JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 12 Июни 2018 05:02

Фарқияти илму хурофот

Муаллиф:

  Фарқияти илму хурофот яке аз масъалаҳои муҳими методологияи илмӣ буда, талаб менамояд, ки ҳар як шахси равшанфикр ва муосир бояд аз ин фарқият огоҳ бошад. Саволе пайдо мегардад, ки оё ҳақиқати илмӣ бо хурофот робита дорад ва ҷӯёи ҳақиқат ва хушбахтии инсон кадом аст? Вобаста ба ин ва вазъи нигаркунандаи ҷомеаи мо дар мақолаи мазкур ба таври систематикӣ фарқияти илму хурофот нишон дода шудааст.

  Илм маҷмӯи донишҳоест, ки дар натиҷаи омӯзиши систематикӣ ва мантиқӣ ба даст омадаанд ва дар шароити воқеӣ таҷрибашаванда ҳастанд. Мушоҳида ва таҷриба, ҳам дар илмҳои табиатшиносӣ ва ҳам дар илмҳои ҷамъиятӣ усулҳои муҳимтарини тадқиқот мебошанд. Донишҳои илмӣ дар ҳама давру замон бароварандаи мушкилоти инсониятанд ва яке аз ҳадаф ва мазмуни асосии маърифати илмӣ низ дар он аст, ки бояд олам дуруст маърифат шавад ва мувофиқан, ин донишҳо ба манфиати инсон барои пешбурди сатҳи зиндагии он сарф шаванд.

  Дар пешрафт ва инкишофи сатҳи донишҳои илмии инсоният монеаҳои гуногун вуҷуд доранд, ки яке аз он монеаҳои асосӣ хурофот аст. Чунки қабули воқеияти илмӣ ба шахси боварҳои ирратсионалидошта ва анҷоми корҳои ғайримантиқӣ дастдода душвор ва ногузир аст. Хурофот ин «муътақидод, боварҳо ё анҷоми корҳоест, ки ҳеҷ решаи ақлонӣ надоранд»[1] ва ин гуна муътақидод фарогири маҷмӯи ахбор, ақоид, андешаҳо ва одату амалҳои ғайриилмӣ ва хилофи мантиқ ҳастанд.  Хурофот маҷмӯи боварҳои ирратсиоаналӣ аст, ки аз ҷаҳонбинии диниву шахсӣ ва фарҳангҳо маншаъ мегирад.

  Дар маърифати илмӣ исбот, тасдиқ ва нигаристан бо шубҳа вуҷуд дорад. Мушоҳида, қонун ва назария ҷузъҳои асосии илманд. Аммо хурофот бар пояи бовару эътиқод аст, ки бидуни таҳлил ва тафаккур қабул шудаанд ва аз ҷиҳати равонӣ инсонро дар раванди сарукор гирифтан бо табиат оҷиз менамояд. 

  Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо мушкилиро на ба воситаи донишҳои таҷрибашуда ва бо тадқиқи системанок ва мантиқӣ бадастомада  ҳал менамоянд, балки аз донишҳои ғайриилмӣ ва хилофи мантиқ, ки аз ҷаҳонбинии диниву шахсии бархе нафарони тангназару манфиатдор маншаъ мегиранд, истифода мебаранд. Бояд ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ фарогири тамоми қишрҳои ҷомеа гардад, то ки қудсият бахшидан ба боварҳо ва амалҳои бемантиқ заиф гардад. 

  Хурофот ягон исбот надошта, мутаассифона ҳанӯз ҳам дар қолаби боварҳои динӣ ва шахсӣ ғолиб аст, ки аз паст будани сатҳи донишу маърифат ва поён будани арзиши илму олим дар ҷомеа далолат медиҳад. Он аз тарс ва надонистани маълумоти дуруст оиди олам ва равандҳо ба вуҷуд омада, ҳамеша маҳак ва сабабро аз қувваҳои фавқуттабиӣ мебинад.

  Илм бар асоси тадқиқ созмон ёфтааст ва ба омӯзиши предмети хос равона карда шудааст. Он ба таври васеъ ба ду навъ ҷудо карда шудааст: «назариявӣ ва амалӣ». Бархе[2] мепиндоранд, ки хурофот низ як қисми назариявии илм аст. Лек хурофот ба ягон талаботҳои методологияи донишҳои илмӣ ҷавобгӯ нест.   

  Дар ҷадвали зер хосиятҳои асосии фарқи илму хурофот нишон дода шудааст.

 

 

Хурофот

Илм

 

 

Таъинот

Боварҳо мавҳум ва ғайримантиқӣ аст. Аз эътиқот сарчашма гирифта, бе истидлол ба миён меояд ва хусусияти нақлӣ дорад.

Илм шохаи асосии дониш, ба хусус дониши таҷрибавӣ аст. Илм дар асоси тадқиқоти системанок ва мантиқӣ ба вуҷуд меояд. 

Исбот

вуҷуд надорад

ҷавҳари асосӣ

Намуд

динӣ ва шахсӣ

бунёдӣ ё татбиқӣ

 

 

Мисоли шарҳи ҳаводис

 

Дар Чини қадим бовар доштанд, ки гирифти Офтоб он вақт рух медиҳад, ки агар аждаҳо Офтобро фурӯ барад

Гирифти офтоб ҳамон вақт рух медиҳад, ки агар Моҳтоб, Офтоб ва Замин дар як хат хобанд ва мувофиқан Моҳтоб дар мобайни Замин ва Офтоб ҷойгир шавад. Дар ин ҳолат Моҳтоб пеши нурҳои Офтобро мегирад ва дар Замин сояи Моҳтоб пайдо мегардад 

 

Мувофиқи таълимоти динӣ заминларза дар ҳамон вақт ба вуҷуд меояд, ки агар дар Замин сатҳи гуноҳкорӣ ва амалҳои бад зиёд гарданд

Сабаби асосии ба вуҷуд омадани заминларза кувваҳои тектоникӣ (ҳаракатҳои тектоникӣ ва ғ.) ва геологӣ (бархӯрди қишрҳо ва ғ.) мебошанд.

Донишҳо мушаххас мегарданд ба воситаи

Фарзияҳо бар асоси боварҳо ва амалҳои ғайримантиқӣ ё ирратсионалӣ

 

таҷриба ва тадқиқи системанок ва мантиқӣ

 

Элементҳо

Боварҳои мавҳум, амалҳои беасос ва робитаи байни онҳо

Мушоҳидаҳо, қонун ва назарияҳои асоснок

 

Вуҷуд омадан

Аз нодида гирифтан ва нотавон будан дар шарҳи равандҳо

Кунҷковӣ барои пайдо кардани сабаб бо мақсади маърифати олам

Вуҷуд овардан

Эҳсоси тарс ва ҳолат барои маҳв гардонидани қобилияти эҷодкорӣ

 

Эҷодкорӣ ва боақлона кор гирифтан бо табиат

Хусусияти донишҳо

Схоластикӣ ва нақлӣ

Динамикӣ

 

Натиҷа

 

Нотавон мондан дар маърифати аслии олам

Тавоно будан дар дуруст маърифат намудани олам ва истифода бурдани донишҳо ба манфиати инсоният

 

  Масъалаи асосӣ ва доғи рӯз ин баланд гардидани сатҳи хурофотпарастӣ ва натиҷаи асосии он таассуби мазҳабӣ аст. Бояд роҳҳои устувор ва босамар барои паст намудани сатҳи хурофа ва тарғиб намудани ҷаҳонбинии илмӣ вобаста аз вазъиятҳои фазои идеологӣ ва вазъияти фарҳангӣ пешниҳод карда шаванд. Дар мақолаи Исомиддин Шарифзода,[3] омилҳои иҷтимоии рушди хурофа ва роҳҳои ҳалли паст намудани сатҳи хурофа нишон дода шудаантд. Ба қатори омилҳои рушди хурофа ва паст намудани сатҳи он, ки дар мақолаи мазкур дарҷ гардидаанд, ин ҷо ду нуктаи дигарро низ илова бояд кард:

1. Тарғиб намудани бовару амалҳои бемантиқ аз тарафи шахсони махсус ба хотири ба даст овардани фоидаи молӣ гарм намудани бозори худ. Омили мазкур дар ҷомеаи мо ҷой дошта, яке аз бозорҳои фаъоли даромаднок ба ҳисоб меравад. Аксарияти таблиғгарони амалҳои хурофавӣ огоҳ ҳастанд, ки корҳои анҷомдодаи онҳо бар хилофи ҳақиқат ва мантиқ аст, лек барои гарм намудани бозори худ онро давом медиҳанд.

2. Таъсис намудани шабакаҳои телевизонии илмӣ (физикӣ, тиббӣ, фалсафӣ ва ғ.) бо мақсади тарғиб намудани ҷаҳонбинии илмӣ ва расонидани маълумотҳои дуруст оиди олами иҳотанамуда ва равандҳои иҷтимоӣ.

Дарки воқеии олам, ҳалли мушкилот ба воситаи донишҳои таҷрибашудаву мантиқӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ ягона омилест, ки барои устувор гардидани идеологияи миллӣ мусоидат менамояд. Хурофотпарастӣ ва таассубгароӣ дар ҷомеа дар устувор гардидани идеологияи миллӣ халал ворид менамоянд ва ин вазъият нигаронкунанда аст. Пас зарур аст, ки дар меҳвари идеология ва арзишҳои миллӣ давр зада, сатҳи хурофотпарастӣ ва бегонапарастиро дар ҷомеа паст намоем, то ки пирӯз гардидани ҷаҳонбинии илмӣ ва паст намудани зуҳуроти бегонапарастӣ даст диҳад.

 

[1] Исомиддин Ш. Чаро хурофотзадаем? Илм ва љомеа, №1-2, с.2015-2016. -С.131-135.

[2] https://oi.uchicago.edu/research/symposia/science-and-superstition-interpretation-signs-ancient-world

[3] Исомиддин Ш. Чаро хурофотзадаем? Илм ва љомеа, №1-2, с.2015-2016. -С.131-135.

Хондан 210 маротиба