JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 18 Сентябри 2018 09:08

Эътирози иҷтимоӣ дар андешаҳои Миробид Сайидои Насафӣ

Муаллиф:

Аз адам ҷисми харобу ранги зард овардаам,

Туҳфае имрӯз бар аҳли дард овардаам.

  Вазифаи адабиёт дар ҳар давру замон ифода намудани рӯҳи замон буд. Бо воситаи адабиёт норозигӣ аз синфи ҳукмрон ва зулми замона ифода мегардид. Нақши адабиёт дар ҷомеа хело ҳам бузург аст. Мафҳуми «адабиёт» ва «ҷомеа» ба ҳамдигар алоқаманданд ва дар луғатнома ва фарҳангҳо ба таври гуногун мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Мафҳуми «ҷомеа» ҳамчун фаъолияти якҷояи мақсаднок ва боақлонаи гурӯҳҳои одамон мебошад, ки дар асоси манфиатҳои якҷоя муттаҳид гардидаанд. «Адабиёт» бошад, ин асари хаттиест, ки ҳам арзиши иҷтимоӣ ва ҳам маърифатӣ дорад. Аз ин рӯ, адабиёт манбаи асосии арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ буда, воситаест, ки инсон тавассути он ҷаҳон ва олами гирду атрофро дарк менамояд, «хуб»-ро аз «бад» фарқ мекунад. Инчунин адабиёт сарчашмаи бузург барои таълиму тарбияи инсон низ мебошад.

   Дар баробари ин адабиёт дар ҳар давру замон бо рӯҳи замон як буд, моҳияти ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии замонро дар худ ифода менамуд ва асарҳои эҷодӣ ба аҳли ҷомеа пешниҳод менамуд. Маҳз боа воситаи адабиёт авзои иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа норасиҳо ва камбудиҳои он тасвир мегардид. Яке аз шоироне, ки бевосита дар эҷодиёти он вазъи замонааш ба таври воқеӣ инъикос ёфтааст, Миробид Сайидои Насафӣ мебошад. Сайидои Насафӣ намояндаи асри 17 тоҷик мебошад. Муҳаққиқони таърихи адабиёт давраи барқароршавӣ ва рушди адабиёти тоҷикро то Инқилоби Октябр ба ду давра ҷудо менамоянд.

 «Адабиёти классикии асрҳои IX—XV дар раванди умумияти инкишофи таърихии халқҳои форсу тоҷик як буд ва аз ин рӯ, феълан онро ҳамчун адабиёти форсу тоҷик меноманд. Давраи аввали инкишофи адабиёти тоҷик асрҳои IX—XV мебошад, ки он дорои як анъанаи адабӣ буд. Вале аз асри XVI сар карда халқҳои форсизабон аз лиҳози сиёсӣ ва динӣ аз ҳам ҷудо карда шуданд ва минбаъд он ҳамчун номи «адабиёти тоҷик»-ро дар худ гирифт»[1].

  Ҳамин тариқ, аз асри XVI сар карда адабиёти тоҷик ба таври ба худ хос рушд намудааст. Албатта, чуноне қайд гардид адабиёт низ ифодагари замон аст. Давраи зиндагии Сайидои Насафӣ давраи нооромиҳо ва ҷангу ихтилофҳои байни хонҳои Аштархонӣ (16011756), буд.[2] Ҷуноне академик Бобоҷон Ғафуров қайд менамояд:

  «Дар замони Абдулазизхон, ба қавли шоири ҳамзамони ӯ Сайидои Насафӣ, шӯриши калоне дар деҳаи Даҳбеди Самарқанд рӯй дод. Шиддат ва вусъати ин ҷунбиши халқӣ ба дараҷае буд, ки худи Абдулазиз бо лашкари зиёде омада, шӯришро фурӯ нишонд ва Даҳбедро оташ дода, ба хок яксон намуд. Дар давраи ҳукмронии Субҳонқулихон ва ворисони ӯ ҳам муттасил шӯришҳои халқӣ ба амал меомаданд. Гоҳо аз ин ҷунбишҳои халқӣ феодалони ҷудогона барои расидан ба мақсадҳои шахсии худ истифода менамуданд»[3.773].

  Аз ин рӯ, рӯҳи замон ба адабиёт таъсири беандоза дошта дар осори адибон инъикос мегардид. Ашъори Миробид Сайидои Насафӣ саршор аз андешаҳои иҷтимоӣ ва эътироз ба синфи ҳукмрон аст. Яке аз вижагиҳои ашъори Сайидои Насафӣ низ дар ҳамин аст, ки дар он рӯҳи замон ифода ёфтааст:

«Дар сурате, ки адабиёти дарборӣ ва расмии тасаввуфӣ ҳолати таназзулро аз сар мегузаронид, дар доираҳои ғайрирасмӣ, махсусан дар байни пешаварони шаҳр назми рӯҳан ба муҳити халқ наздик тараққӣ карда, мисли Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Муллообиди Мумтоз ва, хусусан, Миробид Сайидои Насафӣ шоирони забардаст ба камол расиданд, ки маҳсули адабии онон бештар ба ҳаёти табақаҳои истеҳсолкунандаи мамлакат алоқаманд буд»[3.780].

 Дар раванди таҳқиқи ашъори Сайидои Насафӣ маълум мегардад, ки шоир ҷомеаи худро бакуллӣ омӯхта ва яке аз шахсиятҳои пешқадами замони худ будааст. Ӯ тавонист, ки бо фикру андешаи заковатмандонаи худ ҷомеаи хешро, ки воқеан, аз табақаҳо ё қишрҳои алоҳидаи иҷтимоӣ иборатанд таҷзия намояд. Аз рӯи тақсимоти ӯ, ба мардумони зулму ситампеша, ки вазъи иқтисодии аҳли ҷомеаро боз ҳам вазнинтар мекунанд, табақаи ҳукмрон дохил мешаванд, ки онҳо аз ҳокимон, амалдорон, арбобон ва дигар табақаҳои ҳукмрон таркиб ёфтаанд. Бино ба андешаи Сайидои Насафӣ, аз ин табақа хубӣ ва эҳсон набояд интизор буд ва аз онҳо дурӣ афзалтар аст:

                Қадам аз кӯчаи арбоби давлат кӯтаҳ авлотар,

                 Ки аз ҳар нақши пои ман барояд чашмаи хуне. [5.32]

    Дигар табақаи поёнӣ аст, ки тарафдорони адолати иҷтимоианд ва ҳамеша мавриди зулму ситами ашрофону амалдорон қарор мегиранд. Дар ин радиф Сайидои Насафӣ тарафдори ҳамин табақа аст, ки мегӯяд:

                Ҳар куҷо афтодае бинам ба сар ҷо медиҳам,

                Хори ин саҳро гули рӯи сабад бошад маро.[5.56]

   Вақте ки ҷомеа дар ҳолати ногувору харобӣ қарор дорад, дар ҳоле, ки ҷангу хунрезиҳо оид ба тақсим намудани минтақаҳо давом дорад, хуни бегуноҳи ҳазорон мардуми бенаво рехта мешавад. Дар ин ҳолат тамоми чеҳраҳо гирифтаанд, гӯё тоби Хуршед дигар гармӣ намедиҳаду ҷаҳон торик гаштааст:

                Фалак ба қомати пири хамида мемонад,

                Ҷаҳон ба деҳаи тороҷдида мемонад…

                Зи баски аҳли ҷаҳон хуни якдигар хӯрданд,

                Сари сипеҳр ба нори макида мемонад.

    Аз ин ҷангу хунрезиҳо ҳоли халқ табоҳ гардида, мардумон бе хонаву дар гашта буданд. Агар чунин ҳолат давом кунад, пас беҳбудию осудагиро интизор будан хатост:

          Дар талоши салтанат афтодаанд аз пой халк,

             Тоҷ агар ин аст, олам сарнагун хохад шудан.

  Яке аз ҷанбаҳои муҳими осори Сайидои Насафӣ аз он иборат аст, ки он ифодакунанда ва дарбаргирандаи масъалаҳои иҷтимоии замон мебошад. Пеш аз ҳама, дар он вазъи ногувори табақаи поён ва дар ҳолати зиддият ва беҳуқуқӣ қарор доштани он мебошад. Ӯ, ки ҳунарманд буд, қадру манзалати ҳунармандонро хуб дарк менамуд. Ҳамин тариқ аҳволи вазнини ҳунармандони замони худро ба риштаи назм кашида, мегӯяд:

Дар баҳор аз фоқа ранги заъфарон бошад маро,

Пораҳо бар дӯш аз барги хазон бошад маро.

Баҳри рузӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,

Хона хамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.

Гаштаам аз фоқа ҳамчун тири бепар гӯшагир,

Хонаҳои хушку холӣ чун камон бошад маро.

Чун фалак аз меҳру маҳ бар суфра дорам нони қоқ,

Рӯзу шаб шармандагӣ аз обу нон бошад маро.

  Ё дар ҷои дигар мегӯяд, бо вуҷуди вазъи ногувори ҳунармандон, каримону саховатпешагон низ даст аз эҳсону саховат баркашидаанд, раҳму шафқат намонда ва мардумон бенаво гаштаанд:

Канъон супурд Юсуфи худро ба дасти гург,

Дигар муҳаббати писарӣ бар падар намонд.

Лабрез шуд зи ҷӯши гадо кӯчаҳои шаҳр,

Чандон, бар насим талоши гузар намонд[5.275].

  Сайидо бо тафаккури пешқадамонаи вазъи ҷомеаи худро хуб дарк менамуд ва яқин медонист, ки бунёди зулм дер боқӣ намемонад. Золимон, ки бар раият ҷафо пеша медоранд, зуд бошад, ки сарнагун хоҳанд гардид. Дар ғазали зерин ҳам мавзӯи ишқӣ ва ҳам иҷтимоӣ инъикос гардида бошад ҳам, лекин даъват ба некӯкорӣ омадааст:    

                   Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад,

                   Теғи бедоди ту аз дасти аҷал об хӯрад.

                   Аз ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ

                    В-арна Рустам зи чӣ боис сари Суҳроб хӯрад.

                   Қатраи май сари Мансур баровард ба дор,

                   Войи он кас, ки ҳама умр майи ноб хӯрад.

                   Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу бахр,

                    Зуд бошад, ки сари хеш чу гирбод хӯрад.

                   Сайидо, печиши он зулф ба он рух зи чй руст,

                   Мӯи бар шуълаи оташ чу фитад, тоб хӯрад[5.257].

   Ҳамин тариқ, дар эҷодиёти Сайидо дарди замона, мушкилоти он ба таври куллӣ инъикос гардидааст. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамватанонашро барои зиндагии созанда талош намудан ва навмед нашудан ҳидоят мекунад. Сайидо бо як азми хосса баён менамояд, ки дар як ҷой нишастан ва мунтазир будан ва ҷафо кашидан нашояд. Бояд инсон ҷаҳду кӯшиш намояд, то зиндагии худро дигар созад:

                      Ҳосил нашуд зи гӯшанишинӣ муроди ман,

                      Худро зи хона бар сари бозор мекашам.

 АДАБИЁТ

  1. Адабиёти тоҷик. https://ru.wikipedia.org/wiki
  2. Аштарханиды.Википедия. https://ru.wikipedia.org/.
  3. Ғафуров Б.Ғ.Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав - Душанбе: Дониш, 2008.
  4. Мирзоев А. Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик. Сталиноюод. 1947.С.16.
  5. Миробид Сайидои Насафӣ. Асарҳои мунтахаб. Душанбе. «Ирфон». 1977.

                   

Нусратулло ЗОКИРОВ,
котиби илмии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои фалсафа

Хондан 408 маротиба