(Таслиятномаи маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар робита бо даргузашти шоир ва адабиётшиноси муосири тоҷик, устод Асрори Раҳмонфар)
Субҳи барвақти 14 – уми феврали соли ҷорӣ хабари даргузашти бармаҳали шоир ва адабиётшиноси муосири тоҷик, Асрори Раҳмонфарро шунида сахт андуҳгин шудем. Устод Раҳмонфар, ки бо тахаллуси Сосонӣ шеъру таронаҳои зиёде ба нашр расондааст, солҳои дарозест дар ҷабҳаи илму адабиёти миллӣ заҳмат кашида, то ба дараҷаи як муҳаққиқ ва шоири баркамол расидааст. Дар баробари омӯзишу таҳқиқ Устод Раҳмонфар умре ба шеър ва адабиёт сару кор дошт ва ҳамчун муҳаққиқу шоири варзида миёни доираҳои илмию адабии ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Асосгузори маҳфили “Ҷаҳони андеша” устод Комил Бекзода, ки бо марҳум ифтихори дӯстию ошноӣ дошт, ёддоштеро дар робита бо ин шахсияти фарҳехтаи миллӣ доимо ба забон меоварад, ки мазмунан чунин аст: аёми донишҷӯӣ, тибқи муқаррароти замонӣ, донишҷӯёнро ба маъракаи пунбағундорӣ ба водии Ҳисор ҷалб кардаанд.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, донишманди тоҷик Зафари Мирзоён иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Ҷанбаҳои хештаншиносӣ дар Шоҳномаи Фирдавсӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Чанде қабл ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ва 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби муарриху сертараддуду пуркор Ширин Қурбонова ва рӯзноманигори дақиқбину тозагуфтор Машраби Абдуллоҳ таҳти унвони «Чеҳраҳои академикӣ» дар ҳаҷми 278 саҳифа ба нашр расид. Китоби мазкур бо дастур ва дастгирии бевоситаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ интишор гардида, муҳаррири он академики АМИТ Маҳмадюсуф Имомзода мебошад ва ба китоб узви вобастаи АМТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ тарқиз навиштааст.
(Таслиятномаи маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар робита бо даргузашти ҳунарманди маҳбуби миллӣ, хунёгари асили ватанӣ, устод Чиллахони Хол)
Аъзои Маҳфили «Ҷаҳони андеша» аз марги бармаҳали овозхони маъруф ва ҳунарманди асили миллӣ, устод Чиллахони Хол сахт андӯҳгин шуда, ба хешу ақрабо, дӯстону пайвандон, ёрону рафиқон ва алоқамандону ихлосмандони ин шахсияти матраҳи хунёгарии ватанӣ самимона таслият арз мекунад.