Ногуфта нмонад, ки Шумо аз ҷумлаи аввалин шахсиятҳои миллие маҳсуб меёбед, ки дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи Грайсфалди Олмон таҳсил намуда, рисолаи докторӣ (Phd)-ро дар мавзуи “Зардушти таърихӣ ва Зартушти Ничше” ба забони олмонӣ сарбаландона дифоъ намуда, дараҷаи илмии дуктури фалсафаро дарёфт кардаед. Баъдан, бо тавзеҳу иловаҳо рисолаи мазкурро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор додед (ниг.: Шаҳобиддинов Н. Нитше ва Зардушти таърихӣ (Тарҳрезии бунёдҳои фарҳанги навин). -Душанбе: Дониш, 2015). Аз ҳама муҳим, таҳқиқоти бунёдие, ки Шумо дар Олмон дар робита бо шахсияти паёмбари миллӣ Зардушт ва таъсири андешаю афкори ӯ ба симоҳои дараҷаи аввали фалсафаи урупоӣ, минҷумла Нитше анҷом додаед, рисолаи илмии аллома Иқболи Лоҳурӣ (манзур рисолаи илмии “Сайри фалсафа дар Эрон”)-ро, ки ибтидои садаи бист анҷом дода буд, ба хотир меоварад. Гузашта аз ин, назарот ва матолиби ҷиддии фалсафии Шумо дар ду монографияи ахирӣ (таваҷҷуҳ шавад ба монографияҳои илмии: Шаҳобуддинов Нуриддин. Дар сапедадами озодандешӣ. -Душанбе, 2018; Шаҳобуддинов Нуриддин. Метафизикаи Ибни Сино. -Душанбе, 2020. -252 саҳ.) инъикос ёфтаанд, ки аз жарфии андеша, умқу фарохии дид, мавқеъгириҳои вежаи миллӣ ва тафаккури фалсафии Шумо дар қиболи мушкилоти фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, эҷодӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ дарак медиҳад.
Бар илова, солҳост, ки Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо матолиби ҷолиби фаннӣ-ихтисосӣ ва илмӣ-оммавӣ аз эътибору нуфузи илму фалсафаи миллию ҷаҳонӣ ва ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ дифоъ мекунед ва алайҳи хурофоту таассубу ҷаҳолат ҳадафмандона мубориза мебаред. Дар ҳоле ки аксари намояндагони табақаҳои илмӣ, муҳитҳои академӣ ва ҳавзаҳои ихтисосӣ дар баробари ҳузуру нуфузи чашмгири хушкандешии мазҳабӣ сукут ихтиёр кардаанд, Шумо бо ҷуръату ҷасорати мунҳасир ба фардатон бар зидди ҷаҳоншиносии хурофӣ қад алам карда, ҳифзи нангу номуси илмию миллиро вазифаю рисолати шахсӣ ва илмӣ-фалсафии худ дониста, дар ин ҷода сарсахтона ва сахткӯшона талош меварзед. Матолиби муфассали илмӣ-фалсафии фейсбукии Шумо бо шумули “Замини корамнашуд”, “Дар лобалои андешаҳо”, “Ҳузури беҳузури мо дар равандҳои ҷаҳони муосир” ва амсоли инҳо, ки дар решашиносии мушкилоти фикрию ақидатию равонию ҳувиятӣ ва бозшиносии равандҳои таъсиргузори имрӯзию ҳассосиёти замонӣ аз ҷумлаи мадорики асосӣ маҳсуб мешаванд, миёни корбарону хонандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозию ҳамсадоӣ пайдо кардаанд. Ин аст, ки ҷомеаи тоҷик аз вуҷуду ҳузури фаъоли Шумо дар ҳавзаҳои илмӣ, фалсафӣ ва маданӣ ифтихор мекунад.
Воқеан, Шумо ифтихори мо ёру дӯстон ва ифтихори Миллату Меҳан ҳастед. Ба ин маънӣ:
Ҳамрафиқу ҳамшарик, ай дӯст, ёри мостӣ,
Бо вуҷуду бо ҳузурат ифтихори мостӣ!
Бо истифода аз фурсати мусоид зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодиатон комёбиҳо таманно мекунем. Ба ин манзур:
Аз вуҷуду аз ҳузури ҷумлае мисли Шумо,
Сад ҳазорон селаи бегона гардад ошно!
Бо эҳтиром,
аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”
ш. Душанбе, 10. 01. 2024