JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 08 Сентябри 2023 09:30

Таҳқиқоти комиле оид ба нақши ҷавонони даврони Истиқлол

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Яке аз таҳқиқоти комиле, ки нақши ҷавононро дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дар солҳои соҳибистиқлолӣ пурра арзёбӣ менамояд ва ба ин масъала баҳои илмӣ медиҳад, пажӯҳиши олими ҷавон, муҳаққиқи борикбин ва роҳбари кордон, номзади улуми таърих Мавсума Муинӣ таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар равандҳои дигаргунсозии иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият (солҳои 1991-2016)» мебошад. Муҳимияти масъалаи меҳварии пажӯҳишро аҳамияти илмию амалии саҳми бевоситаи ҷавонон ва истифодаи неруи зеҳнию ҷисмонии онҳо дар ҷаҳони муосир, дар мисоли Тоҷикистони тозаистиқлол ташкил медиҳад, ки ба андешаи муаллифи жарфнигар, масъалаи мавриди назар дар ҷаҳони имрӯз яке аз шартҳои ноилшавии рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

  Мусаллам аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳалли масоили ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ҳисобида, барои фардои нек, ояндаи дурахшон ва ҷиҳати ташкили зиндагии шоиста баҳри ҳар як насли наврас ва ҷавони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида, аз ҳамаи имконоти мавҷуда самаранок истифода менамояд. Дар ҷавоб ба ин ғамхорию дастгириҳои давлату ҳукумат, хосатан, таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат ба масъалаҳои наврасону ҷавонон, ҷавонони имрӯзи кишварро мебояд, ки барои ҳарчи зудтар ноил гардидан ба арзишҳои волои зиндагисоз, эҳёи фарҳанги пурғановати аҷдодӣ, баланд бардоштани ҳисси миллатдӯстӣ, кӯшишҳои пайваста ҷиҳати ҳифзи меҳан ва ҷаҳду талош баҳри таҳкими ваҳдати миллию якчорчагии меҳан, ҳар як сухани Сарвари давлатро сармашқи кори хеш намуда, дар ин масир ҳамрайъи давлату Ҳукумат бошанд. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳар як суханронию вохӯрии хеш ба масоили ҷавонон махсус таваҷҷуҳ намуда, нақши ҷавононро дар тамоми ҷанбаҳои кишвар баланд арёзбӣ мекунанд ва нисбат ба қишри ҷомеаи ҷавони меҳан эътимоди комил доранд: «Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем».

Маҳз бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти фарҳангию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию варзишии кишвар, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шуд. То ин давра, аз ҷониби давлату ҳукумат даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардиданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди ислоҳот дар кишвар, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва анҷом додани корҳои созандагию бунёдкорӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли ояндасозу меҳанпараст тамоми имконияту шароитро муҳайё сохтаанд. Аз ҷумла, таъсиси стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, квотаи президентӣ барои таҳсили духтарону ҷавонони навоҳии дурдаст дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъсиси стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», таъсиси ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва таъсиси ҷоизаи Президенти кишвар ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ нишонаи баланди таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат ба қишри ҷавону фаъоли ҷомеа мебошанд.

Дар ин маврид, дар васоити ахбори омма маълумоти фаровоне вуҷуд дорад ва ҳамагон хуб медонанду пайваста мушоҳида менамоянд, ки Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша пуштибон, дастгир ва ғамхори наврасону ҷавонон мебошад. Хидматҳои бузург, ғамхориҳои ҳамаҷониба ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонону наврасон танҳо ба ин иктифо намеёбанд ва воқеан ҳам, онҳо беназиру беқиёсанд. Дар посух ба ғамхорӣ, пуштибонӣ ва дастгириҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат ҷавонони худогоҳу худшинос ва миллатдӯсту меҳанпараст низ ҷаҳду талош менамоянд, то дар рушду пешрафти меҳани маҳбубамон Тоҷикистон саҳми назаррас дошта бошанд. Бо вуҷуди ин, талилҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз масоили марбут ба иштироки ҷавонон дар равандаи ҷамъиятию сиёсии ҷомеа аз назари муаллифону пажӯҳишгарон дур мондаанд ва ё сатҳӣ баррасӣ гардидаю инъикос ёфтаанд. Ин мушкилот пеш аз ҳама ба масоили иштироки ҷавонон дар раванди дигаргунсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ рабт дорад.

Бинобар ин, яке аз таҳқиқоти комиле, ки нақши ҷавононро дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дар солҳои соҳибистиқлолӣ пурра арзёбӣ менамояд ва ба ин масъала баҳои илмӣ медиҳад, пажӯҳиши олими ҷавон, муҳаққиқи борикбин ва роҳбари кордон, номзади улуми таърих Мавсума Муинӣ таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар равандҳои дигаргунсозии иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият (солҳои 1991-2016)» мебошад. Муҳимияти масъалаи меҳварии пажӯҳишро аҳамияти илмию амалии саҳми бевоситаи ҷавонон ва истифодаи неруи зеҳнию ҷисмонии онҳо дар ҷаҳони муосир, дар мисоли Тоҷикистони тозаистиқлол ташкил медиҳад, ки ба андешаи муаллифи жарфнигар, масъалаи мавриди назар дар ҷаҳони имрӯз яке аз шартҳои ноилшавии рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Зеро таърихи соҳибистиқлолии меҳани маҳбуби мо – Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз ҷавонони саодатманду сарбаланди тоҷик ба сифати неруи бузурги созанда шинохта шудаву эътироф гардидаанд. Ва аз ин рӯ, ҳалли мушкилот ва масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти наврасону ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон ва эътироф гардидааст.

Рисолаи мазкур аз ду боб – «Саҳми ҷавонон дар татбиқи вазифаҳои стратегии Тоҷикистон» ва «Мавқеъ ва нақши ҷавонони Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ» иборат буда, муаллиф онро дар асоси санаду меъёрҳое таълиф намудааст, ки дар раванди таҳия ва қабули бархе аз онҳо мустақиман ширкат варзидааст. Муаллифи борикбину нуктасанҷ дар ин пажӯҳиш ба далелу рақамҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баҳои илмӣ дода, амалияву назарияро ба ҳам тавъам сохтааст. Аз ин ҷост, ки хулосаву тавсияҳои амалии рисолаи Мавсума Муинӣ аз ҷониб мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон ва зерсохторҳои он бо мақсади амалисозии самароноки сиёсати давлатии ҷавонон мавриди истифода қарор дода шуда, ба нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои солҳои 2015-2016) шомил гардидаанд. Навгонии пажӯҳиш бошад, аз он иборат аст, ки далелу рақам ва омори бойгонии мавҷудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд нахустин маротиба мавриди истифодаи васеъ қарор гирифта, инъикоси илмии худро маҳз дар ин рисола пайдо намудаанд.

Давраи хронологии рисолаи мазкурро таърихи 25-солаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1991-2016) ташкил медиҳад, ки муаллиф зимни пажӯҳиш раванди ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро ба чаҳор марҳалаи асосӣ гурӯҳбандӣ намудааст:

Марҳалаи якум аз моҳи марти соли 1992 то моҳи июни соли 1997-ро дар бар мегирад, он аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13.03.1992) оғоз ёфта, бо баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷом меёбад. Маҳз дар ин марҳала Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (27.05.1997) таъсис дода шудааст.

Марҳалаи дуюм фарогири моҳи июни соли 1997 то моҳи июли соли 2004 буда, дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири комилан нав қабул карда шудааст (15.07.2004).

Марҳалаи сеюм аз моҳи июли соли 2004 ибтидо гирифта, то ташкилшавии Шурои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад. Сипас Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода мешавад.

Марҳалаи чорум аз таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19.07.2015) оғоз мегардад. Фаъолият намудани Шурои мазкур намунаи эътимоду эҳтироми роҳбарияти олии кишвар ба қишри ҷавони ҷомеа мебошад. 

Ҳамин тавр, бо дарназардошти муҳимияти масъала, аҳамияти амалию назариявии он дар шароити муосир ва нокифоя будани пажӯҳиш дар ин самт, пажӯҳишгари донишманду дақиқназар Мавсума Муинӣ назди хеш ҳадаф гузоштааст, ки тибқи таҳқиқоти маҷмӯӣ таҷрибаи ширкати ҷавононро дар раванди дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди пажӯҳиш қарор диҳад. Бо сабаби он, ки тамоми ҷанбаҳои мушкилоти марбут ба ҷавон масъалаи васеъ ва хеле донманадор буда, дар як рисола инъикос намудани тамоми паҳлуҳои он аз имкон берун аст, бинобар ин, муаллиф ба ҳалли вазоифи нисбатан аҳамиятнок таваҷҷуҳ кардааст:

- инъикоси воқеаҳои асосии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар даврони гузариш ва муайян кардани вазъи хоси иштирок ва нақши ҷавонон дар он;

- нишон додани марҳалаҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон;

- ҷамъбаст намудани саҳми ҷавонон дар рушди саноат ва ҷанбаи энергетикӣ;

- баррасии иштироки ҷавонон дар дигаргунсозиҳои кишоварзӣ;

- таҳлили фаъолияти гуногунҷабҳаи ташкилотҳои ҷавонон дар ташаккули тарзи ҳаёти солим;

- омӯзиши роҳҳо ва усулҳои муқобилият бо зуҳуроти номатлуб дар муҳити ҷавонон.

Воқеан, ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва неруи бузурги бунёдгару созандаи давлат буданд, ҳастанд ва мебошанд. Аз ин рӯ, ҳанӯз ду ҳазор сол муқаддам файласуфи маъруфи юнонӣ Арасту гуфта буд, ки «Ҳама касоне, ки хусуси санъати идоракунии тафаккур намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири империяҳо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ дорад». Пешвои муззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳанӯз ба масъалаи ҷавонон дар суханронии худ ба ифтихори 20-солагии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати «Рӯ овардан ба ҷавонон»-ро ба миён гузошта, таъкид намуда буданд, ки воқеан ҳам таваҷҷуҳ ба ҷавонон маънии рӯ овардан ба ояндаи меҳану миллатро дорад.

Ҳамчунин, масъалаи ҷавонон дар тамоми Паёмҳои Пешвои муззами миллат ба парлумони кишвар – Маҷлиси Олӣ пайваста инъикос меёбад. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз Паёмҳои хеш иброз намуданд, ки «…ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд», низ таъкид гардид ва тақвият ёфт. Бинобар ин, вақте, ки дар бораи масъалае сухан меронем, лаҳзаҳои хеле мушкили таърихии пайдоиши онро пеши назар овардан лозим аст. Зеро танҳо бо донистани воқеияти таърихӣ мо метавонем ба ҷой, мақом ва нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот дар таърих баҳои одилона диҳем».

Зеро ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди фурӯпошии давлати абарқудрати шӯравӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш чун солҳои давраи аввали собиқ ИҶШС ҳудуди «табартақсим»-и худро соҳибӣ намуд ва таъсиси давлати соҳибихтиёри худро эълон дошт, вале бо мудохилаи бевоситаи қувваҳои беруна ва душманону бадхоҳони миллату меҳан, Тоҷикистон ба мушкилиҳои сахту сангин рӯбарӯ гардид ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар шурӯъ шуд, ки зарари иқтисодии он беш аз 10 млрд. доллари ИМА мебошад. Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба имрӯз давлат ва Ҳукумат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст.

Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд ва як моҳ пеш аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, пас аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо намояндагони ҷавонони кишвар 23 майи соли 1997 мақоми ваколатдори соҳа – Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардид ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар раванди ислоҳоти сохтори идоракунии давлатӣ маҳз ба хотири рушди варзиш ва сайёҳии мамлакат аз соли 2006 идораи ин соҳаҳо ба уҳдаи мақоми ваколатдори сиёсати ҷавонон вогузор гардид. Дар марҳалаҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд.

Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар асоси паёмҳои Пешвои миллат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. Фарзи мисол, танҳо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра бароварда шуда, азнавсозӣ ва бунёд гардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад», ки ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба наврасону ҷавонон аст.

Ҳамин тавр, тамоми масоили болозикр дар рисолаи илмии номзади илмҳои таърих Мавсума Муинӣ инъикоси пурраи худро ёфтаанд ва аз ин рӯ, мазмуни асосӣ, хулосаву тавсияҳои онро, ки таҳқиқоти комил ва пажӯҳиши ҳамаҷониба аст, метавон дар тамоми самтҳои фаъолияти марбут ба ҷавонон истифода намуд. Зеро нуктаҳои асосӣ ва хулосаву тавсияҳои пажӯҳиши мазкур аз ҷониби сиёсатмадорон, коршиносони ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсию ҳаракатҳо ва олимони ҷомеашинос эътироф гардида, аллакай зимни таҳияи маводи методӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Рисолаи мазкур бори дигар майлу рағбати ҳар як хонандаи онро ба омӯзиши масоили марбут ҷавонон, махсусан фаъолияти ин қишри фаъоли ҷомеаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб менамояд.

 

Номвар ҚУРБОН,

Аълочии матуботи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хондан 1474 маротиба