JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Оре, ҳар кас барои корест, Ҳар шер сазои марғзорест. Ҷомӣ Дар ҳақиқат, ҳар касеро баҳри коре офаридаанд… Аз ин нуқтаи назар, мо мегӯем, ки Баҳодурро маҳз барои ҳунар, овозхонӣ, оҳангсозӣ халқ кардаанд, зеро тору пуди вуҷудаш аз матои ҳунар танида шудааст, ҳунари асил ва мондагор дар бустони мусиқию овозхонии тоҷик. Ба қавли шоир:
Панҷшанбе, 02 Майи 2024 08:25

Дар масири маънавиёти миллӣ!

Муаллиф:
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи фаъоли иҷтимоӣ Фирдавси Мадё) Чанд соли қабл аз тариқи дӯсту бародари гиромӣ Меҳр Собириён бо фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯшангари ҷавони миллӣ Фирдавси Мадё ошно шудем. Аз нахустин рӯзҳои ошноӣ Фирдавс худро ҳамчун ҳимоятгари дониши илмӣ ва муҳофизи бедареғи адабу фарҳанги миллӣ ба намоиш гузошта, тавассути талошҳои пайгирона дар самти бедории фикрӣ ва тақвияти руҳияи миллӣ таваҷҷуҳи аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро ҷалб намуд. Ин аст, ки минҳайси марде донишманд бо тафаккури илмӣ ва дидгоҳи миллӣ байни маҳфилиён маҳбубият касб кард.
Адабиёт ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ва як навъ ҳунар аз замони зуҳур дар қолиби осори манзуму мансур сарнавишти башарро рақам зада, вазъу ҳолоти рӯҳию равонии мардумро инъикос намуда, барои бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, эстетикӣ ва мадании инсон дар ҳар давру замоне саъю талош варзидааст. Ҳадаф аз адабиёт адабиёти бадеӣ аст, ки тавассути ду унсури маънавӣ – назму наср, маърифати адабӣ-бадеиро дар низоми зиндагӣ мушаххас карда, сатҳи завқи бадеӣ-эстетикии мардумро боло мебарад. Худовандони олами адабиёт шоирону нависандагонанд, ки дар маҷмўъ, дар мафҳуми адиб шинохта шуда, барои ҷомеа фазо, муҳит ва масири адабӣ-бадеӣ сохта, ба…
 Дӯсту бародари гиромӣ Меҳрдод Субҳонӣ, басо рамзист, ки мелоди Шумо бо Рӯзи байналмилалии меҳнаткашони ҷаҳон ҳаморӯз шудааст. Чун Шумо як ҷавони меҳнаткаш ва меҳнатзод ҳастед, таваллудатон ҳам ба ин рӯз рост омадааст. Ин аст, ки қаблан зодрӯзи Шумо ва Рӯзи байналмилалии меҳнаткашонро барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз муборакбод мегӯем. Баъдан, ошноӣ бо Шумо барои мо саҳифаи тозаеро дар шинохти насли нави ҷавони замони соҳибистиқлолӣ боз намуд.
Саҳифа аз 1 то 46