JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Марти 2019 04:39

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сохтори иҷроияи он

Муаллиф:

 Бо ба имзо расонидани  Созишнома оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фазои пасошӯравӣ аз ҷониби роҳбарияти се кишвар (ҶШФР, Украина,  Белорус) аз 8 декабри соли 1991 ба дигаргунсозиҳои демократӣ асос гузошта шуд.

Созишнома,  ки  аз муқаддима ва 14 модда иборат буд, бо моҳияти аслии худ ба таври куллӣ тақдири ИҶШС-ро ҳал намуд.[1]

Тибқи моддаи 2-и ҳамин Созишнома, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравӣ Сотсиалистӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳаққонияти геополитикӣ мавҷудияти худро ба итмом расонид.

Аммо роҳбарияти се кишвар, бо назардошти умумияти халқиятҳои сермиллати  мамлакати абарқудрат ва ҳаракатҳои бархе аз кишварҳо барои дигаргунсозиҳои демократӣ дар доираи ҳамин Созишнома тасмим гирифтанд, ки:

- муносибатҳои худро дар асоси эҳтироми ҳамдигар ва эътирофи дастовардҳои мустақилияти давлатӣ ба роҳ монанд;

- ба шаҳрвандони худ новобаста аз миллат ва дигар фарқиятҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои баробарро кафолат диҳанд;

- ба шаҳрвандони дигар кишварҳо, ҳамчунин ба нафарони бешаҳрвандӣ, ки дар ҳудуди маҳалли онҳо зиндагӣ менамоянд, новобаста аз миллаташон ва мансубияти диниашон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ  кафолат диҳанд;

- ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва манфиатбахши халқу давлатҳои худро дар самтҳои сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, маориф, тиб, ҳифзи муҳити зист, илм, тиҷорат ва соҳаҳои гуманитарӣ тараққӣ диҳанд;

- ба табодули васеъи иттилоотӣ, риояи софдилона ва ҳатмии уҳдадориҳои тарафайн мусоидат  намоянд;

- якпорчагии ҳудуди якдигар ва дахолатнопазирии сарҳадотро эътироф ва эҳтиром намоянд;

- кӯшишҳои якдигарро барои расидан ба мақоми минтақаи бе яроқи ҳастаӣ ва кишвари бетараф эҳтиром намоянд;

- фазои  умумии  ҳарбӣ - стратегиро  бо назардошти  якканазоратии яроқи ҳастаӣ нигоҳ дошта,  ҳифз намоянд;

- шартҳои ҷобаҷокунӣ ва фаъолияти қувваҳои ҳарбӣ - стратегиро кафолат диҳанд;

- фаъолияти  самтҳои сиёсати хориҷиро ҳамоҳанг намоянд;

- ҳамкориҳоро дар самти сиёсати гумрукӣ, нақлиёт ва алоқа, ҳифзи муҳити зист,  масъалаҳои  муҳоҷират ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилро ба роҳ монанд;

- кӯшишҳои худро оид ба ҳадди ақал расонидан ва бартараф намудани оқибатҳои садамаи  Чернобил ҳамоҳанг созанд;

- баҳс ва ихтилофоти ба миён омадаро дар доираи гуфтушуниди роҳбарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони давлатҳо ҳаллу фасл намоянд;

- ҳуқуқи худмуайянкуниро дастгирӣ намоянд;

- принсипи баробарҳуқуқӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилиро риоя намоянд;

- услубҳои зӯроварӣ, фишори иқтисодӣ ва дигар намуди онро истисно намоянд;

- принсипҳои Оинномаи СММ, Санади Хелсинки ва дигар созишномаҳои ҳамкориҳо дар Аврупоро риоя намоянд;[2]

Муҳимияти ин Созишнома дар он аст, ки дар он ихтиёран ҳамроҳшавии давлатҳо-аъзоёни собиқ  ИҶШС, ки принсип ва мақсадҳои ҳамин Созишномаро мепазирад, пешбинӣ шуда буд.

9 декабри соли 1991 баъд аз интишори санади имзошуда, роҳбарияти ҳизбҳои коммунистии аксари ҷумҳуриҳо аз қабули чунин созишнома дар ҳайрат афтода буданд ва намедонистанд, ки дар асл чӣ ҳодиса рух дод ва дар оянда чӣ гуна рафтор кунанд ва ба куҷо арз намоянд.

Бе нифоқу ҷангу хунрезӣ ба даст овардани мустақилият ба манфиати ҳамаи ҷумҳуриҳо, махсусан ба манфиати роҳбарияти Украина  ва қисман ба  роҳбарияти Белорус буд, ки чунин иқдомро онҳо ҳамчун доди Худованд қабул намуданд.

Агар чунин сурат гирифтани равиши кор,   бархе аз кишварҳоро  руҳбаланд намуда  бошад ҳам,  вале аксари ҷумҳуриҳо, ки иқтисодиёташон аз  иқтисодиёти  кишварҳои  славянӣ вобастагӣ дошт,  ба ногаҳон аз байн рафтани ИҶШС майл надоштанд.

Гап сари он аст, ки ҷумҳуриҳои Иттифоқро зиёда аз ним аср сохтори ягонаи иқтисодӣ,  комплекси ягонаи мудофиавӣ, таъмини бехатарии сарҳадот, сохтори ягонаи нақлиётӣ, алоқавӣ, илм  ва идораи мутамаркази иқтисодӣ мепайваст.

Новобаста аз мухолифати баъзе аз кишварҳо оид ба  азбайнравии ИҶШС 10 декабри соли 1991 Шӯрои Олии Белорус ва Шӯрои Олии Украина ва 12 декабри соли 1991 Шӯрои Олии Федератсияи Русия  дар сессияҳои ғайринавбатиашон Созишномаи ташкили Иттиҳоди давлатҳои мустақилро, ки 8 декабри соли 1991 ба имзо расида буд,  тасдиқ намуданд ва  ба ҷомеаи байналмилалӣ оид ба ташкили он эълон намуданд.

Аммо, ин вазъият баръало аз канда шудани алоқаҳои иқтисодӣ ва банақшагирии  мутамарказонида далолат медод.

Воқеияти аз байнравии ИҶШС роҳбарияти собиқ ҷумҳуриҳои пасошӯравиро маҷбур месохт, ки мустақилона ба муайян намудани сиёсати дохилӣ ва иқтисодиёти хориҷии кишварашон машғул шаванд.

Қабули қарорҳо бе омилҳои асосноккунии иқтисодӣ ва вобастакунии корхонаҳои саноатӣ ба захираҳои энергетикӣ ва ашёи хом, ба бозисти даҳҳо ҳазор корхонаҳои саноатӣ ва афзудани бекорӣ оварда расонид.

Пастшавии қурби рубл, набудани асъори миллӣ ва захираҳои тилло дар ҷумҳуриҳои навташкил ба кандашавии алоқаҳои иқтисодӣ оварда расонд.

Бо мақсади пешгирӣ аз чунин раванди вазъият, роҳбарони давлатҳои навташкил оид ба фавран барқарор намудани алоқаҳои иқтисодӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мувофиқа омаданд.

Қабули қарор  оид ба  таъҷилан барқарор намудани робитаҳои иқтисодии қаблан фаъоли фазои пасошӯравӣ,  дар он вақт бисёр иқдоми оқилонаи роҳбарони кишварҳои аъзои ИДМ арзёбӣ мешуд.

13 декабри соли 1991 вазъияти ба амаломада, роҳбарони панҷ ҷумҳуриҳои Осиёимиёнагиро водор сохт, ки таъҷилан дар Ашқобод ҷамъ шаванд.

Пас аз баррасии дарозмуддати ҳолатҳои ба амаломада, роҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба хулосаи якдилона омаданд, ки ба ҳайати ИДМ ҳамчун муассис дохил шаванд.

Бо мақсади қабул намудани қарори ниҳоӣ роҳбарони 11 ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ - Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва  Украина бо даъвати  Н.А.Назарбоев 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алма-ато ҷамъ шуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиши мазкур Эъломияи муштаракро қабул намуданд, ки дар он мақсад ва принсипҳои асосии ИДМ инъикос меёфт.

Дар ҳуҷҷати мазкур дастуруламале  ҷой дода шудааст, ки тибқи он ҳамкориҳои аъзоён дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ, тавассути мақомоти ҳамоҳангсозе, ки дар заминаи ҳампоягӣ бунёд карда мешавад ва он мувофиқи созишномаҳои байни аъзоёни Иттиҳод  на давлат ва на зертобеи давлат   ҳисоб мешавад.

Иштирокчиёни ҳамоиши Алма-ато, бо мақсади ҳифзи сохтори ҳарбӣ, ки дар давоми  солҳои шӯравӣ  ба шакли муайян даромада буд, ба қароре омаданд, ки фармондеҳии умумии қувваҳои ҳарбӣ-стратегиро нигоҳ доранд ва назорати ягонаи яроқи ҳастаиро ба Федератсияи Русия вогузоранд.[3]

 

Баъд аз қабули санадҳои расмӣ  давлатҳо-иштирокчиёни ҳамоиши Алма-ато ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба масоили зерин иттилоъ доданд:

  • расидан ба мақоми кишварҳои бе яроқи ҳастаӣ;
  • шомил шудан ба рӯйхати давлатҳои бетараф;
  • дар робитаи мустақим  бо ҷомеаи ҷаҳонӣ будан.

Ҳамзамон, бо Эъломия иштирокчиёни ҳамоиши Алма-ато Суратҷаласаи аввалинро вобаста ба Созишнома оид ба ташкили ИДМ имзо намуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки мулоқоти Алма-ато дар  таърихи навин:

- раванди барҳамхӯрии ИҶШС - ро қонунӣ гардонид;

- раванди табодули ҷумҳуриҳои пасошӯравиро ба давлатҳои мустақил ба итмом расонид;

- барои эътирофи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва аксари давлатҳои ҷаҳон мусоидат намуд;

- барои истифодабарии равандҳои интегратсионӣ дар муттаҳидшавии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, дар шакли нав шароит фароҳам овард.

Бо қабули Эъломияи Алма-ато Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии  Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Туркманистон ба ҳайати ИДМ дохил шуданд.

Каме дертар ба онҳо Ҷумҳуриҳои Молдова, Гурҷистон ва Озарбойҷон низ ҳамроҳ шуданд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки дар солҳои аввал роҳбарияти  ин созмон фаъолияти хешро  ба корҳои ташкилӣ равона карда буд.

30 декабри соли 1991 дар шаҳри Минск Созишномаи мувваққатӣ оид ба Шӯрои роҳбарони давлатҳо ва Шӯрои  роҳбарони Ҳукуматҳои ИДМ қабул карда шуд, ки дар асоси он мақомоти  олии ИДМ – Шӯрои роҳбарони давлатҳо тасдиқ карда шуд.

Муҳимияти Созишномаи мазкур аз он иборат буд, ки дар сохторҳои навташкили идоракунанда ҳамаи аъзоён новобаста аз қудрат ва бузургии кишварашон ҳуқуқҳои баробар доштанд. Худи ҳамон рӯз “Созишномаи  роҳбарони давлатҳо оид ба Қувваҳои мусаллаҳ ва Қушӯнҳои сарҳадӣ” имзо карда шуд, ки дар ҳошияи он давлатҳои навташкил ҳуқуқи қонунии ташкили қувваҳои мусаллаҳи худро доштанд.[4]

16 январи соли  1992  роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои навташкил  ба таври фаврӣ дар Москва ҷамъ шуданд.

Бо ҳалли масъалаи таъмини амният аз ҳисоби намояндагони ҳукумати нуҳ кишвар комиссияи корӣ барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳо ва гузаронидани Шӯрои роҳбарони давлатҳо ташкил карда шуд.

Якумин мулоқоти расмии роҳбарони ҳукуматҳо 8 феврали соли 1992 дар шаҳри Москва баргузор гардид. Дар натиҷаи ин мулоқот 14 феврали соли 1992 аввалин мулоқоти президентҳои давлатҳои соҳибихтиёри  ИДМ дар Минск барпо шуд.

Дар доираи ин мулоқот  3 Созишнома ва 7 суратҷаласа, вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии Иттиҳод ба имзо расонида шуд.

Масъалаи вобаста ба нақлиёти роҳи оҳан ба таври қатъӣ ҳал карда шуд. Бо мақсади  ҳалли масъалаҳои  ба миёномада, дар асоси дастури роҳбарони давлатҳо Шӯрои махсус оид ба нақлиёти давлатҳои ИДМ ташкил карда шуд.

Дар байни ҳуҷҷатҳои ба имзорасида, аз ҳама муҳим  – Созишнома оид ба интиқоли (транзит) молҳо ба ҳисоб мерафт. Дар асоси  Созишномаи мазкур молҳо ва васоити нақлиёт, ки ба кишварҳои ИДМ ворид карда мешуданд, аз андозбандӣ озод буданд.

То ҳадди ақал тартиби ба расмиятдарории гумрукӣ осон карда шуд.

Дар асоси ҳамин Созишнома масъалаи интиқоли молҳо ба кишварҳои сеюм ба тартиб дароварда шуд.

Бе иҷозати расмии кишвари истеҳсолкунанда, интиқоли молҳо ба кишварҳои сеюм манъ карда шуд.

2 апрели соли 1992 роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар илова ба Созишнома оид ба интиқол, Созишномаи тартиби ба расмиятдарории борҳои интиқолёбандаро ба имзо расониданд ва бо ҳамин мушкилоти дар ин масъала мавҷуд бударо ҳал намуданд.

15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд мулоқоти навбатии роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Мулоқот асосан ба масъалаҳои ҳарбӣ бахшида шуда буд. Зарурияти ба таври қатъӣ ва қонунан ҳал намудани будубоши қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС, ки дар ҳудуди кишварҳои ИДМ ҷойгир шуда буданд, ба амал омада буд.

 Дар ҳошияи ин масъала созишномаҳо оид ба амнияти кишварҳои Иттиҳод имзо карда шуданд.

Қайд намудан лозим аст, ки дар солҳои аввали истиқлолият (1991–1992) аз ҷониби роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои ИДМ дар ҳақиқат корҳои азиме барои  пешгирӣ ва барҳамхӯрии фазои пасошӯравӣ ба сомон расонида шуд. Аз тарафи онҳо танҳо дар давоми ду соли аввал 241 созишномаҳо, қарордодҳо ва суратҷаласаҳо мураттаб ва имзо карда шуд.

14 майи соли 1993 Кумитаи ҳамоҳангсозию машваратӣ ва 24 сентябри соли 1993 Котиботи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  таъсис дода шуданд, ки онҳо дар якҷоягӣ дар вазифаи мақомоти ҳамоҳангсоз ва тавсиядиҳандаи Иттиҳод   баромад менамуданд.

Бо қарори Шӯрои роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ ба вазифаи Шӯрои  намояндагон, он замон Андрей Шведов ва ба вазифаи котиби иҷроия Сергей Лебедев таъин шуданд.

Тибқи қарори Шӯрои роҳбарони давлатҳо, офиси марказии ин Кумита ва Котибот дар:

  • шаҳри Минск, (хиёбони Киров, бинои №17) бахши иқтисодӣ;
  • шаҳри Москва, (Софийская набережная, бинои №34/ 1) - бахши иқтисодӣ;

- шаҳри Санкт-Петербург, (дарбори Таврический) - бахши вохӯриҳои байни парламентӣ  қарор дошт.

Аз  гуфтаҳои боло бармеояд, ки мову шумо бояд дар мафҳуми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) минбаъд   ташкилоти байналхалқиеро дар назардошта  бошем, ки он  бо назардошти талаби замона, бе истифода  аз   зӯроварӣ, бо риояи талабу дархостҳои меъёрҳои байналмилалӣ ва тасмими мустақилонаи давлатҳои аъзо, дар алоҳидагӣ бунёд гардидааст ва ҳамчун сохтори олимақом, ба сиёсати дохилии давлатҳои аъзо дахолат накарда, муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳои аъзои ИДМ-ро танзим менамояд.

Ҷиҳати татбиқи Созишномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодӣ, ки  24 сентябри соли 1993  дар шаҳри Москва ба имзо расид,  Кумитаи байни давлатии  иқтисодии Иттиҳод (КБДИИ) бо қароргоҳ дар шаҳри Москва таъсис дода шуд.

Ба ҳайати  Кумитаи байни давлатии иқтисодии Иттиҳод (КБДИИ) аз  ҷониби ҳар кишвари аъзои ИДМ як намоянда дохил карда шуд.

Мутобиқи низомнома коллегияи Кумитаи байни давлатии иқтисод таъсис дода шуд, ки он фаъолияти КБДИИ-ро  роҳбарӣ намуда,  дар вохӯриҳои навбатӣ  натиҷаи фаъолияти семоҳаи худро  ҷамъбаст мекард.

Масъалаҳои дар КБДИИ  баррасишаванда дар баробари  самтҳои иқтисодӣ, татбиқи барномаҳои Иттиҳоди гумрукӣ ва пардохтӣ, бунёди низоми молиявию бонкиро низ дар савдои байни аъзоёни Иттиҳод дар бар мегирад.

Сарони давлату ҳукуматҳои  Иттиҳод аз  ибтидои таъсиси ИДМ то ба имрӯз  зиёда аз  1000 шартномаю созишномаҳо ва асноди мухталифи  ҳуқуқиро доир ба фаъолияти Иттиҳод, таҳкими робитаҳои байни давлатӣ, таъмин ва  таҳияи муносибати якхела ба проблемаҳои дар ИДМ ҷой доштаро қабул намудаанд.

Доир ба масъалаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти гумрукӣ дар доираи ИДМ  садҳо  созишномаю ҳуҷҷатҳо қабул карда шуданд, ки дар асоси онҳо самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ монда шудаанд. 

Аз ҷумла :

- созишнома “Дар бораи  тартиби транзитӣ”, ки аз  ҷониби сарони ҳукуматҳо 8 феврали соли 1992 дар Москва ба имзо расидааст;

- созишнома  “Дар бораи принсипҳои сиёсати гумрукӣ”, ки аз  ҷониби сарони ҳукуматҳо 13 марти соли 1992 дар Москва ба имзо расидааст;

- созишнома  “Дар бораи шарту механизмҳои умумии дастгирии инкишофи кооператсияи истеҳсолии корхонаҳо ва соҳаҳои давлатҳои аъзои ИДМ”, ки аз  ҷониби сарони ҳукуматҳо 21 декабри  соли 1993 дар шаҳри Ашқобод   ба имзо расидааст;

- созишнома  “Дар бораи таъсиси минтақаи савдои  озод”, ки  аз  ҷониби сарони давлатҳо 15 апрели  соли 1994 дар Москва ба имзо расида аст;

- созишнома  “Дар бораи ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила дар корҳои гумрук”, ки аз  ҷониби сарони ҳукуматҳо 15 апрели  соли 1994 дар Москва ба имзо расидааст;

- созишнома  “Дар бораи ҳамкории хадамоти гумрукӣ дар масъалаҳои боздоштан ва баргардонидани сарватҳои фарҳангии ғайриқонунӣ ворид ва содиршаванда”, ки аз  ҷониби сарони ҳукуматҳо 15 апрели  соли 1994 дар Москва ба имзо расидааст;

- созишнома “Дар бораи реэкспорти мол ва тартиби додани иҷозатномаҳо барои реэкспорт”, ки аз  ҷониби сарони ҳукуматҳо 15 апрели  соли 1994 дар Москва  ба имзо расидааст;

- усули ягонаи омори гумрукии савдои хориҷии ИДМ, ки аз  ҷониби сарони ҳукуматҳо  9 декабри  соли 1994 дар Москва ба имзо расидааст;

- асосҳои қонунгузории гумрукии ИДМ, ки аз  ҷониби сарони   давлатҳо  2 феврали  соли 1995 дар Москва ба имзо расидааст;

- созишнома  “Дар  бораи номгӯи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИДМ”, ки  аз  ҷониби  сарони  ҳукуматҳо 3 ноябри  соли 1995 дар Москва  ба имзо расидааст.

Созишномаҳои номбаршуда, ки дар сатҳи сарони давлату ҳукуматҳои аъзои ИДМ имзо гардидаанд, барои нигоҳ доштан ва таҳкими фазои ягонаи иқтисодӣ, ҳаракати озоди мол ва ҳавасмандгардонии инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ замина гузошта, ҷараёнҳои  гумрукии дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойдоштаро муназзам сохтанд ва боиси умумияти муносибат дар ташкили фаъолияти гумрукӣ ва якнавохт сохтани қонунгузории гумрукӣ ва расмиёти гумрукӣ гардидаанд.

Созишнома “Дар бораи тартиби транзит”,  аслан ҷанбаҳои ҳаётан муҳими фаъолияти гумрукиро фаро гирифт ва зимни татбиқи он  мушкилоти зиёди ғайричашмдошт ба миён омад.

Дар доираи давлатҳои аъзоёни ИДМ таҳия намудани принсипи ягонаи сиёсати гумрукӣ лозим буд. Барои муайян  намудани хусусияти ҳамкории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дигари ИДМ “Созишнома дар бораи тартиби транзит”  аҳамияти муҳим дорад.

Дар Созишнома  дар бораи тартиби транзит бо назардошти принcипҳои  Созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз  8 декабри соли 1991 ва Эъломияи Алма-Ато  аз  21 декабри соли 1991 иброз гардида, муқаррар шудааст, ки давлатҳои аъзои Иттиҳод дар хусуси истифодаи принсипи транзити озод ба мувофиқа меоянд.

Мутобиқи моддаи 4-и Созишномаи мазкур “борҳое, ки байни гумрукҳои давлатҳои Иттиҳод интиқол дода мешаванд, аз  пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва хароҷот барои барасмиятдарории гумрукӣ дар давлати транзит ва  аз  зарурати гирифтани иҷозатнома барои транзит озод карда мешаванд”.

Дар моддаи 2-и Созишномаи мазкур тартиби интиқоли бори кишварҳои сеюм  низ муайян шудааст.

Борҳое, ки  аз  давлатҳои сеюм ба қаламрави давлати узви Иттиҳод бо роҳи транзит тавассути қаламрави давлатҳои дигари Иттиҳод ворид мешаванд, инчунин  аз  қаламрави яке  аз  давлатҳои Иттиҳод ба давлати сеюм бо роҳи транзит, тавассути қаламрави давлатҳои дигари Иттиҳод содир мегарданд, бояд мутобиқан дар давлати таъйиншуда ё фиристодаи ин борҳо ба расмияти гумрукӣ дароварда шаванд.

Транзити борҳои ба давлати сеюм фиристодашавандае, ки  аз  ҷониби гумруки давлати ирсолкунандаи бор ба расмият дароварда нашудаанд, тавассути қаламрави давлатҳои аъзои Иттиҳод манъ буда, ба кишварҳои сеюм интиқол дода намешаванд.

Чунин борҳо, ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ бо қувваю воситаҳои давлати ирсолкунанда нигоҳ дошта мешавад.

Тамоми хароҷоти марбут ба нигоҳдории мол аз ҳисоби ирсолкунандагон пардохта мешавад.

Мутобиқи моддаи 5 тарафҳои аҳдкунанда уҳдадор шудаанд, то номгӯи молҳоеро, ки содирот, воридот ва транзити онҳо тавассути қаламравашон манъ аст, ҳатман ба якдигар пешниҳод намоянд.

Мутобиқи моддаи 9 тамоми масъалаҳои баҳсноки марбут ба иҷро ва шарҳи моддаҳои созишнома, бо роҳи машварати байни хадамоти гумрукии тарафҳои аҳдкунанда ҳал мешавад.

Тарафҳои аҳдкунанда ба Хадамоти миллии гумрукӣ супориш медиҳанд, ки дар хусуси тартиби ба расмияти гумрукӣ даровардани борҳои транзитӣ созишнома банданд.

Дар Созишномаи  мазкур механизми  татбиқи чораҳои ҷазо барои вайрон кардани қоидаҳо пешбинӣ шудааст. Мутобиқ ба  моддаи 8 “Барои вайрон кардани муқаррароти  Созишномаи мазкур аз  тарафи субъектҳои хоҷагидор ва шаҳрвандон нисбати онҳо дар давлате, ки дар қаламрави он ин муқаррарот вайрон карда шудааст, чораҳои ҷазои пешбининамудаи қонунҳои ин давлат татбиқ мешаванд”.

 

Бо ташкили ИДМ дар сохтори идоравии он зарурияти бунёди  мақомоти  байнидавлатӣ, ки ҳуҷҷатҳои асосии қабулшавандаро қонунан асоснок намояд, ба миён омад.

Бо ин мақсад, 27 марти соли 1992 Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ бо қароргоҳаш дар шаҳри Санкт-Петербург ташкил карда шуд.

Дар асоси талаботи байналмилалӣ 6 июли соли 1992 Суди иқтисодии ИДМ низ таъсис дода шуд.

Бо мақсади фарогирии соҳаҳои хоҷагии халқи ИДМ ва ҳамоҳангсозии онҳо дар ҳайати Кумитаи иҷроияи ИДМ зиёда аз 20 шӯро, кумита ва комиссияҳо вобаста ба масъалаҳои роҳи оҳан, авиатсия, нақлиёти автомобилӣ, нафт, газ ва ангишт, оҳан, мошинсозӣ, робитаҳои  хориҷӣ, комплекси агросаноатӣ ва молҳои ниёзи мардум ташкил карда шуданд.

22 январи соли 1993 дар мулоқоти ғайринавбатии роҳбарони кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Минск бургузор шуда буд, Оинномаи ИДМ ҳамчун ҳуҷҷати асосии ин ташкилот қабул карда шуд.

Бо мурури замон, коршиносоне, ки таърихи ташкили ИДМ-ро меомӯхтанд ба хулосае омаданд, ки бо қабули Оиннома  марҳилаи ташкилии ИДМ ба итмом расид. Аммо, таҷрибаи солҳои минбаъда нишод дод, ки дар пеш масъалаҳои зиёди  хусусияти ташкилӣ дошта ва коркарди механизми  мустаҳкамкунии Иттиҳоди навташкил  мавҷуд аст.

Дар асоси Оинномаи ИДМ зарурияти тайёр намудани ҳуҷҷатҳои асосии шӯроҳо, кумитаҳо ва комиссияҳои навташкил, танзими кори Ассамблеяи парлумонӣ ва ноил шудан ба тасдиқи созишномаҳои (ратификатсияи) имзошуда, суратҷаласаи Алма-ато ва қабули Оинномаи ИДМ  ба миён омада буд.[5]

Чуноне қаблан қайд намуда будем, 10 декабри соли 1991 Шӯрои Олии Белорус ва Шӯрои Олии Украина ва 12 декабри соли 1991 Шӯрои Олии Федератсияи Русия дар сессияи ғайринавбатиашон Созишнома оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тасдиқ намуда буданд.

26 декабри соли 1991 Созишнома оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Суратҷаласаи Созишнома оид ба ташкили ИДМ аз 21 декабри соли 1991 аз ҷониби Арманистон,  23 декабри соли 1991 аз тарафи Қазоқистон, 25 декабри соли 1991 аз тарафи Тоҷикистон,  4 январи соли 1992 аз ҷониби Ӯзбекистон, 6 марти соли 1992 аз тарафи Қирғизистон ва 24 сентябри соли 1993 аз ҷониби  Озарбойҷон тасдиқ карда шуд.

26 августи соли 2005 Туркманистон дар Саммити ИДМ дар шаҳри Қазон оид ба масъалаи иштирок ба ҳайси аъзои  ассотсиатсия пешниҳод намуд.

14 августи соли 2008 дар асоси қарори парлумони кишвар Ҷумҳурии Гурҷистон низ аз ҳайати ИДМ хориҷ шуд.

Дар соли 2008 Муғулистон  ва  Афғонистон изҳори омодагӣ оид ба иштирок дар ҷаласаҳои ИДМ ва ассамблеяи байнипарлумонӣ ба ҳайси нозир пешниҳоди худро баён намуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии кори Иттиҳод дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки  10 октябри соли  2008 дар шаҳри Бишкек баргузор гардида буд, Низомнома оид ба ҳамоҳанг­созони миллии кишварҳои узви ИДМ ва раисикунандаи ИДМ қабул гардид.[6]

14 ноябри соли  2008 дар шаҳри Кишинев сарони давлатҳо инчунин лоиҳаи стратегии рушди ИДМ - ро барои давраи то соли  2020 маъқул донистанд.

18 октябри соли 2011 Қарордод оид ба минтақаи озоди савдо ба имзо расонида шуд, ки  он  меъёр ва қоидаҳои  дар СТБ қабулшударо ба назар гирифта,  рушди минбаъдаи   савдои тарафайн,  воридшавии озоди молҳои  истеҳсоли миллиро ба бозори ИДМ таъмин намуда, маҳдудиятҳои амалкунандаро пешгирӣ ва ба   танзим медарорад.

Ба имзо расидани Қарордод  оид ба минтақаи озоди савдо ва татбиқи амалии он барои инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ -тиҷоратӣ дар фазои пасошӯравӣ иқдоми наве буд ва дар рушди  ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Иттиҳод марҳилаи наверо  боз намуд.

Татбиқи бомуваффақи як қатор лоиҳаҳо, ки ба инкишофи ҳамкориҳо дар соҳаи  нақлиёт, энергетика, алоқа, истифодаи осоиштаи  атом равона шуда буд, ташкили шароитҳоро барои гузаштани иқтисодиёт ба реҷаи  рушди   инноватсионӣ таъмин намуд.

19 марти соли  2014 Украина оид ба расман   хориҷ шудан аз ҳайати ИДМ изҳорот дод.

16 сентябри соли  2016 дар  саммити идона ба муносибати  25-солагии ИДМ, ки дар шаҳри  Бишкек баргузор гардид, изҳороти  муштараки Сарони давлатҳо - аъзоёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардид.

Дар ин ҳуҷҷати сиёсӣ қайд гардида буд, ки дар солҳои қаблӣ Иттиҳод ҳамчун ташкилоти нодире, ки дар ҷаҳон шабеҳи он мавҷуд нест,  барпо шуда буд. 

Принсипҳои эътимоди тарафайн ва баробарӣ, баҳисобгирии манфиатҳои мутақобила, эътирофи ҳуқуқи давлатҳо-аъзоёни Иттиҳод дар интихоби модели рушди кишвари хеш, ҳамчун як сохтори нави конструктивӣ дар сохтори муносибатҳои байналмилалӣ  қобили қабул будани онро муқаррар намуд.

Бо ташкили сохтори дастгоҳи марказӣ ва тибқи талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ намудани асосҳои қонунгузорӣ, Кумитаи иҷроияи ИДМ ба коркарди механизми судманди ҳамкориҳои соҳавии кишварҳои муассиси ИДМ шурӯъ намуд.

Дар ин замина, ба таври фаврӣ қоидаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиёт, молия, амният, ҳуқуқ, масъалаҳои сиёсати умумӣ, табодули байнидавлатӣ, иттилооти илмӣ-техникӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавӣ, наздисарҳадӣ ва байнипарлумонӣ коркард шуданд.

Дар тимсоли Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар назди Кумитаи иҷроия чунин сохторҳо ташкил карда шуданд:

  • Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ;
  • Шӯрои иқтисодии ИДМ;
  • Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ;
  • Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокчиёни

     ИДМ;

  • Шӯрои қувваҳои муттаҳидаи мусаллаҳи ИДМ;
  • Шӯрои фармондеҳони Қушунҳои сарҳадии ИДМ;
  • Шӯрои роҳбарони мақомоти бехатарӣ ва махсуси кишварҳои

     аъзои ИДМ;

  • Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ;
  • Суди иқтисодии ИДМ;
  • Кумитаи омори ИДМ;
  • Шӯрои молия-бонкии ИДМ;
  • Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ;
  • Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон;
  • Бонки байнидавлатӣ;
  • Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ;
  • Кумитаи байнидавлатии иқтисодии ИДМ.

     Бо таври фӯшурда кушиш ба харҷ медиҳем, ки  мавқеъ ва зарурияти баъзе аз Шуроҳоро  барои Шумо хонандаи азиз кушода диҳем.

Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (ШВКХ)

 Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, ки дар асоси моддаи 27 Оинномаи ИДМ ташкил шудааст, яке аз мақомотҳои асосии кумитаи иҷроияи ИДМ ба ҳисоб меравад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъмин менамояд. [7]

Мутобиқи вазифаҳои гузошташуда, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ вобаста ба масъалаҳои сиёсати ҷаҳонӣ, ки қобили таваҷҷуҳи муштараканд, машваратҳо ташкил менамояд.

Вобаста ба масъалаҳои сиёсии баррасишаванда,  Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ба қатори мақомоти  олии ИДМ дохил мешавад ва дар фаъолияти сулҳофарии Иттиҳод нақши муҳимро мебозад.

Дар доираи фаъолияти худ ШВКХ “Низомномаи Қувваҳои коллективии нигоҳдории сулҳ дар ИДМ” ва “Консепсияи пешгирӣ ва банизомдарории муноқишаҳо дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ”- ро ба танзим даровард.

ШВКХ дар фаъолияти хеш мақсад ва принсипҳои Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳуҷҷатҳои асосии ИДМ, созишномаҳое, ки дар доираи Иттиҳод баста шудаанд, қарорҳои Шӯрои роҳбарони давлатҳо ва Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо ва инчунин Низомномаи Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳамчун раҳнамо мавриди истифода қарор медиҳад.

Дар асоси низомномаи тасдиқшуда, ШВКХ чунин вазифаҳоро амалӣ мегардонад:

- таъмини иҷрои қарорҳои Шӯрои  роҳбарони давлатҳо ва Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои Иттиҳод;

- мусоидат дар ташаккули ҳамкориҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳод дар самти сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои хадамоти дипломатӣ;

- мусоидат дар ҳалли масъалаҳои баҳсталаб, ривоҷи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқии давлатҳои аъзои Иттиҳод;

-  мусоидат дар ҳалли сулҳомези баҳсу низоъҳо ва  сулҳу ваҳдат дар Иттиҳод;

- мусоидат дар таҳкими дустӣ, рафоқат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ.

Аз лаҳзаи ташкилёбӣ то 31 декабри соли 2017 Шӯрои мазкур  82 ҷаласа гузаронидааст, ки дар онҳо зиёда аз ҳазор ҳуҷҷат қабул карда шуданд.

Аз 1 январ то 31 декабри соли 2018 раисии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ба зиммаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддини Муҳриддин вогузор карда шудааст.

 

 Шӯрои иқтисодии ИДМ

 Шӯрои  иқтисодии ИДМ дар ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодӣ  баъд аз Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ яке аз Шӯроҳои муҳимми сохтори иҷроияи  ИДМ ба шумор рафта, иҷроиши тамоми қарорҳои қабул намудаи Шӯрои сарони давлатҳо  ва сарони ҳукуматҳои Иттиҳодро вобаста ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ назорат менамояд.

Шӯрои иқтисодии ИДМ апрели соли 1999 дар заминаи Раёсати байнидавлатии  кумитаи иқтисодӣ  аз солҳои 1994 амалкунанда, бунёд карда  шуда буд.

Низомномаи Шӯрои иқтисодӣ  11 октябри соли 2017  дар шаҳри Сочӣ  бо Қарори сарони давлатҳои аъзои ИДМ тасдиқ карда шуда буд.[8]

Бо тасдиқи Низомнома  минбаъд ба зиммаи Шӯрои иқтисодии ИДМ вазифаҳои зерин гузошта шуд:

- коркарди пешниҳодҳо оид ба ҳисоббаробаркунии мутақобила ва пардохти амалиётҳои тиҷоратӣ;

- бунёд намудани асосҳои  ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие, ки дар заминаи ҳаракати озоди мол, хизматрасонӣ, қувваи корӣ ва сармоя барои расидан  ба  сатҳи баландтари ҳамкориҳои иқтисодӣ;

- мусоидат барои воридшавии давлатҳои аъзои ИДМ ба сохторҳои  ҷаҳонӣ;

Дар назди Шӯрои иқтисодӣ аз ҳисоби  намояндагони комил­ҳуқуқи давлатҳои аъзои Иттиҳод коммисияи доимоамал­кунанда оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бунёд карда шуда аст, ки он  дар баробари  баррасии лоиҳаҳои аз тарафи сохтори иҷроия ва шуъбаҳои соҳавии ИДМ омода гардида, ҳамоҳангии онҳоро бо сохторҳои давлатӣ мувофиқа менамояд.

Шӯрои иқтисодии ИДМ барои амалигардонии вазифаҳои худ:

- таклиф   ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳоро вобаста ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ омода намуда,  барои баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукумат ва давлатҳои ИДМ пешниҳод мекунад;

- дар соҳаи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои аъзоёни ИДМ машваратҳое, ки манфиатҳои тарафайнро инъикос  менамояд, баргузор мекунад;

- барои мубодилаи тахассусӣ ва иттилоотӣ дар соҳаҳои номбурда мусоидат менамояд;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти байни давлатӣ ва байни ҳукуматии мақомотҳои  ИДМ - ро, ки дорои хусусияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, таъмин менамояд.

Бояд ёдовар шавем, ки   дар давраи фаъолияти худ Шӯрои иқтисодӣ  76 ҷаласа баргузор намуда аст, ки  дар онҳо зиёда аз ҳазор ҳуҷҷат қабул  гардид.

  Шӯрои вазирони мудофиа  (ШВМ)

 Шӯрои вазирони мудофиа яке аз сохторҳои фаъоли   ИДМ ба шумор рафта, зертобеъи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ва кумитаи иҷроияи он ба ҳисоб меравад.

Аъзои  Шӯрои  вазирони мудофиа - вазирони мудофиаи давлатҳои  аъзои  ИДМ  мебошанд.   Дар айни замон, ҳайати Шӯро аз намояндагии 8 кишвар: Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ташкил шудааст.

Аз 11 декабри соли 2012 то ҳол  Раисии Шӯрои мудофиаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро  Вазири  мудофиаи Федератсияи Русия, генерали қӯшунҳои ҳарбӣ С.К. Шойгу иҷро менамояд.

 Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ (ШФҚС)

 Шӯрои  фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ яке аз мақомоти муҳими  Шӯрои сарони давлатҳо оид ба масъалаи ҳамоҳангсозии   ҳифзи  сарҳадоти  Иттиҳод ва таъмини амнияти он ба шумор меравад. Аъзои Шӯрои фармондеҳони қушунҳои сарҳадӣ - сарфармондеҳони (роҳбарони) қушунҳои сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ ва ҳамчунин Раиси ҳадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳон мебошанд.

Мутобиқи низомномаи тасдиқгардида, Шӯрои фармондеҳон вазифаҳои зеринро бояд анҷом диҳанд:

- ҳамоҳангсозии татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, қарорҳои Шӯрои фармондеҳони қушунҳои сарҳадӣ ва ҳамчунин муқаррароти Оинномаи ИДМ вобаста ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ;

- ҳамоҳангсозии саъю кӯшишҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти ҳифзи сарҳадоти берунӣ ва минтақаҳои иқтисодӣ, инчунин таъмини вазъияти устувори онҳо;

- мусоидат дар инкишофи робитаҳои дӯстона байни Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ;

  • кӯмак намудан барои рушд ва тақвияти  Қӯшунҳои  сарҳадии кишварҳои аъзои Иттиҳод тавассути наздикгардонии қонунгузориҳои миллӣ дар масъалаи  сарҳад ва ҳифзи он, мубодилаи  иттилоотӣ, ҳамкорӣ дар самти сиёсати ҳарбӣ-техникӣ  ва омодасозии кадрҳо;[9]

Айни замон, раисии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадиро генерали қувваҳои мусаллаҳ - В.Г.Кулишов иҷро менамояд.

 Ассамблеяи байнипарлумонӣ  (АБП)

 Ассамблеяи байни парлумонӣ дар асоси  Созишномаи Ассамблеяи байни парлумонии ИДМ аз 27 марти соли 1992 ва  Конвенсияи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз 26 майи соли 1995 ташкил шуда буд ва мувофиқи  ҳуқуқҳои додашуда, машваратҳои байни парлумонӣ баргузор намуда, масъалаҳои ҳамкориро дар доираи Иттиҳод баррасӣ менамояд, пешниҳодҳои муштаракро дар самти фаъолияти парлумонҳои миллии АБП ИДМ омода месозад.

Дар фаъолияти кории АБП ИДМ намояндагони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Украина мунтазам  иштирок менамоянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки 26 майи соли 1995 сарони давлатҳои Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон,  Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазо­қистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конвенсияро оид ба Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расониданд ва он 16 январи соли 1996 эътибори қонунӣ пайдо намуд.

Соли 1997 ба Конвенсияи АБП Ҷумҳурии  Молдова низ ҳамроҳ гардид.

Мувофиқи Конвенсияи мазкур Ассамблеяи байнипарлумонӣ мақомоти байни давлатӣ ҳисобида шуда, яке аз ҷойҳои асосиро дар сохтори мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ишғол менамояд.

Дар фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ масъалаҳои марбут ба наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии санадҳои қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ  аҳамияти бештаре дорад. Ин самт дар асоси АБП санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳоро  ба роҳ мемонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ассамблеяи байнипарлумонӣ ба мутобиқгардонии қонунҳои миллӣ бо шартномаҳои байналмилалие, ки дар доираи ИДМ қабул гардидаанд, диққати махсус зоҳир менамояд.

Солҳои охир нақши АБП дар коркарди муносибатҳои мувофиқашуда, дар ҳалли масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ, риояи ҳуқуқ ва озодии инсон, ҳамкориҳои гуманитарӣ, муҳоҷирати қувваҳои меҳнатӣ, ҳимояи шаҳрвандон ва асирони ҳарбӣ  афзоиш меёбад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти АБП муқаррар намудан ва рушди  ҳамкориҳо  бо дигар ташкилотҳои  байналмилалии парлумонӣ мебошад. Дар ин замина,  моҳи июни соли 1997  Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни АБП ва АПША  (Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо) ба имзо расонида шуд.

Моҳи  июни  соли  1998 бошад, Изҳороти муштараки Шӯрои АБП  ва  Бюрои  АПТБҲА (Ассамблеяи Парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо) ва Меморандум оид ба ҳамкории Ташкилоти ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ   (ТҶМЗ) бо Котиботи Шӯрои АБП ба имзо расонида шуд.

Моҳи декабри соли  1998  - Протоколи ҳамкорӣ байни АБП ва АПҲИБС (Ассамблеяи Парлумонии ҳамкории иқтисодии Баҳри сиёҳ (Черноморе) ба имзо расонида шуд.

Моҳи январи соли 1999 бошад, дар Гватемал Созишномаи  ҳамкорӣ оид ба мубодилаи иттилоотӣ байни Шӯрои АБП ва Парлумони марказии амрикоӣ (ПМА) ба имзо расонида шуда буд.

Моҳи июни соли 1999 дар  штаб-квартираи  СММ (ООН) дар Ню-Йорк маросими ботантанаи имзокунии  Меморандум оид ба нақшаҳои байни  Департаменти СММ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ДЭСВ) ва АБП оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт баргузор гардид.

Фаъолияти  ташкилии АБП-ро Шӯрои ассамблея, ки аз роҳбарони намояндаҳои парламентӣ иборат аст, ташкил медиҳад.

Мувофиқи низомномаи тасдиқгардида, аъзоёни Шӯро дар як сол чор маротиба барои баргузор намудани ҷаласа ҷамъ меоянд.

Омодагии чорабиниҳоеро, ки АБП ва Шӯрои он баргузор менамоянд, Котиботи Шӯрои АБП анҷом медиҳад. Дар коркард ва омодасозии санадҳои қонунгузории намунавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои Ассамблея комиссияҳои доимо амалкунандаи АБП нақши муҳим мебозанд.

Айни замон, комиссияҳои доимии зерин фаъолият мекунанд:

- оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;

- оид ба иқтисодиёт ва молия;

- оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои инсон;

- оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология;

- оид ба масъалаҳои бехатарӣ ва муҳофиза;

- оид ба илм ва маориф;

- оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш;

- оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ;

- оид ба омӯхтани таҷрибаи сохтори давлатдорӣ ва худидо­ракунии маҳаллӣ;

- комиссияи назоратӣ - буҷавӣ.[10]

Хурсандиовар аст, ки ташаббуси АБП оид ба баргузории Форуми иқтисодии ҳарсолаи Петербург аз ҷониби Шӯрои сарони  давлатҳо пазируфта шуда,  фаъолияти  он барои дарёфти самтҳои нави таъмини  рушди  боустувори кишварҳои ИДМ, тақвияти интегратсияи иқтисодии онҳо, таҳлили имкониятҳои  ҳамкориҳои сармоягузории байналмилалӣ равона шудааст.

Президенти  Федератсияи Русия  В.В. Путин  дар ҷашни  25 солагии АБП ИДМ иштирок намуда,  қайд кард, ки  “Ассамблея дар сохтори робитаҳои серпаҳлӯ, ки дар доираи Иттиҳод ба роҳ монда шудааст, мақоми сазовореро ишғол менамояд ва дар ҳамкориҳои байналмилалии бисёрҷабҳа ба сифати аъзои муттаҳидкунандаи  Иттиҳоди байнипарлумонӣ иштироки фаъолона дорад».

Қайд кардан бамаврид аст, ки фаъолияти АБП бағоят муҳим буда, зарурӣ аст.

Қонунҳои намунавии тартибдодаи  АБП барои рушди самаранокии қонунгузориҳои миллӣ мусоидат намуда, имкониятҳои ҳамкориҳои интегратсиониро дар соҳаҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо васеъ мегардонад.

Дар сурати иштироки бевоситаи Ассамблея барои мустаҳкам намудани бехатарии байналмилалӣ амалҳои зиёде анҷом дода мешавад. Муносибатҳои мувофиқашудаи қонунии  иштирокчиёни  ИДМ шароит ва саъю кӯшишҳои якҷояро бар зидди   терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои байнисарҳадӣ ва коррупсия таъмин менамояд .

 Суди иқтисодии ИДМ

 Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  15 майи соли  1992 мутобиқи моддаи  5 - и  Созишнома оид ба ташкили  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мақсади иҷроиши уҳдадориҳое, ки аз созишномаҳои иқтисодии байни давлатҳои ИДМ бар меояд ва барои танзим намудани ҳисоббаробаркуниҳо миёни ташкилотҳои хоҷагидор, ташкил шуда буд.

Суди иқтисодӣ  баҳсҳоро, ки дар мавриди иҷроиши уҳдадориҳои иқтисодӣ ба миён меоянд, баррасӣ менамояд.

Суд метавонад масъалаҳои дигарро, вобаста ба созишномаи давлатҳои аъзои Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад, ки муқаррароти созишнома ва дигар санадҳои Иттиҳодро оид ба масъалаҳои иқтисодӣ шарҳ диҳад.

 Шӯрои намояндагони доимоамалкунандаи  давлатҳои узви Иттиҳод

 Шӯрои намояндагони доимоамалкунандаи  давлатҳои узви  Иттиҳод,  тибқи Оиннома сохтори доимоамалкунандаи ИДМ ба шумор меравад.

Шӯро дар давраи ҷаласаҳои Шӯрои  сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва  Шӯрои Вазорати Корҳои Хориҷӣ масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор медиҳад:

- мусоидат дар ҳалли масоили ҳамкории давлатҳо, ки манфиатҳои тарафайнро инъикос менамояд;

- имкониятҳои рушд ва афзалиятҳои ИДМ- ро  ба иштирокчиён  - узви давлатҳои Иттиҳод  муҳокима ва пешниҳод менамояд;

- лоиҳаҳои  рӯзномаро барои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ тартиб медиҳад;

- дар доираи салоҳдиди худ ҷараёни иҷроиши супоришҳои мақомоти олии ИДМ - ро  анҷом медиҳад. [11]

Мутобиқи талаботи Оинномаи ИДМ Шӯро аз намояндагони  ёздаҳ давлат  – иштирокчиёни Иттиҳод ташкил дода шудааст.

 

Дар баробари идораҳои болозикр дар сохтори ИДМ, дар назди  Кумитаи иҷроия - 70 мақомоти ҳамкориҳои соҳавӣ ташкил карда шудааст.

 Онҳо дар маҷмӯъ барои ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳои муштараки давлатҳои аъзо, ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳамкориҳои гуманитарӣ,  мубориза бар зидди ҷиноят ва  терроризм фаъолияти худро равона сохтаанд.

Дар саммити навбатии ИДМ, ки 5 октябри соли  2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқгардонии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо қабули ҳуҷҷатҳои болозикр, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барномаи тасдиқшудаи вазифаҳои пешистодаро барои панҷсолаи наздик ба даст овард.

Дар рафти вохӯриҳои ғайрирасмӣ сарони давлатҳои ИДМ 22 феврали соли  2008 дар шаҳри  Москва  ва 6 июни соли  2008 дар шаҳри  Санкт-Петербург  самтҳои муҳиме, ки ҳамкории якҷоя  ва мураттабро дар доираи Иттиҳод   талаб мекунад, муайян намуданд, аз он ҷумла:

- ҳамкориҳои энергетикӣ;

- ҳамкориҳои нақлиётӣ;

- бехатарии озуқаворӣ;

- ташкили минтақаи озоди савдо;

- рушди  нанотехнология;

- сиёсати ҷавонон;

- муҳоҷират ва соҳаи гуманитарӣ.

Муаллиф: Оймаҳмадов Маҳмадамин- номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

 Бознашр аз китоби "Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" Душанбе 2018. 50-54 саҳ.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

[1]https://ru.wikipedia.org/wiki/Содружество_Независимых_Государств

[2]cis.minsk.by/page.php?id=176

[3] cis.minsk.by/page.php?id=178

[4]Соглашение Совета глав государств-участников СНГ о Вооруженных Силах и Пограничных войсках от 30.12.1991.

[5] Устав СНГ от 22.01.1993г. cis.minsk.by/page.php?id=180

[6] Положение о нац. координаторах государств-участников СНГ,  10.10.2008г. Бишкек

[7] cis.minsk.by/page.php?id=198

[8]www.cis.minsk.by/page.php?id=19069

[9] www.cis.minsk.by/page.php?id=200

[10] www.cis.minsk.by/page.php?id=204

[11] www.cis.minsk.by/page.php?id=206

Хондан 12072 маротиба