JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Декабри 2018 05:59

Волтер – равшангаре, ки Аврупоро дигар кард

Муаллиф:

  Номи асл ва хонаводагияш, ки ҳангоми тавлид ба ӯ гузоштаанд Франсуа́-Мари́ Аруэ́ аст. Волтер тахаллусест, ки пас аз ба балоғат расида аз ҷониби худи мутаффакир интихоб гардидааст.

  Волтер наздик ба 300 сол пеш дар 21 ноябри соли 1694 мелодӣ дар Порис ба дунё омад. Дар хонаводаи миёнаҳол ва таҳсилкарда парвариш ёфт. Падараш ба номи Фаронсаво Оруия вакили муваффақ ва маҳзару дорои зирак буд. Модараш Мария де Морд зане буд ашрофзода бо ҳушу базнагу зебо сарзинда вале маслул. Волтер ба сурати навзоди тамом нотамом ва мурданӣ ба дунё омад.

  Парастораш гуфта буд ин бача мурданӣ аст ва беш аз як рӯз давом нахоҳад омад. Волтер баъдҳо дар бораи худаш навишт, ки аз ҳамон оғози зиндагӣ ҳарду пояш бар лаби гӯр будааст. Замоне, ки ин кӯдаки ранҷур ҳафтаи авали умрашро пушти сар гузошт аҳли оилааш зинда монданашро ба муъҷиза нисбат доданд. Гарчӣ ин навзоди мурданӣ 84 сол умр кард, аммо дар саросари даврони зиндагониаш ҳамеша бемор нотавон ва ранҷур буд. Бо чандин маризии гуногун дасту панҷа нарм мекард. Баъзе аз пизишкон гуфтаанд, ки Волтер бемории силро аз модараш ба ирс мебурд ва ин беморӣ то поёни умр раҳояш намекунад. Вай то поёни умр аз бемории илтиҳоби шушҳо ва табҳои гуногун ранҷ мебурд ва ҳамеша эҳсоси сармо мекард. Волтер резандон буд, сурати устухонӣ ва нозебо дошт. Пас аз дучор шудан аз бемории обла сураташ нозеботар шуда буд. Саргузаштнависони вай навистаанд, ки сураташ дар ҳамон ҳол, ки хандаовар буд эҳтиромбарангез низ буд.Чашмонаш дурахшон пурсанда ва ҳушманд буданд ва дар лабхандаш меҳрубонӣ бо шайтанат даромехта буд. Дар нигоҳаш партавҳое аз нубуғ надоро ва гузашту танзи фалсафӣ ба ҳарсу пароканда мешуд. Дар нигоҳаш партавҳои аз нубуғ мадорову гузашт ва танзи фалсафӣ ба ҳарсу пароканда мешуд.

  Волтер пас аз ёд гирифтани навиштану хондан ба сурудани шеър мепардозад. Падараш аз алоқаи шадиди фарзанд ба шеър сурудан ғарқ дар шигифтӣ мешавад ва мегӯяд: «Ин писар дар оянда ҳеҷкора ва фақир хоҳад шуд». Писарбачаи шоир аз 9 то 17 солагӣ таҳсилоти расмии худро дар дабистон ва дабиристони ясваъиҳо, ки фирқае аз масеҳиёнанд, ба поён мерасонанд. Дар ин мадорис бо фарзандони бузургтарин аъёну ашрофи Фаронса ошно мешавад ва ба шиддат ба адабиёт театр ва махсусан ба сурудани шеър алоқа нишон медиҳад. Пас аз поёни даврони дабиристон падар аз ӯ мехоҳад, ки дар риштаи ҳуқуқ ба таҳсилоташ давом диҳад, аммо писар адабиётро бармегузинад ва бо падар дармеафтад. Дар ин замон ҳадафи бузургтарин шоири ҷавон ин аст, ки саре дар миёни сарҳо дар биёварад ва аз худ шоири номдор бисозад. Аммо ин шоири номдор бояд яке аз сарватмандони бузург низ бошад. Дар ин замон Волтер чунин меандешид, ки истеъдод бепул дарднок ва пул беистеъдод низ бемаъно аст, ӯ мехоҳад, ки номдори сарватманд бошад. Марде, ки ба Волтери ҷавон асари бузург ба ҷо мегузорад яке аз устодони ӯст бо номи Шотунуф. Ин мард худро худошинос, аммо бедин меномид ва бар андешаҳои шоири ҷавон нақши пойдор бар ҷо мегузорад.

  Волтер дар 23 солагӣ дар шеъри танзолуде дар бораи ноиб салтанаи Фаронса ӯро ба шиддат даст меандозад. Пас аз интишори ин шеър Волтерро ба 11 моҳ боздошт дар зиндони машҳури Бостел маҳкум мекунанд. Шоири ҷавон барои нахустин бор мазаи адабиёти мардумиро мечашад. Дар даврони зиндони Бостел аст, ки тарҳи нахустин намоишномаи худ ба номи Эдипро мерезад. Аз ҳамин замон ба ваъд аст, ки номи худсохта ва мандароварди Волтерро бар худ мегузорад ва то поёни умр Волтер имзо мекунад. Бисёре аз саргузаштнависон ин номро асроромез медонанд. Баъзеҳо мегӯянд, Волтер номи зодгоҳи нависанда буд, ки ӯ дар ҷавонӣ шефтаи навиштаҳои танзолудаш будааст. Баъзеҳо мегӯянд, Волтер номашро аз амлоки хонаводагӣ илҳом гирифтааст.

  Замоне, ки Волтер фақат 24 сол дошт, нахустин намоишномаи вай бо номи «Эдип» дар Париж намоиш дода мешавад. Намоишномаи ин нависандаи ҷавон бо истиқболи бемонанд рӯ ба рӯ мешавад ва тӯлонимуддат будани як намоишномаро дар Порис мешиканад. Эдип 45 шаб ба сурати паёпай намоиш дода мешавад. Беш аз 25 ҳазор нафар аз он дидан мекунанд. На танҳо овозаи Волтер дар саросари Фаронса мепечад,балки даромади саршоре барояш ба армуғон меоварад. Аз Волтери ҷавон ба унвони номдортарин намоишнависи Фаронса ёд мешавад. Нахтнависони театри Фаронса ӯро бо мардоне чун Софоко Карни ва Росин месанҷанд. Паёми намоишнома ошкор кардани зӯргӯиҳои рӯҳониён ва шайёдиҳои онҳост. Волтер аз ҳамон оғози ҷавонӣ ҳунари худро дар душмантарошӣ низ ба намоиш мегузорад. Бо боло гирифтани овозаи Волтер ин нависандаи зираку фурсатталаб беш аз пеш бо бузургтарин ашрофу аъёни Париж ва саросари Фаронса наздик мешавад ва бо онҳо ҷӯш мехӯрад. Ҳозирҷавобиҳо танзҳои газанда ва истеъдоди хиракунандааш дар шеъру наср забонзад мешавад. Волтер пас аз озодӣ аз зиндони Бостил ба равиши муаддабона, аммо танзолуд аз ноибсалтана дархост мекунад агар мақоми муҳтарам моил бошанд, метавонан ҳамчунон ҳазинаи севаъда ғизои рӯзонаи маро бипардозанд. Аммо иҷоза бифармоянд интихоби маҳалли сукунат ба ҷойи зиндони Бостил бо худам бошад.

  Волтер бе ин ки унвони ашрофӣ дошта бошад, танҳо ба далели нубуғи адабӣ ва шуҳрат дар маҷлису маҳофили ашрофӣ пазируфта мешавад ва дар ҳама ҷо бартарии худро бар аъёну ашроф ва соҳибунвону лақаб собит мекунад. Дар яке аз маҷлиси ашрофӣ яке аз ашроф Волтерро мавриди хитоб қарор медиҳад ва мепурсад: Ин ҷавон кист, ки бо садо баланд сухан мегӯяд? Волтер дар ҷавоб мегӯяд: Бузургворо ин ҷавон касе аст, ки номи бузургиро ядак намекашад. Аммо ба хотири номе, ки бар худ гузошта ба ӯ эҳтиром мегузоранд.

  Ба дастури ҳамон мард чанд нафар маъмур мешаванд, ки Волтерро ба хотири густогиаш кутак базананд, аммо фармондеҳ аз муздуронаш мехоҳад, ки бар сари Волтер осебе нарасонанд, чун имкон дорад дар оянда чизи ҷолибе аз он таровиш кунад. Чанд рӯз баъд Волтер бо сару сурати захмбандишуда дар театр бо ҳамон марди соҳиблақаб рӯ ба рӯ мешавад ва ӯро ба дуэл ё ҷанги тан ба тан даъват мекунад. Аммо шахсе, ки сабаби захмишудани Волтер шуда аз бастагони наздики раиси кулли шаҳрбонӣ низ ҳаст. Дар натиҷа Волтер барои бори дуввум ба зиндони Бостил равона карда мешавад. Пас аз ду ҳафта ҳозир ба озод карданаш мешаванд танҳо ба ин шарт, ки аз Фаронса хориҷ шавад ва ба Инглистон биравад. Волтер Инглистонро аз Бостил бештар меписандад. Волтер дар 32 солагӣ вориди Англия мешавад ва 3 сол дар он кишвар мемонад. Дар ин даврон Англия яке аз озодтарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Сарзамине, ки шоҳеро ба дор овехт мазҳаберо ислоҳ кард ва маҷлиси миллӣ ё парлумонаш конуни қудрати мардум аст. Ин андешаманди фаронсавӣ аз мизони озодиҳои фардӣ нармишпазирии ҷомеа дар баробари мухолифон ва озодиҳои динӣ дар ин ҷазира, ки бо сарзамини истибдодзадаи Фаронса фосилаи чандоне надорад, ғарқ дар шигифтӣ мешавад. Вай Англияро дар санҷиш бо Фаронса аз назари тамаддун бархӯрди андешаҳо пешрафти илмӣ ва ба вижа аз назари озодандешӣ бисёр пешрафтатар меёбад ва забон ба ситоиш мекушояд, нависандае, ки дар меҳанаш ӯро бидуни муҳокима ду бор ба зиндон афкандаанд ва ба хотири андешаҳояш аз зодгоҳаш ихроҷшуда дар меёбад, ки агар нависандае англис буд, ба хотири андешаҳояш на зиндонӣ мешуд ва на аз кишвараш берунаш мекарданд.

 Волтер, ки худ ба унвони шоир, намоишноманавис ва нависандаи инқилобӣ овозе дорад, бо нависандагон, шоирон, файласуфон ва бузургони ингилисӣ ошно мешавад. Бо ба кор андохтани мағзи нобиғагӣ забони ингилисиро ёд мегирад. Бо бузургоне чун Пуп, Свифт, Томсон ва Берклӣ гуфтугӯ мекунад. Эҳтиромаш ончунон боло меравад, ки ба дарбори Ингилистон муаррифӣ мешавад.

 Нависандаи табъидӣ бардоштҳо ва андешаҳояшро дар бораи мардум ва сарзамини Ингилистон дар 25-нома шарҳ медиҳад. Маҷмӯи ин номаҳо баъдҳо бо номи «Номаҳои фалсафӣ» дар Ингилистон ва Фаронса мунташир мешавад. Ба вижа дар Фаронса шӯру ҳаяҷони ҳайратангез падид меоварад.

 Бархе аз нависандагони Таърихи фалсафа бар он боваранд, ки бо иншои «Номаҳо фалсафӣ» дар Фаронса аввалини ҷарақаҳои инқилоби Фаронса су-су мезанад. Волтер дар ин номаҳо истибдоди шоҳони Фаронсаро ошкор мекунад. Аз дастгоҳи дину давлати Фаронса ба унвони саркӯбкунандагони озодиҳои фардӣ ва ғоратгарони ҷомеа ёд мекунад. Аммо дар иваз аз озодиҳои фардӣ дар Ингилистон ситоиш мекунад. Ҳукумати қонун, нармиши динӣ ва таваҷҷуҳ ба илму маърифат дар он кишвар мепардозад. Волтер дар «Номаҳои фалсафӣ» тасвире аз ҷомеаи ингилистон дар даҳаи аввали қарни ҳаждаҳумро ба даст меоварад. Вай дар ин номаҳо аз падидаҳои иҷтимоие чун ҳукумат ва сиёсат, фалсафа ва улум, дин ва мазҳаб, ҳунару адабиёт сухан мегӯяд. Нютонро нобиғаи илм мешиносад, ки дар дастгоҳи илмии ӯ аз хурофоти роиҷ дар Фаронса нишоне нест. Ҷон Локро файласуфи нобиға мешуморид, ки дар фалсафаи ӯ озодии фард ҷойгоҳи волоеро вижаи худ сохтааст. 

  Аз ҳукумати Инглистон бо номи машрутаи салтанатӣ ёд мекунад, ки мардуму ҷомеа дар баробари қонун баробар шинохта шудаанд ва шоҳи Фаронса худкома нест. Волтер ба ҳаяҷони бисёр ба ҳамзистии мазҳабҳо ва мадорои динӣ дар ҷомеаи Ингилистон менигарад ва мегӯяд беш аз 30 дину мазҳаби гуногун дар ин сарзамин якдигарро таҳмил мекунанд.

 Вай дар баробари хушкандешии мазҳабӣ ва хурофотзадагиро дар Фаронса бо тамоми неруву тавонаш ба зери тозиёнаи сарзаниш мебарад ва худкомагии рӯҳониёни фаронсавиро ба боди интиқод мекашад. Волтер пешрафти илму дониш дар Ингилистонро меситояд ва дастгоҳи дину мазҳабро дар Фаронса масъули ақибмондагии илм медонад. Ин нависанда, ки худ шефта ва шайдои илм аст, китобҳои Нютонро мехонад ва андешаҳояшро ғарқ дар таҳсин мекунад.

 Бархе аз нависандагони саргузашти Волтер навиштаанд Волтер замоне, ки қадам ба хоки Инглистон гузошт шоиру намоишнависе беш набуд, аммо пас аз тарки он ба файласуфи инқилобӣ табдил шуда буд.

 Волтер пас аз гузаронидани даврони се солаи табъид аз Инглистон ба Фаронса бармегардад ва ҳамчунин ба кушишҳои худ дар ҷаҳони қаламу рӯшангарӣ идома медиҳад. «Номаҳои фалсафӣ»  нахуст дар Инглистон нашр мешавад, аммо мақомоти фаронсавӣ аз чоп ва пахши китоб дар Фаронса ҷилавгирӣ мекунанд. Як сол баъд ин китоб бе иҷозати расмӣ ва ҳатто бе иҷозаи худи Волтер дар Фаронса чоп ва пахш мешавад. Аз он ҷо, ки паёми номаҳои фалсафӣ интиқоди шадид аз дастгоҳи истибдодии шоҳони Фаронса ва кӯбидани ниҳоди дин ва ашрофи фаронсавӣ аст, хашми шадиди дастгоҳи салтанат аъён ва дорандагони унвон ва ба вижа хашми девонавори роҳбарони дин алайҳи Волтер барангехта мешавад.

 Нависандаи номаҳо ҳеҷ роҳе ҷуз тарки Париж ва фирор аз Фаронса ба рӯяш боз нест. Ба ночор бори дуввум Волтер дар 40 -солагӣ аз Ватанаш мегурезад ва ба яке аз шаҳрҳои сарҳадии дур аз дастрасии диктаторҳои осмонию заминӣ паноҳ мебарад.

 Волтер дар ин замон бо зане рӯшанфикру алоқаманд ба илму фалсафа ба номи бону Шотла, ки хонуми сарватманде аст ошно мешавад. Ин зан мутарҷими китоби Нютон бо номи «Усул» аст. Зане ҳаст зебо ва 28-сола, ки муддати 15 сол бо Волтер зиндагӣ мекунад. Ҳамнишинӣ бо ин зан сабаб мешавад, ки беш аз пеш ба илмҳо ва бахусус физика ва озмоишҳои илмӣ алоқаманд шавад. Гоҳо ошиқу маъшуқ ончунон дар озмоишгоҳи худ ғарқ дар озмоиш мешаванд, ки дунёи хориҷро ба фаромӯшӣ меспаранд. Баъзе аз зиндагиноманависон аз мадам Шотла ба унвони номдортарин зани рӯшанфикр ва андешаманд дар даврони худ ном мебаранд.

 Волтер дар ҳамин даврони 15 сола осоре дар намоишноманависӣ, достоннависӣ, таърихнависӣ ва фалсафа падид овард, ки сабаб мешавад на танҳо овозаи ӯ дар Фаронса балки дар саросари Аврупо бипечад ва императорону шоҳон ӯро по ба дӯстӣ бо ӯ ифтихор кунанд. Дар 51 солагӣ ба узвияти фарҳангистони Фаронса пазируфта мешавад. Унвони таърихнависи дарбор ба ӯ дода мешавад ва шоҳ лақаби ашрофиро ба ӯ медиҳад.

 Дар ҳамин даврони зиндагӣ бо хонум Шотла аст, ки Волтер китоби «Инҷил»-ро ва ба баррасиву нақди мӯшикофонаи  мепардозад. Волтер ба далерӣ ва густохии бемонанде китоби муқаддаси масеҳиёнро ба монанди куҳе аз хурофот мебинад, ки сафҳаҳои он анбошта аз достонҳои боварнакарданӣ хандаовар, хурофӣ ва ҳатто зидди ахлоқ ва инсоният аст. Дар достонҳо ва омӯзишҳои Инҷил тазодҳо, таноқузҳо ва низ иштибоҳҳои бисёре мебинад ва эълон мекунад, ки китоби муқаддаси масеҳиён сухани офаринандаи ҷаҳони ҳастӣ нест, балки гурӯҳе шайёд ва дуруғгӯй онро падид овардаанд. Волтер эълон мекунад, ки дин мухолифи илму дониш ва кӯбандаи ақлу мантиқ аст. Тамоми динҳо ва мазҳабҳо ва ба вижа онҳоеро, ки осмонӣ ё худоӣ номида шудаанд ҳазён пиндор, афсона ва бепоя лақаб медиҳад.

 Роҳи мубориза бо дину мазҳабро илму дониш хираду мантиқ мешиносад ва мегӯяд: «То поёни даврони зиндагонӣ бо динфурушон ва руҳониёни шайёд ба муборизаи поённопазир даст хоҳад зад». Волтер ҳадафи худро решакании масеҳият эълон мекунад.

 Хонум Шотла зане, ки 15 сол дӯст ва маъшуқи Волтер буд, дар соли 1749 ба ҳангоми зоймон чашм аз ҷаҳон мебандад. Зарбаи кӯбандае бар андешаманди инқилобӣ ворид мешавад. Волтер солҳо буд, ки даъвати императори Пруссия Фридрихи Кабирро намепазируфт ва ҳамнишинӣ бо маъшуқаро бартар аз зиндагӣ дар дарбори нерумандтарин императори Аврупо медонист. Фридрих борҳо Волтерро даъват карда буд ба дарбори ӯ бипайвандад ва дар номаҳое гарму муҳаббатомезаш Волтерро «марди ҳазораҳо» ва «хирадмандтарин инсони тамоми давронҳо» хонда буд. Волтер низ ба ҳотамбахшии бехазинае Фридрихро Суқрот, Искандар, Сулаймони шимолӣ номида буд. Марги хонум Шотла сабаб мешавад, то Волтер даъвати императорро бипазирад ва бо рафтан ба дарбори вай бузургтарин шоҳи Урупоро ғарқ дар ифтихор кунад. Робитаи императори Прус ва файласуфи Фаронса дар оғози кор бисёр муҳаббатомез буд ва ин ду якдигарро ғарқ дар ситоиш мекунанд. Волтер бо дасту дилбозии вижааш лақаби «файласуфи шоҳ»-ро ба Фридрих мебахшад ва Фридрих бо бахшидани олитарин мақомҳо ва ҷойгоҳҳо ба бузургтарин марди Урупо хушомад мегӯяд.

 Волтер муддати 3 сол дар қудрат ва сарват бо нерӯмандтарин ва сарватмандтарин шоҳи Урупо шарик мешавад, аммо бархӯрдҳои байни Волтер ва раиси Фарҳангистони улуми Пруссия ва рақобат бо як рибохори бузург (Волтер худ рибохор буд) сабаби сардӣ дар равобити ин ду нафар мешавад. Волтер дафтари танзиёт дар бораи раиси фарҳангистон менависад, танзи газандае сабаб мешавад, то шуълаҳои хашми император сар бар осмон бикашад. Андешаманде, ки ҷуз мағзи тавоно силоҳи дигаре надорад ба дастури ҳамон мағз фирорро бар қарор тарҷеҳ медиҳад.

 Замоне, ки Волтер аз дарбори Фридрих мегурезад аз он ҷо, ки як фаронсавии табъидӣ аст, наметавонад ба Фаронса баргардад ва агар бихоҳад дар ҳар маконе аз императории Пруссия зиндагӣ кунад, ба василаи сарбозони императорӣ боздошт хоҳад шуд. Андешаманде, ки ҷуз қалам силоҳе надорад бо шоҳи худкомаи Фаронса ва императори қудратпарасти Пруссия дарафтода ва ногаҳон ба инсони на танҳо беватан, балки ба марди фирорӣ ва табъидӣ табдил ёфтааст. Волтер барои зиндагӣ ҷоеро интихоб мекунад, қаламрави Пруссия ва подшоҳии Фаронса дар он ҷо нуфузи чандоне надорад…

 Наздик ба 80-сол аз даврони зиндагонии Волтер дар қарни 18-ум будааст. Қарни 18-ум қарни инқилоби кабири Фаронса ё қарни модари инқилобҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ин қарн императорон ва подшоҳони кишварҳои аврупоӣ бо мушти оҳанин ва истибдоди комил ҷомеаи худро идора мекунанд. Дар Фаронса шоҳон бар ҷону моли мардум фармонравоии бечунучаро доранд ва императорон худро қонун, ҳукумат ва Фаронса медонанд. Сарватмандони бузург, моликони умда ва сардорони сипоҳ, ки бар гирди дастгоҳи салтанат ҳалқа задаанд, ҳукумати аъёну ашрофро ба вуҷуд овардаанд. Гурӯҳе андак бахши бисёрибузурге аз сарвати ҷомеаро аз они худ кардааст. Ва бо тамоми тавон ва неруяш аз манофеъи худ дифо мекунад. Қудрати тамоми ҷомеа дар ихтиёри ин гурӯҳи андак аст. Дастгоҳи дин, ки ба навбаи худ қудрати азиме аст, ба бозуи қудрати аъёну ашроф табдил шуда ва дар воқеъ худ аъёну ашрофе ҳастанд, ки либоси вижае бар тан доранд. Сарватмандон ва рӯҳониёни бузург «ҳукумати баргузидагон» ё «ҷомеаи аристократӣ»-ро падид овардаанд. Чунин ҷомеае бар асоси истибдоди заминӣ – осмонӣ идора мешвад. Тӯдаҳои мардум бардагоне беш нестанд ва бузургтарину бартарини онҳо бояд ин бошад, ки аз фармонҳои подшоҳ-Худо пайравӣ кунанд. Нодонӣ, факр, хурофот ва беадолатӣ бедод мекунад.

 Дастгоҳи ҳукумат, ки бузургтарин унсурҳои он хонадони салтанат, сарватмандон, моликони бузург ва роҳбарони руҳонӣ аст ғарқ дар хушгузаронӣ, айшу нӯш, таҷаммулпарастӣ, танпарварӣ, зулму ситам, шайёдӣ ва риёкорӣ аст. Подшоҳон лақаб ва унвон мефӯрашанд ва роҳбарони рӯҳонӣ кохҳои биҳиштро. Дарбориён ва ҳокимон ба айшу нӯш рӯзгор мегузаронанд. Рӯҳониён ҷуз гирдоварии сарвату риёкорӣ ҳунари дигаре намешиносанд. Миллат ғарқ дар тиҳидастӣ, дармондагӣ ва фақру беморӣ аст.

 Дар ҷомеаи Фаронса бар хилофи Ингилистон аз озодиҳои фардӣ, мадорои мазҳабӣ ва ҳукумати порлумонӣ камтарин асар ва ё нишоне нест. Раҳбарони рӯҳонӣ ба мисли раҳбарони сиёсии ҷомеа, аммо ба равиши дигаре бар ҷону моли мардум фармон меронанд. Хушкандешии динӣ ва таассуби мазҳабӣ бедод мекунад. Раҳбарони рӯҳонӣ мухолифони андешаҳои худро ба унвони кофар, бедин ва зидди Худо месӯзонанд, қитъа-қитъа мекунанд ва касеро тобу тавони истодагӣ дар баробари онон нест.

 Дар ҷомеаи Фаронса зиштиҳо ва зебоиҳо дар канори ҳам худнамоӣ мекунанд. Фаронса ва ба вижа Порис пойтахти фалсафа, ҳунар, фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳон ба шумор меравад, аммо фарҳанг ва тасаддуни дурахшон ғарқа дар табоҳӣ ва ситамгарӣ ва хурофот аст. Дар канори зиндагии пуршукӯҳ ва саросар таҷаммули аъёну ашроф тӯдаҳои мардум дар ниҳояти тангдастӣ зиндагӣ мекунанд. Даврон дар воқеъ даврони тазодҳо, таноқузҳо ва бархӯрдҳои ғӯлосост. Дар чунин даврон аст, ки нобиғае ба дунё меояд, бузург мешавад ва даст ба қалам мебарад.

 Нависандагони таърихи тамаддун аз Волтер ба унвони яке аз пуркортарин, пурнавистарин ва бебоктарин нависандагони ҷаҳон ном мебаранд. Волтер дар далерӣ, хатарҷӯӣ, густохӣ ва муборизаҷӯӣ камназир буд. Хофизаи бисёр неруманд дошт ва мағзи нобиғаосояш бо суръати хиракунанда илм, дониш, огоҳӣ, фалсафа ва тамоми омӯхтаҳоро ба худ ҷазб мекард. Дар баёни навиштани он чӣ ба назараш ҳақиқат мерасид ҳаргиз диранг намекард. Мағзи пуркор, шаффоф ва тавоно дошт. Яке аз саргузаштнависонаш чунин навиштааст: «Дар даруни ҷамҷамааш оташе рӯшан буд, ки то вопасин дами зиндагӣ забона мезад».

 Волтер марде буд, меҳрубон, богузашт, дасту дили боз, аммо ба шиддат душмантарош. Бо он ки бо тамоми тавонаш бо низомиҳои истибдодӣ ва бо рӯҳониёни шайёд ба муборизаи поённопазир даст зада буд, аммо гароишҳои  ашрофӣ ва  тамоюл ба зиндагии пурзарқу барқ дар ӯ неруманд буд. Ҳаводори низоми салтанатӣ буд, ба шарти ин, ки шоҳ файласуф ва хирадманд бошад. Волтер дар воқеъ оинаи тамомнамои даврони пур аз тазоду таноқузи қарни ҳаждаҳуми Фаронса буд. Меҳмони имперотурон ва ҳамдами шоҳон мешуд ва аз онон ситоиш мекард. Ба рибохорӣ ва гирдоварии озмандона пул мепардохт. Бо ҳушмандии нобиғаосо ба корҳои бозоргонӣ ва доду ситадҳои саршор аз даст мезад. Бо баҳрабардорӣ аз неруи қудратмандони ҷомеа корҳояшро ба шеваи дилхоҳи худ анҷом медод.

 Бинобар расми даврон маъшуқа дошт ва дар ҷойи худ низ аз касоне, ки мавриди ғазаби дастгоҳи истибдоди ҳукумат ва дин қарор гирифта буданд, сарсахтона ба дифоъ мепардохт. Марде, ки тавонотарин намоишнома навишт, достоннавис шоир ва таърихнависи Аврупо шинохта шуда буд. Яке аз бузургтарин сарватмандони ин қора низ ба шумор мерафт. Нубуғи Волтер маъҷуни аҷибе буд. Аз нубуғи адабӣ, иқтисодӣ вай дар киштисозӣ порчабофӣ, хариду фурӯши амлок ва тоблуғҳои гаронбаҳо сармоягузорӣ мекард ва дар поёни ҳар талоши иқтисодӣ бар низоми сарваташ беш аз пеш афзуда мешуд, бархе аз муштариёни ӯ императорон, шоҳон ва зимомдорони Аврупо буданд. Волтер ҳатто аз парвариши асп, парвариши кирми абрешим ва тавлиди асал ғофил набуд. Бо як даст менавишт ва ба дасти дигар пул мешумурд. Вай ҳатто ба дӯстони худ бо баҳраи сангин вом медод ва суду баҳраро то динори охир паст мегирифт. Касе низ ҷуръати бадҳисобӣ надошт, зеро медонист марде, ки маҳбуби шоҳон ва зӯрмандона аст тобу тавон дар афтодан нахоҳад дошт.

 Волтер аз эҳсосоти меҳанпарастӣ миллатгароӣ ва фаронсапарастӣ баҳраи чандоне надошт. Ҳаводори пуршӯри ҳақиқат буд. Ҳаққу ҳақиқате, ки марзҳо ва кишварҳо дар баробараш камранг мешаванд ҳар замоне ки лозим буд бо ситоиши бисёр аз ҷомеаи Инглистон ба хотири эҳтиром ба озодиҳои фардӣ ва мадорои динӣ ёд мекард ва Фаронсаву фаронсавиёнро ба боди носазо мегирифт.

 Файласуфе, ки 6 подшоҳ ва малика дар Аврупо аз дӯстӣ ва ошноияш ифтихор мекарданд. Аз дардҳои мурдуми одӣ низ дилаш ба дард меомад. Барои намуна вақте рӯҳониёни бозоргонӣ ба номи Колосро ба куштани писараш мутаҳҳам мекунанд ва мегӯянд чун писар мехост католик шавад, падар ӯро куштааст Волтер ба дифоъ аз бозаргон мепардозад. Пас аз се соли талош собит мекунад, ки иттиҳоми рӯҳониён бепоя будааст. Дар ҷараёни дигар рӯҳониён падар ва модареро бо иттиҳоми куштани духтаршон ба хотири гароиши ӯ ба мазҳаби католик ба эдом маҳкум мекунад. Талоши Волтер барои исботи бегуноҳии онон 9 сол ба тӯл мекашад ва дар поён Волтер пирӯз мегардад.

 Дар шахсияти Волтер ҳозирҷавобиҳо, латифаҳои кӯбанда, танзҳои газанда ва такҷумлаҳои такондиҳанда намудори хислатҳо ё маниши ӯ ба шумор мерафт.

 Ин вижагиҳо аз мағзи пуртавон, ҳофизаи неруманд ва тавоноиҳои фикрӣ, ки дар ҳадди нубуғ будаанд ҳикоят мекунад.  Нубуғи шахсияти Волтер нубуғи чандҷониба дар нависандагӣ, истидлол, шеваи баён, кордонии иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва тавоноиҳои бузурги мағзӣ будааст. Нубуғи Волтер дар воқеъ «нубуғ дар ҳунари зиндагӣ» будааст. Ба вижа зиндагӣ дар қарни 18 дар Фаронса.

 Осор. Маҷмӯаи навиштаҳои Волтер дар 99 унвон дар Фаронса интишор ёфтааст. Мизони навиштаҳои ин нависанда аз назари миқдор он чунон зиёд аст, ки вайро пурнавистарин нависандаи қарни 18 лақаб додаанд. Аз Волтер ба унвони намоишноманавис, достоннавис, мунаққиди театр, таърихнавис, файласуф, шоир ва яке аз бузургтарин номанависони таърих ёд шудааст. Волтер ба беш аз 1200 нафар мукотиба дошт ва ҳудуди 1700 нома аз вай ба ёдгор мондааст. Ин номаҳо ба забонҳои фаронсавӣ, англисӣ, олмонӣ, итолиёӣ, испониёӣ ва лотинӣ навишта шудаанд. Номаҳои Волтер саршор аз нуктабинӣ, зарифгӯӣ ва нукоти танзолуданд.

 Дар бештар навиштаҳо ва достонҳоти Волтер қаҳрамонон одамҳо нестанд, балки бозигарони аслии андешаҳо ва назарияҳо ҳастанд. Ноогоҳиҳо ва хурофот дар нақши табаҳкорон ва илму мантиқ дар нақши қаҳрамонони дӯсттоштанӣ намоён мешавад. Рӯйдодҳои достонҳо ҳамон бархӯрди афкор ва андешаҳост. Набарди афкори нодуруст ва мафҳум бо андешаҳои илмӣ ва мантиқӣ. Волтер дар даврони сесолае, ки дар Инглистон ба ҳолати табъид зиндагӣ мекунад, намоишномаҳои Шекспирро мебинад. Бар онҳо нақд менависад ва огоҳтарин шиносандаи Шекспир ба фаронсавиён ба шумор мерафт.

 Овозаи Волтер дар Фаронса бо навиштани намоишномаи «Эдип» ва ба рӯйи саҳна рафтани он дар 24 солагии ӯ оғоз мешавад. Пас аз он намоишномаи «Ҳунарёд»- ро менависад. Пас аз бозгашт аз Инглистон Брутус ё марги Сизор, зоир ва китоби «Номаҳои фалсафӣ»-ро интишор медиҳад. Интишори номаҳои фалсафӣ сабаб мешавад то бори дигар аз Порис бигрезад ва дар марз зиндагӣ кунад. Дар намоишномаи Муҳаммад «паёмбари ислом»-ро даст меандозад ва бо ҳамла бар хурофотзадагӣ дар ислом дар воқеъ лабаҳи тези шамшерро бо чеҳраи масеҳият ошно мекунад. Мақомоти фаронсавӣ аз идомаи намоиши Муҳаммад ҷилавгирӣ мекунанд.

 Дар яке аз навиштаҳои Волтер ба номи «Ал давроду» шаҳре, ки ҳамин номро дорад дар воқеъ шаҳри хаёлӣ аст, ки дар он рӯҳонӣ ва зиндон вуҷуд надорад. Аз дин ва мазҳаб хабаре нест ва илму мантиқ ҷонишини онҳо шудааст. Ба ҳамин далел мардуми шаҳр озоданд ва дар оромиш зиндагӣ мекунанд.

 Достони ба номи «Содиқ» дар воқеъ саргузашти нависандаи он ё достони зиндагии худи Волтер аст. Содиқ андешаманди хирадманде аст дар Бобул, ки рӯҳониён ба озораш камар бастаанд. Гуноҳи ин ҳакими фарзона ин аст, ки дар машаият ва лутфи худовандӣ тардид дорад ва дар муҳаббати Худо нисбат ба инсон машкук аст.

 Паёми достони «Микурунгоҳ» ночизӣ ва хурдии инсон дар ҷаҳони ҳастӣ ва густохии рӯҳониён дар баёни иддаоҳои бузург, аммо бепоя аст. Дар ин достон фазонавардони куҳпайкар аз сайёраи Зуҳал ва соири ситорагони дурдаст ба замин меоянд. Инҳо аз кӯчакиву хурдии инсон ва иддаҳои дину мазҳаб, ки барои тамоми пурсишҳои илмӣ ва фалсафӣ посух дорад, ғарқ дар шигифтӣ мешавад.

 Пас аз заминларзаи даҳшатноки Лесбурн дар Португал Волтер шеъри баланде дар мавриди ин фоҷеаи маргвор месарояд. Ин андешаро, ки ҳар рӯйдоде дар рӯйи Замин кори Худост ва бидуни ҳикмат нест ба шиддат даст меандозанд. Бо баҳрабардорӣ аз ин фоҷеаҳои азими инсонӣ андешаҳои хурофӣ ва зидди ақлиро дар масеҳият бо тамоми қудрат мекубад. Бори дигар хашми девонавори қонунҳои дину мазҳабро такон медиҳад.

 Замоне, ки Волтер 65 сол дорад шоҳкории даврони нависандагиашро падид меоварад. Бузургтарин асари мағзии ин нависанда Кондид ё Содалавҳ ном дорад. Ин достони фалсафӣ ба беш аз 100 забон тарҷума ва дар саросари ҷаҳон пахш шудааст. Кондид марди ҷавону зудбоваре аст, ки дар сарзаминҳои гуногун дар сайру сайёҳат мепардозад. Ин ҷавони содадил  чунин мепиндорад, ки дар ҷаҳон ҳама чиз ба вуқуфи мурод аст. Фалсафаи достон бар моҳияти хубӣ ва чигунагии бадӣ дар ҷаҳон давр мезанад. Ҳадафи нависанда нишон додани зиштиҳо ва мубориза бо онҳост. Зеро рӯйдодҳо собит мекунанд, ки ҳеҷ чиз бар вақфи мурод нест. Пас аз интишори «Кондид» Волтер бузургтарин ва пуровозатарин нависандаи Аврупо шинохта мешавад. Овозае, ки то он замон касе ба монандашро дар хотир надорад.

 Волтер яке аз огоҳтарин ва пешрафттарин таърихнависони қарни 18 ба шумор меравад. Вай яке аз бунёдгузорони равиши нав дар таърихнависӣ аст. Зеро аз нахустин нависандагоне ҳаст, ки мегӯяд ба ҷойи навиштани достонҳои дурӯғини ҷангҳои императорон ва подшоҳон бояд таърихи сайри андешаи инсон ё таърихи тамаддуни башарро навишт. Вай мегӯяд таърих бояд оинаи тамомнамои такомулу дигаргунии навъи инсон, пайдоиши андешаҳои нав дар сиёсат, илм дину мазҳаб, адабиёт ва ҳунару фарҳанг бошад.

 Таърихи ростини достон тамаддун ва фарҳанги башар аст. Саргузашти ҷунбишҳои фикрию навовариҳои мағзӣ аст. Таърихи воқеӣ ҳамон фалсафаи таърих хоҳад буд. Дар фалсафаи таърих бунёдитарин пурсишҳо матраҳ мешаванд ва вазифаи таърихнавис посух додан ба ин пурсишҳои фалсафӣ аст. Нақши таърихнавис шарҳу зиндагии шоҳон нест, балки таърихнависи воқеӣ бо саргузашти нави инсон сару кор дорад. Волтер мегӯяд, ҷаҳон театре аст, ки инсонҳо чун бозигарони саҳна таърихи онро ба вуҷуд меоваранд. Таърихнавис дар воқеъ нақднависи намоишнома ва довари бозиҳост. Вай ҳадаф аз навиштани таърихро ибратомӯзии огоҳибахш ва бедоркунандагӣ медонад.

 Яке аз бузургтарин навиштаҳои Волтер дар мавриди таърих «Ахлоқ ва рӯҳияи миллатҳо» ном дорад. Ин китоб дар 1600 саҳифа навишта шуда. Беш аз 500 000 вожаро дар бар мегирад. Дар ин китоб Волтер ба нақши обу ҳаво, ҳукумат ва сиёсат, дину мазҳаб дар шаклгирии таърихи башар таъкид мекунад. Низоми иқтисодии тамаддунҳо ва шеваҳои бозоргониро аз омилҳои таърихсоз ба шумор меоварад. Ба ҷойи пардохтан ба достони ҷангҳо ва ғоратгариҳо, бештар ба бархӯрди андешаҳо ва ошноии тамаддунҳои гуногун ё якдигар мепардозад. Бар хилофи тамоми таърихнависони аврупоӣ дар бораи таърихи миллатҳои осиёӣ ба баррасиҳои жарф мепардозад ва динҳои бузурги ин миллатҳоро мешиносад.

 Замоне, ки китоби «Ахлоқ ва рӯҳияи миллатҳо» мунташир мешавад деги хашми давлат ва дастгоҳи калисо ба шиддат ба ҷӯш меояд. Зеро Волтер бар хилофи суннати таърихнависӣ ба динҳои масеҳият ва яҳудият чандон аҳамият надода, аз соири динҳо гуфтугӯ карда ба шарҳи таърихи кишварҳое чун Чин, Ҳинд ва Эрон низ пардохта аст. Бадтар аз тамоми инҳо Волтер аҳамияти Аврупоро дасти камгирифта ва онро аз назари вусъат дар баробари паҳноварӣ ва густурдагии Осиё кӯчак ҷилва додааст. Аз ҳамаи инҳо бадтар, нависанда китоби масеҳиятро маҳкум карда, раҳбарони масеҳиро ба хушкандешӣ ва торикфикрӣ муттаҳам кардааст. Дар давроне, ки деги фаронсапарастӣ ба шиддат дар ҳоли ҷӯшидан аст, Волтер худро дар дараҷаи аввал инсон ва дар дараҷаи дуввум як фаронсавӣ номидааст. Шоҳ фармон медиҳад, ки Волтер то поёни умраш набояд пояш бар рӯйи хоки Фаронса гузошта шавад.

 Китобҳои дигаре, ки Волтер дар бораи таърих навишта инҳоянд:

 Таърихи даврони Шарли дувоздаҳум, даврони Луи сенздаҳум, даврони Луи чордаҳум, таърихи Русия. Дар ҳамаи ин китобҳо Волтер устодии худро дар чакиданависӣ, соданависӣ ва таҷзияву таҳлили рӯйдодҳо нишон додаст.

 Волтер дар навиштани «Фарҳангномаи Фаронса» бо бунёдгузорони он Дидро ва Де Ламбер ҳамкорӣ мекунад ва мақолаҳои бисёр мефиристад. Худ низ «Вожаномаи фалсафӣ»-ро интишор медиҳад. Китоби «Аносири фалсафаи навинро» ба манзури ошноии фаронсавиён бо улуми тоза ва бавижа пай бурдан ба равиши илмӣ ва назарҳои Нютон интишор медиҳад. Китоби «қонуни табии Волтер» пас аз пахш дар Париж гирдоварӣ ва сӯзонида мешавад, зеро рӯҳониён тоби хондан ва густариши матолиби онро байни мардум надоранд.

 Имрӯз дар Фаронса таърихҳои Волтер, намоишномаҳо ва шеърҳои ҳамосии ӯ камтар хонда мешавад, балки бештар арзиши таърихӣ доранд. Аммо достонҳояш бахше аз ёдбуди адабиёти Фаронса ба шумор мераванд ва пайваста таҷдиду чоп мешаванд. 

 Волтер худро худошинос медонист, на худопараст. Вай мегуфт: танҳо роҳи дурусти пай бурдан ба вуҷуди Худо, такя бар ақл, шуур, мантиқ ва истидлол аст. Волтер бар ин бовар буд, ки барои исботи вуҷуди худо такя бар ваҳю илҳоми осмонӣ, китоби муқаддас ва иддаоҳои паёмоварон гумроҳкунанда аст. Зеро ҳамаи онҳо бардурӯғ, риё ва фиреби дигарон бунёдгузорӣ шудаанд. Дар фалсафаи Волтер офаринандаи огоҳ ва тавоно ҷаҳони ҳастиро офарида, аммо ҳаргиз пайёмоваре нафиристод ва китоби муқаддасе нанавиштааст. Дар чунин фалсафае барои пай бурдан ба вуҷуди Худованд восита ё миёнҷие лозим нест, балки бо таваҷҷуҳ бо назми табиат ва чигунагии гардиши ҷузъҳои табиат ё ҷаҳони ҳастӣ, вуҷуди гардонандаи нозим ё худо собит мешавад. Дар фалсафаи худошиносии Волтер асоситарин нуктае ин матлаб аст, ки Худованд пас аз офариниши ҷаҳони ҳастӣ кори худро ба поён расонида ҷаҳони ҳастиро ба ҳоли худ раҳо кардааст. Волтер аз чунин асли бузурге ба чунин натиҷа мерасад, ки офаридгори ҷаҳони ҳастӣ алоқае ба сарнавишт ва зиндагонии навъи инсон надорад, ӯро мухтор ва озод гузоштааст. Он чи дар бораи лутфи илоҳӣ гуфта ё навиштаанд дурӯғи бузург ва фиреби азиме беш нест. Волтер кулли ҷаҳони ҳастиро ба монанди соати азиме медонад, ки бо назм ва тартиби шигифтовар ба кори худ идома медиҳад. Ба назари ӯ дар воқеъ олами ҳастӣ ҳамон соат ва Худо ҳамон соатсоз аст. Соатсоз соатро кук карда ба кор андохт ва онро ба ҳоли худ раҳо кардааст.

 Дар дастгоҳи фалсафии Волтер худопарастӣ, худотарсӣ ваҳю илҳоми осмонӣ, муқаддас будани китобҳои динӣ, ҳақиқатгӯии паёмоварони осмонӣ, ҷаҳони дигар, бозгашти рӯҳ ба ҷисми мурдагон, мӯъҷизаҳои динӣ, лутфи илоҳӣ ҷой ва маконе надорад. Волтер тамоми ин андешаҳоро бо тамоми неру ва тавонаш ба шиддат мавриди танқид қарор медиҳад ва беш аз 70 сол бо ин назарияҳо мубориза мебарад.

 Дар фалсафаи Волтер масеҳ ба таври комил канор гузошта шуда, китобҳои муқаддас хандаовар ҷилва мекунанд. Андешаи зиндагии ҷовидонии башар ва бозгашти рӯҳ бо нешханд рӯ ба рӯст. Раҳбарони динҳои якхудоӣ ва рӯҳониён шайёд ва дурӯғгӯй шиносонида шуданд. Аз дастгоҳи дину мазҳаб ба унвони дӯкони фиребу риё ёд шудааст. Дину мазҳаб барои Волтер чизе ҷуз ахлоқ нест. Дар чунин дастгоҳи ахлоқӣ меъёрҳои бузург ҳамон ҳақиқатҳое ошкоранд, ки барои фаҳмидани онҳо на ниёзе ба Худо вуҷуд дорад ва на ба паёмоварони ӯ. Ин ҳақиқатҳои ошкоро чизе ҷуз «адолат хубӣ ва ростӣ нест». Аз дидгоҳи Волтер танҳо дастури худованд ба навъи инсон ин метавонад бошад, ки одил бош.

 Волтер дар нимаи дуюми умраш ба шиддату густурдагӣ муборизаи оташин ва поённопазирашро ба дастгоҳи дину мазҳаб меафзояд. Замоне, ки калисои католикӣ ба шиддат озорҳо ва шиканҷаҳояш алайҳи протестҳоро афзуд, Волтер, ки ҳамеша шӯхтабъ ва танзнавис буд,  ногаҳон ба шиддати хашмгин ва беш аз андоза ҷиддӣ мешавад ва хитоб ба Дени Дидро ва Де Лонбер чунин менависад: «Биёед эй Дидрои далер ва Де Лонбои бебок муттаҳид шавем, хушкандешон ва шайёдонро нобуд кунем. Даъвоҳои сустназарҳои сафсатабозони дармонда ва дурӯғпардозе дар таърихро бикӯбем. Ва чарандбофиҳои фузун аз ҳадду шуморро магзоред огоҳон дар банди ноогоҳон бошанд. Насли ояндаи озодӣ озодии худ ва мантиқро мадюни мо хоҳад буд».

 Волтер шиори «расворо бикӯбем»-ро бузургтарин шиори зиндагии худ эълон мекунад. Ин шиорро дар поёни тамоми номаҳо ва навиштаҳояш меафзояд. Манзур ва ҳадафи Волтер аз вожаи расво калисои масеҳият будааст, аммо навиштаҳои Волтер ошкорро нишон медиҳанд, ки вай масеҳиятро расво хитоб карда ҳамаи андешаҳо ва боварҳои ин дастгоҳи диниро кӯбидааст. Дар бисёре аз навиштаҳои Волтер китоби муқаддаси масеҳиён ё Инҷил китоби саршор аз достонҳои кӯдакона ва афсонаҳои бепояи шиносонида шуда, масеҳият хурофаи комил муаррифӣ шудааст. Аз Волтер ба унвони бебоктарин ва огоҳтарин мунаққиди Инҷил ном бурда шудааст.

 Волтер бе он ки ошкоро аз яҳудиён ва яҳудият ном мебарад дар осори худ бо таҳқири бисёр аз онон ёд мекунад ва онҳоро масъули пайдоиши масеҳ ва густариши масеҳият ва тамоми фоҷеаҳои инсонӣ дар давронҳои баъдии таърихи тамаддун медонад. Бар хилофи нависандагони ҳамдавронаш яҳудиёнро қотили Масеҳ намедонист ва оноро таҳдиде барои фарзандони масеҳ ба шумор намеовард. Далели нафрати оташини вай аз падидаи яҳудият ин буд, ки яҳудият сабаби пайдоиши масеҳият шуд. Вай бар ин бовар буд, ки яҳудият сабаб шуд, то аз Масеҳ шаҳиди ҷовидонӣ сохта шавад. 

 Волтер дар китоби фалсафаи таърих шумораи кушторҳоеро, ки ба гунаи мустақим ба фармони Худо (Яҳво) ва дар як маврид низ ба  дасти худи ӯ анҷом гирифта ва дар Таврот зикр шудаанд, бо ин шарҳ ба омор даровардааст: яҳудиёне, ки дар саҳрои Сино ба ҷурми парастиши «гӯсолаи тиллоӣ» кушта шудаанд, 23 ҳазор нафар: яҳудиёне, ки дар шӯриши Қорун бар зидди Мӯсо сар аз баданашон ҷудо шуд ва ё дар оташе, ки ба василаи Яҳво нозил гардид сӯхта шуданд- 14950 нафар; яҳудиёне, ки ба сабаби иртикоби зино бо духтарони қавми моддиён шикамашон бо найза пора шуд- 24 ҳазор нафар; яҳудиёне, ки дар гулӯгоҳи рӯдхонаи Урдун ба сабаби ин ки натавониста буданд, вожаи муқаддаси «Шиболет»-ро бар забон оваранд кушта шудаанд- 42 ҳазор нафар; яҳудиёне, ки ба василаи бинёминҳо кушта шудаанд ва бинёминҳое, ки худашон ба василаи қабилаҳои дигари яҳудӣ кушта шудаанд -75 ҳазор нафар; яҳудиёне, ки «сандуқи мисоқ»-ро аз фаластиниҳои ғосиб бозпас гирифтаанд ва онро ба макони боистааш бозгардонидаанд -5070 нафар; ҷурми ин яҳудиён ин буд, ки бар хилофи хости Худо ба даруни он сандуқ нигоҳ карда буданд ва аз ин рӯ худованд онҳоро ба бемории вабосир мубтало гардонид ва рӯдаҳошонро аз нишемангоҳҳояшон берун овард ва онҳоро ба гунаи дастаҷамъӣ ба ҳалокат расонид. Ҷамъи афроде, ки дар ин руйдоди хунин ба фармони худо ва ба василаи Мусо кушта шудаанд- 23920 нафар. Афзун бар кушторҳои ки шарҳ дода шуд, шумораи чандсадҳазор нафар нахуст зодаи хонаводаҳои мисрӣ низ дар ҷараёни қавми Исроил аз Миср дар як шаб ба василаи худи худованд кушта шудаанд. 

 Ҷолиб он ҷост, ки дӯкондорони динӣ дар баробари эродҳои мантиқӣ ва хирадгароёнаи донишмандон ва пажӯҳишгарон мегӯянд: фарҳанги илоҳӣ бо донистаҳои башарӣ тафовут дорад ва худованд он бахше аз хираду дироятеро, ки барои дарки навишторҳои муқаддас боиста аст, ба афроди башар надода аст. Донишмандону андешамандон дар баробари навишторҳои муқаддас ва гуфторҳои ришдорони синагогҳо  ва калисоҳо бояд хомӯш бимонанд. Боварҳои кӯдакона ва равонпарешонаи онҳоро бидуни корбурди хирад ва мантиқ бипазиранд. Бадеҳӣ аст гуфтани ин нукта, ки умур ва масоили мазҳабӣ дар фаросӯи андеша фаҳму дарки башар вуҷуд дорад ҳаммонанди он аст, ки тамоми вуҷуди башар инкор ва нодида гирифта шавад. Ба ростӣ метавон гуфт, ҳеҷ тавҳине барои башар болотар ва саҳмгинтар аз он нест, ки неруи андеша ва хиради ӯ нодида гирифта шавад. Ҷавҳар ва кимиёи фаросӯи арзише, ки файласуфи бузург монанди И.Кант ба башарият арзонӣ дошт ин аст, ки замоне ки башар меандешид, метавонад эҳсоси ҳастӣ бикунад. Вале дӯкондорони динӣ, ки на танҳо худро аз ростандешӣ, хирад ва дарки инсонӣ маҳрум мекунанд, барои ҳама умр дар мағоки нодонӣ ва ноогоҳӣ гиёҳворона ба сар мебаранд, бо изҳори ин матлабҳои бепоя ва нобахирадона кушиш мекунанд, барои таъмини суди шахсии худ афроди башарро аз гавҳари андеша ва фаҳм маҳрум созанд.

 Дар даврони зиндагонии тӯлонии Волтер камтарин нишоне аз ошноипазирии рӯҳониён дида намешавад. Ин андешаманди зиддидин дар саросари умр бо хашму ғазаби девонавори рӯҳониён рӯ ба рӯ буд ва ранҷу тавони фарсоиши кашидани бори сангини ин мубориза буд. Волтер дар тамоми навиштаҳояш роҳбарони рӯҳониёнро шарлатан, дурӯғгӯ, авомфиреб ва кӯлоҳбардор хитоб мекунад.

 Решаи пайдоиши динҳои сомӣ ё Ховари Миёнаро ноогоҳӣ ва бехабарии мардуми оммӣ медонад ва мегӯяд: «то замоне, ки аблаҳон ва шайёдон ҳастанд динҳо ҳам хоҳанд буд».

 Ин адешаманди зидди дин ба ин бовар буд, ки рӯҳониён дастгоҳи дину мазҳабро ба дӯкони бузурге дигаргун сохтаанд. Дар ин дӯкон хурофот мефурӯшанд. Бо гирифтани пул гуноҳонро мебахшанд. Кохҳои биҳиштро ба аблаҳони дастпарвардаи худ мефурӯшанд ва дар поён на танҳо ба сарватмандон, моликон ва заминдорони бузург мубаддал шудаанд, балки ба далели нуфузи азими худ дар байни тӯдаҳои мардум он чунон қудрате ба даст овардаанд, ки тоҷ бар сари императорон мегузоранд ва тоҷ аз сари подшоҳон бармедоранд. Волтер мегӯяд бузургтарин рамзи муваффақияти рӯҳониён дар ин нукта нуҳуфта аст, ки тавонистаанд мардумро аз Худо битарсонанд ва дар натиҷаи пайдоиши чунин тарс мардум на танҳо бар рӯҳониён эҳтиром мегузоранд, балки ба шиддат аз онон метарсанд. Вай мегӯяд роҳбарони рӯҳонӣ бо парокандани хурофот ва ҷилавгирӣ аз густариши огоҳӣ ва дониш тамаддуни инсониро олудаанд. Вай дар номае бар Фридрихи Кабир императори Пруссия чунин менависад: «Дини мо бетардид чарандтарин, масхаратрин ва хунинтарини ҳамаи динҳо аст, ки сабаби олудагии дунё шудааст».

 Волтер бар ин бовар буд, ки динҳои ба истилоҳ осмонӣ ақл, шуур, мантиқ ва фаҳми инсонро ба шиддат костаанд.

 Раҳбарони дин, ки пайваста ба ситоиши фақр қаноат, парҳезкорӣ ва содагӣ дар зиндагӣ мепарзоданд, худ дар амал сарватмандони бузурге ҳастанд, ки дар ниҳояти осоиш ва таҷаммул зиндагӣ мекунанд. Аз маҳсул ва дастранҷи мардум суйистифода мекунанд ва ба ҳоли онон механданд.

 Ин нависандаи озода ба озодии дину мазҳаб эътиқод дошт ва аз асли мадорои динӣ ҳамзистии мазҳабӣ ё шикебоӣ дар баробари андешаҳои дигарон бо ҳамаи тавонаш ҳаводорӣ мекард. Вай мегӯфт миллати Фаронса бояд аз миллати Инглис ибрат биёмӯзад  ва хушунати динӣ, носозгории мазҳабӣ таассубу кӯрдилӣ ва дигаргар андешаҳоро канор бигзорад. Ба илму дониши  даврони худ даст ёбад. Ба хондани назарияҳои илмии Коперник, Кеплер, Галилей ва Нютон пардозад. Илму донишро ҷонишини андешаҳои куҳнаи дин ва ақоиди фарсудаи мазҳаб кунад.

 Волтер бузургтарин таблиғкунандаи мубориза ба диктаторҳои осмонӣ буд ва бар асли кӯбидани истибдодҳои динӣ по мефишурд. Волтерро баландгӯи бузурги қарни 18-ум ва мубаллиғи бемонанд ба шумор овардаанд. Ин нависандаи пуршӯр дар навиштаҳояш меғуррид ва бо фарёдҳои қалами нерӯмандаш ҷаҳони фикрии Фаронса ва Урупоро ба ларза андохта буд. 

 Интиқодҳо аз Волтер.

 Баъзе аз нақднависони адабии Аврупо мегӯянд бо он ки ҳамаи нишонаҳои нубуғи адабӣ дар Волтер намоён буд, аммо ӯро дар ҳеҷ як аз риштаҳои ҷаҳонии адабиёт наметавон нобиға ба шумор овард. Достонҳо ва шеърҳои Волтер ба жарфҳо ва азамати осори нависандагону шоирони нобиға нест. Дар намоишомаҳои ӯ зебоиҳои андеша ва равоншиносии шахсиятҳояш тавонии баробаре бо фикру андешаи намоишноманависони бузургро надорад. Фалсафаи Волтер низ жарф, навоварона ва асил шинохта намешавад ва ҳатто бархе ӯро файласуф намедонанд, зеро низоми тозаи фалсафиеро бунёдгузорӣ накардааст.

 Волтер ба зиндагии ашрофӣ ва пуртаҷаммул гароиш дошт ва худ яке аз бузургтарин сарватмандорони даврон будааст. Аз низоми салтанатӣ ба шиддат ҳаводорӣ мекард ва ба ин бовар будааст, ки агар шоҳ файласуф ва одил ҳам бошад адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа густариш хоҳад ёфт.

 Аз дидгоҳи фалсафии Волтер шоҳ-файласуф бояд аз қудрати бисёр бархӯрдор бояд бошад ва ҷомеаро бо мушти оҳанин идора кунад. Дар чунин низоме тӯдаҳои мардум ҷою маконе надоранд ва баробарии иҷтимоӣ наметавонад маъное дошта бошад. Бо ин ки ин муборизи бузурги иҷтимоӣ бо дастгоҳи диктатории императорону шоҳон дар мубориза буд, аммо аз онон пулу ҳадя мепазируфт ва ҳамнишини онон шуд.

 Волтер аз тӯдаҳои мардум бо таҳқири бисёр ёд кардааст ва эътиқоде ба ҳукумати мардум ё демократия надоштааст. Аз дидгоҳи ӯ тӯдаҳои мардум аз ҳукумат бар худ нотавонанд. Вай мегӯяд: «мардум ҳамеша кавданд ва ваҳшӣ хоҳанд буд, мардум ба монанди говони наре ҳастанд, ки ба юғ сайхунак ва андаке юнҷа ниёзманданд».

 Таҳияи

Исомуддин Шарифзода

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№5 (13), 2018 

                       

Адабиёт

  1. Дуктур Аҳмади Эронӣ. Волтер файласуфи кӯбандаи дин. Лос анжелис с.1991 45 с..
  2. Дюрант Вилям Ҷеймс. Торихи фалсафа. Тарҷумаи Аббоси Зарёб. Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ. Теҳрон:-1387, 501 с.
  3. Voltaire A Biography of the man and his Century,j. Orieux, Dubleday and Co., New York, 1979.
  4. The portable Voltaire , B.R. Redman, viking press, New York 1968.
  5. Voltaire A Critikal studi of his major works, v.w. topazio, randon houz, 1967
  6. Voltaire mason, huthinson and co., london, 1975.
  7. – french and english philosophers, c. w. collier and son corp., New York 1959
  8. colliers encyclopedia, edited by w. d. halsey, macmillan co., 1984 –enciklopedia britanica, h.h. benton publisher, 1973-1974.

 

Хондан 322 маротиба