандорию меҳанпарастӣ  ва  хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд,  довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ  исми файласуф ва инсоншиноси муосири тоҷик, устод Исомиддин Шарифзода қарор дорад.

   Моҳи ноябр, воқеан, моҳи тантанаи мелоди Меҳр Собириён (8 ноябр), Ҳафиз Холиқзода (10 ноябр), Исомиддин Шарифзода (11 ноябр), Нурмуҳаммад Сафарзода (15 ноябр) ва соири шахсиятҳои матраҳ, саршинос ва барӯманди  миллӣ мебошад. Дар силсилаи афроди саршиносу матраҳи миллӣ, ки солҳои дароз дар хидмати илму фарҳанг садоқатмандона қарор доранд, дӯсти гиромии мо Меҳр Собириён ҷойгоҳи вежа дорад.  Меҳр Собириён ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ бо такя ба донишҳои замонавию таҷрибаи зиндагӣ талош варзидааст, ки воқеиёти рӯзгор ва миллатро бо чашми ақл бубинад ва доир ба мушкилоту муаммоҳои мавҷуда бар мабнои ақлу мантиқ доварӣ намояд.

Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо ходими илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ Хайём Раҳмонов дар мавзуи "Нақши тафаккури техникии ҷомеа дар рушди кишвар”. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.

Сешанбе, 01 Ноябри 2022 16:09

Мо ва рӯшангарӣ

Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо д. и. ф., Нуриддин Шаҳобиддинов дар мавзуи "Мо ва рӯшангарӣ”. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.