JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Саъдии Шерозӣ

Дидани маводҳои дигари муаллиф

Муcлиҳиддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин Саьдии Шерозӣ соли 1184 дар маркази Форс шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Аз рӯи гуфтаи худи Саъдии Шерозӣ хонаводаи ӯ ба табақаи зиёиён тааллуқ дошта, падару бобоёнаш аз арбобон ва донишмандони дин будаанд:

Ҳама кабилаи ман олимони дин буданд,
Маро муаллими ишқи ту шоирӣ омӯхт.

Таҳсили ибтидоии Саъдӣ дар зодгоҳаш гузаштааст. Дар пешравии маънавии ӯ ҳиссаи падараш хеле бузург буд. Баъдҳо суханвари бузург борҳо ба хотир меорад, ки чӣ навъ падараш ӯро ба омӯхтани илм, андӯхтани дониш ва ҳурмати муаллиму устод ташвиқ мекард.

Мутаассифона, айёми кӯдакии бофароғати Муслиҳиддин дер давом намекунад. Тақрибан дар 12-13 солагии ӯ падараш аз олам мегузарад. Чашидани заҳри ятимӣ тамоми умр ӯро дар хотир мемонад. Ҳатто соли 1257 шоир ба ин мусибати айёми бачагии худ ишорат намуда, навишта буд:

Маро бошад аз дарди тифлон хабар.
Ки дар хурдӣ аз cap бирафтам падар.

 Марги падар зиндагии хонаводаро дигаргун сохт, Бародари Муслиҳиддин хонданро партофта, ба дӯкондоре шогирд истод, то маоши оиларо таъмин намояд. Муслиҳиддин баръакс ба хондан бешгар меҳр монда. баъди дар тахсил аз тамоми имкониятҳои Шероз истифода бурдан барои хонданро давом додан дар охирҳои асри XII роҳи Бағдодро пеш гирифт. Вай ба мадрасаи калонтарини Бағдод Низомия, ки аз тарафи Низомулмулки Тӯсӣ (1017-1092), вазири Салчуқиҳо сохта шуда буд, дохил шуда, таҳсили худро давом дод. Мадрасаи Низомия аз мадрасаҳои дигари Бағдод бо он фарқ мекард, ки машҳуртарин олимони замон дар он дарс мегуфтанд. Адабиёт дар доираи мударрисон ва донишҷӯёни он мақоми азим дошт. Дар китобхонан Мадраса беш аз 200 000 ҷилд китобҳои қаламӣ нигоҳ дошта мешуд. Дар саҳни Мадраса мулоқотҳо, ваъзгӯиҳо ва баҳсҳои аҷоиб барпо мегардиданд. Саъдӣ дар нн муҳит тарбия меёфт ва чун донишҷӯи пешқадам маош (идpop) мегирифт. Ҳангоми таҳсил дар Мадраса Саъдӣ ба тасаввуф ва ирфон майл намуда, таълимоти Абдулқодири Ҷелонӣ (ваф. 1127)-ро пазируфт. Ниҳоят дар солҳои 1215-1216 Саъдӣ аз Бағдод ба саёҳат баромад. Вай аввал роҳи шаҳрҳои муқаддаси мусулмонӣ Маккаю Мадинаро пещ гирифт. Дар ибтидо Саъдӣ фақат нияти ҳаҷ дошт. Вале дар тули роҳ ӯ бо мардумони гуногун вохӯрда, дар бисёр маҳфилҳо маҷлисҳои ваъз орост, осори харобию зулмро дида, бо насиҳатҳои ҳакимонаи худ мехост, ки ба дарди мардум марҳам шавад. Бинобар ҳамин сафари ӯ бо ҳаҷгузорӣ ба охир нарасид. Шоир саёҳаташро қариб чиҳил сол давом дода, пиёда ва ҳамроҳи корвониён Ҳиҷозу Шом, Мисру Фаластин, вилоятҳои Мағрибу Озарбойҷон, Арманистон, Осиёи Хурду Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон, Қошғару Хиндустон, Ҳабашистону Африкои Ҷанубӣ ва ғайраро давр зад. Хангоми ин сафарҳо Саъдӣ аз халиҷи Форс, баҳрҳои Уммону Миёназамин, Сурху Ҳинд ва ғайра низ убур кард. Баъди истилои муғул бисёрии нн кишварҳо холати ҳузноваре доштанд. Вале Саъдӣ ҳангоми истиқоматаш дар шаҳрҳои Балху Бомиён, Исфаҳону Рай, Табрезу Байлақон, Басраю Кӯфа, Днмишқу Байтулмуқаддас, Диёрибакру Баълабак, Қохираю Ҳалаб, Тароблису Қуния, Қошгар ва ғайра бештар ба гуфтани ваъз машғул мешуд. Дар нн ҷаҳонгардӣ Саъдӣ аз халқҳои гуногун меомӯхт, таҷриба меандӯхт ва донишу таҷрибаи хосилкардаи худро ба онҳо меомӯзонд. Дар суханрониҳои Саъдӣ тарғиби донишу ҳунар, ташвиқи омӯхтани илм талқини одамгарӣ, ситоиши сулҳу сафо ва осоиш мақоми асосӣ дошт. Вай зулм, тааддӣ, ҷаҳолат, хиёнату ҷиноят ва ҷангро маҳкум мекард.

Ин замони қатлу ғорат ва талаю тороҷи муғул буд, ки қариб баьди 40 соли cap шуданаш сояи шуми он ба Бағдод низ расида, соли 1258 шаҳрро ба харобазор табдил дод. Саъдӣ натанҳо бо нафрат истилои муғулро маҳкум мекард, балки ниҳоди нопоки хиёнаткорони маҳаллиро низ, ки бо истилогарон зуд забон як мекарданд, фош намуда, халқро хабар медод, ки аз ин турфа мардум бархазар бошанд:

Бишӯй, эй хирадманд, аз он дӯст даст.
Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.

Дар давоми сафари чиҳилсолаи худ Саъди борҳо ба душвориҳою маҳрумнят ва азобу кулфатҳо гирифтор шудааст: Аввалан, ӯ дар сафарҳояш бо дуздону роҳзанон рӯбарӯ шуда, шахсан корвонро аз онҳо наҷот медиҳад. Faйp аз ин, ӯ дар мадрасаҳо, мусофирхонаҳо ва қозихонаҳои мамлакатҳои гуногун, бо муллоҳои расмӣ, фақеҳон, рӯҳониёни тангназар, шайхон ва дарвештарошон мунозираҳои оштинопазир ороста, гоҳе корро то ба задухӯрд ва дастбатиребонӣ мерасонад. Вале дар ин талошҳо то ғолиб наояд ва рақибашро торумор накунад, аз ӯ даст намекашид. Муҳорнбаи то дами ғалаба талаботи ахлоқӣ ва рафтори писандидаи Саъдист. Ин сифати ӯ дар ҳикоятҳои “Фақеҳи кӯҳнаҷомаи тангдаст” (Бӯстон) ва “Ҷидоли Саъдӣ бо муддаъӣ дар баёни тавонгарию дарвешӣ” (Гулистон) барҷаста ҳувайдо мегардад. Аз ин гузашта, ӯ дар Искандарияи Миср баробари тамоми халқ заҳри қаҳтию гуруснагиро мечашад, дар ҷазираи Кеши халиҷи Форс меҳмони савдогари мумсике шуда, ҳангоми сафараш аз Димишк ба Фаластин дар ҷанги зидди салибдорони фарангӣ иштнрок намуда, ба дасти онҳо асир меафтад. Дар Санъо, ки яке аз шаҳрҳои Яман буд. писари ягонаи ӯ дар хурдсолӣ вафот мекунад:

Ба Санъо-дорам тифле андаргузашт,
Чӣ гуям, к-аз онам чӣ бар cap гузашт!

Навнсанда дар мнёнаи солҳои 50 асри XIII дар шаҳри Димишқ манзил гирифт. Вай дидаю шунидаҳояшро ба риштаи назм кашида, соли 1257 дар ин гӯшаи ороми дунёи онрӯза бузургтарин асари манзуми худ Бӯстонро ба охир расонда, онро ба ҳокими Форс Абӯбакр ибни Саьди Зангӣ (1226-1260) ва писари ӯ Саъд ибни Абӯбакр, ки баьди 12 рӯзи марги падараш вафот кард, бахшид.

Сабаби Бӯстонро ба ҳокими Шероз бахшидани Саъдӣ он буд, кн Абӯбакр ибни Саъди Зангӣ дар тамоми Осиёи Миёна, Хуросон ва Эрон ягона ҳокиме буд, ки бо тадбире соли 1226 Форсро аз тороҷи муғулон наҷот дода буд. Ин воқеа сабаб шуд, ки натанҳо як қисми Эронзамин, балки як ҳиссаи муҳими мероси фикрии халқҳои эронинажод аз нест шудан раҳо ёбад.

Охири соли 1257 с аввали соли 1258 Саъдӣ баъди таҳсили илм, сафарҳо, саёхатҳо ва ғарибиҳои 60-сола ба ватани аслии худ Шероз баргашт. Саъдӣ дур аз ватан бошад ҳам, медонист, ки аз соли 1203 то соли 1223 Шероз шаш бор аз тарафи Хоразмшоҳиён ва атобакони Озарбойҷон истило шуда буд. Хавфи тороҷи муғул низ ба он таҳдид мекард. Вале ӯ чун ба ватан баргашт ва онро дар осоиш ёфт, ниҳоят Шодмон шуд:

Чун боз омадам, кишвар осуда дидам
Зи гургон бадар рафта он тезҷангӣ.

Саъдни Шерозӣ соли 1258 дар муддати се моҳ шоҳасари ҷаҳоншумули дигари худ Гулистонро навишта, онро низ ба Абӯбакр ибни Саъди Зангӣ бахшид. Вале вақте ки ин ҳоким ба ӯ таклиф намуд, ки дар сафи дарбориёни вай қарор гирад, Саьдӣ хоҳиши ӯро напазируфт.

Суханвари номӣ ба истиснои як сафари кӯтоҳмуаддат ба Арабистону Озарбойҷон расо чиҳил соли бақияи умри худро дар Шероз гузаронд.

Манзили Саъдӣ як фарсаҳ дуртар аз шаҳр вокеъ гардида буд. Орифону фозилон, шоирону адибон ва шогирдон сӯҳбати ӯро барои худ табаррук медонистанд.

Вафоти Саъдии Шерозӣ шаби сешанбеи 9 декабри соли 1292 иттифоқ афтод. Ӯро дар мавзеи Мусаллои Шероз ба хок супурданд. Марқади ӯ акнун тавофгоҳи аҳли дил аст. Азбаски Саъдӣ 108 сол умр дидааст, дар байни халқ ибораи “умри Саъдиёна” машҳур аст. Муроди бисёр одамон ба ин гуна син расидан аст.

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳои хориҷӣ
Previous Next Play Pause