JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 29 Сентябри 2017 11:56

Ватан ва миллатро ба абзори сиёсӣ набояд табдил дод

Муаллиф:

  Бо итминон метавон гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ вақте ки дар бораи миллат ва манофеи миллӣ иддао мекунад, риё меварзад ва дурӯғ мегӯяд. Зеро фарзандони воқеии миллат ҳаргиз арзишҳову манофеи миллии худро дар баробари хориҷиён ба фурӯш намегузоранд. Фарзандони воқеии миллат дарду мушкилоти миллатро ба ҷон мехаранд. Аммо барои Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони наҳзатии ӯ ҳеҷ арзише болотар аз эътиқоду манфиатҳои мазҳабиву гурӯҳиашон  набуду нест. Ӯ ҳар гоҳ дар бораи мардумсолориву демократия ва ҳуқуқу озодиҳои мардуми Тоҷикистон ҳарф мезанад, боз ҳам риё меварзаду дурӯғ мегӯяд, чунки ҳаргиз афроди мазҳабии мутаассибу бунёдгаро наметавонанд сидқан ҷонибдори мардумсолорию демократия ва озодагиву озодандешӣ бошанд. Табиати динсолориву мазҳабгарӣ ва таассуб бо мардумсолорию демократия таноқуз дорад. Аз ин рӯ бояд пай бурд, ки аз мардумсолориву демократия ва ҳуқуқи озодиҳои мардуми Тоҷикистон ҳарф задани Кабирӣ фақат шиори зебову фиребо ва замонасозиву забонбозиест, ки ба таври муваққатӣ ба хотири гӯл задании ҷомеаи чаҳонӣ истифода мешавад.

 Феълан роҳбари ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо ҳузури худ ва теъдоде аз пайравонаш дар хориҷа бо корбурди тамоми маҳорати тӯли солҳо аз муршидони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтаашон талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд.  Онҳо гӯиё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо саъй мекунанду роҳи раҳоии кишварро аз бунбасти мушкилот нишон медиҳанд. Он изҳорот ва суханрониҳое, ки тӯли моҳҳои охир М. Кабирӣ  дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Варшава ва сайтҳои Eиrasia Daily ва KEMYAESAADAT интишор додааст, давоми ҳамон худнамоиҳову дасисабозиҳои ин роҳбари худхоҳи  наҳзатӣ ва сарпарастони манфиатҷӯяш аст.

 Дар воқеъ бисёр шигифтангез аст, ки феълан чунин афрод бо вуҷуди даст доштан дар ҷиноятҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандии кишвар ва зомини марги беш аз 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳ шудан, ки на фақат хиёнат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, балки нақзи ҳуқуқи башар низ буд, феълан риёкорона ва бидуни истиҳола дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳониву созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдору ҳомии  ҳуқуқи башар роҷеъ ба адами адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иддао мекунанд. Онҳое, ки солиёни дароз бо дасиса бахше аз ҷомеаи кишварро гумроҳ кардаву ба тавтеа кашониданд ва ба миллату ватану дину мазҳаби худ хиёнат карданд, акнун мехоҳанд бо ҳамон услуб ҷомеаи  ҷаҳонро гӯл зананд. 

 М. Кабирӣ ҳангоми мусоҳибаи охирини худ, ки аз сайти Eиrasia Daily нақл шудааст, бо ишора ба сардии равобити Душанбе ва Тошканд дар даврони Ислом Каримов гуфтааст, ки далели аслии сардии равобити Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  дар шахсиятҳост. Бо таъкиди ин масъала ӯ ба таври муғризона ироа доштааст, ки сардии равобити байни ин ду кишвар ба вижа ба шахсияти Сарвари давлати мо марбут аст. Дар воқеъ бисёр таассуфовар аст, ки М.Кабирӣ бо вуҷуди иддаои сиёсатмадорӣ кардан  натавонистааст дарк кунад ва ё аниқтараш аз таассуб нахостааст иқрор шавад, ки сардии муносибати кишварҳои мазкур аслан на ба шахсиятҳо, балки ба сиёсати манфиатҷӯёнаи сарвари қаблии Ҷумҳурии ҳамсоя тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои минбаъда вобаста буд. Агар дар ҳақиқат сардии равобит ба шахсияти Президенти ҶТ марбут мебуд, пас чӣ гуна бо ҳузури ӯ баъди дар ҶӮ ба сари қудрат омадани Ш.Мирзиёев робитаҳои ҷонибайн таъҷилан эҳё шуда дар кӯтоҳмуддат хеле густариш ёфтанд? Магар дарки ҳақиқати ин масъала барои шахсе, ки худ шоҳиди ҳол ва иштирокдори ҳаводиси марбутаи таърихӣ буда илова ба ин иддаои сиёсатшиносӣ ва сиёсатмадорӣ мекунад, мушкил аст? Албатта, мушкил нест. Мушкил дар дидгоҳи муғризона аст.

 Муҳиддин Кабирӣ ҳануз ҳам ба ҳайси роҳбари ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки он аз ҷониби ниҳодҳои бонуфузи сиёсии минтақа ҳамчун  созмони террористӣ эътироф шудааст, ҳар рӯз бо шеваи наве сару садо баланд мекунад ва ба ин васила мехоҳад қабл аз ҳама дар сатҳи байналмилалӣ худ ва ҳаммаслаконашро муборизи роҳи озодиву ҳифзи ҳуқуқи мардуми Тоҷикистон нишон диҳад. Аслан ӯ бо ин талошҳои бесамари хеш ният дорад, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии хориҷиён давлати Тоҷикистонро таҳти фишор қарор дода мақоми қаблии сиёсии ҳизби тундрави худро  барқарор намояд ва ҳамзамон ҷойгоҳи аздастрафтаи хешро дигарбора ба даст орад. Ба хотири расидан ба ин ҳадаф барои вай риёкорӣ кардану дурӯғ гуфтан ва фитнаву дасиса ангехтан бидуни шубҳа кори маъмулӣ ва муқаррарие беш нест. Ин аъмоли номатлуб барои ӯ ва ҳаммаслакони сиёсиаш танҳо василаҳо ва олатҳои ба даст овардани ҳадаф аст.

 Айни замон Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми мусоҳибаҳо кӯшиш менамояд, ки худро ғамхори ҷомеаи кишвар нишон дода бештар роҷеъ ба мушкилоти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кунад ва онҳоро аз буда бузургтар ҷилва диҳад. Аммо дигар ҳама медонанд, ки ин фақат як технологияи сиёсии ӯст, ки ба хотири ба даст овардани ҳусни таваҷҷуҳи омма ва бо осонӣ ба даст овардани обрӯ  дар байни мардум гуфта мешаванд.

 Ҳамчунин бечоранолӣ кардану ҳаммаслакони худро ҷабрдидаву мазлум нишон додан шеваи дигари тактикии М.Кабирӣ аст, ки бо мақсади ба ангезиш овардани эҳсоси отифии ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Аврупо анҷом дода мешавад.

 Анҷом додани чунин корҳо ба ӯ баҳри расидан ба ҳадаф хеле муҳим аст, вагарна аъмоли содиркардаи ҳаммаслакони ин “муршиди роҳи ҳақ” ва ҳомии ҳуқуқҳои инсон тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ далели рӯшани он аст, ки онҳо дар вуҷуди худ чизе аз гуманизму инсонсолорӣ надоштанду надоранд. Барои ин гурӯҳ арзишҳои волое чун Ватан ва миллат ба абзори сиёсӣ табдил шудааст.

 Дар конфронси охирини САҲА, ки чанде қабл дар Варшава баргузор шуда буд, ба таври возеҳу равшан маълум гардид, ки ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон бо вуҷуди талошҳои зиёд наметавонад таваҷҷуҳи ниҳодҳои байналмилалиро ҷалб намояд, зеро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дигар ошкор шудааст, ки ин гурӯҳи тундгарои динӣ ҳеҷ гуна нақшаи муайяни ояндабинонаи фаъолият ва ҳадафҳои созандаи демократӣ надорад ва умуман нерӯи ҷиддиву ояндадори сиёсӣ  буда наметавонад. Аз ин буд, ки суханронии пур аз газофу муғризонаи М.Кабирӣ хилофи интизориҳо ва чашмдошти ин воизи муддаӣ ва пайравони камшумораш натавонист фазо ва муҳити конфронсро тағйир диҳад.

 Талошҳои бесамари М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш на фақат дар сатҳи байналмилалӣ, балки дар сатҳи дохилӣ низ наметавонад фазои ақидатӣ ва афкори ҷомеаи моро тағйир диҳад. Мардуми ватанпарасти  мо тӯли солҳои пур аз шебу фарози истиқлолият бо дарки хештаншиносӣ ва огоҳии сиёсӣ борҳо бо чунин гирудорҳои сиёсӣ  бархурд кардаву пайомадҳои  чунин  фитнагариҳоро оянданигарона дарк мекунад.  Аз ин рӯ сиёсати меҳанпарастонаву саъю талошҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  садоқатмандона  ҷонибдорӣ  карда  ҳеҷ гоҳ  ба  ҳангомаҷӯёни манфиатҷӯи дохиливу сарпарастони хориҷиашон фурсату имкон нахоҳад дод, ки дигарбора вазъияти сиёсиро дар кишвар ба чолиш кашанд!

Назрӣ Асадзода

Фараж 27.09.2017 №39 (565) 

Хондан 1583 маротиба