JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 18 Январи 2019 05:40

Имконоти истифодаи нерӯи офтоб ва биомасса дар Тоҷикистон

Муаллиф:

  Бо гармӣ ва барқ таъмин намудани аҳолӣ яке аз масоили муҳим ва ҳалталаби замони муосир ба ҳисоб рафта, тайи даҳсолаҳои охир аст, ки диққати олимон, пажӯҳишгарон ва коршиносонро ба худ кашида меояд. Дар шароити имрӯза, вобаста ба пешрафти илму техника тадқиқотҳои олимону мутахассисон ба истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия (гармии Офтоб, биомасса, биогаз, шамол, мадду ҷазр, энергияи қаъри Замин (геотермаленӣ), дарёчаҳо ва ғайра) бештар равона карда шудааст.

  Зиёда аз сӣ сол муқаддам дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лаборатория (озмоишгоҳ)-и илмӣ-тадқиқотӣ барои имкониятҳои истифодаи нерӯи Офтоб созмон ёфта, қувваи олимону муҳандисон барои тарҳрезӣ ва омӯзиши дастгоҳҳои табдилдиҳандаи нерӯи Офтоб ба гармӣ ва барқ сафарбар карда шуданд.

  Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе (Теппаи Самарқандӣ) ва дараи Варзоб (мавзеи Сиёҳкӯҳ) санҷишгоҳҳои махсус сохта шуда, дастгоҳҳои табдили нерӯи Офтоб мавриди омӯзишу тадқиқот қарор гирифтанд. Натоиҷи як қатор корҳои илмӣ-амалӣ имкон доданд, ки обгармкунакҳо ва дастгоҳҳои хушккунандаи маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла пахтахушкунак дар Шаҳринав, мевахушккунак дар Ҷаббор Расулов ва дигар таҷҳизотҳо дар шаҳру навоҳии дигар ба истифода шуданд.

  Қарор Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон «Оид ба чораҳои истифодабарии манбаъҳои энергияи ғайрианъанавии барқароршаванда дар хоҷагии халқ барои солҳои 1985-1990» ба рушди соҳаи номбурда дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Вале бо сабабҳои гуногун нақшаҳои мазкур ба пуррагӣ амалӣ нагардиданд ва дар ибтидои фаъолият ба монеаҳои мухталиф дучор гардиданд. Гузашта аз он, пас аз пошхӯрии ИҶШС чунин ташаббусҳо, ки ҷузъи нақшаи доманадори умумииттифоқӣ буданд, тақвият наёфтанд.

  Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон равобити дуҷониба ва бисёрҷониба миёни он ва дигар мамолики хориҷи дуру наздик хуб ба роҳ монда шуда, бисёр монеаҳо аз байн рафтанд ва дар ҷумҳурӣ ходимони илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ тадқиқотро дар ин соҳаи басо муҳим ва барои кишвар муфид идома доданд.

  Сарзамини Тоҷикистон, ки дар минтақаи офтобрӯя ҷойгир шудааст, барои истифодаи энергияи Офтоб имконияти фарохе дорад. Нурпошии солонаи Офтоб дар ин марз аз 2100 то 3170 соат расида, зичиаш бошад то ба 1 кВт/м2 ва аз ин ҳам зиёдатар аст.

  Гармии аз Офтоб хориҷгардида тавассути фотоэлементҳо ба нерӯи барқ табдил дода мешавад, ки дар айни замон арзиши таҷҳизоти фотоэлектрикӣ гарон буда, 5 ҳазор доллар/кВт-ро ташкил медиҳад. Арзиши коркарди электроэнергия бошад, барои 1 кВт/соат аз 0,2 US$ то 0,4 US$ меистад. Ҳарчанд метавон тавассути нурпошии Офтоб то 20% талаботи нерӯи барқро қонеъ намуд, вале ба иллати гарон будани технологияи фотоэлементҳо аз ин имконият баҳравар намешаванд. 

  Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон аввалин танури офтобӣ соли 1992 сохта шуда, ҳарорати дохили он ба 100-1300С баробар буд. Истифодаи чунин танур имкон медиҳад, ки дар як рӯзи офтобӣ барои як оила ду маротиба хӯроки гарм тайёр карда шавад. Минбаъд ин дасгоҳ такмил ёфта, якчанд намуди танурҳои офтобӣ сохта шуданд ва барои ихтирои онҳо ба муаллифон аз Маркази патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон патент (шаҳодатномаи муаллифӣ) дода шуд.

  Бо супориш ва дасгирии Ҳукумати шаҳри Душанбе соли 1999 дастгоҳи обгармкунаки офтобӣ сохта ба истифода дода шуд. Дастгоҳи мазкур дар як рӯзи офтобӣ метавонад то 350 литр обро то ҳарорати 50-700С гарм намояд. Дастгоҳи фавқ барои бо оби гарм таъмин кардани Нуқтаи паногоҳи боқимондаҳои радиоактивии ноҳияи Файзобод хизмат менамояд.

  Интиҳои солҳои 90-уми асри гузашта бо дастгирии Ташкилоти байналхалқии АЙСАР бошад, ду НБО-и хурд, бо иқтидори 0,5 ва 4 кВт дар мавзеи Пашми кӯҳна соли 1997 (Ширкент) ва деҳаи Ҳакимӣ соли 1999 (Турсунзода) сохта ба истифода дода шуд. Ин амал барои бо барқ таъмин кардани деҳаҳои дурдасти кӯҳистон иқдоми ибратбахше буд. Дар замони имрӯза дар аксар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон, ба монанди Зарафшон, Фон, Рашт, Дарвоз, Ванҷ, Ғунд ва ғайра як қатор НБО-и хурд бунёд гардиданд, ки як бахши муҳими пешрафти иқтисодиёт ва истиқлолияти энергетикиро таъмин менамоянд.

  Дар асоси «Барномаи маҷмӯи мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» дар озмоишгоҳи Маркази тадқиқот ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи назди Институти физикаю техника пойгоҳи фотоэлектрикии офтобии таҷрибавӣ бо тавоноии 2 кВт (инвертор - 1 кВт, аккумулятор 100 ампер/соат) сохта шуд. Дар гелиополигон бошад, 10 лавҳаи офтобии иқтидори ҳар якеаш 200 Вт насб гардиданд. Пойгоҳи номбурда бинои лабораторияи гелиополигонро бо барқи офтобӣ таъмин мекунад. Корҳо оид ба автоматиконии назорати фаъолияти пойгоҳи фотоэлектрикии офтобии таҷрибавӣ ва таъмини фаъолияти якҷояи он бо метеостансияи бесими бисёрамалӣ идома доранд.

  Таҷрибаҳои озоишгоҳӣ собит карданд, ки дар шароити Тоҷикистон, ба истиснои гармии Офтоб, инчунин сарчашмаи алтернативии дигар, аз биомасса гази биологӣ ҳосил кардан мувофиқи мақсад мебошад. Аслан дастгоҳи биогазҳосилкунанда шаклан сода буда, онро аз масолеҳи дастрас сохтан мумкин аст. Масалан, аз хишт (фарфор), семент ё металл, ки дар ҷаҳон ин масолеҳ ба таври васеъ истифода мешаванд, фақат барои кори босамари он баъзе нозукиҳои технологиро риоя намудан лозим аст.

  Ахлоти ҳайвонот, ҳезуми дарахтони хушкида ҳамчун манбаи иловагии энергия низ истифода шуда метавонад. Дар назди фермаҳои ширию молӣ чунин нуқтаҳоро боз кардан имконпазир аст, зеро дар раванди таҳввули кимиёӣ-биологӣ навъҳои гуногуни сӯзишворӣ, ба монанди газ, метан, метаноли моеъ, ангиштсанг ва ғ. ба вуҷуд меояд. 

  Айни замон дар Тоҷикистон истифодаи биогаз аз поруи чорво тариқи таҷриба ба роҳ монда шуда истодааст.  Биогазогенератор  бо ҳаҷми  1-3 м3, ки рӯзе  8 кг пору истифода мебарад, то  2 м3 биогаз истеҳсол мекунад ва тавоноии он 300 Вт мебошад. Арзиши таҷҳизот тахминан аз 300 до 600 US$ буда, дар деҳоти Заргар ва Симиганҷи шаҳри Ваҳдат чанде аз онҳо насб карда шудааст. 

 Бо пешниҳод ва маслиҳати бевоситаи кормандони илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ ва дасгирии молиявии ташкилоти INTAS, дар совхози «Заргар»-и шаҳри Ваҳдат соли 2002 дастгоҳи биогазии металлии андозааш 10 м3 сохта шуд. Гази биологии ҳосилшуда барои пухтупаз ва дар баробари он барои истеҳсоли барқ (бо ёрии генератори тавоноиаш 0,5 кВт) истифода мешавад. 

 Дастгоҳи дигари истеҳсоли гази биологӣ дар назди яке аз макотиби миёнаи ноҳияи Ҳамадонӣ сохта шудааст. Сохти дастгоҳи мазкур бетонӣ буда, аввалан барои бо барқ таъмин намудани синфи компютерӣ (бо ёрии генератори тавоноиаш 5-6 кВт) ва инчунин, барои пухтупаз истифода мешавад.

 Тадқиқоти олимони Институти мазкур дар бахши табдили нури Офтоб ба барқ бо ёрии нимноқилҳо қобили қайд мебошад. Солҳои охир дар баробари омӯхтани элементҳои офтобии анъанавӣ (Si, GaAS), дар раванди ҳосил намудани ин маводҳо аз моддаҳои органикӣ (полимерҳо, фталосианинҳои металлӣ) тадқиқотҳои зиёде анҷом дода шуданд. Бо вуҷуди камтар будани самаранокии ин масолеҳ, арзонии нимноқилҳои органикӣ ва содагии истеҳсоли онҳо диққатҷалбкунанда мебошад. Ҳоло дар раванди такмили технологияи ҳосил кардани қабатҳои тунуки маводи органикӣ дар сатҳи мояҳои мухталиф (аз ҷумла, Si ва GaAS) ва баланд бардоштани самаранокии намунаҳои чунин сохтҳо тадқиқот бурда мешавад. Дар ин ҷода бо ҳамкасбони хориҷӣ (Ҷопон, Покистон, Россия ва ғайра) ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд. 

 Ибтидои солҳои 2000-ум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин пажӯҳишҳо ҳар сол 15-20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мекард, ки он барои рушди тадқиқотҳо хеле кам буд. Вале солҳои баъдӣ маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ба соҳаи фавқ зиёда гардида, барои пешрафти ҳамаҷониба заминаҳои мусоид фароҳам оварда истодааст.

 Бо дар назардошти ҳолати ногувори таъмини аҳолии Тоҷикистон бо энергия Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ барои бартараф сохтани ин ҳолат чораҳои зарурӣ пешбинӣ намуда истодаанд. Ҷузъи муҳими чунин чорабиниҳо сарфаи энергия ва истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда буда, масъалаи мазкур ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумат аст ва он бештар ба пешрафти соҳаҳои ҷудогонаи хоҷагии халқ мебошад.

 Дар даврони истиқлолият даҳҳо неругоҳҳои хурду миёна ва маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 1020 мегаватт сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ин ба 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда баробар аст. Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.01.2015) зикр карда буданд, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва ин ҳолат масъалаи пайдо шудани истифодабарандагони нави неруи барқро ба миён мегузорад, ки таъмини онҳо бо неруи барқ вазифаи Ҳукумат мебошад:

- Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо оилаҳои нав ба вуҷуд омаданд, садҳо манзили истиқоматии нав бунёд шуданд. Давоми солҳои истиқлолият 17 320 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли неруи барқи иловагиро тақозо дорад. Дар даҳсолаи охир ҷиҳати ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва азнавсозии шабакаҳои энергетикӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 13,4 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

 Бояд қайд кард, ки дар баробари кашфиётҳои илмӣ бояд робита бо корхонаҳои истеҳсолӣ ҳам бошад, то ки ҳамкорӣ манбаи даромад гардида, илмро дар амал татбиқ намояд. Чунки ихтирооти илмӣ бидуни истеҳсолот ҳеҷ аст ва агар ихтироот ба истеҳсолот робита надошта бошад, роҳ барои ихтирооти минбаъда баста мегардад. Дар сурати таъмин намудани гармӣ аз ангишт ва гази моеъ, талабот ба барқ камтар гардида, ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ аз байн меравад. Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки аҳолӣ на танҳо барои хӯрокпазӣ, балки барои гармии хона низ аз барқ истифода мебарад. Яъне осудагии рӯзгор пурра ба барқ вобаста аст. Итминони комил дорем, ки дар сурати ба кор даромадани неругоҳҳои офтобию шамолӣ ва истифодаи гази моеъ, дар кишварамон буҳрони барқ аз байн хоҳад рафт.

 Имрӯзҳо олимону кормандони АИ ҶТ барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҳаётан муҳим омодаанд саҳмгузор бошанд, то ҳар як дастгоҳи хурду бузурге, ки сохта мешавад, дар асоси илми замонавӣ ва бо назардошти техника ва технологияи муосир тарҳрезӣ ва омода гардад.

 

Номвар ҚУРБОНОВ,

физикадон

 Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», №3 (143) соли 2018

Хондан 2665 маротиба