JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
(чанд андешаи муқаддимотӣ дар ҳошияи солгарди театршиноси муосири миллӣ устод Низом Нурҷонов) Маълум аст, ки ҳунар як навъ ҷаҳоннигарӣ ва ҷаҳонфаҳмии насли башар аст ва тавассути он ихтирооту кашфиёти зиёде дар ҷаҳон иттифоқ меафтад. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқон таъкид месозанд, ки шаклҳо ва сабкҳои ҳунарӣ таҷаллии як ҷаҳоннигарӣ ҳастанд ва аз ин ҷо пай бурдан мумкин аст, ки ҳунар, дар ҳар шаклу сабке баёнгари вазъи дарунӣ, ботинӣ, фикрӣ ва дар маҷмӯъ, маънавию равонии ҷомеаи зинда буда, қабл аз ҳама, ҳадафи шахсиятофарӣ ва инсонсозиро пайгирӣ мекунад (ниг.: Ҳаузер, Арнолд. Фалсафаи таърихи ҳунар. Тарҷумаи Муҳаммадтақии Фаромарзӣ.…
Мусалламан, 30 сентябр дар силсилаи таҷлилоти ҷашну маросимоти миллӣ ба унвони Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шинохта шудааст ва дар қаламрави Тоҷикистон ҳам мардум, доираҳои адабию фарҳангӣ ва ҳавзаҳои илмию ҳунарӣ аз ин Рӯз таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз доираҳои адабӣ, қишрҳои фарҳангӣ, ҳафзаҳои илмӣ ва муҳитҳои донишгоҳӣ гирди ҳам меоянд ва атрофи шахсият, андеша, дидгоҳ, мавқеият ва мероси Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суҳбатҳои ҷолиби адабию ихтисосӣ ва мубоҳисоти илмию фаннӣ сурат мегирад. Дар феҳристи баррасиҳои мавзуие, ки дар партави Рӯзи Мавлоно ҳамасола матраҳ мегардад, масъалаи нигариш ва дидгоҳҳои фалсафии Ҷалолуддини Балхӣ низ ҷой дорад. Ба сухани…
Панҷшанбе, 28 Сентябри 2023 05:37

Шиорат “Огаҳӣ, Озодию Ободӣ” бошад

Муаллиф:
(шодбошӣ ба муносибати зодрӯзи Бозор Ибодӣ) Дӯсту ҳамандеши гиромӣ Бозор Ибодӣ, Дар давоми чанд соле, ки бо Шумо ҳамкорию ҳамшарикӣ дорем, симо ва чеҳраи иҷтимоӣ, ихтисосӣ, фаннӣ, илмӣ, эҷодӣ ва миллиатонро ба қадри кофӣ шинохтаем. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ ончунон фаъолед, ки кас ангушти ҳайрат мегазад. Гоҳо дар набуди Шумо миёни худ баҳс мекунем ва, ростӣ, рашкамон ҳам меояд, ки ҳамкори азизи мо ин қадар имкон, ин қадар энержӣ ва ин қадар вақту замонро аз куҷо пайдо мекунад, ки дар як они воҳид сарриштаи ҳар кореро…
Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ (22 сентябр), ки аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, доираву ҳавзаҳои гуногуни адабию фарҳангиро ба ҳам меоварад. Муҳимтар аз ҳама, ба таври густурда таҷлил гардидани санаҳои муҳимми таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯзи устод Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад. Ин аст, ки дар силсилаи таҷлилоти ҷашнӣ ва арҷгузории шахсиятҳои матраҳи миллӣ Рӯзи қофиласолори шеъри форсии тоҷикӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар ҳошияи Рӯзи устод Рӯдакӣ чанд нуктаро дар доираи мавзуи “Устод Рӯдакӣ ва замони мо” хидмати…