JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Муҳаққиқони масоили сиёсӣ ва коршиносони умури иҷтимоӣ асл ва нишонаҳои ҷомеаҳои мутамаддинро дар вуҷуди истиқлоли фикрӣ ва хиради ҷамъӣ арзёбӣ кардаанд. Ташаккули истиқлоли фикрию эҷодӣ роҳро барои сохтани фазою муҳитҳои солим ва бози иҷтимоӣ ҳамвор мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ташаккул ва рушди тафаккуру биниши фалсафӣ, ки санги асоси ҷомеаи хирадмеҳвар шинохта шудааст, давлати дунявӣ ва мутаносибан, равиши зиндагии секулярӣ нақши бунёдӣ дорад.

  Помир аз ганҷинаҳои  зеризаминӣ басо бой мебошад. Ин ҷо сарватҳои металлӣ, ғайриметаллӣ, сангҳои ороишию рӯйбаст, масолеҳи сохтмон ва ғайра вобаста ба сохт ва таърихи тараққиёти геологию палеогеографӣ дар музофоту ноҳияҳои табиию географӣ ба андозаи гуногун паҳн шудаанд.

  Дар Помир аз сарватҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ ду кони ангиштсанг - Куртек ва Равнов кашф карда шудааст. Кони Куртек 38 км дар самти ҷанубу шарқии маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудааст. Ин кон дар баландии мутлақи 4500-5000 м. дар байни қабатҳои регсангҳои юраи поён ҷойгир шуда, аз як қабат иборат мебошад ва аз 0,52 то 12, 1 м ғафсӣ дорад. Захираи саноатии он ба 5,9 млн.т мерасад, барои корҳои хоҷагӣ чун сӯзишворӣ истифода шуда метавонад.

“Бо назардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои

иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ

пешниҳод менамоям, ки саноаткунонии босуръати кишвар  ҳадафи

чоруми миллӣ эълон карда шавад”.

аз Паёми  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишварест, ки дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок ба ҳисоб рафта, дар қаъри кўҳҳои сар ба фалак кашидаи он сарватҳои нодири табиӣ нуҳуфтаанд. Тибқи маълумотҳои омории солҳои охирӣ тадқиқотчиён дар қаламрави мамлакат зиёда аз 600 конҳои канданиҳои фоиданок кашф шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 60 намуди ашёи минералӣ: тилло, нуқра, сурб, рўҳ, сурма, симоб, мис, қаълагӣ, сангҳои гаронбаҳову ороишӣ, намак ва дигар канданиҳои нодир маҳфузанд.

 Мазҳаби зиндадилон хобу парешонӣ нест,

Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст!

Иқболи Лоҳурӣ

   Суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеа ду қутби ба ҳам алоқаманди ҳаёт ва пойдориву рифоъи ҷомеа ба шумор мераванд. Вале ин ду арзиш баъзан дар лаҳзаҳои тақдирсози таърих дар ҳоли таззод қарор мегиранд. Аз ин рӯ ба вуҷуд овардани ҳамоҳангӣ дар байни оромиш(субот) ва пешрафт (рифоъ) ҳунар, фаҳм ва истеъдоди махсуси раҳбарияти сатҳи миллӣ ва маҳаллиро талаб мекунад, то ки мо тавониста бошем, ки бе истифода аз парешонӣ ва шикасту рехт, «аз ҳамин хок ҷаҳони дигареро», воқеан, ҷаҳони беҳтару олитаре сохта бошем.

Китобҳо