JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
(шодбошии Маҳфили фалсафии «Ҷаҳони андеша» ба ифтихори зодрӯзи Раиси Фарҳангистони миллии Тоҷикистон) Раиси муҳтарами Фарҳангистони миллӣ Фарҳод Раҳимӣ! Солҳост, ки Шумо аз тариқи ташаббусу ибтикороти фардӣ ва неруи хастагинопазири эҷодӣ дар масири илму маориф ва фарҳанги миллӣ ҳадафмандона ва бардамона гом бармедоред. Дар ин муддат бо такя ба дониш, биниш, мушоҳида, андӯхта ва таҷриба ба таври шоиста дар самти рушди маорифи миллӣ ва илми ватанӣ бидуни вақфа заҳмат кашида, роҳро барои ташаккули тафаккури илмӣ, дидгоҳи мантиқӣ ва мавқеъгирии миллӣ ҳамвор сохта, дар ин ҷодаи мушкилписанди зиндагӣ бурдборона талош меварзед. Хамираи шахсиятии Шумо бар мабнои мушаххасоти…
(Ба муносибати 158 - солагии Шарифҷон-махдуми Садри Зиё) Ташаккули шахсияти инсон, ин раванди ба даст овардани сифатҳои шахсӣ ва иҷтимоӣ буда, он дар ҷараёни фаъолиятҳои гуногун сурат мегирад. Раванди ташаккул ва рушди шахсият мунтазам ба амал омада, то интиҳои умри одамӣ идома меёбад. Ҳеҷ як инсон дар ҷаҳон ташаккулёфта таваллуд намешавад. Зиндагии ӯ ин худ ташаккулёбӣ ва ба камолот расидан аст – гуфтааст В.Г. Белинский. Омилҳои асосии ташаккули шахсият, ин хусусиятҳои генетикӣ, муҳити зист, таъсири фарҳангӣ, таъсири иҷтимоӣ ва таҷрибаи шахсии инсон мебошад. Омезиши ин омилҳо дар ташаккули шахсият, ҳамеша натиҷаи беназир дар пай дорад.
 Дӯсту бародари гиромӣ, Раҷаби Мирзо! Ҷомеаи маданӣ ва қишри рӯзноманигории ватанӣ солҳост Шуморо минҳайси журналисти баистеъдод, ҳирфаӣ ва бофарҳангу баномуси миллӣ мешиносанду эътироф мекунанд. Бидуни тардиду таоруф, ҳар қадар синнусолатон боло меравад, ҳамон қадар огоҳтар, донотар, мушоҳидакортар, ҷиддитар, баҳавсалатар, шоистатар ва фарҳехтатар мешавед. Ин навъ нишонию аломотро на дар ҳама инсонҳо ва шахсиятҳои варзида метавон мушоҳида кард. Аммо Шумо бо ҷустору такопуҳои бардавом, саъю талошҳои фаровон ва руҳияи интиқодгарию интиқодпазирии мудавом сол ба сол дар бозсозию худсозии фардӣ саҳм мегиред ва дар ин масир аз чизеву касе намеҳаросед. Гузашта аз ин, дар нигоштаву назароти Шумо…
Имрӯз варақгардон намудани роҳи пурхатар ва саргузашти пурмуаммои шоҳасари безаволи “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба доираи васеи хонандагони чи дохиливу чи берунӣ ба аҳамияти бузурги илмиву амалӣ молик аст. Бесабаб нест, ки рӯзноманигор ва фаъоли шуравӣ С. Мирзораҳматов ба душвориҳои ногувор ва талошҳои пайгиронаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи мураккаб ва пупечутоби таҳия ва офаридани шоҳасари “Тоҷикон” афкору андешаҳои ҷолибу писандида баён месозад, ки он феълан боиси ифтихор ва намунаи ибрат аст. Аз рӯи таъкидҳои ин шахси шоҳиду ҳамзамон, “Дар осори гаронмояи эҷодии Ғафуров асари фундаменталии пажуҳишии илмии “Тоҷикон” мақоми махсус дорад. Ин заҳмати тамоми умри…