JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Имрӯз – 15 март ҷашни мелоди нависанда ва адиби номовари тоҷик устод Урун Кӯҳзод аст. Қаблан устодро барои расидан ба синни камолот табрик мегӯем ва таманно мекунем, ки бо ҷисму руҳияи қавиашон садсолаҳо боз дар хидмати адабиёт ва фарҳанги миллӣ қарор гирифта, халқу миллат аз тавонмандии фикрию эҷодии эшон баҳравар гарданд. Устод Урун Кӯҳзод (мутаваллиди соли 1937), муаллифи асарҳои машҳури “Сареву савдое” (1971), “Роҳи ағба” (1971), “Писанддара” (1974), “Кини Хумор” (1976), “Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз” (1977), “Як сару сад хаёл” (1983), “Бандии озод” (1994), “Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим”(1983), “Тақвими раҳгум”, “Ҳайҷо”…
Чоршанбе, 28 Феврали 2024 08:54

Насли содиқи Ватан!

Муаллиф:
 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи рӯзноманигор, тарҷумон ва рӯшангари ҷавони тоҷик Абдуҷалили Амон) Абдуҷалили гиромӣ, Қатъи назар аз он ки дар авҷи синни ҷавонӣ қарор дорӣ ва насли хунгарми ҷавон дар ин фосилаи замонӣ, одатан ба хиёлпардозию саргармиҳо ва барномарезиҳои рифоҳӣ андармон аст, шумо умури рӯшангариро дунбол карда, дар доираи имконот ба тарҷимаву таҳияи насри илмию фаннӣ ва бадеӣ машғул шуда, бо ташаббусу ибтикороти вежаи эҷодӣ аллакай миёни ҳавзаҳои фикрӣ ва ҷомеаи маданӣ ошно гардидаед.
Имрӯз аз беҳтарин рӯзҳост, зеро дар ин рӯзи фархунда яке аз беҳтарин бонувони миллати тоҷик чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, ки ҳамвора дар дили саршор аз меҳри хеш ишқу дарди миллатро доштаву дорад. Ӯ ҳамон фариштаи Оҳуроӣ ва пайки покиву нузҳату зебоӣ дар олам аст, ки қаблан мавсуф ба Онаҳито будааст ва феълан исми ӯ Раҳимаи Аъзам аст. Ин фариштаи зебо кунун ба он хотир зуҳур карда, ки муаррифу мубаллиғ ва ҳомии арзишҳои миллати тоҷик бошад, мубаллиғу ҳомии миллате, ки тамаддуни башарӣ зодаи зеҳни ҷӯёву пӯёи ӯст.
 (Паёми шодбошӣ ба ифтихори мелоди адабиётшинос, андешаманд, равшанфикри миллӣ ва меҳанпарасти воқеӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода) Имрӯз – 20 феврал, дар арафаи ҷашни Артиши миллӣ адабиётшинос, андешаманд, равшанфикри миллӣ ва меҳанпарасти воқеӣ устод Ҷамолиддин Саидзода зодрӯз доранд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ…