JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 07 Ноябри 2023 15:13

Агар тағйире дар андешаат нест…

Муаллиф: Исомуддин Шарифзода

  Воқеият ва чигунагии муносибат, рафтор ва тарзи тафакури инсонҳо ҳамеша ба навъу тарзи андешаашон бастагӣ дорад. Як фард аз замони таваллид дар доираи хонаводае ва муҳити иҷтимоие тарзи баррасӣ ва қолабҳои фикрии он ҷомеаро қабул менамояд. Худӣ ва шахсияти фард ҳам он замон ошкор мешавад ва аз худ дарак медиҳад, ки дар фикр ва андешаи худ мустақил мешавад ё ба истилоҳ соҳиби назар мегардад. Соҳиб аз будан ба он маъно нест, ки дар мавриди ҳаводис назари содаву омиёна ва ғайри илмӣ дошта бошад, балки баръакс ҳар ҳарфу ҳиҷояш бо далел, собитшаванда ва бо асоси мантиқӣ бошанд.

  Тафаккури хурофотӣ ҳамеша аз инсонҳои заминӣ инсони фарозаминӣ месозад. Он инсонро мансуб ба сифатҳое мекунад, ки аз воқеият хеле дуранд. Муқаддассозӣ аз ҳамин навъи тафаккур маншаъ мегирад ва дар дарозои таърих шахсиятҳои қутсӣ гардонида шуда, мисли тамоми одамиёнанд. Онҳо ҳеҷ бартарии вуҷудӣ аз дигар инсонҳо надоранд. Яъне ба ин маъни, ки онҳо ҳама хусусиятҳои инсонӣ ва физикии ҳар фардро доранд. Ҳеҷ фазилати аз назари сохтмони баданӣ бо инсонҳои дигарро надоранд. Вале вақте пайваста барои афрод таблиғ мешавад, ки онҳо на мисли дигарон заминианд ва дорои муъҷизот ва хусусиётеанд, ки дигарҳо чунин хусусиятро надоранд, ҳамин тавр зеҳнияти муқаддассозӣ ба миён меояд. Яъне боварҳо тафаккур ва ҳувийяти фардии  фардро ба занҷири ҳамоқати худ қуфл мекунад. Ҳеҷ инсоне наметавонад қудсӣ бошад. Ба маънии инсоне аз осмон омада, танҳо дар дарозои таърих вобаста аз боварҳояшон бахусус баргирифта аз манфиатҳои гуруҳию сиёсӣ афроди муайян ба тарзи афсонагун ниҳоят фарозаминӣ нишон дода шудаанд. Чунин амалкард баъдан дар дарозои таърих ба образҳои муқаддас табдил ёфта, наслҳои баъдии онро бидуни таҳлил ҳамчун айни воқеият қабул намудаанд.

Гоҳҳо гуруҳҳои муайяни манфиатбардор ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш он қадар сохтаву бофтаҳои тахаюлии худро бар сари образҳои офаридаашон бор намудаанд, ки онҳо аз воқеияти инсонӣ ба шахсияти афсонагуни фарозаминӣ табдил меёбад. Дар дарозои таърих ҳазорон навъи дурӯғу бофтаҳоро бар сари шахсиятҳои муайян бор карда, онро чун ҳақиқат дар мағзи мардумон ҷо додаанд, ки фард дигар қодир нест ҳақиқати худ ва муҳити атрофро дарк намояд.

Вақте фард дар ҷомеае зиндагӣ мекунад, ки ҳақиқати маъноро қурбонии мусолиҳаи тудаи хосе мекунанд, калимаҳои калидие ҳамчун инсон, ҳунар, адолат, шарофат, наҷобат ва ба ин монанд мафҳумҳоро бисёр осебпазир ва фаҳму таърифи онҳо ғайри қобили фаҳм мегардад. Такя задан дар мафҳумҳои мубҳаму норушани ин калимаҳо махсусан дар ҷомеае, ки дар он тафаккури илмию таҳқиқӣ нест, ҳеҷ самаре надорад.

Ҳар гоҳ ки аз ҳунар ба унвони як мафҳуми калидии робитаи айнии руҳи инсон ба  падидаҳои хориҷ сухан меравад, агар мухотаб соҳиби донишҳои муътабари илмӣ набошад, фаҳму идрок ва исбот аз падида ё мавзӯъ ногузир бар асоси салиқаҳои тарбиятӣ ва боварҳои иҷтимоию фарҳангӣ хоҳад буд. Чунин тарзи баррасӣ ва фаҳмиш ҳеҷ рабте ба мазмуни асосии ҳунар надорад.

Фаҳм аз ҳунар дар ҷомеаи баста ва мазҳабӣ наметавонад аз ин фаротар бошад. Дар чунин навъи ҷомеа аксаран ба падидаю равандҳо гуё ҳеҷ таъсире надоранд ва бештар ҳамчун як тамошогар баромад мекунанд. Ба ибораи дигар ҳунарро на ҳамчун як офаринандагӣ, балки  ҳамчун тамошо ё тамошогарӣ нишон медиҳанд. Ҳунар аслан ба маънавияти инсон ва моҳияти инсон ҳамбаста аст. Ҳунар ва офаринандагӣ бо шуури инсон ҳамбаста аст ва он наметавонад берун аз шуур ё фарошуур вуҷуд дошта бошад. Ҳар касе ки ҳувийяти инсониаш танҳо бо боварҳояш рабт дорад, чи гуна метавонад фарди навгаро ва суннатшикан бошад. Ин ба он маънист, ки ҳунар ва ҳунарманд касе аст, ки дар баробари чизҳои мавҷудаи маъмулӣ чизи наву беҳтареро ба миён меоварад, ки он метавонад мушкили инсонҳоро соддатар кунад ва зиндагии онҳоро бо саодат намояд. Ҳунарманде, ки маълумот ва бинишу шинохти илмӣ надорад, қодир нахоҳад буд, маънавиёти ҳақиқии худ ва падидаҳои атрофро фаҳм кунад. Ҳунари чунин ҳунарманд бисёр сатҳӣ авомписанд ва омиёна хоҳад буд.

Ҳар касе дар баробари ҳар навъи воқеият бахше аз ҳақиқатҳоро мебинад ё ба баёни дақиқтар он бахши аз ҳақиқатҳоеро, ки маъное барои ӯ дорад, мебинад ва интихоб мекунад. Дидан танҳо нигоҳ кардан нест, балки фаҳмидан низ ҳаст. Фард бар асари таъсири печидаи ҳолатҳост, ки он бахше аз воқеиятҳоро маъно медиҳад ё онҳоро интихоб мекунад. Ин ҷо низ пеш аз ҳама бармегардад ба тақвияти шинохт ва ҳувийяти фард. Зеро стреотипҳои (қолабҳои) тарзи андешаву тафаккур маҳз бар чигунагии қабули ашёву падидаҳо нигаронида мешаванд. Фарзи мисол агар қолаби фикрии фард бовармандона бошад, вай дар оддитарин падида як муъҷиза ва як нерӯи фарозаминиро мебинад. Вале вақте як зистшинос дарахт ё рустаниеро мавриди омӯзиш қарор диҳад, он ҳатман бо усулу методҳои илмии ин самт онҳоро мавриди омӯзиш ва маънобахшидан қарор медиҳад.

Мо инсонҳо бештар ба он чизе таваҷҷуҳ мекунем, ки ба муҳтавои ҳувийятиямон созгор бошад. Ин як механизми одӣ, сода ва комилан шинохташудаи идрок аст. Афроде, ки  дарк, фаҳм ва андешаи таҳлилӣ доранд ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳанд, то фаҳмиши ҳақиқати худ ва муҳити атрофро пайваста мавриди мутолеа қарор диҳанд. Яъне ин ба он маънист, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба донистани ҷузъ кифоят намекунанд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва навшавии андешаи худ кушиш ба харҷ медиҳанд. Баръакс инсонҳое ки тарбиятёфтаи қолабҳои бовармандианд, аз ҷустуҷугарӣ парҳез меварзанд, тарс доранд қолабҳои тарбиятиашон шикаста нашаванд. Онҳо ҳамон як ақида ё фаҳмро ҳамчун воқеияти бебаҳси тағйирнопазир қабул менамоянд. Ин ҷо бояд як ҳолатро зикр кард, ки ҷаҳон ҳамеша дар ҳоли таҳаввулу дигаршавӣ аст. Андеша ва шинохти инсонҳо ҳам бояд ҳамеша дар ҳоли таҳаввул ва нав шудан қарор бигирад. Вақте шинохту андеша ба догма табдил меёбад, он дигар наметавонад моҳияти созандагиашро барои инсон анҷом диҳад. Баръакс ба омили боздорандаи инсон ва ҷомеаи инсонӣ табдил меёбад. Бояд инсонҳо ҳам ҳамеша дар шинохту баррасии худу ҷаҳон дар ҳоли нав шудани андеша бошанд. Мутаассифона, умдатарин нуқси асосии инсонҳо дар бахши ҳувийятии онҳо аст, ки на аз таҳаввули ҷаҳон огоҳии чандоне доранд ва на андешаи худро ба тарзи пайваста нав месозанд.

Иддае аз инсонҳо ончунон боварҳои худро айни воқеият қабул намуда, ба он чанг задаанд, ки гӯё то абадият ҳамон чизе ки онҳо медонанд, ҳақиқати маҳз аст ва ғайр аз он дар олам назару андешаи дигар вуҷуд надорад.

Инсоне ки қодир аст, боварҳои худашро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад, ӯ инсони вораста аст. Вақте инсон тавонист боварҳояшро таҳлилу баррасӣ намуд, он ҳатман ба тафаккуру андешаи илмии падидаю ҳодисаҳо даст меёбад. Ҳар қадар фаҳму дарки айниву воқеии инсонҳо боло равад, ҳамон андоза андешаҳои нав дар чунин зеҳният русух мекунанд. Аз чунин фард ҳамеша андешаи нав ва дарки наве аз ҷаҳон ба вуҷуд меояд. Аслан инсонҳое, ки кашфиёте анҷом медиҳанд, маҳз нафаронеанд, ки ҳамеша навгиро будаанд. Баръакс вақте фаҳми инсонҳо дар қолабҳои бовар маҳдуд мешавад, дигар нерӯҳои мағзии инсон фаъол намешаванд ва ӯ дар як маҳдудаи фикрӣ боқӣ мемонад. Агар ба таҳқиқ нигарем инсонҳо фаҳмро маҳдуд ба он месозанд, то худро роҳат эҳсос кунанд ва аз тариқи арзишҳои содда ва бозмонда аз гузаштагон худро дар партави онҳо ҳифз кунанд. Дар чунин шароит дигар ҷойе барои нав шудани андеша боқӣ намемонад. Аксаран тарс аз он доранд, ки агар қолабҳои бовармандиро аз даст дтҳанд ҳама чиз аз онҳо меравад. Аммо аслан ин як фиреби назар аст, зеро инсон бо расидан ба марҳилае, ки бовару руъёҳои худро мавриди бознигарӣ ва таҳлилу баррасӣ қарор мегдиҳад, ӯ ба марҳилаи дигаре аз рушду такомили худ ворид мегардад, ки диди наверо дар сатҳи шинохт аз худу ҷаҳон ба миён меорад.  Ба гуфтаи Мавлоно:

Ҳар замон нав мешавад дунё ва мо,

Бехабар аз нав шудан андар бақо.

Ин ба он маъниест, ки то замоне одамҳо бахше аз андеша ва иктисоботе, ки ба дардашон намехурад, онҳоро канор намеандозанд ва бо диди наву беҳтаре ба ҳастиву ҷаҳон назар намеафкананд, пешрафте дар зиндагиву ҷомеаашон ба вуҷуд намеояд.  Моро ҳоло зарур аст, ки бештар руйи ҳақиқатҳое такя кунем, ки онҳо ба дарди инсоният мехӯранд ва мушкилоти зиндагияшро саҳлу содда мекунанд. Он даста аз фаҳму ақоидеро, ки бар замони гузашта марбутанду дигар наметавонанд ҷойгоҳе барои ҳалли мушкили инсонӣ дошта бошанд, бояд ба фаромушӣ супурда шаванд. Зеро мусаллам аст, ки ҳар миллате, ки ба навгироии ақидаву дониш майл дорад, он миллати офаринанда ва соҳибтамаддун аст. Ҳар қадар афроди миллат навгиро, офаринанда, пӯё ва донишманд бошанд, ҳамон қадар ҷомеа пешрафт мекунад ва кашфиётҳои наву тоза ба миён меояд. Ин ҷо бояд меъёри асосӣ дар анъанаву навоварӣ сатҳу сифати зиндагии инсонӣ бошад. Яъне ҳар андеша тафаккур ва ё ақидае, ки ба дарди инсонҳо мехӯрад, он дорои арзиш ва қобили идомат аст. Баръакс  ҳар фикр, ақида ё андешае, ки барои пешрафти ҷомеаи инсонӣ монеа эҷод мекунад, он дигар қобили идомат нест ва бояд амалкард дар доираи он мансуху ғайри қобили истифода бошад.

Агар тағйире андар решаат нест,

Ба ҷавлони наве ҳам бешаат нест.

Либоси нав дигар кардат ба зоҳир,

Навӣ афсӯс дар андешаат нест!

Исомуддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 1103 маротиба