JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
(паёмномаи ҷашнӣ ба муносибати зодрӯзи Меҳр Собириёни гиромӣ) 8 ноябр дӯсту ҳамепешаи меҳанпарасту фарзонаи миллӣ Меҳр Собириён зодрӯз дорад. Меҳр аз ҷумлаи нафарони саршиноси миллист, ки бо вежагиҳои мутафовите назири мавқеъгирии миллӣ, биниши фалсафӣ, сахткӯшии доимӣ ва дидгоҳи илмӣ миёни дӯстону ҳамназарони мо соҳибэҳтиром гардидааст. Илова бар ин, дар ҳама диду боздидҳо, мулоқоту вохуриҳо, нишасту маҳфилҳо, баҳсу мунозираҳо ва муколимаву гуфтугӯҳо вежагию мушаххасоти ҳувиятию шахсиятии Меҳр Собириён, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳо, ковишу ҷустуҷӯҳо ва мушоҳидаву мутолеоти бардавоми ӯ шакл гирифтаанд, буруз мекунанд ва ҳайсияти илмию эҷодӣ ва миллии ӯро ба намоиш мегузоранд.
Асари «Чеҳраҳои мондагор» дар асоси осори илмӣ, таърихӣ ва маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, арзиши волою беандозаи илмӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ дорад. Аҳамияти беназири китоби фавқ аз он иборат аст, ки ин асар бо забони ноби тоҷикӣ таълиф гардида, барои аҳли илму адаб, дӯстдорони илму фарҳанг ва адабу ҳунари гузаштагонамон пажӯҳиши арзишманд ба ҳисоб рафта, барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, ифтихор аз меҳану меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва шинохти бузургони миллат воситаи муҳимми тарбия ба шумор меравад. Зеро «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои…
Ҳамасола доираҳои сиёсӣ, илмӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ 29 октябрро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Куруши Бузург таҷлил мекунанд ва дар ин рӯз, ки акнун дар муҳитҳои мадании мо ҳам марсум шудааст, чорабиниҳои адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ- фароғатӣ доир мегарданд. Дар Тоҷикистони азиз бо ибтикори раҳбарияти олии кишвар Боғи фарҳангӣ-фароғатии вежае ба исми Куруши Бузург ихтисос ёфта, дар маркази таваҷҷуҳи фароғатгоҳ пайкараи бошукӯҳи ин шоҳаншоҳи маъруфи таърихӣ қомат афрӯхтааст, ки ин иқдом аз маҳбубияти миллати тоҷик ба чеҳраҳои мондагори сиёсию давлатӣ ва ҳамчунин симоҳои матраҳи фарҳанги бузурги аҷдодӣ дарак медиҳад. Дар зимн, 13-14 октябри соли ҷорӣ…
Матлабе, ки пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад, навиштаи рӯзноманигори маъруфи Эрон Сируси Алинажод аст, ки 12 январи соли 2004 дар роёнаи радиои БиБиСи (ВВС) зери унвони “Ба баҳонаи интишори китоби “Мурғи саҳар”, зиндагии риққатбори устодони дараҷаи аввали адабиёт” мунташир шудааст. Ин мақола аслан тақризи Сируси Алинажод аст, ба китоби ёддоштҳои Парвона Баҳор, духтари Маликушшуаро Баҳор дар бораи рӯзҳои вопасини зиндагии падараш, ки онро соли 1382 (2004 м) интишороти “Шаҳоб” дар 284 с. ба чоп расонидааст. Муқарризи китоб зимни баррасии асар дар бораи зиндагии бетакаллуф ва то ҳадде қашоқонаи чеҳраҳои саршиноси илму адаби солҳои 30-80 қарни ХХ…