JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 14 Августи 2020 11:43

Шоири халқ

Муаллиф:
Дар ҳама давру замон шахсиятҳои бузурги илму адаб ба сони оташафрӯз масири зиндагии миллати худро равшан карда, ба сӯйи хушбахтию саодат ҳидоят намудаанд. Махсусан, шоиронро насли миллатсоз ном бурдан мумкин аст. Зеро онҳо бо эҷоди ашъори пуртаъсир халқи худро дилгармона гирди ҳам оваранд. Оташеро, ки пас аз адибони классики тоҷик устод Айнӣ афрӯхт, устод Турсунзода шуълавар кард. Ба қавли Расул Ғамзатов: «Мирзо идомадеҳи назми бисёрасраи халқи худ дар замону шароити дигар аст. Ӯ ин корро бо шоистагии шоиронаву ватандорона ба ҷо овард».
Дӯсти гиромӣ ва омӯзгори асили Меҳан Одина Сафарзода, Ростӣ, ҳар гоҳ ки Шумо дар гирду атрофи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва махсусан, давру бари ошхонаи Раёсати АМИТ пайдо мешавед, ин минтақа гул мекунад. Шумо, ки доимо масруфи мутолеа ва мурури китобҳои наву ҷадид ва ахбору матолиби тозаи интернетӣ ҳастед, ҳангоми сари як пиёла чой нишастан ҳатман баҳси ҷолиберо матраҳ мекунед, ки мутмаинан, моҳҳо моро ба ҷустору ковишҳо вомедорад. Новобаста ба масруфиёти таълимию тадрисӣ (устод Одина Сафарзода устоди фанни забони хориҷӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд), Шумо имкон пайдо мекунед, ки адабиёти тозанашри адабию бадеӣ, гузоришоту…
Бахшҳои асосии илми биология - физология ва генетикаи растаниҳо бо ҳам хело вобастаанд. Чунки просессҳои физиологӣ дар организми растаниҳо аз хусусиятҳои ирсии ин ё он навъи растанӣ ибтидо меёбад. Яъне ҷараёни синтези моддаҳои органикӣ, ки аз нури офтоб ва обу маводҳои ғизоӣ дар баргу пояи сабзи растаниҳо ба амал меояд, аз ҳолати фаъолнокии ниҳонии генҳои дар хромосомҳо ҷойгиршудаи организми растаниҳо вобастагии калон дорад.
1. Даврони наврасӣ Зодгоҳи нависанда Антон Чехов шаҳрчаи музофотии ҷануби Таганрог (шаҳре дар вилояти Ростов) буд. Дар масофаи шаст чақрим (зиёда аз як километр) аз ин шаҳр мулки граф Платов воқеъ аст. Дар он ҷо бобои А.П.Чехов ба сифати амини мулк (хизматгузори хоҷагӣ) хизмат мекард. Ӯ марди соҳибтадбири суботкоре буда, ки то замони “озодӣ”, пул дода, бо оилааш аз асорати крепостноӣ халос шуда буд.