JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Имрӯз – 9 январ ҷашни мелоди файласуф, мутафаккир, рӯшанфикр ва рӯшангари муосири миллӣ устод Комил Бекзода аст. Қаблан устодро ба ҷашни мавлудашон шодбош мегӯем ва чанд мулоҳизаи иҷмолии хешро дар ҳошияи ҷашни зодрӯзи эшон манзури хонандагон месозем. Якум. Устод Бекзода умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин…
Барои аъзои маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” 9 январ рӯзи вежаи сол аст. Дар ин рӯз поягузори маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” – Устод Комил Бекзода зодрӯз доранд. Ҳамасола дар ин рӯз дӯстону алоқамандони шахсияти Бекзода гирди ҳам омада, дар доираи нишасту маҳфили хосса сари чолишҳои имрӯзӣ баҳс мекунанд. Устод Бекзода, ки аз унвони эҳтиромию ифтихории “Устод” сахт ҳазар доранд, бо доштани дониши фарогири илмию фалсафию ихтисосӣ дар гӯшае сокит менишинанд ва бо тавозуъу назокати вежа суҳбати дӯстону алоқамандонро мутаваҷҷеҳ мешаванд. Ҳама гуна андешаву афкори зидду нақиз ва ҳатто ғайриилмиро оромона таҳаммул мекунанд ва пасон муаддабонаву мудаббирона…
Дӯсту рӯшангари ҷавони мо, Зоҳиршоҳи гиромӣ! Ошноӣ бо Шумо саҳифаи тозаи зиндагии моро рақам задааст. Аз ҳама муҳим, қатъи назар аз синнусоли ҷавонӣ ва новобаста ба ҳузуру нуфузи чашмгири хурофагароёну мутаассибону хушкандешони динию дунявӣ, ҷасоратмандона ва ҳадафмандона алайҳи нодонию ҷаҳолати саросарӣ қад алам намуда, аз ҳувият, арзишҳо, мерос, фарҳанг ва манофеи миллӣ дифоъ мекунед. Агар соири ҳамнаслону ҳамсолонатон, ба истилоҳ, дар фикри кӯр кардани рӯз бошанд, Шумо ҳамвора дар андешаи боло бурдани сатҳи ҳувиятию миллӣ, коҳиш додани хавфу хатароти хушкандешӣ ва аз хурофоту ҷаҳолат вораҳонидани насли наврасу ҷавони ҷомеа ҳастед. Ин аст, ки самту сӯйи…
Мусалламан, рӯшангарӣ (просветительство), ки бедории фикрии башарро рақам зада, ҷомеаи инсониро ба сатҳи баланди таҳаввулоту пешравию тараққиёт расонидааст, аз зеҳни пурсишгари инсон буруз кардааст. Бинобар ин, пурсишгарӣ (шакку тардидварзӣ ва нигоҳи интиқодӣ ба масоилу мушкилоти мавҷуда) ба сифати масъулияти фардию ҷамъӣ оғози кори рӯшангарӣ будааст ва ҳар кӣ ба арсаи рӯшангарӣ по мегузорад, дар ибтидо масъулият ва рисолати пурсишгариро иҷро менамояд. Бад-ин тартиб, фарди пурсишгар дар натиҷаи таккон додани зеҳн ва ба истилоҳ, даргир сохтани тафаккур мароҳили фикриро тай намуда, тадриҷан ковишу ҷустуҷӯҳо ва суолу пурсишҳоро зиёдтар намуда, сатҳи маърифатию ҳунари ковишгариаш зина ба зина…