JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
«Устоди гиромиқадр Муҳаммад Осимӣ марди чеҳракушоду фозил, донишманду оқил, дилҷўю одил буданд. Устодро дар ҳар ҷо – дар донишгоҳ, фарҳангистон, ҳамоиш, кўча, ҳатто аз тариқи телевизион, ҳар гоҳе ки лаҳзае дида ба дидор расида бошад, фақат бо хушсуханӣ, меҳрубонӣ ва дилҷўӣ дидаам. Бо ҳама бо муҳаббат сухан мегуфтанд. Бо ин донишманди хушбархўрду шарифу зариф дидорҳое доштам, ки хотирмон буданд…». Чунин нигоштааст зимни баёни хотираҳои худ аз мулоқотҳо бо академик Осимӣ профессор Равшан РАҲМОНӢ.
 Фирдавс Ниёзии гиромӣ, Дониш, биниш ва таҷрибаи худофаринию худсозӣ ба Шумо имкон фароҳам овардааст, ки миёни соири табақаҳои иҷтимоӣ, махсусан, зиёиёну фарҳангиёни миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми шоистаю боиста пайдо намоед. Шумо аз ҷумлаи нодир забоншиносоне маҳсуб меёбед, ки ба донишҳои ихтисосӣ маҳдуд нашуда, аз ҳисоби мутолеоти густардаи фалсафӣ сатҳи биниши худро боло бурда, дар муҳитҳои илмию эҷодӣ ва мадании миллию ватанӣ минҳайси шахсияти матраҳи илмию эҷодӣ муаррифӣ гардидаед.
Имрӯз 10 июни соли 2020 аст. Бегоҳии рӯзи чоршанбе. Ман, Комил Бекзода ҳастам, зодаи ноҳияи Ванҷ. Соли таваллудам 1945. Номи шиносномаи шуравиам Беков Комилҷон аст. Солҳои 1962 то 1967 дар факултети Таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, шуъбаи арабӣ таҳсил кардам. Ҳамкурсҳои ман инҳо буданд: Бобоева Навраста, Акбаров Юнус, Ғоибов Ғолиб, Суҳбатов Неъматулло, Шаҳобиддинов Саиднуриддин, Эргаш Қосимов, Ҳоким Усмонов, Олимхон Қорихонов, Муҳиддин Фатҳиддинов ва ман Беков Комилҷон...
Биохимия яке аз бахшҳои асосии биологияи муосир ба шумор рафта, тамоми раванди ҷараёнҳои мураккаби биохимиявиро дар организмҳо меомӯзад. Яъне ҷараёни синтези моддаҳои органикӣ, ки аз нури офтоб ва обу маводҳои ғизоӣ дар баргу пояи сабзи растаниҳо ба амал меояд, аз ҳолати фаъолнокии ниҳонии генҳои дар хромосомҳо ҷойгиршудаи организми растаниҳо вобастагии аввалиндараҷа доранд.