Маводҳои лексионӣ аз фанни “Маркетинг” дар асоси талаботи стандартҳои таълимӣ барои донишҷӯёни таҳсилоти олӣ тайёр карда шудаанд. Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ омӯзиши фанни “Маркетинг” барои ҳамаи мутахассисон зарур аст, чунки натиҷаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ дартамоми соҳаҳои фаъолият барои қонеъ гардондани талаботи истеъмолкунандагоннигаронда шудаанд. Бинобар ин омӯзиши фанни “Маркетинг” имконият медиҳад, ки эҳтиёҷот ва дархостҳои истеъмолкунандагон муайян карда шаванд.
Баъд аз сехи истеҳсолӣ баромадани маҳсулот тамоми амалиётҳо оиди нигоҳ доштан, ба навъҳо ҷудо кардан, кашондан ва дигар корҳои то ба фурӯш баровардани мол, фурӯхтан ва хизматрасонӣ пас аз фурӯш дар фанни “Маркетинг” омӯхта мешаванд. Дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ истеъмолкунанда ҳамеша ҳақ аст ва истеҳсолкунанда ва хизматрасон ҳамон вақт муваффақиятро соҳиб мешаванд, ки агар онҳо пешакӣ истеъмолкунандагон чӣ, кай, чӣ қадар, дар куҷо, бо кадом нарх мехоҳандро муайян карда тавонанд. Ҳаллӣ ҳамаи ин масъалаҳо дар фанни “Маркетинг” ҷой доранд.
Назари худро нависед