JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ба таври ҳамагонӣ таҷлил гардидани санаҳои муҳимми таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёфтааст. Ин аст, ки дар доираи таҷлили рӯзҳои ҳаводиси муҳимми таърихӣ ва шахсиятҳои нотакрори миллӣ табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва ҳавзаҳои донишгоҳӣ ҷамъ меоянд ва рӯзҳои марбутаро арҷ гузошта, бузургони меҳану миллатро ба некӣ ёд мекунанд.
Талошу заҳматҳои бедареғи Шумо дар ҷодаи такомул ва рушди илми ватанӣ сазовори таҳсину офарин аст. Ҳадафмандона интихоб ва паймудани масири илму хирад, агарчи саҳлу осон нест, Шумо бо итминон ин ҷодаро пушти сар намуда, ба қуллаи баланди ин гавҳари зиндагии башарӣ расидаед.
Халқи фарҳанпарвару соҳибтамаддуни тоҷик аз бомдоди таърих барои рушди илму фалсафа ва фарҳангу маърифат аламбардор буда, дар ин масир омӯзиши улуми дақиқу табиатшиносӣ ва пажӯҳиши табиату кайҳон ҷойгоҳ ва мақоми шоистае дорад. Раванди мазкур решаҳои амиқи таърихӣ дошта, дар саргаҳи он равияҳои илмӣ-фалсафии қаблазисломии тоҷик, ба монанди ҳикмати хусравонӣ ва зурвония, ки ҷавҳарии онҳоро ҷаҳонбиниҳои илмӣ ва фалсафӣ, арҷгузорӣ ба донишу маърифат, дарки олами моддӣ, ҳамчун ҳаюлои нахустин ва шинохти қонунҳои табиат ташкил медиҳад, қарор доранд. Пас аз истилои араб муборизаҳо бар зидди илму дониш ба авҷи аъло расид, маҳви фарҳангу тамаддуни Эрони бостон ба…
Устод М.С.Осимӣ яке аз бузургтарин шахсияти асри 20 миллати тоҷик мебошанд, ки дар қатори С. Айнӣ, Б. Ғафуров, С. Умаров ва М. Турсунзода дар рушди Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯву эътибори он нақши назаррас доранд. Агар устод Айнӣ ба кори Академияи илмҳои кишвар оғоз бахшида, устод Султон Умаров пояҳои онро устувор карда бошанд, маҳз М.С.Осимӣ онро ба дараҷаи баланд расонида, фаъолияти устодони худро таҳким бахшиданд.