JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 12 Феврали 2024 09:10

Шеъри ӯ вирди забонҳо

Муаллиф:
7 январи соли 1943 дар шаҳри Кӯлоб садои гирёни тифле деҳаи Офтоблиқоро фаро гирифт. Дар баробари шунидани садо дар лабҳои падари хонадон Ғоиб ва модараш Зинатбӣ ханда гул кард, ки назари ҳақ ба ин хона афтод. Бо дили болида волидон бо сад умед Ҳақназар ниҳонданд, то дар оянда як шахси муваффақ, соҳибмартаба гардад. Вакте ки Ҳақназари хӯрдакак қадами хешро ба синни 7 солагӣ мегузорад волидонаш дасташро гирифта ба мактаби 7 солаи деҳа бурданд ва соли 1957 онро сарбаландона хатм намуда, бо иҷозати волидонаш ҳуҷҷатҳои хешро ба собиқ мӯзишгохи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (ҳозира Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи…
 Номвари гиромӣ, Шумо аз ҷумлаи нодиртарин ҷавонони миллат маҳсуб мешавед, ки бо неру ва қудрати баланди фикрию эҷодӣ дар хидмати илму фарҳанги кишвар камари ҳиммат барбастаед. Новобаста аз синни ҷавонӣ миёни доираҳои илмию фаннӣ, ҳавзаҳои мадани ва муҳити иҷтимоии ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидаед. Бо такия ба илму дониши зинда ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ китобу мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр карда, аз ин тариқ дар рушди илми ватанӣ саҳми муносиб гузоштаед.
Назрӣ Асадзода солҳост, ки бо талошу ибтикороти бардавоми фардӣ дар ростои шинохти ҳассосиёти замонӣ, боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ, талқини ифтихороти қавмӣ, дарки воқеиёти имрӯзӣ ва манофеи миллӣ миёни доираҳои адабӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, илмӣ ва мадании кишвар ба унвони шахсияти матраҳ ошност. Аз сӯйи дигар, Назрӣ Асадзода аз ҷумлаи фарҳехтагони миллату ватан аст, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат сари решашиносии мушкилоту муаммоҳои миллию қавмӣ, ки тоҷикро тайи таърих аз рушду пешравӣ ва таҳаввулу тараққӣ боздоштаанд, тамаркуз карда, бар мабнои ақлу хирад ва донишу мантиқ роҳҳал меҷӯяд ва дар ин замина ҳадафмандона умр мефарсояд. Муҳимтар…
 Дӯсти арҷманду гиромӣ, Назрӣ Асадзода! Аз бомдод сафаҳоти табрикоту таманниёту шодбошиҳои мелодиро, ки ба ифтихори ҷашни мавлуди Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чида шудаанд, мурур карда, эҳсосотамон ҷӯш зад ва чун дигар дӯстону рафиқон ба маъракаи табрикотӣ пайвастем. Пешопеш ҷашни мелодатонро шодбош мегӯем.