JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 15 Январи 2024 04:27

Муаррифии дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ

Муаллиф:

  Дар раванди сиёсати давлатии “дарҳои кушода” олимони кишвар имкон пайдо намуданд, ки натиҷаҳои худро дар маърази байналмиллалӣ изҳор намоянд. Дар ин маврид, аз дастгирию мусоидати ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимон изҳори миннатдорӣ баён менамоянд.

  Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна, доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Институти астрофизикаи АМИТ ва ҳамзамон и.в. ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ мебошад. Натиҷаҳои бадастовардаи назарраси Қоҳирова Г.И. дар конференсияҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, дар маҷаллаҳои кишвар ва маҷаллаҳои тақризшавандаи бонуфузи байналмилалии ба нашр расидаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Қоҳирова Г.И. коршинос-кайҳоншиноси маълум дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад ва корҳои илмии ў эътироф гардидаанд.

  Қоҳирова Г.И. аз 28-уми октябр то 6-уми ноябри соли 2023 дар ш. Монреали Канада қарор дошт. Мақсади сафари хизматӣ баҳри иштирок кардан ҳамчун намояндаи Тоҷикистон ва коршиноси эътирофшуда дар нишасти бонувон-коршиносони кайҳоншинос «Таҳкими иқтидор ҷиҳати пешбурд ва дастёбӣ ба баробарии гендерӣ дар соҳаи кайҳоншиносӣ», ки аз 30 октябр то 03 ноябри соли 2023 дар шаҳри Монреал баргузор  гардид.

  Нишаст аз ҷониби Кумитаи фаъолияти кайҳонии Созмони Миллали Мутаҳид (UNOOSA) ва Оҷонсии кайҳонии Канада ташкил ва амалӣ гардид ва сафари Қоҳирова Г.И. пурра аз бурди гранти UNOOSA дастгирӣ ёфт. Дар кори нишаст масъалаҳои муҳим оид ба таҳкими иқтидор ҷиҳати пешбурд ва дастёбӣ ба баробарии гендерӣ дар соҳаи кайҳоншиносӣ баррасӣ гардиданд.  Дар кори нишаст зиёда аз 34 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки Қоҳирова Г.И. ягона номзад аз минтақаи Осиёи Миёна ширкат варзида Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

 

 Ҳангоми нишаст ў маърузаи илмӣ “International cooperation of women scientists as a precondition for gender equality in space research – Tajikistan case study” (Ҳамкории байналҳалкии занони олим ҳамчун шарти хатмии баробарии гендерӣ дар тадқиқоти кайҳон-Омӯзиши мисоли Тоҷикистон) доир ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати дастгирӣ ва таҳкими саҳми бонувон дар ҷомеаи кишвар, риояи баробарии гендерӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи илму маърифат, баромад кард. Баромад оид ба сиёсати давлат дар соҳаи илм ва дастовардҳои кайҳоншиносони кишвар аз тарафи кумитаи тадорукот ва иштирокчиёни нишаст баланд арзёбӣ карда шуд. Инчунин Қоҳирова Г.И.  дар кори нишаст фаъолона иштирок намуда аз таҷрибаву корҳои бонувони-коршиносон кайҳоншинос аз минтақаҳои мухталиф баҳравар гардид.

  

 

  Қоҳирова Г.И. ҳамчун коршиноси соҳаи кайҳон ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани ҷаҳонии кайҳонӣ «Фазои кайҳонӣ барои ояндаи муштарак» дар ш. Венаи Австрия, аз 11 то 15 декабри соли 2023  ширкат кард. Нишаст аз ҷониби Кумитаи фаъолияти кайҳонии Созмони Миллали Мутаҳид (UNOOSA), мақомоти ҳукумати иҷроияи ш.Вена ва ташкил ва амалӣ гардид ва сафари Қоҳирова Г.И. пурра аз бурди гранти UNOOSA дастгирӣ ёфт. Дар кори Анҷуман масъалаҳои муҳим барои тамоми башарият оид ба ояндаи идоракунии фаъолияти кайҳонӣ, барои тамоми инсон истифодаи баробари дастовардҳои технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устуворӣ ҷамъият баррасӣ гардиданд.  Дар кори нишаст коршиносон зиёда аз 80 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Ҳангоми Анҷуман дар яке аз баҳши он Қоҳирова Г.И. бо маърузаи илмӣ доир ба натиҷаҳои таҳқиқотҳои кайҳонӣ дар Тоҷикистон бо мақсади муаррифӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи илм ва дастовардҳои кайҳоншиносони кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ баромад кард.

Хондан 966 маротиба