Баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон, тағйроти куллӣ ба вуқӯъ пайваста, давлатҳои алоҳида соҳиби истиқлолияти миллӣ гардиданд. Аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакситон, ки солҳои зиёд орзӯи истиқлолияти миллиро мекарданд, умедашон ҷомаи амал пӯшид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз солҳои 1991-1992, ки соҳибистиқлол гардид, дере нагузашта, бо дахолати хоҷаҳои давлатҳои абарқудрат, ба майдони ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ бенизомӣ дар мақомоти давлатӣ, қашшоқӣ, гуруснагӣ, беадолатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон авҷ гирифт.
Аз ин бенизомӣ гурӯҳҳои алоҳидаи тахрибкорон, роҳзанон ва баъзе намояндагони ифротгарову тундгарои динии ҷавонон ба ҷинояткориву ғоратгарӣ, ташвиқоту тарғиботи динии хусусиятҳои тундгароӣ дошта даст мезаданд. Баъзе аз сарварони гурӯҳҳои алоҳида худро намояндаи дини мубини Ислом ба омма муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ва дасисабозӣ мардумро ба парастиши ғояҳои баъзе аз кишварҳои хориҷ, ки ба мо бегона аст, тарғиб менамуданд.
То солҳои 90-уми асри гузашта равияҳои номатлуби терроризм, экстремизм ва тундгароӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонон ба мушоҳида намерасид. Пайдоиши тундгароии динии ҷавонон танҳо пас аз истиқлолияти миллӣ, ҳамчун ақида ва равияи хатарнок ба пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ кардани ҳадафҳои нопоки худ, мардуми камбизоату камсавод ва ҷавонони камтаҷрибаро, ки саводи кофӣ надоштанд, ба тарафи худ ҷалб менамуданд.
Ҷавонони ба равияҳои тундгароӣ майлдошта, оид ба баррасии ин ё он масъалаи баҳсталаб, яктарафа аз нигоҳи тундгароии динӣ баҳо дода, хусусиятҳои тадқиқоти илмӣ ва назариявии олимон- донишмандони замони муосирро ба назар намегиранд.
Дар моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, вале мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гӯруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад». Дар моддаи 6 дарҷ гардидааст, ки «ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамиъятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд» [6, 7].
Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон бо сабаби ҷангҳои бародаркушӣ авзои ҷомеа хароб, ахлоқи ҳамидаи мусулмонон коста гардида, равшанфикрон, донишмандон ва рӯҳониёни зиёди халқи тоҷик куштаву фирорӣ шуданд. Бештари ҷавонон муассисаҳои таълиму тарбиявиро тарк намуда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар сафар намуданд. Ҳатто ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Эрон ва давлатҳои Руссия ва Аврупо фирорӣ гаштанд.
Бархе аз ҷавононро дар дохили ҷумҳурӣ, аз ҷониби марказҳои гуногуни фирқаҳои насрония, баҳоия, зардуштия ва пайравони кришна, ки бо таблиғоти ғояҳои худ машғул буданд, ба тарафи худ ҷалб менамуданд.
Бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» хеле ҳам демократӣ мебошад. Дар баъзе маврид нисбат ба қонунҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ (собиқ Шӯравӣ) озодиҳои зиёд ва ба пешравии сохти демократӣ шароити мусоид фароҳам сохтааст.
Дар моддаи 26-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд» [6, 11].
Чунин ифода ба меъёрҳои мавҷудбудаи ҷомеа ҷавобгӯ мебошад, вале ба ҳар ҳол ҳангоми таҳқиқ ва омӯзиши ин масъала ба таври амиқ ва дурнамо, бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва шароитҳои кишвари мо бояд назар кард.
Аввалан, дар ҷараёни таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои дар боло зикршуда ва сабабҳои ба мазҳабҳои дигар рӯй овардани баъзе аз ҷавонон, ки ба равияҳои экстремистиву тундгароӣ ворид мешаванд, пеш аз ҳама, манфиатҳои миллиро ба назари эътибор гирифта, ҷавононро нагузорем, ки фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои ба мазҳаби мо бегона ва ба онҳо пайравӣ кунанд.
Бояд зикр намуд, ки марказҳои мубаллиғони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон арзи вуҷуд доранд, аз ҷониби кишварҳои Ватикан, Канада, Шветсия, Финландия, Амрико ва дигар кишварҳои Ғарб ба адабиёти динӣ, воситаҳои техникӣ ва маблағҳои муайян таъмин карда мешаванд. Ба мардум маводи хӯрока ва маблағи пулӣ дода, баъзе аз мусулмононро ба пайравии мазҳаби худ мегардонанд.
Олими ҷомеашинос В.Зайченко дар мақолааш «Тоҷикон дар ибодатхонаҳои ғайрисломӣ» дар ин бора муфассал маълумот додааст [4, 4].
Аз рӯи маълумотҳои васоити ахбори омма гаравидани ҷавонон на танҳо ба мазҳабҳои ғайриисломӣ, балки ба мазҳабу ҷараёнҳои исломӣ низ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Ба ин қатор ҳизби таҳрир, баҳоия, шиъа, салафия, ваҳобия ва ғайраро ном бурдан мумкин аст.
Ҳадафи чунин гурӯҳҳо дар зери ниқоби мазҳабӣ амалӣ кардани нақшаи нопоки худ мебошанд. Ба ин гурӯҳҳо шояд шахсиятҳои сиёсии аз кишварҳои абарқудрат кӯмаки амалӣ расонида, ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
Ба андешаи коршиносон ва натиҷаҳои гузаронидани тадқиқоти илмиву сотсиологӣ миёни сокинони ҷумҳурӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷараёнҳои динию тундгароӣ майл намудани баъзе аз ҷавонону шаҳрвандон ба амнияти миллӣ ва пойдории сулҳу субот таъсири манфӣ расонида, мустаҳкам гардидани сулҳи бебозгаштро халалдор месозад.
Натиҷаи тадқиқоти коршиносон нишон медиҳад, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ шумораи мусулмононе, ки ба динҳои ба мо бегона дохил шуданд аз 70 то 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки ин хеле ташвишовар аст [1, 63].
Омӯзиш ва таҳлилҳои масъалаи зикршуда аз ҷониби коршиносон муайян менамояд, ки ҷамъиятҳои диниву сиёсии мусулмонон, муллову пешвоёни дини мубини ислом, аз камфаъолиятӣ ва бепарвоии онҳо нисбат ба тарбияи ҷавонон, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад.
«Ҳамаи мӯъминон бародари ҳамдигаранд»-ро аз хотир баровардаанд. Бисёр муллоёни маъруф, эшонҳову хоҷаҳо ба ғун доштани назру ниёзи муридону ихлосмандон машғул буда, парвои беваву бечора ва ятиму сағира надоранд [8].
Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки рӯҳониёни дини мубини ислом, яъне муллоҳову эшонҳо гуфтаҳояшонро ба амалашон мувофиқ карда, дар ҳақиқати реалӣ моҳияти дини мубини Исломро ба мардум фаҳмонида, нисбати ятимону бепарасторон ва ниёзмандон бетараф набошанд.
Баъзе аз ҷавонон аз камтаҷрибагӣ, назарфиребӣ ва ба рафтори нодурусти худ, ки ба равияҳои экстремистӣ рӯ меоваранд, миёни мардум низоъро ба вуҷуд оварда, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро халалдор месозанд.
Бояд зикр намуд, ки охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта ҷараёнҳои салафиҳо ва ваҳобигароӣ ба фаъолият оғоз карда, мехостанд аз зиддиятҳои дохилии кишвар истифода намуда, ҳадафҳои нопоки ҷосусонаи худро амалӣ созанд.
Хадамоти ҷосусии баъзе аз кишварҳои манфиатдор аз ин зиддиятҳо истифода намуда, оид ба ташкил намудани майдонҳои бо ҳам мухолифро дар шаҳри Душанбе ташкил намуданд, ки ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мусоидат карданд.
Фаъолияти расмию пинҳонии бештари ҷараёнҳои динӣ ба пайдоиши хусусиятҳои манфӣ, ба монанди ифротгароӣ ва таассубгароӣ оварда мерасонад, ки кулли нерӯҳои сулҳпарвари ҷаҳони муосир ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебаранд.
Ифротгароӣ дар охири асри XX ва авали асри XXI хеле ривоҷ ёфтааст. Мақсади асосии тарафдорони ин равияи зикршуда, ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо роҳҳои зӯрӣ, фишор ва маҷбуран ҷорӣ кардани ақидаҳои худ миёни ҷомеа мебошад.
Департаменти давлатии ИМА рӯйхати «созмонҳои террористи»-ро тартиб додааст, ки ба он 30 созмон дохил мешавад [3, 47].
Дар ин солҳо ҳаракатҳои ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои тундрав хеле фаъол гаштаанд, ки ҷунбиши «Толибон», «Ал-Қоида», «Ҳизбуттаҳрир», «Боко ҳаром» ва «Давлати исломии Шом ва Ироқ» аз ҷумлаи он созмонҳои мамнӯъ эълоншуда мебошанд.
Тавассути васоити ахбори омма ва барномаҳои телевизионҳои кишварҳои ҷаҳон имрӯз маълум гардидааст, ки созмону гурӯҳҳои ифротгар дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Яман, Нигерия ва ғайра ҳадафу нақшаҳои нопоки худро амалӣ намуда, садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро асир гирифта, ба азобу шиканҷа гирифтор карда, милионҳо нафар мардуми заҳматкаш макони зисти худро тарк карда, ба кишварҳои Аврупо фирорӣ гардидаанд.
Хотирнишон бояд кард, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон 1600 нафар ҷавононе, ки ғайриқонунӣ барои таҳсил намудан ба мактабҳои динии кишварҳои Эрону Покистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Яман ва Сурия сафар намуда буданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Ин ҳам бошад, ба хотири амнияти кишвар ва пешгирӣ кардани ҷавонон аз майл намудан ба равияҳои ифротгароии динӣ ва экстремизм мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ҳангоми зиёрати марқади Шамси Табрезӣ 8-уми июли соли 2010 дар ноҳияи Айнӣ, таъкид намуд, ки «Имрӯз афроди тундраве ҳастанд, ки огоҳона ё бар асари дуруст нашинохтани асолати миллӣ ва динии мо мехоҳанд мардуми мусулмонро дар хоби ғафлат ва таҳти таъсири афкори хурофотӣ нигоҳ дошта, бо сӯистифода аз сатҳи начандон баланди маърифати диниву маънавии як қисми мусулмонон майдони фаъолияти худро густариш диҳанд ва дар зери ниқоби дин ғаразҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд» [9, 263].
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди бонангу номуси кишварро лозим аст, ки ҳушёрии маънавӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои боз ҳам мустаҳкам намудани сулҳи бебозгашт, таъмини амнияти миллӣ, дӯстиву рафоқати самимӣ миёни шаҳрвандон, аз шароиту воситаҳои мавҷудбуда натиҷабахш истифо намуда, нагузорем, ки пояҳои сулҳу субот ва ба истиқлолияти миллии давлати комилҳуқуқи тоҷикон осебе расад ва ё аз ҷониби гурӯҳ ва созмонҳои террористиву экстремистӣ ва ё равияҳои ифротгароиву тундрав халалдор карда шавад.
Аз ин рӯ, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, илмомӯзиву забондонӣ, техникаю технологияи замони муосир, дӯст доштани фарҳанги миллӣ, омӯзиши ашъори бузургони миллат, мутафаккирону шоирони классики тоҷик тарбия намуда, бо аз худ намудани илмҳои замони муосир Ватани биҳишосои тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Чуноне ки файласуфи машҳури немис Г.Гегел баён намудааст: «Халқе, ки хирадмандона сохти давлатдориро барпо мекунад, ҳомии ҳақиқии тараққиёти таърихи ҷаҳон мебошад» [5, 170]. Ёдовар менамоем, ки Барномаи давлатӣ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2008-2015, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2007 тасдиқ гардидааст.
Мувофиқи он яке аз нуктаҳои асосии барномаи зикршуда, амалӣ намудани муборизаи беамон бар зидди экстремизми динӣ, равияҳои тундгароӣ ва терроризм аст, ки мақомоту вазоратҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пешгирии амалҳои номатлубро дар байни ҷавонони қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ монанд.
Ҷавонони замони муосир бояд аз гуфтору рафтори олимони исломшинос ва донишмандони илмҳои дунявӣ сабақ омӯхта, ба пешрафту инкишофи техникаву технологияи замони имрӯз шинос гардида, аз ворид шудан ба равияҳои экстремистии динӣ ва салафӣ худро эмин нигоҳ дошта, ба пешравии Тоҷикистони биҳиштосо саҳми худро гузоранд.
Лозим ба ёдоварист, ки равияҳои тундрав тавассути сомонаҳои интернетӣ байни худ ҳамкорӣ намуда, ақидаву фикрҳои номатлуби худро ташвиқу тарғиб менамоянд. Ба монанди гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрави салафия, ки ҳатто бо роҳҳои гуногун ҳадафҳои террористии худро амалӣ месозанд.
«Шайх Сайид Афандӣ (р) яке аз пешвоёни мактаби нақшбандия дар Доғистон, 18-ҳуми моҳи августи соли 2012-и мелодӣ аз ҷониби ифротгароёни салафия тавассути як зани сисола бо услуби худкафонӣ бо ҳамроҳии ҳашт нафар аз наздиконаш дар манзили зисташ ба қатл расонида шуд» [2, 30].
Хотирнишон бояд намуд, ки дар суханронии иштирокчиёни Конфронси байналмилалии илмӣ -амалӣ, ки 18-ҳуми апрели соли 2013 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, манбаи асосии маблағгузории терроризм, равияҳои тундгароиву ифротгароӣ ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба пешгирии ин амалҳои номатлуб пешниҳоду қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Хулоса, мақсадҳои нопоки тундгароён ва гурӯҳҳои ифротӣ, миёни мардум низоъандозӣ оид ба мазҳабу равияҳои гуногун, аз байн бурдани фарҳанг, бо роҳҳои зуриву террор ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ, аз байн бурдани сохти демократӣ, ташкили хилофат зери ниқоби дини мубини ислом, амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ ва ба тарафи худ ҷалб намудани ҷавонон ва дигар шаҳрвандони касбу кори гуногун мебошад.
Ҳар як фарди бонангу номуси ҷумҳурӣ бояд манфиати миллат ва дастовардҳои истиқлолиятро чун гавҳараки чашм муҳофизат намуда, нагузорем, ки ба мустаҳкам гардидани сулҳу суботи Тоҷикистони биҳиштосо ашхосе ё гурӯҳи нопоке халал расонад. Зеро ин сулҳи бепоён ва истиқлолияти комил ба осонӣ насиби мардуми Тоҷикистон нагардидааст.
РАҲМАТОВА З.Ҷ
Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2015, №3 (239)
Адабиёт:
- Ашуралиев М. Хатари фаъолияти ифротгароёнаи фирқаву ташкилот ва ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ ба ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти миллӣ дар Тоҷикистон. Маҷаллаи ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, №3 с.2012. 63 с.
- Абдуллои Муҳаққиқии Ҳанафӣ. Салафия: Нигоҳи муосири илмӣ -сиёсӣ ё радди афкор ва аҳдофи ғаразноки Албонӣ. - Душанбе, «Ирфон». 2013. 735 с.
- Дин ва ҷомеа. Маҷаллаи илмӣ, динӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, №2, феврали 2015. (Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон). 51 с.
- Зайченко В. Тоҷикон дар ибодатхонаҳои ғайриисломӣ /Ҳафтаномаи Истиқлол/, 13 майи соли 1997, №7. 4 с.
- Ибрагим Умарзода. Возникновение мира и человека. АООТ «Матбуот». Министерства культуры Республики Таджикистан. - Душанбе, 2004. 207 с.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе, 2003. 62с.
- Маҷаллаи илмӣ -амалӣ (Нашри махсус) Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ -амалӣ, ш. Душанбе, 10 апрели соли 2013. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.152 с.
- Мирзо Ёрбек. Дар паси торҳои анкабут. Маҷаллаи Сафинаи умед, №4 (35), апрели 2004 с. 55 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Дин ва ҷомеа. - Душанбе, «Шарқи Озод». 2013. 671 с.