JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 29 Октябри 2020 07:03

Ҳамқисмати илму эҷод

Муаллиф:
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, матншинос, шоир ва зиёии миллӣ устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ) Устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Солҳост, ки Шумо дар баробари таҳқиқу тадвин ба эҷоди шеър низ иштиѓол меварзед ва маъниофариниро дар қолаби каломи мавзун аз мушаххасоти зиндагии худ медонед. Аз ҷониби дигар, чанд вежагии инфиродии шахсӣ: мутолиаи пайвастаи адабиёти фаровони бадеӣ ва илмӣ-таҳқиқӣ, аз бар кардани ашъори ноби шуарои классику муосир, фаъолияти таҳқиқию таълимӣ, мушоҳидоти тадриҷии ҳаводиси зиндагӣ, бархўрд бо мушкилоти рўзмарра ва билохира баҳрабардорӣ аз таҷрибаи рўзгор Шуморо ба сатҳи як шахсияти вораста ва варзида расонида, ҷойгоҳи…
(чанд андеша дар ҳошияи семинар-машварати Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) Гузаронидани нишасту семинар-машварат, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, он чи ки имрӯз дар миёни насли ҷавон ва умуман, миёнсолону солмандон ҷиддӣ эҳсос мешавад, буҳрони ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ ва илмӣ аст. Аз ҷониби дигар, дар рафъи мушкилот ва буҳронҳои фикрию маданӣ нақши маҳофили илмию фалсафӣ, ки бо ҳузури фаъоли файласуфону муҳаққиқони миллию…
Гулназар. Бо ин ном мо – кўдакони рустоӣ дар соли 1999 шинос шудем. Пироҳани нав бар тан, гулдаста дар каф, ғунчаи табассум дар лаб, ҷузвдони пур аз дафтарҳо дар китф нахустинбор по ба остонаи дабистон ниҳодем. Як гурўҳ хонандагони синфҳои болоӣдар маҳфили «Занги аввалин», ки он солҳо расм буд, пеш аз он ки Суруди миллиро сароянд, бо як овоз гуфтанд: «Шеъри Гулназар Келдӣ, оҳанги Сулаймон Юдаков». Баъд оғоз ёфт он суруде, ки миллатро ваҳдат бахшида: Диёри арҷманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод!.. Мо пеш аз ин тавассути садову симо ин суруди…
Ҳазорон дареғ, ки дӯсти меҳрубон, устоди гиромӣ, шоири халқии Тоҷикистон, муаллиф суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоир, носир, драматург, филмноманавис, адабиётшинос, рӯзноманигор, сардабири чандин рӯзномаву маҷаллаҳо Гулназар Келдӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт. Оқибат ҳамин аст, ки тамоми мавҷудоти ҷондори олам ба дунё меояд ва аз дунё меравад. Аз ин омаду рафт гурез нест. Рӯҳи устод Гулназари гиромӣ, шоири маҳбуби тоҷикон, шод бошад. Устоди бузургвор бо мероси арзишманди худ номи неки хешро ба таърихи тамаддуни тоҷикон сабт намуд; ӯ хушбахт аст, ки ҳар рӯзу шаб бо суруди миллии Тоҷикистон, ки муаллифи он аст, мардуми шарифи кишвар бедор…