JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 27 Январи 2023 04:17

Раҳнамое дар масири омӯзишу пажӯҳиши илми ниёкон

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Чанде қабл тавассути омӯзгори соҳибтаҷриба ва рӯзноманигори хушсалиқа Саида Набизода китоби тозанашри муаррихи донишманду муҳаққиқи пуркор Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бо номи «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» дастрас гардид. Китоби мазкур бо ороишоти хеле хуб ва сифати аъло дар ҳаҷми 312 саҳифа ба нашр расида, дар он маълумоти мухтасари энсиклопедӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони асримиёнагии форс-тоҷик, ки дар қарнҳои VII-XV зиндагӣ ва фаъолият намудаанд, ба тартиби хронологӣ оварда шудаанд. Навиштаҳо дар хусуси мавқеъ ва манзалати ҳар шахсияти таърихӣ, аслан дар каломи маънӣ ва мунтаҳои ихтисор омадаанд. Новобаста ба оне, ки дар китоб оид ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони қуруни вустои форс-тоҷик маълумот хеле мутахасар (дар бораи баъзеҳо танҳо пеша ё ҳунар зикр шудаасту халос) омадааст, вале муаллифи дақиқназар кӯшидааст, ки зиндагинома ва фаъолияти адабӣ, илмӣ, сиёсии беш аз 1000 нафар донишмандону мутафаккирони асримиёнагии форс-тоҷикро дар китобе гирд оварад. Бидуни муболиға, устоди соҳибназар Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бо таълифи «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» хидмати мондагореро анҷом додааст, зеро ин иқдом дар таърихи илму адаби тоҷик нахустин қадам буда, роҳнамои хубе баҳри омӯзишу пажӯҳиши илми ниёкон ва шинохти бузургони миллати хеш мебошад.

  Муаррихи борикбин китобро аз рӯйи эҳсосу ифтихори баланди миллӣ мураттаб намудааст ва бармалост, ки нисбат ба ҳама ашхоси таърихии дар китоб зикриномёфта назари нек дорад. Шояд ба хотире, ки китоби мазкур донишнома аст, муаллиф нисбат ба ҳама шахсиятҳо баҳои мусбӣ додааст ва маҳз дар ҳамин нукта назари неки устод Амиршоҳӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳамзамон, дар бораи аксар донишмандон вожаҳои волое, чун «бузург», «маъруф», «машҳур», «номвар», «ҳамадон», «забардаст», «тавоно» ва амсоли инҳоро истифода намудааст. Дар ин маврид низ ҳақ ба ҷониби устод Амиршоҳӣ аст, зеро аксар шахсиятҳои таърихии форс-тоҷик сазовор ба чунин унвонҳои ифтихории баланд ва олитар аз он низ мебошанд. Бидуни таърифу зиёдравӣ, бунёдгузорони аксар бахшҳои илмӣ, нахусткашшофони асрори падидаю ҳодисаҳои табиату кайҳон ва нахустихтироъкорони дастовардҳои бузурги илмӣ донишмандони қурунивустоии форс-тоҷик буда, дурахшонтарин давраи таърихии илму фарҳанги башарро ба вуҷуд овардаанд. Аз ин ҷост, ки асрҳои миёна барои миллати тамаддунофару фарҳангарвари тоҷик давраи тиллоии таърихии миллӣ маҳсуб мешавад ва саҳифаи пурҷилои китоби тамаддуну фарҳанги ҷаҳониро ташкил медиҳад.

  Баъд аз суқути империяҳои бостонии аҷдодии тоҷикон – Каёниён, Ҳохоманишиён, Кушониён, Ҳайтолиён ва махсусан, Сосониён, ки заволи он ба ҳамлаи аъроб ва таҳмили фарҳанги нимҷазиравӣ алоқаманд аст, фарзандони фарзонаи ин миллати бузург эҳёгарии нави миллиро оғоз ниҳоданд. Пас аз сукути ду садсола ё ба истилоҳи Зарринкӯб «Ду қарни сукут», тавассути наҳзатҳои фикрӣ бедориҳои рӯзафзуни миллиро падид оварда, дар ин замина давлатҳои миллӣ – Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён, Зиёриён, Сарбадорон, Куртҳо ва ғайраро ба вуҷуд оварданд ва алорағми таъқиботу догмаҳои динӣ ба наҳзати илммеҳварӣ, алалхусус улуми табиатшиносӣ замина гузоштанд ва онро инкишоф доданд. Дар баробари хидматҳои бузург, ҷонбозиҳои бемисл, сарсупурданҳо дар роҳи озодии меҳану огоҳии миллӣ ва рушди илму донишу фарҳангу маърифат афроде, ки ба миллату меҳани хеш хиёнат карданд, теша ба решаи миллат мезаданд, афкору андешаҳои зиддимиллиро инкишоф медоданд, ба пешрафти илму дониш монеа мегузоштанд ва дар масири худбохтагию беҳувиятӣ гом мебардоштанд, кам набуданд. Бинобар ин, дар як радиф гузоштани чунин чеҳраҳои худбохтаву беҳувияту хиёнаткор ба фарзонафарзандони таърихофару миллатсоз, сарсупурдаи роҳи озодии меҳан, хидматгузор баҳри фардои неки меҳану миллату башарият таҳқир ба инсонҳои гурӯҳи дуюм аст. Дар китоби «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» муаллиф маҳз чунин ҷанбаи фаъолияти баъзеҳоро сарфи назар намуда, дар бораи ҳар ду тоифа бо ифтихор ҳарф задааст ва оҳоро дар як саф гузоштааст.

  Ин назари шахсии муаллиф аст ва онро эҳтиром менамоем, вале ба чунин андешаву назарот мувофиқ нестем. Зеро аз мавқеи меҳанпарастию миллатдӯстӣ, эҳсосу ифтихори миллӣ, гиромӣ доштани таърихи миллат, ҳифзи манофеи миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги аҷдодӣ, пос доштани рӯҳи поки ниёкон ва муқаддас донистани марзу бум танҳо бо фарзонагоне ифтихор намуд ва онҳоеро гиромӣ дошт, ки дар ин масир аламбардор буданд. Дар ин маврид, дар як саф гузоштани Салмони Форс (Рӯзибеҳ ибни Хушнудон) бо муборизони роҳи бедории миллию сарварони ҳаракатҳои озодихоҳии эрониён ва пешвоёни ҳаракати шуубӣ, минҷумла Исмоил ибни Ясро, Башшори Тахористонӣ, Абумуслими Хуросонӣ, Ибни Муқаффаъ (Рӯзибеҳ ибни Ҷушнаш), Устод Сис, Муқаннаъ (Ҳошим ибни Ҳаким), Аллони Шуубӣ, Холиди Бармакӣ, Бобаки Хуррамдин, Абунувос, Ибни Ровандӣ (Аҳмади Зиндиқ), Ибни Муқла ва дигарон таҳқир ба ин абармардон мебошад. Ва ё дар як радиф гузоштани нафаре, ки миёни илмро шикасту монеаи рушди дониш гашт, яъне Муҳаммад Ғаззолӣ бо донишмандони ҷаҳоншумуле, чун Ҷобир ибни Ҳайён, Аҳмади Фарғонӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абулвафо Бузҷонӣ, Кушёри Гелонӣ, Аҳмади Насавӣ, Абурайҳони Берунӣ, Пури Сино, Умари Хайём, Мансури Хозинӣ, Насируддини Тӯсӣ ва дигарон ҳам таҳқири илму дониш ва ҳам тахқири ин ашхоси донишманд аст. Шояд Салмони Форс, Муҳаммади Ғаззолӣ ва дигар нафарони ба инҳо монанд ё пайравони эшон бузурганд, вале на дар роҳи огоҳию бедории миллӣ, ҳифзи марзу бум, рушди илму дониш, инкишофи фарҳангу маърифат. Бинобар ин, онҳоро бо фарзонагони миллат дар як радиф гузоштан ва эшонро дар қатори дигар чеҳраҳои номвар бузургони миллат, шахсиятҳои миллӣ ном бурдан ва аз инҳо ифтихор кардан, нодуруст аст. Агар чунин аст, пас мо, тоҷикон аз ҳар нафаре, ки ба миллату меҳани мо хиёнат кардааст, ба хотири манофеи бегонагон хидмат кардааст, бо аҷдоди мо душманӣ варзидааст, роҳи пешрафти моро бастааст ва дигар амалҳои пасту зиштро дар нисбати миллати мо раво дидааст, бузурги форс-тоҷик ном барем ва бо ӯ ифтихор намоем?. На, ҳеҷ гоҳ!

  Дар баробари ин, муаллифи нуктасанҷ Н.Амиршоҳӣ дар китоб аз намояндагони миллати мо, ки дар рушди илму фарҳанг ва санъату ҳунари дигар халқу кишварҳо саҳми бузург гузоштаанд, бо ифтихор ном бурдааст. Мисол, Муҳаммадшоҳ писари Ихтиёруддинро (бо забони хитоӣ Махэ-Маша), ки асалан аз Бухоро буд, меъмори бузурги Чин номидааст. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби муаллиф аст, зеро падари Муҳаммадшоҳ созандаи пойтахти Чин – шаҳри Хонболиғ (Пекин) буда, дар эъмори бисёре аз биноҳои таърихии шаҳрҳои бузурги ин кишвар падару писар саҳми бузург доранд. Ё Муҳаммадҳоҷӣ ибни Сайидаҷалии Бухороиро (бо забони хитоӣ Ма Хэ Санбоа ё Чжэ Хэ Санбоа), ки аз зодагони сэму (муҳоҷироне, ки аз Осиёи Марказӣ дар замони ҳукмронии муғулҳо ба Чин омаданд) аст, давлатмарди бузурги Чин номидааст. Оре, муаллиф комилан дуруст навиштааст, зеро Муҳаммадҳоҷӣ яке аз бузургтарин баҳрнавардон дар тамоми дунё буда, асосгузори флоти баҳрии Чин мебошад.

  Аз ин рӯ, агар мо заррае ифтихори миллӣ дорем, ба гузаштаи хеш арҷ мегузорем, тамаддуну фарҳанги миллии хешро дӯст медорем ва хидматҳои бузургу мондагори ниёконамро соҳибӣ мекунему пос медорем, набояд бузургони миллатро ба чеҳраҳои манфур дар як саф гузорем, қиёс намоем ва онҳоро дар баробари фарзонагони миллат бузург биномем.

  Албатта, дар китоби «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» устод Амиршоҳӣ ҳеҷ касеро дар як саф нагузоштааст ва қиёс ҳам накардааст. Вале, эроди ин ҷониб аз муаллиф дар он аст, ки дар радифи фарзонафарзандони миллат Салмони Форс, Муҳаммад Ғаззолӣ ва дигар ҳаммонандҳои онҳоро бузургони форс-тоҷик номидан нодуруст аст. Бигзор ин чеҳраҳои манфуру хиёнаткорро халқу миллату давлатҳое, ки ба нафъи онҳо хидмат кардаанд, дар рушду пешрафташон саҳм гузоштаанд, идеологияи онҳоро татбиқ намудаанд, бузург номанд ва ба эшон ифтихор намоянд. Агар мо дар масири огоҳию бедорӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш гом задан мехоҳему аламбардорӣ мекунем, бояд ба насли имрӯзаю оянда ҷанбаҳои мусбату манфии таърихи миллатро омӯзонему нишон диҳем ва шахсиятҳои комилан миллиро аз чеҳраҳои манфуру хиёнаткор ҷудо созем…

  Сарфи назар аз ин биниши камина бо муаллиф, таълифи китоби мазкурро шоҳкорӣ меҳисобам, зеро ин китоб дар баробари пешниҳоди маълумот аз боби зиндагӣ ва фаъолияти бузургони форс-тоҷик чандин ҷанбаҳои мусбии таърихи илми тоҷикро бармало менамояд. Аввалан, устод Амиршоҳӣ сарчашмаву манобеи зиёдеро ҷустҷӯ намуда, аз онҳо шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик ва он донишмандоеро, ки ба илму фарҳанги эронӣ алоқамандӣ доранд, пайгирӣ кардааст. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти ҳар як фарди таърихӣ маълумоти хеле мухтасар, вале ҷолибу зарурӣ пешниҳод намудааст. Сониян, китоби «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» динамикаи таназзули илми тоҷик, махсусан илми табиашиносиро ба таври возеҳу равшан нишон медиҳад. Дақиқан, агар дар саҳифаҳои аввали китоб (асрҳои VII-XI) ибораҳои донишманди ҳамадон, мусиқидони маъруф, табиби бузург, мунаҷҷими бузург, нуҷумшиноси бузург, риёзидони маъруф, риёзидони забардаст, мусиқидони машҳур, аз кубарои улуми ҷаҳонӣ ва ғайра зиёд ба назар расанд, вале дар саҳифаҳои баъдӣ (асрҳои XII-XIV) ибораҳои орифи бузург, суфии бузург, фақеҳи бузург, шоири ирфонӣ, шоири мутасаввиф ва амсоли инҳо бештар истифода мешаванд. Аз ин ҷо бармалост, ки илму дониш зери таъсири боварҳову таълимоти динӣ, интиқоди шадиди рӯҳониён ва догмаҳои динӣ аз рушду пешрафт монд ва наҳзати илммеҳварии тоҷик, алалхусус илми табиатшиносӣ мунтазам ба адам расид.

  Аз китоби мазкур он чи боиси ифтихору бештар сутуданӣ мебошад, ин аст, ки қисми аъзами ашхоси дар он гирдоваришуда намояндагони улуми табиатшиносианд. Китоби Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» нишон медиҳад, ки дар қуруни вусто наҳзати табиатшиносии тоҷик хеле бузург буда, қабл аз «Эҳё»-и Урупо баҳри рушди ҳамаҷонибаи илми ҷаҳонӣ заминаҳои бунёдӣ фароҳам овард ва онро таҳрик бахшид. Фарзи мисол, падари илми кимиё Ҷобир ибни Ҳанёни Тӯсӣ асосгузори назарияи сулфуру симоби пайдоиши филизот (металлҳо) буда, назари падид овардани филизоти навро (металлургия) ба миён гузошт, барои матоъу пӯст рангҳои гуногун ихтироъ кард ва аввалин шуда кислотаи сулфатро ҳамчун катализатор истифода бурд. Абулаббос Аҳмади Фарғонӣ дар бунёди расадхонаи Бағдод ширкат дошта, дар илми нуҷум баъзе андешаҳои Афлотунро инкор кард, курашакл будани Заминро собит намуд, соли 812 кусуфи Офтобро пешгӯйӣ кард ва «миқёси ҷадид» ном абзор барои чен кардани оби дарёи Нил ихтироъ намуд. Абуҷаъфари Хозинӣ дар ҷаҳон аввалин маротиба муодилаи квадратии навъи х2+а=сх2-ро бо ёрии бурришҳои конусӣ ҳал кардааст. Муваффақи Ҳиравӣ аввалин донишмандест, ки китоби тиббии порсии дариро навишт ва ҷадвале тартиб дода, дар он зиёд аз 595 навъи дорӯро ворид кард ва инчунин, дараҷаи таъсирнокии онҳоро муайян намуд. Абулвафо Аббоси Бузҷонӣ яке аз кошифони соҳаи тригонометрия (мусалласот) махсусан, дар мусалласоти куравӣ, ки таъсири ӯ дар қуруни вусто то ба Аврупо рафт, мебошад. Кушёри Гелонӣ бори нахуст силсилаи ҳисоби шастиро ба таври комил маълум намуд, усулҳои махсуси аз таҳти решаҳои квадратӣ ва кубӣ баровардани ададҳоро кашф кард ва чандин теоремаи тригонометрияи ростхаттаву сферавиро исбот намуд. Абубакр Ҳасани Караҷӣ бори нахуст роҳҳои дарёфти обҳои зеризаминӣ ва истифодаи онҳоро, ки дар илми ҷаҳонӣ то имрӯз аҳамияти бузурги илмию амалӣ дорад, то имрӯз кашф намуд. Абуҳасан ибни Аҳмади Насавӣ усули содатарини аз решаҳои квадратӣ ва кубӣ баровардани ададҳоро пешниҳод кард, ки онро баъдан риёзидонҳои аврупоӣ П.Руфини (1804) ва У.Горнер (1819) собит карданд ва такмил дододанд. Шарофуддин Музаффари Тӯсӣ аввалин шуда услуби тақрибӣ ҳал намудани муодилаҳои қутбиро пешниҳод ва баён кард, ки мутаассифона ин ихтирооти ӯ ҳоло ба Вист ва Нютон нисбат дода мешавад. Алии Қушчӣ аввалин шуда ҷадвали бисёррақамаи функсияҳои тригонометриро тартиб дод ва дар алгебра бори нахуст мафҳуми «адади манфӣ»-ро ворид кард.

  Аз ин навиштаи иҷмолӣ роҷеъ ба фаъолият ва кашфиёти беназири баъзе донишмандони миллати мо, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, бармеояд, ки наҳзати табиатшиносии форс-тоҷик дар саргаҳи дарёи илми ҷаҳонӣ будааст. Ҳамчунин, дар китоб роҷеъ ба фаъолияти донишмандони табиатшиноси ҷаҳонӣ, чун Абумашъали Балхӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Табиби Сарахсӣ, Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абуҷаъфари Хозинӣ, Абдураҳмони Суфӣ, Абумансури Бухороӣ, Мунаҷҷими Қумӣ, Табарии Ҳисоб, Устурлобии Соғонӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абдуҷалили Сиҷзӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Мансури Хозинӣ, Насируддини Тӯсӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Қозизодаи Румӣ, Ҷамшеди Кошонӣ, Аҳмади Хуфрӣ ва дигарон сухан меравад ва воқеан ҳам шаҳсутунҳои илми ҷаҳонӣ мебошанд. Масалан, аз панҷ табиби бузурги олами ислом – Рабани Табарӣ, Закариёи Розӣ, Алиаббоси Маҷусӣ, Пури Сино ва Ҳусайнии Ҷурҷонӣ ҳамагӣ тоҷиканд.

  Дар маҷмӯъ, китоби «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)»-и устод Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дастоварди хубе дар илми муосири тоҷик буда, хонандаро ба таърихи пурғановати илми тоҷик, дар симои шахсиятҳои барҷастаи он мешиносонад ва имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем ва бо фарзонагони миллати хеш пайвандӣ доштанро эҳсос кунему ифтихор намоем.

 

Номвар ҚУРБОН

Хондан 1130 маротиба