JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 09 Январи 2024 03:53

Шумораи навбатии маҷаллаи илмӣ-назариявии “Санъатшиносӣ”

Муаллиф:

  Моҳи декабри соли 2023 шумораи 8-уми маҷаллаи илмӣ-назариявии “Санъатшиносӣ” - (нашрияи Шуъбаи санъатшиносии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) аз чоп баромад.

Дар маҷалла мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии олимони соҳа аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон аз ҷумла:  

          Мақолаи Б. Хуррамова (Ӯзбекистон) “Тамоюлоти асосии ташаккули драмаи таърихии муосир” (анъана ва навоварӣ) ба таҳлили ҷараёни асосии рушди драмаи таърихии муосир, мушкилоти анъанаи бадеӣ ва навоварӣ дар ин жанр бахшида шудааст. Муаллиф таъкид намудааст, ки дар беҳтарин асарҳои классикӣ ва эҷодиёти халқӣ, хусусиятҳои драматургии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мушкилоти жанр, композитсия, назария ва таҷассумёбии саҳнавӣ ошкор карда шудаанд. Дар ҳама давру замонҳо назми олии ҳазорсолаи мо дар тарбияи ахлоқии мардум нақши муайянеро бозидааст.

      Дар мақолаи А.Назаров (Ӯзбекистон) “Мусиқӣ” дар бораи ҳадисҳои боэътимоди Имом Ал-Бухорӣ, ки бо мусиқӣ ва хондани матни Қуръон алоқаманд аст, нақл карда мешавад. Инчунин иқтибосҳо аз рисолаҳои мусиқии Ал-Форобӣ, Ибни Сино, Ал-Исфаҳонӣ, Ал-Хоразмӣ ва ғайра оварда шудаанд.

      Мақолаи А. Низомӣ “Силен Марсий – таҷассумгари парастиши флейта (най, дунай) дар фарҳанги мусиқии тоҷик” ба мавзӯи ҳифзи анъанаҳои шукӯҳу шаҳомати эҳтиром ва гӯш кардани мусиқӣ дар фарҳанги мусиқии муосири мо, аз ҷумла оҳангҳои флейта (авлос), ки сатири қадим Силен Марсий дар он бозӣ мекард, инчунин чӣ тавр пайдо шудани флейта дар маъбади Окси Тахти-Сангин бахшида шудааст. Имрӯз яке аз толорҳои осорхонаи миллии Тоҷикистонро муҷассамаи хурди Силен Марсий оро медиҳад, ки таваҷҷӯҳи муҳаққиқон – таърихнигорон, бостоншиносон ва санъатшиносонро ба худ ҷалб мекунад.

      Дар мақолаи дигар  “Ҷойгоҳи аносири фарҳанг ва рамзҳои мусиқӣ дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ” муаллиф (А. Низомӣ) масъалаи шарҳ ва тасвири аносири фарҳангии ниёгони халқи тоҷик, инчунин тавассути рамзҳои созҳои мусиқии қадимӣ ва номгӯйи суруду таронаҳои мардумӣ, маросимӣ, мазҳабӣ оро додани ҷараёни эҷоди достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ баррасӣ гардидааст. Муаллиф бо такя ба асноди дақиқи таърихӣ, наққошиҳои деворнигораҳои Панҷакенти қадим, Афросиёб, Варахша, инчунин сарчашмаҳои хаттӣ, осори муаррихон ва бостоншиносони муосир таъкид менамояд, ки қисми зиёди сюжетҳои маъруфи Шоҳнома чанд сад сол қабл аз замони Фирдавсӣ дар мазмуну мундариҷаи тамаддуни суғдиҳо ва хоразмиҳо машҳур гардида буданд.

    Рассом Далер Миҳтоҷов дар мақолааш “Ранги сурх ё дастархони сурх” дар бораи ранг, хусусиятҳои он ва чи гуна ранг ба ҳолати руҳии инсон таъсир расонидани он маълумоти мухтасар овардааст. Рамзи ҳар як ранг аз пайдоиши инсон дар рӯи замин реша мегирад. Инчунин муаллиф дар мақола бо такя ба маълумоти таърихӣ якчанд маротиба муносибати истифодаи рангро дар минтақаҳои гуногун ва хусусияти таъсирбахшии он ишора кардааст. Дар тӯли таърихи тоҷикон низ аз қадим дар фарҳанги меъморӣ, либос ва нақшу нигор ин падидаҳо хеле рушан инъикос шудааст.

     С. Ҷурахонзода дар мақолаи “Ҳунар омӯз, ки аз ҳунармандӣ” оид ба осор ва хислатҳои неки инсонӣ, омузгорӣ ва эҷодии рассоми маъруфи тоҷик Аҳмад Юсупов сухан мекунад. Устод А. Юсупов ҳамчун як фарди дилсӯзу меҳнатқарини Ватани худ ба сифати рассоми соҳибкасб ва маъруф, омӯзгори соҳибтабъ ва бофазилат дар  тарбияи  мутахассисони ҷавони соҳаи санъату фарҳанги ҷумҳурӣ ширкат варзида, ба рушди маънавиёти ҷомеа мусоидат намудаанд. Ӯ дар эҷодиёташ бештар воқеаҳои таърихи халқ ва қисмати ниёгонро васф кардааст.

    Мақолаи З. Боймуродава “Илёс Маҳмадҷонов: Рамзҳои ниҳонӣ ва ошкор” мухлисони санъати тасвириро бо эҷодиёти яке аз рассомони маъруфи тоҷик Илёс Маҳмадҷонов, ки ба насли нисбатан ҷавон тааллуқ дорад, шинос мекунад ва доир ба хусусиятҳои наҷиби мусавварҳои ӯ таҳлил пешниҳод намудааст. Рассом бештар дар мавзуъҳои лирикӣ-ишқӣ, иҷтимоӣ, вазъи зиндагии мардум ва ғ. эҷод мекунад. Муҳтавои бештари асарҳои офаридаи рассом бо тамоми зуҳуроташ шакли махсуси ҳикояро дар ҳар як асар ба мисли манзара ва  ҷеҳра, ки "ҳикоя" ва ё "ҳикояи кӯтоҳ"-ро нишон медиҳад тасвир намудааст.

          М. Довутова дар мақолаи “Кошифи асрори анъанаҳои пурғановат” (андешаҳо дар бораи эҷодиёти Анваршо Сайфудинов) эҷодиёти А. Сайфудинов ки бо ранг ва шакл хуб кор мекунад ҳикоя менамояд. Рассом тавассути забони универсалӣ, визуалии шаклҳо ва рангҳои абстрактӣ кӯшиш мекунад, ки тамоми эҳсосоти амиқи инсониро ифода намояд. Кӯшиш ба навоварӣ ва ҷустуҷӯ, меҳнатдӯстии хоса А. Сайфудиновро ӯро ҳамчун яке аз рассомони беҳтарин ва машҳур намудааст.

          Дар мақолаи Л. Файзиддин “Масъалаҳои ҳифз ва интиқоли ҳунари Шашмақом бо усули анъанавии “Устод-шогирд” дар бораи усулҳои анъанавии интиқоли малакаҳои “устод-шогирд” сухан меравад, ки муддати тӯлонӣ худро ҳамчун усули самаранок тавсия додааст, аз тарафи дигар, ин таҳкими мактаби “устод-шогирд” мебошад, ки донистани асолати санъати классикии тоҷикро танҳо тавассути шаклҳои хаттии иттилоот ғайриимкон мебошад. Бе мавҷудияти мактаби “устод-шогирд” ва бе таҷрибаи гузаштагон идомаи рушди мероси ҳунар аз насл ба насл ғайриимкон мебуд.

          Г. Абдулоева дар шумора оид ба баргузории намоиши расмҳои рассом Д.Миҳтоҷов “Дастархони сурх”, ки бо иштироки олимони тоҷик ва хориҷи кишвар дар Душанбе (майи соли 2023) гузориш пешниҳод намудааст.

          Маълумоти бештарро дар бораи шумораи мазкури маҷаллаи илмӣ-назариявии “Санъатшиносӣ” метавонед аз сайти ravshanfikr.tj дастрас намоед.

Хондан 847 маротиба