Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги гидрологӣ, аз ҷумла пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обҳои маъданӣ ва зеризаминӣ буда, саҳми релефи он дар ташаккули обҳои дохилии ҳавзаи баҳри Арал хеле калон аст. Аз 115,6 км3 - и обҳои ҷории ҳудуди Осиёи Марказӣ тақрибан 90% - и он дар кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон тавлид меёбанд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 985 дарёҳое мавҷуданд, ки зиёда аз 10 км дарозӣ доранд ва ба ҳиссаи рӯдҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташаккул ёбанда 54 км3, ба ҳиссаи кӯлҳо 46 км3 (аз ин миқдор 20 км3 оби ширин) ва ба ҳиссаи обҳои зеризаминӣ беш аз 6 км3 об рост меояд. Дар Тоҷикистон 55,4% - и обҳои дохилии Осиёи Марказӣ тавлид мешаванд, ки иқтидори солонаи гидроэнергетикии онҳо ба 527 млрд кВт/ст мерасад. Мутаассифона, то солҳои наздик ба омӯзиши ҳамаҷонибаи ин захираҳои қиматбаҳо диққати казоӣ дода намешуд. Барои ҳамин нисбати ин захираҳо адабиёти дастрасу мукаммал бо забони тоҷикӣ ками дар кам нашр шудаанд.
Ин вазъияти номусоид кори баҳодиҳӣ, азхудкунӣ ва ҳифзи ин захираҳои беназири кишварро ба таъхир гузошта меояд. Бояд гуфт, ки нисбат ба дигар унсуру захираҳои табиӣ вазъи омӯзиши кӯл, пирях, обанбор, обҳои зеризаминӣ ва дарёҳои Тоҷикистон дар зинаи поёнтар меистад. Барои ҳамин ҳам то вақтҳои наздик чунин меҳисобанд, ки Тоҷикистон аз ин захираҳо камбағал аст. Вале дар асл ин тавр нест, кишвари тоҷик аз захираҳои гидрологӣ, глятсиологӣ, гидроэнергетикӣ ва ғ. хеле бой аст. Умуман ҳамаи дарёҳое, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд (бо назардошти дарёҳои сарҳадӣ), соле 72 км3 обро ташкил медиҳанд ва ин ба сари ҳар нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ соле ба 12 ҳаз. м3 мерасад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ (СНГ) яке аз ҷойҳои аввалро соҳиб аст.
Тамоми дарёҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро асосан бе ҳавзаи бузурги обҷамъкунӣ - Аму, Зарафшон ва Сир тақсим менамоянд. Дар байни ҳавзаҳои дарёии минтақа калонтарин ҳавзаи обғункунӣ ҳавзаи дарёи Аму мебошад ва он се ҳавзаи дигар (Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон) - ро дар бар мегирад. Масоҳати ин ҳавза 227 ҳаз. км2 буда, сарҳади он дар Шимол бо қаторкӯҳҳои Олою Зарафшон, дар Шарқ бо кӯҳҳои Сарикӯл ва дар Ҷануб то кӯҳҳои Ҳиндукуш мерасад. Дарозии дарёи Аму ба 1262 км расида, серобии он назар ба дарёи Сир се маротиба зиёд аст, яъне он аз ҷиҳати серобӣ ба дарёи калонтарини Африка дарёи Нил баробар мебошад. Вале ҳамагӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз 18 то 22% оби ҳавзаи дарёи Аму истифода мешаваду халос. Дар миёни ҳавзаҳои қаламрави ҳавзаи дарёи Аму ҳавзаи дарёи Вахш яке аз бузургтарин ҳавзаҳои обғункунӣ ба шумор рафта, сохти мураккаби релефӣ дорад. Дарёи Вахш ба ҷумлаи дарёҳои сершохоб ва ғизогириашон омехта (вале бештар аз пиряхҳо ғизо мегирад) мансуб аст. Ҳамин тавр, тавсифи мухтасари умумии гидрографию гидроэнергетикии ҳавзаи дарёи Вахш ва шохобҳои чунин аст:
Дарёи Вахш берун аз сарҳади шимолии ҷумҳурӣ, дар қаламрави Қирғизистон аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Паси Олой бо номи Қизилсу сар мешавад. Рӯди Қизилсу асосан аз пиряхҳои Корженевский ва Ленин, ки дар самти шимолии қуллаи Абӯалӣ ибни Сино (баландиаш 7134) ҷойгир шудаанд, оғоз гардида, ба тарафи ҷанубу ғарб ҷорист. Баъд аз ин ба он шохобҳои чап - дарёҳои Мингчар ва Минитеке ва дар ҳудуди деҳаи Чак шохоби росташ рӯди Кёнсу (ин дарё аз пиряхи Абрамов ғизо мегирад) ҳамроҳ мешаванд. Сипас дарёи Қизилсу сарҳади ҷанубии Қирғизистонро убур карда ба қаламрави Тоҷикистон ворид мегардад ва дар деҳаи Қашқатераки ноҳияи Ҷиргатол ба рӯди Муқсу якҷоя шуда, дарёи Сурхобро ташкил менамоянд.
Муқсу калонтарин шохоби дарёи Сурхоб мебошад, ки тамоми ғизои худро аз пиряхҳои Помири шимолӣ гирифта, 117 км дарозӣ ва 6660 км2 майдони обҷамъкунӣ дорад. Дарёи Муқсу дар ибтидо бо унвони Сауқсой аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Паси Олой, аз пиряхи Сауқдараи калон, ки 25,2 км тӯл ва 69 км2 масоҳат дорад, оғоз мегардад. Каме поёнтар аз қуллаи Абӯалӣ ибни Сино ба дарёи Сауқсой шохоби чапи он рӯди Белеули ва дар назди қаторкӯҳи Академияи илмҳо дарёи Баландкиик ҳамроҳ мегарданд. Дарёи Баландкиик дар нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Зулмурод тавлид ёфта, аз самти ҷануб ба тарафи шимол ҷорӣ мебошад. Шохобҳои рости он рӯдҳои Зулмурод ва Қаинди буда, аз тарафи чап шохоби дигаре аз пиряхи Федченко (дарозиаш 77 км; масоҳаташ 156 км2) мепайвандад. Сипас дарёҳои Сауқсой ва Баландкиик дар водии байни қаторкӯҳҳои Паси Олой ва Академияи илмҳо якҷоя гардида, рӯди Муқсуро ташкил менамоянд. Дар поёноб ба Муқсу аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Пётри I, аз пиряхҳои Фортамбек (дарозӣ 20 км; масоҳат 75 км2), Хирс, Суғран ва Музгани шохобҳои дигаре ҳамроҳ мешаванд, ки ҳамагӣ шохобҳои чапанд.
Сурхоб бузургтарин шохоби дарёи Вахш буда, дар минтақаи Ҳоит ба он аз тарафи рост рӯди Қарогӯшхона пайваст мешаванд. Дарёи Қарогӯшхона аз даруни водиҳои танги қаторкӯҳи Қаротегин сарчашма мегирад ва ба он аз самти рост рӯдҳои Ярхин ва Ёсуман пайваст мешаванд, ки наонқадар шохобҳои бузург мебошанд. Тақрибан 15 км поёнтар аз резишгоҳи рӯди Қарогӯшхона ба дарёи Сурхоб боз аз тарафи шимол шохоби дигар Сорбоғ ҳамроҳ мегардад. Дарёи Сорбоғ аз самти ҷанубии қаторкӯҳи Зарафшон, баъд аз якҷояшавии рӯдҳои Дубурсо ва Тартиб сар шуда, илова ба ин ба он аз тарафи чап дарёи Камароб мерезад.
Обихингоб шохоби тарафи чапи дарёи Вахш мебошад, ки дарозиаш ба 196 км ва масоҳати ҳавзааш ба 8630 км2 баробар буда, аз самти шарқ ба тарафи ғарб ҷорӣ мебошад. Нахустшохоби дарёи Обихингоб рӯди Гармо буда, аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, аз пиряхи ҳамном - пиряхи Гармо (дарозӣ 27,5 км; масоҳат 153 км2) оғоз мегардад. Тақрибан 20 км поёнтар аз сарчашмаи дарёи Гармо, аз самти шимол ба он дарёи Гандо ҳамроҳ мегардад, ки ин рӯд аз пиряхҳои Гандо (дарозӣ 22,5; масоҳат 55 км2; аз самти шарқ) ва Делвох (аз тарафи ғарб) ғизо мегирад. Поёнтар аз макони ҳамроҳшавии дарёҳои Гармо ва Гандо ба он аз тарафи чап шохоби дигаре бо номи Бодхуд якҷоя мешавад, ки аз қисмати шимолии қаторкӯҳи Дарвоз маншаъ мегирад. Дар ҳудуди деҳаи Сангвори ноҳияи Тавилдара ба дарёи Гармо аз самти чап рӯди Обимазор ҳамҷоя шуда, дарё ба худ номи Обихингобро касб менамояд. Дарёи Обимазор аз пиряхҳои Мазор (дарозӣ 17,3 км; масоҳат 23 км2) ва Дарвоз (дарозӣ 16,5 км; масоҳат 44 км2) сарчашма мегирад ва пиряхҳои номбурда дар тарафи шимолии қаторкӯҳи Дарвоз ҷойгир шудаанд.
Сипас дар марзи ноҳияи Нуробод дарёҳои Сурхоб ва Обихингоб ҳамроҳ гардида, дарёи Вахшро ташкил менамоянд. Дарёи Вахш 524 км дарозӣ ва 39100 км2 ҳавзаи обҷамъкунӣ дошта, аз ҷиҳати захираи гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар ҷои дуввум қарор дорад. Захираи гидроэнергетикии он ба 45 млрд. кВт/ст баробар буда, захираи гидроэнерҷии шохобҳояш - Обихингоб то ба 17,6 млрд кВт/ст ва Сурхоб то ба 14,7 млрд кВт/ст мерасад. Бояд тазаккур дод, ки захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон дар манотиқи мухталифи сатҳи он баробар ҷойгир нашудааст. Барои мисол, захираи гидроэнергетикии дарёҳои Панҷ ба 97,6 млрд кВт/ст, Кофарниҳон ба 12,5 млрд кВт/ст ва Зарафшон ба 10,6 кВт/ст баробар мебошад. Ба ғайр аз ин дарёҳои зикргардида, захираи гидроэнергетикии дигар рӯдҳо то ба 329 млрд кВт/ст мерасад. Дар миқёси ҷаҳон захираи гидроэнергетикии ҳудуди Тоҷикистон 5%-и умумии захираи гидроэнергетикии сайёра ташкил дода, ба ҳар 1 км2-и қаламрави ҷумҳурӣ 2100 кВт/ст рост меояд, ки аз ин миқдор танҳо 3,1%-и он истифода карда мешавад. Дар маҷмуъ захираи гидроэнергетикии қисми ҷануби кишвар мавқеи асосиро ишғол намуда, ба ин ҳудуд 62%-и захираҳои умумӣ ва 27%-и дигарон он ба дарёҳои Помир рост меоянд. Дар байни дарёҳои марзи Тоҷикистон захираи гидроэнергетикии дарёҳои Панҷ ва Вахш бағоят бузург буда, барои сохтани нерӯгоҳҳои калони барқии обӣ дар дарёҳои номбаршуда аз назари иқтисодӣ, экологӣ, географӣ ва хоҷагии халқ ниҳоят мувофиқ мебошад.
Силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш (каскад) бузургтарин комплекси гидроэнергетикии ҷумҳурӣ буда, ҳамаи нерӯгоҳҳои он дар поёноби дарёи номбурда, бештар дар ҳудуди вилояти Хатлон бунёд гардидаанд. Силсиланерӯгоҳҳои Вахш аз ҳафт нерӯгоҳи амалкунанда ва ду нерӯгоҳе, ки дар марҳилаи сохтмонӣ қарор доранд, иборат мебошад (соли 2014). Барои ба кор даровардани се НБО-и зинаи поёнии ин силсиланерӯгоҳҳо каналҳои бузург ба истифод дода шудаанд. Дар шароити ҳозира иқтидори силсиланерӯгоҳҳои Вахш ба 4570 МВт баробар буда, коркарди солонаи энергияи электрикӣ наздики 19 млрд. кВт/ст мебошад ва дар вақти пурра ба кор даромадани тамоми нерӯгоҳҳои он тавононӣ ба 9222,5 МВт баробар гардида, коркарди солонаи нерӯи барқ то ба ҳудуди 37 млрд кВт/ст мерасад. Дар силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш, НБО-и Норак соли 1972, НБО-и Бойғозӣ соли1986, НБО-и Сангтӯда-1 соли 2008 ва НБО-и Сангтӯда-2 соли 2014 сохта ба истифода дода шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун идома дошта, НБО-и Шӯроб, ки 12 км поёнтар аз сарбанди Роғун ва 110 км шарқтар аз Душанбе воқеъ гардидааст, дар ҳолати коркард қарор дорад.
Силсиланерӯгоҳҳо (каскад)-и дарёи Вахш
(аз рӯи тартиби ҷойгиршавӣ ба самти ҷараёни об)
Номи НБО |
Тавоноӣ, МВт |
Иқтидори солона, млн. кВт/ст |
Ҳолати имрӯза (соли 2014) |
Роғун |
(3600) |
(14000) |
Сохтмон |
Шӯроб |
(862,5) |
(3000) |
Азнавсозӣ |
Норак |
3015 |
11200 |
Дар истифода |
Бойғозӣ |
600 |
3500 |
Дар истифода |
Сангтӯда - 1 |
670 |
2700 |
Дар истифода |
Сангтӯда - 2 |
220 |
900 |
Дар истифода |
Асосӣ |
210 |
1300 |
Дар истифода |
Оббанди зинадор |
29,9 |
220 |
Дар истифода |
Марказӣ |
15,1 |
110 |
Дар истифода |
Захираи гидрографии ҳавзаи дарёи Вахш инчунин аҳамияти таҷдиди саломатӣ (рекреатсионӣ) дошта, ба навъҳои табобатӣ, тансиҳатӣ, варзишӣ ва маърифатӣ ҷудо мешавад ва ба чунин навъи захираҳо чашмаҳои маъданӣ, силсилаобанборҳо, кӯлҳо ва дигар объектҳои обии ҳавзаи дарёи номбурда шомил мегарданд. Бисёр хуб мешуд, ки минбаъд дар заминаи захираҳои таҷдиди саломатӣ шумораи базаҳои сайёҳӣ меафзуд, инчунин санаторияю курортҳо, лагерҳои истироҳатии хонандагон, машқгоҳҳои варзишии обию хушкӣ ва ғайра бисёртар бунёд мегардиданд. Ин масъалаҳо бозсозии ҳаматарафаро мехоҳад, ки бояд Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳалли ин масъала ёрии худро расонад.
Ҳамин тавр, дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дарёи Вахш бо пуробтарини рӯди ҷумҳурӣ - Панҷ (дарозиаш 921 км) ҳамроҳ гардида, бузургтарин дарёи ҳавзаи баҳри Арал - Амударёро ташкил медиҳанд, ки танҳо 85 км-и он аз марзи Тоҷикистон мегузарад.
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки захираҳои гидрографии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Вахш аз қабили пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обҳои зеризаминӣ фаровону беназиранд, вале чанде аз ин захираҳо то ба имрӯз самаранок истифода нашуда меояд. Минбаъд лозим аст, ки тарзи маҷмӯи истифодаи ин захираҳоро ба роҳ монда шавад. Дар ҳалли ин мушкилотҳо олимон, коршиносон, ташкилотҳои саҳомию байналхалқӣ, бозоргонҳо ва дигарон саҳми хуб гузошта метавонанд.
Номвар ҚУРБОНОВ
Назари худро нависед