JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
1-уми декабр зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур Миллати куҳанбунёду сарбаланди форс (тоҷик) аз бомдоди таърих масири паҳновар, вале мушкилгузару пурпечутоберо тай намуда, дар ҳама марҳилаҳои мураккабу душвор ин имтиҳони таърихро сарбаландона паси сар кардааст. Ҳанӯз аз аҳди қадим фарзонафарзандони миллати фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик роҳи фарҳангу маърифат ва илму донишро равшан карда, дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми назаррасе гузоштанд. Азбаски душманону бадхоҳони миллати шарафманди тоҷик дар замири нопоки хеш орзуи ғасби сарзамин ва маҳви илму фарҳанги онро мепарвариданд, ҳамеша барои рушду пешрафти он монеа эҷод менамуданд. Албатта, дар ин раванд ва барои татбиқи нақшаю ҳадафҳои душманони…
Шеър, қабл аз ҳама, ба ангезиш додани зеҳн, эҳсосу авотиф, такон додани ҷомеа ва бад-ин васила бедор кардани равони хоболуди инсонӣ сари кор мегирад. Шоир ҳама умр талош мекунад, ки ба воситаи шеър ҷомеаро бедору ҳушёр намояд ва ба роҳи худҷӯшӣ ва худсозӣ ҳидоят кунад. Дар ин масири мушкилписанд шоир чашми худро мебандад, то чашми дигарон боз шавад. Ба ин маънӣ аллома Иқбол фармудааст:
 Ба ифтихори 110-солагии устод Мирзо Турсунзода Бойгонии адибон ганҷинаест, ки корнома ва муҳимтарин лаҳзаҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти онҳоро вобаста ба шароити таърихӣ ба хонанда бозгӯ мекунад. Хусусан, ин ҳолат дар тақдири адибони барҷастаи замони Шӯравӣ бисёр мушоҳида мешавад. Ин гуна раванду рӯйдодҳои қобили таваҷҷуҳро омӯзишҳои бисёрсолаи адабиётшиносони маъруф И. С. Брагинский, Раҳим Ҳошим, Хуршеда Отахонова, Холида Айнӣ, Камол Айнӣ ва тадқиқоти ҷолиби ифшокунандаи масъала ва муаммоҳои адабиёти тоҷик дар замони Шӯравии донишманди барҷастаи тоҷик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, муҳаққиқи намоён Маъруфи Раҷабӣ равшан собит менамоянд. Омӯзиши маводи бойгониҳо равшан мекунад, ки довариҳои мунаққидону адабиётшиносони замони…
 "Хирад омӯхтани илм асту хирадмандӣ кор бастани он» Ғаззолӣ Зиндагӣ майдони набард аст. Дар ин майдон бештар ба ноадаолативу бераҳмӣ рӯ ба рӯ меойӣ. Ва онҳое дар ин майдон пирӯз мегарданду ҳақиқатро соҳиб мешаванд, ки дорои иродаи матин буда, дар сангарҳои зиндагӣ чун шахсият обутоб ёфтаву ба камол расидаанд. Корзори илм, ки дар тобеияти майдони зиндагӣ қарор гирифтааст, шабеҳ ба варзишгоҳи чавгонбозист.