JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 18 Январи 2024 06:42

Мо, ҷавонон ватандӯстиро аз Пешвои миллат хеш омӯзем!

Муаллиф: Додихудо ХОЛМАДЗОДА

  Халқи тоҷик миллати навбунёд набуда, таърихи чандин ҳазор солаҳоро дорост. Таърихи давлату миллати хешро донистан вазифаи ҳар як шаҳрвани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар як миллатро аз таъриху забонаш мешиносанд. Бояд мо, ҷавонон вақти пурқимати хешро самаранок истифода истифода бурда, саҳифаи гузаштаи таърихи хешро варақ занем ва аз давлатдории Ҳахоманишинону Сафориён то Сосониёну Сомониён маълумот пайдо намоед. Ба мову шумо маълум аст, ки Исмоили Сомонӣ асосгузори давлати тоҷикон буд. Баъд аз барҳам хурдани давлати Сомониён мушкили чандин соли ҳаёти халқи тоҷик дар давраи шуравӣ боз як вилояти мухтори тоҷикон бо номи Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон таъсис ёфт.

  Ҷомаи орзуҳои чандин солаи мардуми тоҷик баъд аз пошхурдани давраи шурави соли 1992 бо далерию ҷасурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлате, ки дар оғуши ҷанг гирифтор буд, гирифта ба масоҳати 143, 5 кв аз як вилояти мухтор ба як давлати демократи ҳуқуқ бунёд, ягона бо номи Тоҷикистон бунёд намуд.На ҳар як шахсият дар вақти ҷангу хунрезиҳо ҷуръат мекунад, ки гурезагонро ба ватан баргардонад, ба дигар давлатҳои ҷаҳон дӯсти барпо кунад, бо душманони миллат муомила барқарор намояд, барои нигоҳ доштани тинҷиву ободии кишвари азизамон, сайю талоши хешро дареғ надошта ҷони худро қурбон намуд. Ин далерияш буд, ки тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи шурои намояндагии халки вилояти Кӯлоб интихоб гардида, пас аз чандмоҳи ҳамин сол дар Иҷлосияи таърихи даъвати XVI Шурои Оли интихоб гардид. 16 ноябри соли 1994 дар интихоби умуми халқи Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд то ҳол дар вазифа хеш устувор ҳаст.Номбурда барои хизматҳои шоёнаш дар барқарор намудани давлати тоза интихоби тоҷикон 11 декабри соли 1999 ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода мешавад.

  Мулки азизамон бо ташаббуси ии роҳбари сиёсатмадор неругоҳи барқи оби “Роғун” аз нав барқарор гардида 4 агрегади ин неругоҳ фаъолият намуда истодааст. Неругоҳи мазкур баъд аз таъмир ва пурра ба фаъолият шуруъ гардида ояндаи Тоҷикистонро дурахшон хоҳад шуд. Ин хизматҳои ғамхоронаро мардум дида ба ин роҳбари ташааббускорро унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат ба.муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода шуд. Пешвои ҷавонпарвари мо такя ба ҷавонон дорад ва дар ҳар як мулоќоту суханрониҳояш қайд мекунад, ки “Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд” чандин барономаву стратегияҳои дохили кишвар ќабул гардид ва соли 2017 соли ҷавонон, 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил менамоем, бо ғамхори Пешвои миллат ба занону бонувон ва баланд бардоштани маќамоти зан модар дар ҷомеъа баланд бардошта шуда ва Ятимон маъюбон, оилаҳои камбизоат зери назорат ва меҳрубононаи ҳамешагии сарвари мамлакат қарор дорад, ки дар ҳар як рӯзҳои ҷашни милли тӯҳфаҳои моливу пули тақдим карда мешавад. Барои постдоштани таърихи миллати хеш бо ташаббус ва супориши Пешвои миллат сарвари мамалакат аз фонди хеш китоби тоҷикон академик Бобоҷон Ғаффуров дар як ҷил руи чоп оварда шуда ба хонаи ҳар як оилаи ҷумҳури тӯҳфа карда шуд ва бахшида ба 115 солаги ќаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғаффуров озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон оинаи таърих” бо супориши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид ва бо сарбаландона ҷамъбаст шуда ғолибонро бо тӯҳфаҳои пуливу моли қадрдони гардид. Бо мақсади пешгири ҷавонон аз ҳизбу ташкилотҳои терроризми эктромисти ва ҷалби онҳо бо илму дониш бо супориши марди маорифпарвар барои мо ҷавонон сохта ба истифода диҳии листейҳои касби, омӯзишгоҳ, коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо марказҳои ҷавонон, мактабҳои санъат, қасри фаҳанг ва монанди инҳо зиёданд, ки барои тарбияи мо насли соҳибистиқлол мусоидат менамояд. Сохтмони роҳои нақлиёти шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ, дастгири намудани соҳибкорони ватанӣ ва ҷавонони болаёқати ватандӯст ин ҳама ғамхоронаи беназири ҷаноби оли мебошад. Агар мо дастовардҳои Пешвои миллатро назар андозем онҳо бешуморанд, шумо оиди дастовардҳои сарвари мамлакат аз сомонаҳои иҷимои ва осорхонаҳо дидан намоед. Эмомалӣ Раҳмон ба ин қадар масъулиятҳояш нигоҳ накарда дар даст хома гирифта муаллифи чандин китобҳо гаштааст аз қабили Забони миллат-ҳастии миллат, танзими оила кафолати рушди ҷомеъа, масъулият барои фардои миллат, даҳ соли истиқлол, ваҳдати милли ва бунёдкори , уфуқи истиқлол, ҷеҳраҳои мондагон ва дигар асарҳои гуногунро ба табъ расонидааст. Пешкаши аҳли илму адаб гардонидааст. Ҳамин хизматҳои шоёнаш буд, ки аз тараф маҷлиси намояндагон маҷлиси оли Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр бо тан тана рӯзи президенти таҷлил менамоем.

Додихудо ХОЛМАДЗОДА

Омӯзгори фанни математика дар муассисаи

таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлоб

Хондан 948 маротиба